7132 | RUT 1:3 | Аммо пас аз чанд вақт Элимелех — шавҳари Ноомӣ аз олам чашм пӯшида, ӯро бо ду писараш танҳо гузошт. |
7137 | RUT 1:8 | Аммо дар роҳ Ноомӣ ба онҳо гуфт: «Ба хонаҳои модаронатон баргардед. Бигзор Худованд ба ивази некиҳое, ки ба ман ва фарзандони раҳматиам кардед, ба шумо некӣ кунад. |
7138 | RUT 1:9 | Дуо мекунам, ки ҳардуятон боз ба шавҳар бароед ва шуморо дар он хона хуш бипазиранд». Пас Ноомӣ хайрухушкунон онҳоро бӯсид. Аммо онҳо гиря карда |
7139 | RUT 1:10 | гуфтанд: «Не, мо ҳамроҳатон назди халқи шумо меравем». |
7140 | RUT 1:11 | Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Духтаронам, шумо бояд баргардед. Чаро ҳамроҳи ман будан мехоҳед? Оё ман метавонам боз соҳиби писароне шавам, ки шуморо ба занӣ гиранд? |
7142 | RUT 1:13 | оё шумо то ба воя расидани онҳо сабр мекунед? Ин хел шумо шавҳар карда наметавонед. Не, духтаронам, шумо медонед, ки ин номумкин аст. Ранҷу азобе, ки дорам, бароятон беҳад вазнин аст, чунки Худованд бар зидди ман аст». |
7144 | RUT 1:15 | Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Бубин, Орфо ба назди қавми худ ва худоёни худ бармегардад, ту ҳам ҳамроҳи ӯ бирав». |
7145 | RUT 1:16 | Аммо Рут илтиҷо кард: «Маро маҷбур накунед, ки аз пешатон равам. Иҷозат диҳед, ҳамроҳатон истам. Ҳар ҷойе ки равед, ман ҳам меравам. Ҳар ҷойе ки зиндагӣ кунед, ман ҳам он ҷо зиндагӣ мекунам. Халқи шумо халқи ман ва Худои шумо Худои ман мешавад. |
7146 | RUT 1:17 | Ҳар ҷое ки бимиред, ман ҳам ҳамон ҷой хоҳам мурд ва дар он ҷой маро низ гӯр хоҳанд кард. Агар чизе ғайр аз марг маро аз шумо ҷудо кунад, Худо ба балои бад гирифторам кунад». |
7148 | RUT 1:19 | Ҳамин тавр, онҳо роҳи худро давом доданд ва ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд. Ҳангоме онҳо ба шаҳр даромаданд, мардум аз дидани онҳо ба ҳаяҷон омаданду занон чунин мегуфтанд: «Наход ин Ноомӣ бошад?» |
7149 | RUT 1:20 | Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Худои Таоло ҳаёти маро хеле талху ғамнок кардааст, барои ҳамин маро дигар Ноомӣ (яъне форам) нагӯед, балки Мора (яъне талх) бигӯед. |
7150 | RUT 1:21 | Вақте ки аз ин ҷо баромада рафтам, ҳама чиз доштам, аммо Худованд маро бо дасти холӣ баргардонд. Чаро маро Ноомӣ мегӯед, ҳол он ки Худованд маро ба чунин мусибат гирифтор кардааст ва Худои Таоло маро бадбахт намудааст?» |
7153 | RUT 2:2 | Рӯзе Рут ба Ноомӣ гуфт: «Иҷозат диҳед, ба киштзорҳои гирду атроф равам, шояд ягон кас ба ман раҳм карда гузорад, ки хӯшаҳои аз паси даравгарон ба замин афтодаро чинам». Ноомӣ ҷавоб дод: «Бирав, духтарам». |
7155 | RUT 2:4 | Пас аз муддате Бӯаз аз деҳаи Байт-Лаҳм омад ва бо коргарон салому алейк карда гуфт: «Худованд ёратон бод!» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Раҳмат, Худованд шуморо баракат диҳад!» |
7156 | RUT 2:5 | Бӯаз аз саркори даравгарон пурсид: «Он зани ҷавон кист?» |
7157 | RUT 2:6 | Саркор ҷавоб дод: «Ин зани ҷавон ҳамон мӯобӣ аст, ки ҳамроҳи Ноомӣ аз кишвари Мӯоб омадааст. |
7158 | RUT 2:7 | Ӯ аз ман иҷозат пурсид, ки аз қафои даравгарон хӯшаҳои ба замин афтодаро чинад. Ӯ аз субҳ то ин дам машғули кор аст, танҳо як бор дар зери соябон каме истироҳат кард». |
7159 | RUT 2:8 | Он гоҳ Бӯаз ба Рут гуфт: «Духтарам, гӯш кун, барои хӯшачинӣ ба майдонҳои дигар нарав, балки дар ҳамин ҷо бо занон истода, кор кун. |
7160 | RUT 2:9 | Ба онҳо нигоҳ кун, ҳар ҷое ки онҳо дарав кунанд, ту ҳам аз қафои онҳо рав. Ман ба мардикорони худ амр додам, ки ба ту даст нарасонанд. Агар ташна шавӣ, рафта аз кӯзаҳое, ки хизматгоронам об пур мекунанд, бинӯш». |
7161 | RUT 2:10 | Рут то замин ба Бӯаз таъзим карда, гуфт: «Чаро шумо ба ман ин хел ғамхорӣ мекунед? Чаро ба як шахси бегона ин қадар меҳрубон ҳастед?» |
7162 | RUT 2:11 | Бӯаз дар ҷавоб гуфт: «Ҳар он чӣ ту баъди марги шавҳарат дар ҳаққи хушдоманат кардӣ, ба гӯшам расид. Медонам, ки падару модар ва ватани худро монда омадӣ, то дар байни халқи ношинос зиндагӣ кунӣ. |
7163 | RUT 2:12 | Худованд барои корҳои кардаат ба ту файзу баракат диҳад. Бигзор Худованд, Худои Исроил, ки назди Ӯ омадаӣ, туро дар паноҳаш нигоҳ дорад ва ба ту мукофот ато намояд». |
7164 | RUT 2:13 | Рут дар ҷавоб гуфт: «Эй хоҷаи меҳрубон, маро аз марҳамати худ дар оянда ҳам маҳрум накунед. Шумо ба ман, ки ҳатто канизатон нестам, суханони нек гуфта, тасаллӣ додед». |
7165 | RUT 2:14 | Дар вақти хӯрокхӯрӣ Бӯаз ба Рут гуфт: «Биё, хӯрок хӯр. Нонатро ба шираи ангур тар карда хӯр». Пас Рут дар назди даравгарон нишаст ва Бӯаз ба ӯ гандумбирён дод. Рут то серӣ хӯрду боз боқӣ монд. |
7166 | RUT 2:15 | Чун Рут бархоста, ба хӯшачинӣ сар кард, Бӯаз ба даравгарони худ амр дода гуфт: «Агар ӯ байни хӯшаҳои баста хӯша чинад ҳам, ба ӯ чизе нагӯед ва кордор нашавед. Баръакс, каме аз хӯшаҳои басташуда низ ба рӯйи замин бирезед, то ӯ бичинад». |
7170 | RUT 2:19 | Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Аз куҷо ҳамаи инро ҷамъ овардӣ? Дар кадом киштзор кор кардӣ? Худо касеро, ки ба ту ин қадар ғамхорӣ кардааст, баракат диҳад!» Рут ба хушдоманаш гуфт, ки дар киштзори Бӯаз ном марде кор кардааст. |
7171 | RUT 2:20 | Ноомӣ ба Рут гуфт: «Худованд Бӯазро баракат диҳад! Ӯ марҳамати худро аз мо ва аз мурдагон дареғ надоштааст». Ӯ боз илова кард: «Он мард яке аз хешони наздики мост, ки бояд сарпарастиамонро ба ӯҳда бигирад». |
7172 | RUT 2:21 | Пас аз он Рут гуфт: «Ӯ ҳатто ба ман гуфт, ки бо коргаронаш то тамом шудани мавсими дарав дар киштзори ӯ хӯша чинам». |
7173 | RUT 2:22 | Ноомӣ ба Рут гуфт: «Бале, духтарам, ҳамроҳи занон дар киштзори Бӯаз кор кунӣ, беҳтар аст. Агар ба ҷойи дигар равӣ, мумкин коргарон ба ту даст расонанд». |
7175 | RUT 3:1 | Боре Ноомӣ, хушдомани Рут, ба ӯ гуфт: «Духтарам, ман бояд бароят паноҳгоҳе пайдо кунам, то ки ту бароҳат бошӣ. |
7178 | RUT 3:4 | Вақте ки хоб меравад, ҷойи хобашро фаҳм, ки дар куҷост. Он гоҳ ба назди ӯ рафта, кӯрпаи ӯро аз рӯйи пойҳояш кушода, назди пойҳояш хоб кун. Пас худи ӯ мегӯяд, ки чӣ бояд кунӣ». |
7179 | RUT 3:5 | Рут дар ҷавоб гуфт: «Ҳамаи гуфтаҳоятро иҷро мекунам». |
7183 | RUT 3:9 | Бӯаз «Ту кистӣ?» гуфта пурсид. Рут ҷавоб дод: «Ман канизи шумо, Рут ҳастам. Шумо ки хеши наздиктарини мо ҳастед, хоҳиш мекунам, сарпарастии маро ба ӯҳда гиред». |
7184 | RUT 3:10 | Бӯаз гуфт: «Духтарам, Худованд туро баракат диҳад. Ин кори неке, ки ҳоло кардӣ, аз коре, ки пештар карда будӣ, бузургтар аст. Ту метавонистӣ аз қафои ҷавонмардони бой ё камбағал равӣ, вале ин корро накардӣ. |
7186 | RUT 3:12 | Дуруст аст, ки ман — хеши ту, вале аз ман дида, боз хеши наздиктар ҳаст. |
7187 | RUT 3:13 | Шабона ин ҷо бимон. Фардо субҳ мефаҳмам, ки оё ӯ ҳимояи туро ба ӯҳда мегирад ё не. Агар бигирад, хуб аст, вагарна ба Худои зинда қасам, ки худам туро мегирам. Ҳоло то саҳар ин ҷо хоб кун». |
7189 | RUT 3:15 | Ӯ ба Рут гуфт: «Рӯймолатро ба рӯйи замин паҳн кун». Рут ҳамин тавр кард. Бӯаз дар он тақрибан 25 кило ҷав рехт ва онро ба китфи Рут гузошт. Баъд худ ба шаҳр рафт. |
7190 | RUT 3:16 | Ҳангоме ки Рут ба назди хушдоманаш омад, Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Хуб, чӣ гап, духтарам?» Рут ҳамаи ҳодисаро гуфт, ки Бӯаз барои ӯ чӣ кор кард |
7191 | RUT 3:17 | ва илова намуд: «Бӯаз ба ман гуфт, ки набояд бо дастони холӣ ба назди ту баргардам. Ӯ ҳамаи ин ҷавро ба ман дод». |
7192 | RUT 3:18 | Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Ҳоло сабр кун, духтарам, ки натиҷаи ин кор чӣ мешавад, зеро ин шахс то ин масъаларо имрӯз ҳал накунад, ором намешавад». |
7193 | RUT 4:1 | Он гоҳ Бӯаз ба назди дарвозаи шаҳр рафта, он ҷо нишаст. Вақте ҳамон хешованде, ки дар борааш гуфта буд, аз он ҷо мегузашт, Бӯаз ӯро садо карда гуфт: «Эй дӯстам, биё ин ҷо бишин». Ӯ омада, он ҷо нишаст. |
7195 | RUT 4:3 | Бӯаз ба хешаш муроҷиат намуд: «Ҳоло Ноомӣ аз сарзамини Мӯоб баргаштааст ва мехоҳад заминеро, ки аз они хеши мо — Элимелех аст, фурӯшад. |
7196 | RUT 4:4 | Фикр кардам, ки ман бояд ин хабарро дар ҳузури ин ҷо нишастагон ва дар ҳузури роҳбарони халқи ман ба ту расонам, то он заминро бихарӣ. Агар харидан нахоҳӣ, ба ман бигӯй, то ки ман донам, чун ҳаққи хариди он заминро аввал ту дорӣ, баъд аз ту ман метавонам онро бихарам». Он шахс гуфт: «Ман онро мехарам». |
7197 | RUT 4:5 | Он гоҳ Бӯаз гуфт: «Хуб, ҳангоми харидани замини Ноомӣ ту бояд Рути мӯобиро, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, ба занӣ бигирӣ. Ба ин восита вақте кӯдакдор шуда, соҳиби меросхӯр мегардед, мероси шавҳараш аз байн намеравад». |
7198 | RUT 4:6 | Он мард дар ҷавоб гуфт: «Ман он заминро харида наметавонам, чунки агар бихарам, молу мулки худро зери хатар мегузорам. Ту ӯро гир, чунки ман ин корро карда наметавонам». |
7200 | RUT 4:8 | Пас ҳамон хеш пойафзоли худро кашида, ба Бӯаз гуфт: «Ту онро бихар». |
7201 | RUT 4:9 | Он гоҳ Бӯаз ба роҳбарон ва ба ҳозирин рӯй овард: «Шумо акнун шоҳид ҳастед, ки ман заминҳоеро, ки аз они Элимелех, Килъон ва Маҳлон аст, аз Ноомӣ мехарам. |
7202 | RUT 4:10 | Инчунин Рути мӯобиро, ки зани Маҳлон буд, ба занӣ мегирам, то ки замини он шахс барои аҳли оилаи ӯ боқӣ бимонад ва номаш дар хонадону зодгоҳаш аз байн наравад. Шумо имрӯз шоҳид ҳастед». |
7203 | RUT 4:11 | Он гоҳ роҳбарон ва мардуме, ки дар назди дарвоза ҷамъ омада буданд, тасдиқ карданд: «Бале, мо шоҳид ҳастем. Худованд ҳамсаратро монанди занони Яъқуб — Роҳел ва Леё гардонад. Ин занон барои ӯ фарзандони зиёдро ба дунё оварданд. Дар байни Эфротиён сарват ба даст орӣ ва номат дар деҳаи Байт-Лаҳм машҳур гардад. |
7204 | RUT 4:12 | Фарзандоне, ки Худованд аз ин зани ҷавон ба ту ато мефармояд, хонадони туро мисли хонадони Форас бисозанд, ки Томор ӯро барои Яҳудо таваллуд карда буд». |
7206 | RUT 4:14 | Занони шаҳр ба Ноомӣ мегуфтанд: «Худоро шукр, ки Ӯ туро бе меросхӯре, ки нигаҳбонат мешавад, нагузошт! Бигзор номи ин кӯдак дар Исроил машҳур гардад! |
7207 | RUT 4:15 | Ӯ акнун бароят зиндагии наве хоҳад бахшид ва атои айёми пириат хоҳад буд, зеро ӯро келинат, ки туро дӯст медорад ва бароят аз ҳафт писар ҳам беҳтар аст, ба дунё овардааст». |
7209 | RUT 4:17 | Занони ҳамсоя мегуфтанд: «Ноомӣ писардор шуд» ва ба кӯдак Убид ном ниҳоданд. Убид падари ҳамон Йисой аст, ки падари Довуд буд. |
12715 | EST 1:9 | Зани подшоҳ — малика Ваштӣ низ дар қасри шоҳ Аҳашверӯш барои занон зиёфат медод. |
12716 | EST 1:10 | Дар рӯзи ҳафтуми зиёфат подшоҳ аз нӯшидани шароб андак маст шуда, ба ҳафт хизматгорони шахсияш — Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас, фармон дод, |
12719 | EST 1:13 | Шоҳ Аҳашверӯш аз ин рафтори малика огоҳ шуда, ба хашм омаду хеле оташин гардид. Аз рӯйи одаташ ӯ ба ситорашиносонаш — Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон муроҷиат карда, маслиҳат пурсид. Ин мансабдорони сарзамини Форсу Модай қонуну қоида ва анъанаҳоро медонистанд. Азбаски онҳо вазифаҳои баландтаринро соҳиб буданд, иҷозати назди подшоҳ даромадан доштанд. Подшоҳ аз онҳо пурсид: |
12721 | EST 1:15 | «Малика Ваштӣ ба фармони шоҳ, ки хизматгорон ба вай расониданд, итоат накард. Мувофиқи қонун ҷазои ӯ чист?» |
12722 | EST 1:16 | Яке аз маслиҳатгарон — Мемухон дар ҳузури шоҳ ва мансабдорон гуфт: «Малика Ваштӣ на танҳо ба подшоҳ, балки ба ҳамаи мансабдорону тамоми мардуми вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш беҳурматӣ нишон дод. |
12726 | EST 1:20 | Вақте ки фармони шоҳ дар тамоми сарзамини бузургаш паҳн мешавад, боиси он мегардад, ки ҳар як зан дар ҳар хонавода, чи камбағалу чи сарватманд, шавҳари худро ҳурмат кунад». |
12730 | EST 2:2 | Инро дида, хизматгорони шахсияш ба ӯ гуфтанд: «Бигзор барои шоҳ духтарони ҷавону зеборо ҷустуҷӯ намоянд. |
12731 | EST 2:3 | Барои ин шоҳ ба тамоми вилоятҳои шоҳигариаш шахсони махсусро таъин кунад, то ки онҳо ҳамаи духтарони ҷавону соҳибҷамолро дар ҳарамсаройи қалъаи Шушан ҷамъ оваранд. Сипас онҳоро ба дасти Ҳейга — нигаҳбони занони шоҳ супорида, ба онҳо маводи ороиши занона бидиҳанд. |
12732 | EST 2:4 | Бигзор ҳамон духтаре, ки ба подшоҳ хуш меояд, ба ҷойи Ваштӣ малика шавад». Пешниҳод ба подшоҳ маъқул шуд ва ӯ ҳамон тавр амал кард. |
12734 | EST 2:6 | Аслан Киш дар шаҳри Уршалим зиндагӣ мекард. Аммо Набукаднесар — шоҳи сарзамини Бобил чандин сол пеш Уршалимро хароб карда, шоҳи Яҳудия Еконёро ба асирӣ гирифта буд. Дар он вақт Киш — бобокалони Мордахай низ, ҳамроҳи дигар асирон оварда шуд. |
12736 | EST 2:8 | Вақте ки фармони шоҳ эълон шуду духтарони зиёдеро ба қалъаи Шушан оварда, ба дасти Ҳейга — нигаҳбони занон супориданд, Эстер ҳам дар байни онҳо буд. Вай низ дар қасри подшоҳӣ таҳти назорати Ҳейга қарор гирифт. |
12749 | EST 2:21 | Рӯзе, ҳангоме ки Мордахай дар дарбор хизмат мекард, ду дарбон — Биғтон ва Тораш ба қаҳр омада, мехостанд шоҳро кушанд. |
12752 | EST 3:1 | Пас аз чанд вақт шоҳ Аҳашверӯш ба Ҳаман — писари Ҳамдотой аз насли Аҷоҷ, вазифаи баланд дода, ӯро болои ҳамаи мансабдорон сарвазир гузошт. |
12754 | EST 3:3 | Дарбориён аз Мордахай мепурсиданд: «Эй! Барои чӣ ту фармони шоҳро иҷро намекунӣ?» |
12759 | EST 3:8 | Сипас Ҳаман ба шоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Халқе ҳаст, ки дар ҳамаи вилоятҳои сарзамини шоҳ, байни мардум пароканда шудаасту аз дигарон худро ҷудо мекунад. Урфу одаташон аз дигар халқҳо фарқ дорад ва ба қонуну қоидаи шоҳ гӯш намедиҳанд. Бинобар ин, бар манфиати шоҳ нест, ки онҳоро тоқат кунад. |
12760 | EST 3:9 | Агар ба шоҳ писанд афтад, бигузор фармоне барорад, ки ин халқ пурра нобуд шавад. Ман бошам, ба дасти хизматгорони шоҳ сию панҷ ҳазор кило нуқра медиҳам, то ки ба хазинаи шоҳ гузоранд». |
12761 | EST 3:10 | Инак, шоҳ ангуштаринро, ки мӯҳри расмиаш буд, аз дасташ кашида ба Ҳаман — писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, душмани яҳудиён дода, гуфт: |
12762 | EST 3:11 | «Пулро ба худат мон ва ҳар чи ки мехоҳӣ, бо ин халқ бикун». |
12764 | EST 3:13 | Хабаррасонон номаҳои тайёршударо ба ҳамаи вилоятҳои шоҳ бурданд. Дар номаҳо навишта шуда буд, ки ҳамаи яҳудиён, пиру ҷавон ва занону кӯдаконро дар муддати як рӯз — ҳафтуми марти соли оянда кушта, несту нобуд гардонанд. Илова бар ин, ҳамаи дороияшонро бо зӯрӣ кашида гиранд. |
12771 | EST 4:5 | Он гоҳ Эстер Ҳатох — хоҷасароеро, ки шоҳ барои хизматаш дода буд, ҷеғ зада, ба назди Мордахай фиристод, то фаҳмад, ки ҳамаи ин чӣ маъно дорад ва барои чист. |
12777 | EST 4:11 | «Ҳамаи дарбориён ва мардуми тамоми вилоятҳо медонанд, ки ба қисми дарунии қасри подшоҳ бе даъват даромадан манъ аст. Хоҳ мард бошад, хоҳ зан, агар бе даъвати шоҳ ба наздаш дарояд, мувофиқи қонун кушта хоҳад шуд. Танҳо дар як ҳолат зинда мондан мумкин, ба шарте ки шоҳ асои тиллоияшро сӯйи шахси даъватнашуда дароз кунад. Маро бошад, шоҳ ба наздаш сӣ рӯз боз даъват накардааст». |
12779 | EST 4:13 | Мордахай дар ҷавоби Эстер гуфт: «Фикр накун, ки дар хонаи шоҳ танҳо ту аз байни яҳудиён наҷот меёбӣ. |
12780 | EST 4:14 | Агар ту дар ин вақт хомӯш бимонӣ, наҷот ва халосӣ барои яҳудиён аз тарафи дигар меояд. Лекин ту ва хонадони падарат нобуд мешавед. Кӣ медонад, шояд барои ҳамин вақт ту малика интихоб шуда бошӣ». |
12782 | EST 4:16 | «Бирав, ҳамаи яҳудиёни Шушанро ҷамъ кун ва барои ман се шабонарӯз рӯза гиред. Шабу рӯз ҳеҷ чиз нахӯреду нанӯшед, ман ҳам бо канизонам рӯза мегирам. Баъд аз се рӯз, агарчи ин бар зидди қонун аст, ба назди шоҳ медароям ва агар бимирам, ба тақдирам тан медиҳам». |
12786 | EST 5:3 | «Чӣ шуд, малика Эстер? Чӣ ҳодиса рӯй дод? Хоҳиши ту чист? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам». |
12787 | EST 5:4 | «Агар подшоҳ хоҳад, имрӯз бо Ҳаман ба зиёфате, ки ман барои шоҳ тайёр кардаам, биёянд». |
12788 | EST 5:5 | Шоҳ ба хизматгоронаш гуфт: «Ҳаманро зуд рафта, биёред, то ки хоҳиши Эстерро иҷро намоем». Ҳамин тавр, шоҳ ва Ҳаман ба зиёфати малика Эстер рафтанд. |
12789 | EST 5:6 | Вақте ки онҳо май менӯшиданд, шоҳ аз Эстер боз як бори дигар пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам». |
12790 | EST 5:7 | Эстер ҷавоб дод: «Хоҳиш ва дархости ман ин аст: |
12791 | EST 5:8 | агар ба назари подшоҳ писанд ояду хоҳад, ки хоҳишамро қонеъ ва дархостамро иҷро намояд, бигзор шоҳ ва Ҳаман боз ба зиёфати дигар биёянд, ки ман барои онҳо пагоҳ тайёр мекунам. Ҳангоми он зиёфат хоҳишамро ба подшоҳ хоҳам гуфт». |
12793 | EST 5:10 | Ба ҳар ҳол вай базӯр худро дошта, ба хона рафт. Дар хона занаш — Зареш ва дӯстонашро ҷамъ оварда, |
12795 | EST 5:12 | «Ва на танҳо ин, — илова намуд ӯ. — Ман ягона одаме мебошам, ки малика Эстер барои шоҳро дар зиёфаташ ҳамроҳӣ намудан даъват кард. Пагоҳ вай ману шоҳро боз даъват намудааст. |
12796 | EST 5:13 | Лекин бо вуҷуди ҳамаи ин, фақат дар он вақт қаноатманд мешавам, ки дигар Мордахайи яҳудиро дар дарбор набинам». |
12797 | EST 5:14 | Занаш Зареш ва ҳамаи дӯстонаш ба вай маслиҳат доданд: «Фармон бидеҳ, ки як дори бисту се метр баланд бисозанду пагоҳ саҳар аз подшоҳ хоҳиш кун, ки Мордахайро дар он овезанд. Сипас ҳамроҳи шоҳ хушу хурсандона ба зиёфат бирав». Ҳаман пешниҳодро маъқул карда, фармон дод, ки дорро тайёр кунанд. |
12799 | EST 6:2 | Ҳангоме ки китобро мехонданд, дар он қайде ёфт шуд, ки чӣ тавр Мордахай дар бораи нақшаи куштори подшоҳ хабар дода буд (ҳамон нақшаи куштори шоҳ, ки дарбонон — Биғтон ва Тораш кашида буданд). |
12800 | EST 6:3 | «Ба Мордахай барои ин кораш чӣ мукофот дода шуд?» — пурсид шоҳ. «Ҳеҷ чиз», — ҷавоб доданд хизматгоронаш. |
12801 | EST 6:4 | Шоҳ пурсид: «Назди дар ягон кас ҳаст?» Ҳаман бошад, ҳозиракак ба қисми берунии қаср даромада буд, то ки бо шоҳ дар бораи овехтани Мордахай дар дори тайёршуда гуфтугӯ кунад. |
12802 | EST 6:5 | Хизматгорон дар ҷавоб ба шоҳ гуфтанд: «Ана, Ҳаман омадааст». «Бигзор дарояд», — фармон дод шоҳ. |
12803 | EST 6:6 | Чун Ҳаман даромад, шоҳ аз ӯ пурсид: «Барои нафаре, ки шоҳ сарбаланду ифтихорманд гардондан мехоҳад, чӣ бояд кард?» Ҳаман бошад ба худ фикр кард: «Оё ба ғайр аз ман боз касе ҳаст, ки подшоҳ мехост ифтихорманд гардонад? Албатта не». |
12804 | EST 6:7 | Аз ин рӯ, ба подшоҳ гуфт: «Барои нафаре, ки подшоҳ мехоҳад ифтихорманд гардонад, |
12806 | EST 6:9 | Сипас, ҳамаи ин чизҳо ба яке аз мансабдорони олимартабаи шоҳ дода шавад. Бигзор ӯ касеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, ҷомаи шоҳона пӯшонад. Инчунин ӯро болои асп дар маркази шаҳр бигардонаду пешопеш роҳ рафта, эълон намояд: „Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!“». |
12807 | EST 6:10 | «Худи ҳозир рафта, ҷомаву аспро бигир ва чунон ки гуфтӣ, ҳамон тавр барои Мордахайи яҳудӣ, ки дар дарбор хизмат мекунад, бикун, — амр кард подшоҳ. — Ҳеҷ чизро аз гуфтаҳоят фаромӯш накун». |
12808 | EST 6:11 | Ҳамин тавр, Ҳаман ҷомаву аспро гирифт. Ҷомаро ба Мордахай пӯшониду вайро дар асп савор карда, дар маркази шаҳр гардонид. Инчунин пешопеши ӯ эълон намуда, фарёд кард: «Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!» |
12810 | EST 6:13 | Дар хона воқеаи бо вай рӯйдодаро ба занаш — Зареш ва дӯстонаш нақл кард. Сипас занаш бо он дӯстони хирадмандаш ба ӯ гуфтанд: «Азбаски Мордахай, ки бар вай дигар қудрат надорӣ, яҳудӣ аст, бар зидди ӯ истодагарӣ карда наметавонӣ. Ту, бешубҳа, шикаст хоҳӣ хӯрд!» |
12813 | EST 7:2 | Ҳангоме ки онҳо май менӯшиданд, подшоҳ бори дигар аз малика пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Бигӯй, чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту дода мешавад». |
12814 | EST 7:3 | Малика ҷавоб дод: «Эй подшоҳ, агар писанди назари шумо бошам ва маъқул донед, илтиҷо менамоям, ки ҷони ману халқамро наҷот диҳед. |
12815 | EST 7:4 | Агар мо фақат ҳамчун ғулом фурӯхта мешудем, хомӯш мемондаму чизе намегуфтам, чунки подшоҳро бо чунин дархост халалдор кардан раво нест. Лекин сабаб дар он аст, ки ман бо халқам ба куштану несту нобуд шудан фурӯхта шудаем». |
12816 | EST 7:5 | Подшоҳ аз малика пурсид: «Кист он одам?! Куҷост он нафаре, ки ба чунин коре ҷуръат намудааст?!» |
12817 | EST 7:6 | Эстер хитоб кард: «Душмани ашаддӣ ҳамин Ҳамани бадкор аст!» Инро шунида, Ҳаман назди подшоҳ ва малика ба даҳшат афтод. |
12819 | EST 7:8 | Ӯ худро бо зорию тавалло болои кати Эстер партофта буд, ки подшоҳ аз боғи қаср баргашт. Подшоҳ дод зад: «Вай ҳатто ҷуръат мекунад, ки дар ҳузури ман ба номуси малика расад?!» Ҳамин ки подшоҳ инро гуфт, рӯйи Ҳаманро пӯшониданд. |
12820 | EST 7:9 | Пас Ҳарбӯно — яке аз хизматгорони шахсии шоҳ, ки он ҷо буд, гуфт: «Инак, дори бисту семетра дар ҳавлии Ҳаман тайёр аст. Вай онро барои Мордахай, ки барои шоҳ кори нек карда буд, сохтааст». Подшоҳ амр дод: «Худашро ба ҳамон дор овезед!» |
12822 | EST 8:1 | Худи ҳамон рӯз шоҳ Аҳашверӯш молу мулк ва чизу чораи Ҳаман — душмани яҳудиёнро ба малика Эстер дод. Мордахай акнун назди подшоҳ даромад, зеро Эстер ба шоҳ гуфт, ки онҳо хешанд. |
12826 | EST 8:5 | «Агар ин кор ба подшоҳ дуруст намояду дар назари шоҳ эътибор дошта бошам, — илтиҷо кард малика, — бигзор қонун барояд, ки ҳамаи номаҳои Ҳаман, писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, ки барои нобуд кардани яҳудиёни ҳамаи вилоятҳои подшоҳ навишта буд, бекор карда шаванд. |
12827 | EST 8:6 | Чӣ тавр ба ин балое, ки ба сари халқам меояд, тоб оварам? Нобудшавии оилаамро чӣ гуна тоқат кунам?» |
12828 | EST 8:7 | Подшоҳ ба малика Эстер ва Мордахайи яҳудӣ гуфт: «Азбаски Ҳаман ба халқи яҳудиён ҳуҷум кард, ӯро ба дор овехтанд ва дороияшро аллакай ба Эстер додам. |
12829 | EST 8:8 | Акнун аз номи подшоҳ қонуни нав оид ба яҳудиён, чӣ тавре ки дуруст мешуморед, бинависеду онро бо ангуштарини шоҳ мӯҳр бизанед. Ҳар қонуне, ки аз номи шоҳ навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр зада шуда бошад, бекор карда намешавад». |
12830 | EST 8:9 | Сипас бисту панҷуми июн котибони шоҳ даъват шуданд. Онҳо фармонро оид ба яҳудиён, аз рӯйи ҳамаи гуфтаҳои Мордахай бо хати ҳар як вилоят ва бо забони ҳар як халқ, ба ҳокимону мирони яксаду бисту ҳафт вилоят — аз Ҳиндустон то Эфиопия навиштанд. Фармон ба яҳудиён низ бо хату забони худашон навишта шуд. |
12850 | EST 9:12 | Баъд шоҳ ба Эстер гуфт: «Дар худи қалъаи Шушан яҳудиён панҷсад нафар ва даҳ писари Ҳаманро куштанд. Дар дигар вилоятҳо чӣ кор карда бошанд? Акнун бигӯ, дархости ту чист? Он иҷро хоҳад шуд. Хоҳишат чист? Ба ту дода хоҳад шуд». |
12851 | EST 9:13 | «Агар ба шоҳ писанд афтад, — ҷавоб дод Эстер, — бигзор ба яҳудиён дар Шушан иҷозат дода шавад, ки пагоҳ низ аз рӯйи қонуни имрӯза амал намоянд. Илова бар ин, мурдаҳои даҳ писари Ҳаман ба дор овехта шаванд». |
12864 | EST 9:26 | Барои ҳамин ин идро Пурим, ки маънояш «қуръа» аст, номиданд. Ҳамин тавр, бо сабаби номаҳои Мордахай ва он чӣ онҳо аз сар гузарониданд, |
12867 | EST 9:29 | Пас аз он Эстер — духтари Абиҳоил ҳамроҳи Мордахайи яҳудӣ бо тамоми қудрат мактуби дигарро навиштанд, то ки мактуби дуюмро дар бораи Пурим тасдиқ намоянд. |
23233 | MAT 1:20 | Ҳангоме ки ӯ чунин фикр дошт, фариштаи Худованд дар хобаш аён шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуфи насли Довуд! Аз гирифтани Марям ба занӣ натарс, чунки ин кӯдак дар шиками вай бо қудрати Рӯҳи Муқаддас пайдо шудааст. |
23234 | MAT 1:21 | Ӯ Писаре таваллуд хоҳад кард ва ту ба Ӯ бояд Исо ном гузорӣ, чунки Ӯ халқи худро аз дасти гуноҳҳояшон наҷот хоҳад дод». |
23236 | MAT 1:23 | «Духтаре ҳомиладор мешавад ва Писаре таваллуд мекунад, ки ба Ӯ Имонуил (Маънои ин ном „Худо бо мо“ аст) ном медиҳанд». |
23240 | MAT 2:2 | пурсиданд: «Куҷост он кӯдаки навзоде, ки Шоҳи Яҳудиён мешавад? Мо дидем, чӣ хел ситораи Ӯ аз тарафи шарқ баромад ва омадем, то ки ба Ӯ саҷда кунем». |
23242 | MAT 2:4 | Он гоҳ Ҳиродус ҳамаи сардорони рӯҳонӣ ва шариатдононро наздаш хонда, аз онҳо пурсид: «Таъиншудаи Худо дар куҷо бояд таваллуд ёбад?» |
23243 | MAT 2:5 | Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Дар Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия, чунки дар яке аз китобҳои пайғамбарон чунин навишта шудааст: |
23244 | MAT 2:6 | „Эй Байт-Лаҳм, ки дар вилояти Яҳудия ҳастӣ, ту аз дигар шаҳрҳои бузурги Яҳудия ҳеҷ камӣ надорӣ, зеро аз байни зодаҳои ту сарваре мебарояд, ки барои халқи Исроили Ман монанди чӯпон мешавад“». |
23246 | MAT 2:8 | Баъд онҳоро ба Байт-Лаҳм равона карда гуфт: «Биравед ва дар бораи он кӯдак бодиққат пурсуҷӯ кунед. Ҳамин ки Ӯро ёфтед, маро низ огоҳ созед, то ки ман ҳам рафта ба Ӯ саҷда кунам». |
23251 | MAT 2:13 | Баъд аз рафтани ситорашиносон фариштаи Худованд дар хоби Юсуф зоҳир шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуф! Бархезу кӯдак ва модарашро гирифта, ба Миср бигурез. То вақте ки ба ту баро нагӯям, дар ҳамон ҷо бимон. Чунки Ҳиродус бо нияти куштан кӯдакро кофтуков мекунад». |
23253 | MAT 2:15 | Дар он ҷо онҳо то вафоти Ҳиродус мемонанд. Худованд пештар ба забони пайғамбар гуфта буд, ки «Ман аз Миср Писарамро ҷеғ задам». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо ҳамаи ин ҳодиса рӯй дод. |
23256 | MAT 2:18 | «Садое дар шаҳри Ромо ба гӯш мерасад, Ки садои гиряву фиғон аст. Роҳел барои фарзандонаш мегиряд ва тасаллӣ ёфта наметавонад, азбаски онҳо мурдаанд». |
23258 | MAT 2:20 | ва гуфт: «Эй Юсуф! Бархез, кӯдак ва модари Вайро гирифта, ба сарзамини Исроил баргард, зеро касоне, ки Ӯро куштанӣ буданд, мурданд». |
23261 | MAT 2:23 | Пайғамбарон аллакай дар бораи Масеҳ пешгӯӣ карда гуфта буданд, ки «Ӯро Носирӣ хоҳанд номид». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо Юсуф бо оилааш дар шаҳри Носира сокин шуд. |
23263 | MAT 3:2 | «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон даст кашед, чунки подшоҳии Худо наздик аст». |
23264 | MAT 3:3 | Яҳё ҳамонест, ки Ишаъё пайғамбар дар борааш гуфта буд: «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!» |
23268 | MAT 3:7 | Инчунин бисёр одамони гурӯҳҳои динии фарисиёну саддуқиён барои таъмид ёфтан назди Яҳё омаданд. Яҳё омада истодани онҳоро дида, ба онҳо гуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед? |
23273 | MAT 3:12 | Дар дасти Ӯ бел барои бод кардани гандум тайёр аст. Ӯ хирманашро тоза карда, гандуми худро ба анбор ҷамъ хоҳад кард, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад». |
23275 | MAT 3:14 | Лекин Яҳё Ӯро аз ин кор боздоштанӣ шуда гуфт: «Исо, ин ман бояд аз Ту таъмид бигирам, Ту бошӣ, назди ман омадӣ!» |
23276 | MAT 3:15 | Исо ба вай ҷавоб дод: «Бигузор ҳоло ин корро кунем, чунки аз рӯи хости Худо ин кори дуруст аст». Он гоҳ Яҳё розӣ шуд. |
23278 | MAT 3:17 | Сипас аз осмон нидое омад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хеле хушнудам». |
23281 | MAT 4:3 | Он гоҳ иблиси васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд». |
23282 | MAT 4:4 | Лекин Исо ҷавоб гардонда гуфт: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст, балки бо ҳар сухане, ки Худо мегӯяд». |
23284 | MAT 4:6 | ва ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо поён парто. Охир дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худо ба фариштагони худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод ва онҳо Туро бар болои дастонашон хоҳанд бардошт, то ки поят ба санге назанад“». |
23285 | MAT 4:7 | «Не! — ҷавоб дод Исо, — чунки дар навиштаҷот боз гуфта шудааст, ки мо набояд Худованд Худои худро бисанҷем». |
23287 | MAT 4:9 | гуфт: «Агар ба ман саҷда карда, маро парастиш намоӣ, ҳамаи инро ба Ту медиҳам». |
23288 | MAT 4:10 | Исо ба ӯ гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки мо бояд Худованд Худои худро бипарастем ва фақат ба Ӯ хизмат кунем». |
23293 | MAT 4:15 | «Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолии дар сӯи кӯл, дар тарафи дигари дарёи Урдун ҷойгирбуда, вилояти Ҷалили ғайрияҳудиён ҳастӣ! |
23294 | MAT 4:16 | Мардуме, ки дар торикии гуноҳ зиндагӣ мекарданд, равшании дурахшонро диданд ва бар онҳое, ки дар ин ноҳия таҳти сояи марг мезистанд, равшанӣ дурахшид». |
23295 | MAT 4:17 | Аз ҳамин вақт Исо ба эълон кардани чунин пайғоми худ оғоз намуд: «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон даст кашед, чунки подшоҳии Худо наздик аст!» |
23297 | MAT 4:19 | Исо ба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то ба ҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». |
23306 | MAT 5:3 | «Хушбахтанд касоне, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, чунки Худо дар ҳаёташон подшоҳӣ мекунад! |
23324 | MAT 5:21 | Шумо шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки одамкуш нашаванд, инчунин „ҳар касе, ки одам мекушад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад“. |
23325 | MAT 5:22 | Аммо Ман ҳоло мегӯям, ки агар касе ба бародаре қаҳру ғазаб кунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ва агар ба бародаре „бефаҳм“ гӯяд, дар назди суди болотар ҷавоб медиҳад ва агар „аҳмақ“ гӯяд, сазовори оташи дӯзах мегардад. |
23330 | MAT 5:27 | Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед „Бо ҳеҷ кас алоқаи беникоҳ накун“. |
23334 | MAT 5:31 | Боз чунин гуфтаҳоро шунидаед, ки „Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо мешавад, бояд ба ӯ талоқнома навишта диҳад“. |
23336 | MAT 5:33 | Шумо боз шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки „қасами бардурӯғ нахӯранд, аммо ҳар қавлро, ки ба Худованд додаанд, иҷро намоянд“. |
23340 | MAT 5:37 | Бигзор „бале“ гуфтани шумо дар ҳақиқат „бале“ бошад ва „не“ гуфтани шумо „не“ бошад, вале он чи зиёдатӣ мегӯед аз Шахси Бад бармеояд. |
23341 | MAT 5:38 | Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: „Чашм бар ивази чашм медиҳеду дандон бар ивази дандон“. |
23346 | MAT 5:43 | Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: „Ҳар шахсеро, ки наздики шумо аст, дӯст бидореду душманатонро бад бинед“. |
23351 | MAT 5:48 | Бинобар ин шумо беайбу нуқсон бошед монанди Падари осмонии худ, ки беайбу нуқсон аст». |
23352 | MAT 6:1 | Исо суханонашро давом дода гуфт: «Зинҳор корҳои худофармударо намоишкорона дар пеши назари халқ накунед. Вагарна аз Падари осмониатон мукофот намегиред. |
23382 | MAT 6:31 | Барои ҳамин ғам хӯрдану ташвиш кашиданро бас кунед ва нагӯед, ки „Мо чӣ мехӯрда бошем?“ ё „чӣ менӯшида бошем?“ ё „чӣ мепӯшида бошем?“ |
23385 | MAT 6:34 | Аз ин рӯ, ғами рӯзи ояндаро нахӯред, фардо ташвишҳои худро дорад. Ба ҳар рӯз ташвиши худи ҳамон рӯз басанда аст». |
23386 | MAT 7:1 | Исо давом дода гуфт: «Дигаронро айбдор ҳисоб накунед, то ки шумо айбдор ҳисоб нашавед. |
23389 | MAT 7:4 | Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон гуфта метавонед, ки „Иҷозат деҳ хасро аз чашмат берун кунам“, ҳол он ки дар чашми худатон чӯб доред? |
23407 | MAT 7:22 | Ҳангоме ки рӯзи ҷавобдиҳӣ фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд: „Эй Худованд! Магар мо аз номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар аз номи Ту девҳоро намерондем ва магар аз номи Ту бисёр мӯъҷизаҳоро нишон намедодем?“ |
23408 | MAT 7:23 | Он гоҳ Ман ба рӯяшон мегӯям: „Эй бадкорон! Ман шуморо ҳеҷ гоҳ намешинохтам. Дур шавед аз наздам“. |
23412 | MAT 7:27 | Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бо шиддат бар он хона вазид ва хона фурӯ рафта, ба замин яксон шуд». |
23416 | MAT 8:2 | Дар ин мобайн як марди махаве назди Исо омаду ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Хоҷа, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». |
23417 | MAT 8:3 | Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз касалии махав пок гашт. |
23418 | MAT 8:4 | Исо ба ӯ боз гуфт: «Дар ин бора зинҳор ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ. Баъд, чӣ тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад». |
23420 | MAT 8:6 | гуфт: «Хоҷаам, хизматгорам аз ҳаракат монда, дар хона рӯи ҷойгаҳ хобидааст. Ӯ дар оташи дард сӯхта истодааст». |
23421 | MAT 8:7 | «Ман рафта ӯро сиҳат мекунам», — гуфт Исо. |
23422 | MAT 8:8 | Аммо сардори лашкар ҷавоб дод: «Хоҷа! Ман лоиқи он нестам, ки аз остонаи дарам гузаред. Шумо фақат як амр диҳед ва хизматгорам шифо хоҳад ёфт. |
23423 | MAT 8:9 | Охир ман як фармонбардор ҳастам ва зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба ғуломам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад». |
23424 | MAT 8:10 | Аз шунидани ин суханон Исо ҳайрон шуд ва ба мардуми аз пасаш омадаистода гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони сахт дошта бошад. |
23426 | MAT 8:12 | Аммо онҳое, ки бояд дар подшоҳии Худо мешуданд, ба торикии берун партофта мешаванд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд». |
23427 | MAT 8:13 | Баъд ба сардори лашкар гуфт: «Бирав! Чи тавре ки имон доштӣ, ҳамон тавр мешавад». Ҳамон замон хизматгор шифо ёфт. |
23431 | MAT 8:17 | Ишаъё пайғамбар пештар гуфта буд: «Ӯ ҳамаи касалиҳоямонро аз мо гирифт ва ҳамаи бемориҳоямонро ба дӯши худ бардошт». Барои ба амал омадани ин суханон ҳамаи ин ҳодисаҳо рӯй доданд. |
23433 | MAT 8:19 | Дар ҳамин вақт як шариатдон наздаш омада гуфт: «Устод, ман дар ҳама ҷо Шуморо пайравӣ мекунам». |
23434 | MAT 8:20 | Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯбоҳон хона ва мурғони ҳаво лона доранд, аммо Ман, Фарзанди Инсон ҷое надорам, ки сарамро монда дам гирам». |
23435 | MAT 8:21 | Дигаре аз ҷумлаи пайравон гуфт: «Хоҷаам! Иҷозат диҳед аввал рафта, мурдаи падарамро ба хок супорам». |
23436 | MAT 8:22 | Лекин Исо ба вай ҷавоб гардонда гуфт: «Аз паси Ман биё ва бимон, ки мурдагон мурдаҳои худро ба хок супоранд». |
23439 | MAT 8:25 | Шогирдон омада, Исоро бедор карданд ва гуфтанд: «Хоҷа! Наҷот деҳ! Ҳалок мешавем!» |
23440 | MAT 8:26 | Исо ҷавоб дод: «Чӣ ин қадар метарсед? Ҳой, сустимонон!» Баъд бархеста шамолу мавҷҳоро таъна зад, дарҳол дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд. |
23441 | MAT 8:27 | Онҳо бошанд, ҳайрон монда мегуфтанд: «Ин чӣ хел одам аст, ки ҳатто шамолу мавҷҳо ба Ӯ итоат мекунанд?» |
23443 | MAT 8:29 | Онҳо Исоро дида дод заданд: «Эй Писари Худо, Ту ба мо чӣ кор дорӣ? Ту омадӣ, ки моро пеш аз мӯҳлат азоб диҳӣ?» |
23445 | MAT 8:31 | Пас девҳо Исоро тавалло карда гуфтанд: «Агар моро берун карданӣ бошӣ, ба даруни он галаи хукон бифирист». |
23446 | MAT 8:32 | Исо ба онҳо «Дароед» гуфт ва онҳо аз он одамон берун баромада, ба галаи хукон даромаданд. Фавран тамоми гала давон-давон худро аз ҷарии назди соҳил ба кӯл партофта, дар об ғарқ шуд. |
23450 | MAT 9:2 | чанд нафаре ба наздаш шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта оварданд. Исо то чӣ андоза эътиқод доштани онҳоро дида, ба шал гуфт: «Додар, натарс! Гуноҳҳоят бахшида шудаанд». |
23451 | MAT 9:3 | Дар айни ҳол якчанд шариатдон аз дил гузаронданд: «Ин одам суханони кофирона мегӯяд». |
23452 | MAT 9:4 | Исо фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро дар дилҳои худ ба фикрҳои бад ҷой медиҳед? |
23453 | MAT 9:5 | Кадомаш осонтар аст: гуфтани он, ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он, ки „бархез ва роҳ гард“? |
23454 | MAT 9:6 | Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад, — сипас ба шал нигариста гуфт, — Бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав!» |
23457 | MAT 9:9 | Вақте ки Исо аз он ҷо ба роҳ даромад, мардеро бо номи Матто дид, ки дар корхонаи андозҷамъкунӣ менишаст. Исо ба вай гуфт: «Биё, пайрави Ман шав». Матто бархесту аз паси Ӯ равона шуд. |
23459 | MAT 9:11 | Баъзе аз фарисиён инро дида, ба шогирдони Исо гуфтанд: «Чаро устоди шумо бо андозгирону гунаҳкорон аз як дастархон хӯрок мехӯрад?» |
23460 | MAT 9:12 | Исо ин суханонро шунида, ҷавоб дод: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон мӯҳтоҷанд. |
23461 | MAT 9:13 | Рафта фаҳмед, ки чунин гуфтаҳои навиштаҷот чӣ маъно доранд: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо оваранд“. Хуллас, Ман ҳам барои он омадаам, ки на накӯкорон, балки гунаҳкоронро даъват намоям». |
23462 | MAT 9:14 | Сипас, баъзе аз шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда ба Исо наздик шуда гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён одатан рӯза мегирему шогирдони Шумо не?» |
23463 | MAT 9:15 | Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дӯстони домод дар ҷашни арӯсӣ, модоме ки домод бо онҳост, ғамгин мешаванд? Албатта не. Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд. |
23465 | MAT 9:17 | Инчунин шароби навтайёршударо ба машки чармини кӯҳна намерезанд, чунки ҳангоми ба ҷӯш омадани шароб машк медараду шароб мерезад ва машк низ аз кор мебарояд. Баръакс, шароби навтайёршударо ба машки нав мерезанд, он гоҳ на шароб барбод мераваду на машк». |
23466 | MAT 9:18 | Ҳанӯз Исо суханонашро давом медод, ки марде аз ҷумлаи сардорон ба наздаш омад ва ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Ҳозиракак духтарам мурд, аммо агар биёеду ба вай даст гузоред, вай зинда мешавад». |
23470 | MAT 9:22 | Исо ба қафояш рӯй гардонду занро дида, гуфт: «Эй зан, натарс! Туро имонат шифо дод». Худи ҳамон замон зан шифо ёфт. |
23472 | MAT 9:24 | гуфт: «Ҳамаатон аз ин ҷо равед! Духтар намурдааст, фақат хобидааст». Онҳо бошанд, Исоро масхара карданд. |
23475 | MAT 9:27 | Исо он ҷойро монда, ба роҳ даромада буд, ки ду марди нобино аз дунболи Ӯ равон шуда фарёд мезаданд: «Эй Насли Довуд! Ба мо раҳм кунед!» |
23476 | MAT 9:28 | Вақте ки Исо ба хона даромад, он ду нобино ҳам ба наздаш омаданд. Исо аз онҳо пурсид: «Боварӣ доред, ки Ман шуморо шифо дода метавонам?» «Бале, Хоҷа!» — ҷавоб доданд онҳо. |