7155 | RUT 2:4 | Пас аз муддате Бӯаз аз деҳаи Байт-Лаҳм омад ва бо коргарон салому алейк карда гуфт: «Худованд ёратон бод!» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Раҳмат, Худованд шуморо баракат диҳад!» |
7170 | RUT 2:19 | Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Аз куҷо ҳамаи инро ҷамъ овардӣ? Дар кадом киштзор кор кардӣ? Худо касеро, ки ба ту ин қадар ғамхорӣ кардааст, баракат диҳад!» Рут ба хушдоманаш гуфт, ки дар киштзори Бӯаз ном марде кор кардааст. |
7171 | RUT 2:20 | Ноомӣ ба Рут гуфт: «Худованд Бӯазро баракат диҳад! Ӯ марҳамати худро аз мо ва аз мурдагон дареғ надоштааст». Ӯ боз илова кард: «Он мард яке аз хешони наздики мост, ки бояд сарпарастиамонро ба ӯҳда бигирад». |
7206 | RUT 4:14 | Занони шаҳр ба Ноомӣ мегуфтанд: «Худоро шукр, ки Ӯ туро бе меросхӯре, ки нигаҳбонат мешавад, нагузошт! Бигзор номи ин кӯдак дар Исроил машҳур гардад! |
12754 | EST 3:3 | Дарбориён аз Мордахай мепурсиданд: «Эй! Барои чӣ ту фармони шоҳро иҷро намекунӣ?» |
12806 | EST 6:9 | Сипас, ҳамаи ин чизҳо ба яке аз мансабдорони олимартабаи шоҳ дода шавад. Бигзор ӯ касеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, ҷомаи шоҳона пӯшонад. Инчунин ӯро болои асп дар маркази шаҳр бигардонаду пешопеш роҳ рафта, эълон намояд: „Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!“». |
12808 | EST 6:11 | Ҳамин тавр, Ҳаман ҷомаву аспро гирифт. Ҷомаро ба Мордахай пӯшониду вайро дар асп савор карда, дар маркази шаҳр гардонид. Инчунин пешопеши ӯ эълон намуда, фарёд кард: «Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!» |
12810 | EST 6:13 | Дар хона воқеаи бо вай рӯйдодаро ба занаш — Зареш ва дӯстонаш нақл кард. Сипас занаш бо он дӯстони хирадмандаш ба ӯ гуфтанд: «Азбаски Мордахай, ки бар вай дигар қудрат надорӣ, яҳудӣ аст, бар зидди ӯ истодагарӣ карда наметавонӣ. Ту, бешубҳа, шикаст хоҳӣ хӯрд!» |
12816 | EST 7:5 | Подшоҳ аз малика пурсид: «Кист он одам?! Куҷост он нафаре, ки ба чунин коре ҷуръат намудааст?!» |
12817 | EST 7:6 | Эстер хитоб кард: «Душмани ашаддӣ ҳамин Ҳамани бадкор аст!» Инро шунида, Ҳаман назди подшоҳ ва малика ба даҳшат афтод. |
12819 | EST 7:8 | Ӯ худро бо зорию тавалло болои кати Эстер партофта буд, ки подшоҳ аз боғи қаср баргашт. Подшоҳ дод зад: «Вай ҳатто ҷуръат мекунад, ки дар ҳузури ман ба номуси малика расад?!» Ҳамин ки подшоҳ инро гуфт, рӯйи Ҳаманро пӯшониданд. |
12820 | EST 7:9 | Пас Ҳарбӯно — яке аз хизматгорони шахсии шоҳ, ки он ҷо буд, гуфт: «Инак, дори бисту семетра дар ҳавлии Ҳаман тайёр аст. Вай онро барои Мордахай, ки барои шоҳ кори нек карда буд, сохтааст». Подшоҳ амр дод: «Худашро ба ҳамон дор овезед!» |
23233 | MAT 1:20 | Ҳангоме ки ӯ чунин фикр дошт, фариштаи Худованд дар хобаш аён шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуфи насли Довуд! Аз гирифтани Марям ба занӣ натарс, чунки ин кӯдак дар шиками вай бо қудрати Рӯҳи Муқаддас пайдо шудааст. |
23251 | MAT 2:13 | Баъд аз рафтани ситорашиносон фариштаи Худованд дар хоби Юсуф зоҳир шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуф! Бархезу кӯдак ва модарашро гирифта, ба Миср бигурез. То вақте ки ба ту баро нагӯям, дар ҳамон ҷо бимон. Чунки Ҳиродус бо нияти куштан кӯдакро кофтуков мекунад». |
23258 | MAT 2:20 | ва гуфт: «Эй Юсуф! Бархез, кӯдак ва модари Вайро гирифта, ба сарзамини Исроил баргард, зеро касоне, ки Ӯро куштанӣ буданд, мурданд». |
23264 | MAT 3:3 | Яҳё ҳамонест, ки Ишаъё пайғамбар дар борааш гуфта буд: «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!» |
23268 | MAT 3:7 | Инчунин бисёр одамони гурӯҳҳои динии фарисиёну саддуқиён барои таъмид ёфтан назди Яҳё омаданд. Яҳё омада истодани онҳоро дида, ба онҳо гуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед? |
23275 | MAT 3:14 | Лекин Яҳё Ӯро аз ин кор боздоштанӣ шуда гуфт: «Исо, ин ман бояд аз Ту таъмид бигирам, Ту бошӣ, назди ман омадӣ!» |
23285 | MAT 4:7 | «Не! — ҷавоб дод Исо, — чунки дар навиштаҷот боз гуфта шудааст, ки мо набояд Худованд Худои худро бисанҷем». |
23288 | MAT 4:10 | Исо ба ӯ гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки мо бояд Худованд Худои худро бипарастем ва фақат ба Ӯ хизмат кунем». |
23293 | MAT 4:15 | «Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолии дар сӯи кӯл, дар тарафи дигари дарёи Урдун ҷойгирбуда, вилояти Ҷалили ғайрияҳудиён ҳастӣ! |
23295 | MAT 4:17 | Аз ҳамин вақт Исо ба эълон кардани чунин пайғоми худ оғоз намуд: «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон даст кашед, чунки подшоҳии Худо наздик аст!» |
23306 | MAT 5:3 | «Хушбахтанд касоне, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, чунки Худо дар ҳаёташон подшоҳӣ мекунад! |
23307 | MAT 5:4 | Хушбахтанд касоне, ки ғаму андӯҳ доранд, зеро Худо онҳоро тасаллӣ медиҳад! |
23308 | MAT 5:5 | Хушбахтанд касоне, ки хоксору дастнигари Худо ҳастанд, зеро онҳо ба рӯи замин ҳукмрон мешаванд! |
23309 | MAT 5:6 | Хушбахтанд касоне, ки аз таҳти дил иҷро шудани хости Худоро мехоҳанд, зеро Худо хости онҳоро пурра иҷро мекунад! |
23310 | MAT 5:7 | Хушбахтанд касоне, ки нисбати дигарон раҳму шафқат доранд, зеро Худо ба онҳо низ раҳму шафқат хоҳад кард! |
23311 | MAT 5:8 | Хушбахтанд касоне, ки дилашон пурра ба Худо дода шудааст, зеро онҳо дар ҳузури Худо хоҳанд шуд! |
23312 | MAT 5:9 | Хушбахтанд касоне, ки одамонро оштӣ мекунонанд, зеро Худо онҳоро фарзандони худ хоҳад хонд! |
23313 | MAT 5:10 | Хушбахтанд касоне, ки ҳангоми иҷро кардани хости Худо азоб дода мешаванд, зеро Худо дар ҳаёташон подшоҳӣ мекунад! |
23332 | MAT 5:29 | Пас, агар чашми ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда партоед! Бароятон беҳтар аст, ки аз ягон узви бадан маҳрум шавед, назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах партофта шавад. |
23333 | MAT 5:30 | Инчунин агар дасти ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида партоед! Бароятон беҳтар аст, ки аз ягон узви баданатон маҳрум шавед, назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах биафтад. |
23356 | MAT 6:5 | Вақте ки дуо мекунед ба одамони дурӯя монанд нашавед! Онҳо дар ибодатхонаю чорраҳаҳо истода дуо хонданро дӯст медоранд, то ки ҳама онҳоро бинанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. |
23374 | MAT 6:23 | аммо агар чашматон солим набошад, тамоми баданатонро торикӣ пур мекунад. Дар ин сурат, агар равшанӣ дар даруни шумо дар асл торикӣ бошад, эҳ, пас он чи хел торикии зулмот аст! |
23390 | MAT 7:5 | Эй дурӯяҳо! Аввал чӯбро аз чашми худатон дур кунед, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред. |
23396 | MAT 7:11 | Пас, агар шумо бо тамоми дилсиёҳиатон ба фарзандони худ чӣ тавр чизҳои хуб доданро медониста бошед, наход Падари шумо, ки дар осмон аст, ба каси талабкарда чанд маротиба зиёдтар чизҳои хуб надиҳад?! |
23407 | MAT 7:22 | Ҳангоме ки рӯзи ҷавобдиҳӣ фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд: „Эй Худованд! Магар мо аз номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар аз номи Ту девҳоро намерондем ва магар аз номи Ту бисёр мӯъҷизаҳоро нишон намедодем?“ |
23408 | MAT 7:23 | Он гоҳ Ман ба рӯяшон мегӯям: „Эй бадкорон! Ман шуморо ҳеҷ гоҳ намешинохтам. Дур шавед аз наздам“. |
23417 | MAT 8:3 | Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз касалии махав пок гашт. |
23422 | MAT 8:8 | Аммо сардори лашкар ҷавоб дод: «Хоҷа! Ман лоиқи он нестам, ки аз остонаи дарам гузаред. Шумо фақат як амр диҳед ва хизматгорам шифо хоҳад ёфт. |
23427 | MAT 8:13 | Баъд ба сардори лашкар гуфт: «Бирав! Чи тавре ки имон доштӣ, ҳамон тавр мешавад». Ҳамон замон хизматгор шифо ёфт. |
23435 | MAT 8:21 | Дигаре аз ҷумлаи пайравон гуфт: «Хоҷаам! Иҷозат диҳед аввал рафта, мурдаи падарамро ба хок супорам». |
23439 | MAT 8:25 | Шогирдон омада, Исоро бедор карданд ва гуфтанд: «Хоҷа! Наҷот деҳ! Ҳалок мешавем!» |
23440 | MAT 8:26 | Исо ҷавоб дод: «Чӣ ин қадар метарсед? Ҳой, сустимонон!» Баъд бархеста шамолу мавҷҳоро таъна зад, дарҳол дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд. |
23450 | MAT 9:2 | чанд нафаре ба наздаш шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта оварданд. Исо то чӣ андоза эътиқод доштани онҳоро дида, ба шал гуфт: «Додар, натарс! Гуноҳҳоят бахшида шудаанд». |
23454 | MAT 9:6 | Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад, — сипас ба шал нигариста гуфт, — Бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав!» |
23470 | MAT 9:22 | Исо ба қафояш рӯй гардонду занро дида, гуфт: «Эй зан, натарс! Туро имонат шифо дод». Худи ҳамон замон зан шифо ёфт. |
23472 | MAT 9:24 | гуфт: «Ҳамаатон аз ин ҷо равед! Духтар намурдааст, фақат хобидааст». Онҳо бошанд, Исоро масхара карданд. |
23475 | MAT 9:27 | Исо он ҷойро монда, ба роҳ даромада буд, ки ду марди нобино аз дунболи Ӯ равон шуда фарёд мезаданд: «Эй Насли Довуд! Ба мо раҳм кунед!» |
23476 | MAT 9:28 | Вақте ки Исо ба хона даромад, он ду нобино ҳам ба наздаш омаданд. Исо аз онҳо пурсид: «Боварӣ доред, ки Ман шуморо шифо дода метавонам?» «Бале, Хоҷа!» — ҷавоб доданд онҳо. |
23481 | MAT 9:33 | Лекин, вақте ки Исо аз он мард девро берун кард, мард ба гап даромад ва мардум бо изҳори ҳайрат хитоб мекарданд: «Ҳаргиз чунин ҳодисаро дар Исроил надида будем!» |
23543 | MAT 11:15 | Ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад! |
23545 | MAT 11:17 | „Мо бароятон карнай навохтем, аммо шумо рақс накардед! Суруди мотам хондем, нагиристед“. |
23547 | MAT 11:19 | Баъд Фарзанди Инсон омаду ҳам мехӯрад ва ҳам менӯшад, аммо ҳама мегӯянд: „Ана одами пурхӯру майзада, ҷӯраи андозгирони беинсофу рафиқи одамони радди маърака!“ Лекин ҳақ будани ҳикмати Худо аз натиҷаҳояш маълум мегардад». |
23549 | MAT 11:21 | «Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои худобехабари Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида мӯйканон нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд. |
23550 | MAT 11:22 | Лекин ҳаминро бидонед, ки дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Сур ва Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд! |
23551 | MAT 11:23 | Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум! Гумон мекунед, ки саратон то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. Зеро, агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳри Садӯм рӯй медоданд, ин шаҳр то ҳол аз рӯи замин нест намешуд. |
23552 | MAT 11:24 | Лекин ҳаминро бидонед, ки дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Садӯм аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд!» |
23592 | MAT 12:34 | Эй морзодагони маккор! Чӣ хел шумо суханони нек гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед. Охир, он чи дилатонро пур мекунад, баъд лабрез шуда аз забонатон берун мебарояд. |
23597 | MAT 12:39 | Лекин Исо ҷавоб дод: «Эй насли одамони баду ба Худо бевафо! Шумо нишона талаб мекунед?! Бароятон ҳеҷ нишонае ғайр аз он чи бо Юнус пайғамбар рӯй дода буд, дода намешавад. |
23599 | MAT 12:41 | Дар рӯзи ҷазо бошад, шаҳрвандони Нинве бархеста, насли шуморо айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки чизи бузургтар аз Юнус дар ин ҷост! |
23600 | MAT 12:42 | Дар рӯзи ҷазо маликаи сарзамини Сабо бархеста насли шуморо айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки чизи бузургтар аз Сулаймон дар ин ҷост! |
23607 | MAT 12:49 | Баъд бо дасташ сӯи шогирдонаш ишора карда, суханашро давом дод: «Ана инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд! |
23617 | MAT 13:9 | Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!» |
23651 | MAT 13:43 | Аммо накӯкорон дар подшоҳии Падарашон мисли офтоб медурахшанд. Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад! |
23673 | MAT 14:7 | ӯ қасам ёд карда ба духтар ваъда дод: «Ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам!» |
23681 | MAT 14:15 | Рӯз ба охир мерасид ва шогирдони Исо ба наздаш омада гуфтанд: «Устод! Ин як ҷои беодам аст, рӯз дер шуд. Мардумро ҷавоб намедиҳед, ки ба қишлоқҳои гирду атроф рафта, барояшон хӯрокворӣ харанд?» |
23682 | MAT 14:16 | «Ба ҳеҷ ҷо рафтанашон лозим нест, — ҷавоб дод Вай. — Шумо ба онҳо хӯрок диҳед!» |
23692 | MAT 14:26 | Шогирдон Исои дар рӯи об роҳ рафтаистодаро дида, «Ин арвоҳ! Арвоҳ!» гӯён аз тарсу ваҳм дод заданд. |
23693 | MAT 14:27 | Аммо Ӯ зуд ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед». |
23696 | MAT 14:30 | Сахт вазидани шамолро дида тарсид ва қариб ғарқ шуда буд ки, фарёд зад: «Хоҷа, маро наҷот деҳ!» |
23704 | MAT 15:2 | «Чаро шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро вайрон мекунанд? Онҳо бетаҳорат сари дастархон мешинанд!» |
23709 | MAT 15:7 | Эй одамони дурӯя! Ҳақ буд Ишаъё пайғамбар, вақте ки оид ба шумо пешгӯӣ карда гуфта буд: |
23711 | MAT 15:9 | Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд, чунки қонуну қоидаҳои инсониро „қонуни Худо“ гуфта таълим медиҳанд!»“». |
23724 | MAT 15:22 | Инак, як зани канъонӣ, ки дар он маҳал зиндагӣ мекард, додзанон назди Исо рафта истода гуфт: «Эй Насли Довуд! Илтимос, Хоҷаам, ба ман раҳм кунед! Духтарам дев дорад ва аҳволаш бениҳоят вазнин аст». |
23725 | MAT 15:23 | Аммо аз Исо садое ҳам набаромад. Шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда, хоҳиш карда гуфтанд: «Ин зан доду войкунон аз дунболи мо омада истодааст. Ба вай гӯед, ки биравад!» |
23726 | MAT 15:24 | Исо ҷавоб дод: «Ман фақат ба назди гӯсфандони гумроҳшуда — халқи Исроил фиристода шудаам!» |
23727 | MAT 15:25 | Дар ин мобайн зан ба Ӯ расида омаду ба пеши пойҳояш худро партофта зориву илтиҷо кард: «Хоҷаам, ба ман ёрӣ диҳед!» |
23730 | MAT 15:28 | Исо ба ин ҷавоби ӯ гуфт: «Имонат бениҳоят боқувват будааст, хоҳар! Он чи мехостӣ бароят иҷро мешавад». Худи ҳамон лаҳза духтари зан шифо ёфт. |
23745 | MAT 16:4 | Фақат насли ба Худо бевафою бадон нишона меҷӯяд! Худо ба ин насл ҳеҷ нишонаи дигаре ба ғайр аз он ки бо Юнус пайғамбар рӯй додааст, намедиҳад». Инро гуфта Ӯ аз наздашон рафт. |
23747 | MAT 16:6 | Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши фарисиёну саддуқиён эҳтиёт кунед». |
23749 | MAT 16:8 | Лекин Исо аз муҳокимаи онҳо дарак дошт ва пурсид: «Ҳой, барои чӣ шумо набудани нонро бо якдигар муҳокима мекунед? Имонатон ин қадар суст аст?! |
23752 | MAT 16:11 | Чӣ тавр шумо намефаҳмед, ки Ман нонро дар назар надорам? Балки гуфтанӣ ҳастам, ки худро аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт кунед!» |
23758 | MAT 16:17 | Он гоҳ Исо ба Петрус гуфт: «Чӣ хел хушбахт ҳастӣ, Шимъӯн, писари Юҳанно! Чунки инро ба ту на одамизод, балки Падари Ман, ки дар осмон аст, ошкор кардааст. |
23763 | MAT 16:22 | Петрус бошад, Исоро як сӯ бурда сарзаниш карда гуфт: «Худо нишон надиҳад! Эй Худованд, он чи гуфтӣ, бигзор ба сарат наояд!» |
23764 | MAT 16:23 | Лекин Вай ба Петрус рӯй оварда гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Ту ба Ман халал расонда истодаӣ, чунки ту фикри Худоро надорӣ, балки фикри инсонӣ мекунӣ!» |
23784 | MAT 17:15 | гуфт: «Хоҷа, ба писарам раҳм бикун! Вай касалии эпилепсия дорад ва бениҳоят азоб мекашад. Аз ин рӯ, ӯ худро зуд-зуд ба оташ ё ба об мепартояд. |
23786 | MAT 17:17 | Исо ҷавоб дод: «Эй насли беимонону гумроҳон! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Канӣ, рафта бачаро ба наздам биёред!» |
23803 | MAT 18:7 | Вой бар ҳоли одамони ин олам аз дасти васвасаҳо! Васвасаҳо ҳамеша пайдо мешаванд, вале вой бар ҳоли васвасакорон! |
23828 | MAT 18:32 | Шоҳ он хизматгорро ба наздаш хонда гуфт: „Эй хизматгори бад! Ту маро зориву тавалло кардӣ ва ман ба ту тамоми қарзатро бахшидам. |
23873 | MAT 20:12 | „Онҳое, ки охирин киро шуда буданд, фақат як соат кор карданд. Мо бошем, дар офтоби сӯзон рӯзи дароз арақи ҷабин рехта кор кардему шумо ба онҳо баробари мо музд додед!“ |
23874 | MAT 20:13 | Лекин соҳиби токзор ба яке аз онҳо ҷавоб дода гуфт: „Ҳой, ҷӯра! Ман ҳаққатро нахӯрдаам. Магар худат розӣ нашудӣ, ки ба як рӯзи кориат як динор диҳам? |
23891 | MAT 20:30 | Воқеан ду нобиное дар канори роҳ менишастанд. Онҳо гузашта истодани Исоро шунида, зуд фарёд заданд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!» |
23892 | MAT 20:31 | Мардум бошанд, онҳоро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шаванд. Аммо онҳо боз баландтар дод зада мегуфтанд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!» |
23904 | MAT 21:9 | Мардум аз пешу қафои Исо роҳравон бо овози баланд дод мезаданд: «Шаъну шараф ба Насли Довуд! Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд! Шаъну шараф ба Худо дар осмон!» |
23910 | MAT 21:15 | Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бо дидани мӯъҷизаҳои аҷоиби Исо ва аз шунидани доди кӯдакон, ки дар Хонаи Худо «Шаъну шараф ба Насли Довуд!» мегуфтанд, ба ғазаб омаданд. |
23933 | MAT 21:38 | Лекин иҷоракорон писарро дида, ба якдигар мегӯянд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва ба меросаш соҳиб мешавем!“ |
23959 | MAT 22:18 | Исо, ки аз нияти бади онҳо бохабар буд, ҷавоб дод: «Ҳой, дурӯяҳо! Чаро Маро ба дом афтонданӣ ҳастед?! |
23960 | MAT 22:19 | Канӣ, динори андоз месупоридагиро ба Ман оварда нишон диҳед-чӣ!» Онҳо динорро ба Исо нишон доданд |
23969 | MAT 22:28 | Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз ҳафт бародарон мешавад? Охир ҳамаи онҳо ӯро ба занӣ гирифта буданд!» |