12806 | EST 6:9 | Сипас, ҳамаи ин чизҳо ба яке аз мансабдорони олимартабаи шоҳ дода шавад. Бигзор ӯ касеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, ҷомаи шоҳона пӯшонад. Инчунин ӯро болои асп дар маркази шаҳр бигардонаду пешопеш роҳ рафта, эълон намояд: „Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!“». |
23236 | MAT 1:23 | «Духтаре ҳомиладор мешавад ва Писаре таваллуд мекунад, ки ба Ӯ Имонуил (Маънои ин ном „Худо бо мо“ аст) ном медиҳанд». |
23244 | MAT 2:6 | „Эй Байт-Лаҳм, ки дар вилояти Яҳудия ҳастӣ, ту аз дигар шаҳрҳои бузурги Яҳудия ҳеҷ камӣ надорӣ, зеро аз байни зодаҳои ту сарваре мебарояд, ки барои халқи Исроили Ман монанди чӯпон мешавад“». |
23284 | MAT 4:6 | ва ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо поён парто. Охир дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худо ба фариштагони худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод ва онҳо Туро бар болои дастонашон хоҳанд бардошт, то ки поят ба санге назанад“». |
23324 | MAT 5:21 | Шумо шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки одамкуш нашаванд, инчунин „ҳар касе, ки одам мекушад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад“. |
23325 | MAT 5:22 | Аммо Ман ҳоло мегӯям, ки агар касе ба бародаре қаҳру ғазаб кунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ва агар ба бародаре „бефаҳм“ гӯяд, дар назди суди болотар ҷавоб медиҳад ва агар „аҳмақ“ гӯяд, сазовори оташи дӯзах мегардад. |
23330 | MAT 5:27 | Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед „Бо ҳеҷ кас алоқаи беникоҳ накун“. |
23334 | MAT 5:31 | Боз чунин гуфтаҳоро шунидаед, ки „Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо мешавад, бояд ба ӯ талоқнома навишта диҳад“. |
23336 | MAT 5:33 | Шумо боз шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки „қасами бардурӯғ нахӯранд, аммо ҳар қавлро, ки ба Худованд додаанд, иҷро намоянд“. |
23340 | MAT 5:37 | Бигзор „бале“ гуфтани шумо дар ҳақиқат „бале“ бошад ва „не“ гуфтани шумо „не“ бошад, вале он чи зиёдатӣ мегӯед аз Шахси Бад бармеояд. |
23341 | MAT 5:38 | Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: „Чашм бар ивази чашм медиҳеду дандон бар ивази дандон“. |
23346 | MAT 5:43 | Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: „Ҳар шахсеро, ки наздики шумо аст, дӯст бидореду душманатонро бад бинед“. |
23382 | MAT 6:31 | Барои ҳамин ғам хӯрдану ташвиш кашиданро бас кунед ва нагӯед, ки „Мо чӣ мехӯрда бошем?“ ё „чӣ менӯшида бошем?“ ё „чӣ мепӯшида бошем?“ |
23389 | MAT 7:4 | Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон гуфта метавонед, ки „Иҷозат деҳ хасро аз чашмат берун кунам“, ҳол он ки дар чашми худатон чӯб доред? |
23407 | MAT 7:22 | Ҳангоме ки рӯзи ҷавобдиҳӣ фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд: „Эй Худованд! Магар мо аз номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар аз номи Ту девҳоро намерондем ва магар аз номи Ту бисёр мӯъҷизаҳоро нишон намедодем?“ |
23408 | MAT 7:23 | Он гоҳ Ман ба рӯяшон мегӯям: „Эй бадкорон! Ман шуморо ҳеҷ гоҳ намешинохтам. Дур шавед аз наздам“. |
23423 | MAT 8:9 | Охир ман як фармонбардор ҳастам ва зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба ғуломам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад». |
23453 | MAT 9:5 | Кадомаш осонтар аст: гуфтани он, ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он, ки „бархез ва роҳ гард“? |
23461 | MAT 9:13 | Рафта фаҳмед, ки чунин гуфтаҳои навиштаҷот чӣ маъно доранд: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо оваранд“. Хуллас, Ман ҳам барои он омадаам, ки на накӯкорон, балки гунаҳкоронро даъват намоям». |
23538 | MAT 11:10 | Яҳё ҳамон як одам, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфта буд: „Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам, то ба омаданат роҳ тайёр кунад“. |
23545 | MAT 11:17 | „Мо бароятон карнай навохтем, аммо шумо рақс накардед! Суруди мотам хондем, нагиристед“. |
23547 | MAT 11:19 | Баъд Фарзанди Инсон омаду ҳам мехӯрад ва ҳам менӯшад, аммо ҳама мегӯянд: „Ана одами пурхӯру майзада, ҷӯраи андозгирони беинсофу рафиқи одамони радди маърака!“ Лекин ҳақ будани ҳикмати Худо аз натиҷаҳояш маълум мегардад». |
23565 | MAT 12:7 | Дар навиштаҷот Худо гуфтааст: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо оваранд“. Агар шумо маънои ин гуфтаҳоро мефаҳмидед, одамони беайбро айбдор намекардед. |
23602 | MAT 12:44 | Ниҳоят худ ба худ мегӯяд: „Э, ба хонаи пештараам бармегардам“, — ва баргашта мебинад, ки ин хона холӣ ва ба тартиб овардаву рӯбучиншуда аст. |
23622 | MAT 13:14 | Ишаъё пайғамбар пешгӯӣ карда гуфта буд: „Ин одамон ҳарчанд гӯш кунанд ҳам, намефаҳманд; ҳарчанд нигоҳ кунанд ҳам, намебинанд, чунки ин одамон кундфаҳм шудаанд, гӯшҳояшон мадори шунидан надоранд ва чашмонашонро онҳо пӯшидаанд. Агар ин тавр намекарданд, чашмонашон дида, гӯшҳояшон шунида ва ақлашон дарк карда метавонист. Он гоҳ онҳо сӯи Ман — Худо рӯй меоварданд, то ки Ман онҳоро шифо диҳам“. Ин пешгӯӣ ҳақиқатан дар ҳаёти онҳо амалӣ мегардад. |
23635 | MAT 13:27 | Хизматгорон назди соҳиби киштзор омада мегӯянд: „Хоҷа, шумо дар киштзоратон донаҳои гандумро кошта будеду ин алафи бегона аз куҷо пайдо шуд?“ |
23636 | MAT 13:28 | Ӯ ба онҳо ҷавоб дода мегӯяд: „Ин кори душман аст“. Хизматгорон боз мепурсанд: „Мехоҳед, ки мо рафта онҳоро канда партоем?“ |
23637 | MAT 13:29 | „Не, — мегӯяд соҳиби киштзор, — чунки алафи бегонаро канданӣ шуда мабодо боз баъзе гандумро ҳам канда напартоед. |
23706 | MAT 15:4 | Худо ба мо фармудааст: „Падару модари худро эҳтиром кунед“ ва „ҳар кӣ дар ҳаққи падар ё модараш сухани қабеҳ гӯяд, ҷазояш марг аст“. |
23710 | MAT 15:8 | „Худо мегӯяд: «Ин одамон бо суханонашон Маро таъриф мекунанд, вале дар асл дилашон аз Ман дур аст. |
23711 | MAT 15:9 | Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд, чунки қонуну қоидаҳои инсониро „қонуни Худо“ гуфта таълим медиҳанд!»“». |
23789 | MAT 17:20 | Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Аз барои сустии имонатон. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар имонатон донаи хардал барин бошад, он гоҳ ба ин кӯҳ „Аз ин ҷо ба он ҷо гузар“ гӯед, кӯҳ мегузарад. Пас, бароятон ҳеҷ чиз имконнопазир намешавад. |
23822 | MAT 18:26 | Он хизматгор худро пеши пойҳои шоҳ партофта зорию тавалло карда гуфт: „Тақсирам, илтимос, ба ман мӯҳлат диҳед ва ман тамоми қарзамро бармегардонам“. |
23825 | MAT 18:29 | Ҳамхизматаш худро ба рӯи замин партофта, ба зориву тавалло кардан даромад: „Илтимос, мӯҳлат деҳ ва ман албатта қарзамро бармегардонам“. |
23828 | MAT 18:32 | Шоҳ он хизматгорро ба наздаш хонда гуфт: „Эй хизматгори бад! Ту маро зориву тавалло кардӣ ва ман ба ту тамоми қарзатро бахшидам. |
23835 | MAT 19:4 | Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки „Офарандаи одамизод аз ибтидо онҳоро мард ва зан офаридааст“? |
23836 | MAT 19:5 | Боз дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Бинобар ин мард бояд аз падару модараш ҷудо шуда, бо ҳамсараш бипайвандад, то ки на ду нафар, балки як тан шаванд“. |
23865 | MAT 20:4 | ба онҳо гуфт: „Шумо ҳам ба токзори ман рафта кор кунед, баъд ман шуморо розӣ мекунам“. Онҳо рафтанд. |
23867 | MAT 20:6 | Қариби соати панҷ буд, ки вай боз ба бозор рафт ва боз якчанд марди бекористодаро дида пурсид: „Чаро шумо тамоми рӯзатонро бе кор гузаронда истодаед?“ |
23868 | MAT 20:7 | Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: „Чунки ҳеҷ кас моро киро накард“. „Хайр, набошад, ба токзори ман рафта кор кунед“, — таклиф кард соҳиби токзор. |
23869 | MAT 20:8 | Бо наздикшавии шом соҳиби токзор ба назоратчиаш гуфт: „Рафта мардикоронро ҷеғ зану аз онҳое, ки охирин киро кардам, сар карда то ба онҳое, ки аввал киро кардам, бо навбат музди корашонро деҳ“. |
23873 | MAT 20:12 | „Онҳое, ки охирин киро шуда буданд, фақат як соат кор карданд. Мо бошем, дар офтоби сӯзон рӯзи дароз арақи ҷабин рехта кор кардему шумо ба онҳо баробари мо музд додед!“ |
23874 | MAT 20:13 | Лекин соҳиби токзор ба яке аз онҳо ҷавоб дода гуфт: „Ҳой, ҷӯра! Ман ҳаққатро нахӯрдаам. Магар худат розӣ нашудӣ, ки ба як рӯзи кориат як динор диҳам? |
23900 | MAT 21:5 | «Ба сокинони шаҳри Ерусалим бигӯед: „Ана, Шоҳи шумо ба наздатон омада истодааст. Шоҳи хоксор, ки харсавор, болои бачаи модахаре омада истодааст“». |
23908 | MAT 21:13 | гуфт: «Дар навиштаҷот гуфтаҳои Худо омадаанд, ки „Хонаи Ман ҷои дуогӯӣ номида мешавад“. Шумо бошед, онро ба паноҳгоҳи дуздон табдил додаед». |
23911 | MAT 21:16 | Онҳо ба Вай гуфтанд: «Магар Ту намешунавӣ, ки кӯдакон чӣ гуфта истодаанд?» «Албатта мешунавам, — ҷавоб дод Исо ва илова кард, — Магар шумо дар навиштаҷот ин гуфтаҳоро нахондаед: „Забони кӯдакону тифлҳои ширхорро Ту асбоби ситоиши худ гардондӣ“?» |
23920 | MAT 21:25 | Бигӯед, ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?» Онҳо байни якдигар баҳс карда гуфтанд: «Агар „Худо дода буд“ гӯем, Ӯ мепурсад, ки чаро ба Яҳё бовар накардем. |
23921 | MAT 21:26 | Аммо агар „инсон“ гӯем, халқ зидди мо мебарояд, чунки ба пайғамбар будани Яҳё эътиқод дорад». |
23923 | MAT 21:28 | Исо суханашро давом дода гуфт: «Дар бораи ин ҳикоя чӣ фикр доред? Марде ду писар доштааст. Рӯзе вай пеши писари калониаш омада мегӯяд: „Писарам, имрӯз ба токзор рафта кор кун“. |
23924 | MAT 21:29 | Писараш бошад, „намеравам“ мегӯяд. Баъд падараш рафта, аз писари дуюмаш хоҳиш мекунад. Писари дуюмаш „хуб шудааст“ гуфта ҷавоб медиҳад. Лекин баъдтар писари калонӣ аз фикраш гашта ба токзор меравад. Писари дуюмаш бошад, намеравад». |
23932 | MAT 21:37 | Оқибат, соҳиби токзор „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд“ гуфта, писарашро назди онҳо мефиристад. |
23933 | MAT 21:38 | Лекин иҷоракорон писарро дида, ба якдигар мегӯянд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва ба меросаш соҳиб мешавем!“ |
23937 | MAT 21:42 | Исо ба онҳо гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот чунин гуфтаҳоро боре ҳам нахондаед: „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид. Ин кори Худованд аст ва ба назарамон аҷиб менамояд“? |
23945 | MAT 22:4 | Шоҳ дигар хизматгоронашро фиристода мегӯяд: „Рафта ба даъватшудагон гӯед, ки ба тӯй биёянд, чунки барзагову гӯсолаҳои беҳтарин аллакай кушта шудаанду ҳама чиз барои зиёфат тайёр аст“. |
23949 | MAT 22:8 | Ба хизматгоронаш бошад, мегӯяд: „Зиёфати тӯй тайёр аст, аммо ин даъватшудагон садқаи зиёфатам шаванд. |
23953 | MAT 22:12 | „Эй ҷӯра, — муроҷиат мекунад ба ӯ шоҳ, — чӣ тавр ту ба ин ҷо бе либоси идона даромада омадӣ?“ Вале он мард чӣ гуфтанашро намедонист. |
23954 | MAT 22:13 | Он гоҳ шоҳ ба хизматгоронаш фармон дода мегӯяд: „Дасту пои ин мардро баста ба торикии берун партоед, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд“». |
23973 | MAT 22:32 | „Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Ёқуб ҳастам“. Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст». |
23978 | MAT 22:37 | Исо ҷавоб дода гуфт: «Қонуни аввалин ва муҳимтарин чунин мебошад, ки „Худованд Худои худро бояд бо тамоми дилу ҷонамон ва бо тамоми ақлу ҳушамон дӯст бидорем“. |
23980 | MAT 22:39 | Дуюмаш ҳам монанди он: „Ҳар шахсеро, ки наздики мост, бояд мисли худ дӯст бидорем“. |
23985 | MAT 22:44 | „Худованд ба Худованди ман гуфт: «То вақте ки душманонатро зери поят нагузорам, аз дасти ростам бишин»“. |
23986 | MAT 22:45 | Агар Довуд Таъиншудаи Худоро „Худованд“ номида бошад, пас чӣ тавр Вай аз насли Довуд шуда метавонад?» |
23994 | MAT 23:7 | Ба онҳо маъқул аст, ки халқ дар бозорҳо бо иззату эҳтиром онҳоро „устод“ гуфта саломашон диҳанд. |
23995 | MAT 23:8 | Аммо шуморо набояд унвонҳои „устод“ диҳанд, зеро шумо барои якдигар бародар ҳисоб мешавед ва фақат як устод доред. |
23996 | MAT 23:9 | Унвони „падар“-ро низ ба касе дар рӯи замин надиҳед, азбаски фақат як Падар дар осмон доред. |
23997 | MAT 23:10 | Шуморо „раис“ ҳам набояд хонанд, чунки Масеҳ раиси яккаву ягонаи шумо аст. |
24026 | MAT 23:39 | Ҳоло ба шумо мегӯям, ки минбаъд то „Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!“ нагӯед, Маро нахоҳед дид». |
24031 | MAT 24:5 | Зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман Таъиншудаи Худо“ мегӯянд ва бисёр одамонро гумроҳ мекунанд. |
24041 | MAT 24:15 | Шумо дар ҷои муқаддас ҳамон „ифлосиҳоеро, ки Хонаи Худоро ҳаром мекунанд“ ва Дониёл пайғамбар дар бораашон пешгӯӣ карда буд, мебинед». (Бигзор хонанда бифаҳмад, ки ин чӣ маъно дорад). |
24049 | MAT 24:23 | Пас, агар касе ба шумо гӯяд, ки „Бинед, ана Таъиншудаи Худо дар ин ҷост!“ ё „Ӯ ана дар он ҷост!“, бовар накунед. |
24052 | MAT 24:26 | Агар одамон ба шумо гӯянд, ки „Бинед, Масеҳ дар биёбон аст!“, ба он ҷо наравед. Ё агар гӯянд, ки „Бинед, Вай дар ҷои пинҳонӣ аст!“, бовар накунед. |
24083 | MAT 25:6 | Нисфи шаб садои баланд шунида мешавад: „Ана домод омада истодааст! Ӯро пешвоз гиред!“ |
24085 | MAT 25:8 | Он гоҳ кӯтоҳандешон ба дурандешон мегӯянд: „Аз равғанатон камтар диҳед, вагарна чароғҳоямон хомӯш мешаванд“. |
24086 | MAT 25:9 | „Не, — ҷавоб медиҳанд дурандешон, — ин равған ба ҳамаамон намерасад. Беҳтараш рафта, аз дӯкон харида биёед“. |
24088 | MAT 25:11 | Дертар он панҷтои боқимонда ҳам расида меоянд ва дод мезананд: „Хоҷа, эй хоҷа! Дарҳоро бароямон кушоед!“ |
24089 | MAT 25:12 | Аммо ӯ дар ҷавоб ба онҳо мегӯяд: „Ба ростӣ мегӯям, ки шуморо намешиносам“. |
24097 | MAT 25:20 | Хизматгоре, ки панҷ ҳазор танга гирифта буд, омада ба хоҷааш тангаҳоро бо панҷ ҳазор фоидааш супорида мегӯяд: „Хоҷаам, шумо ба ман панҷ ҳазор тангаи тилло дода будед. Ана дар ин ҷо боз панҷ ҳазор фоидае, ки ба даст овардам“. |
24098 | MAT 25:21 | „Офарин, хизматгори неку вафодорам, — таъриф мекунад ӯро хоҷааш. — Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодориатро нишон додӣ, пас ба ту вазифаи калонро боварӣ мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!“ |
24099 | MAT 25:22 | Инчунин хизматгоре, ки ду ҳазор танга гирифта буд, даромада мегӯяд: „Хоҷаам, шумо ба ман ду ҳазор тангаи тилло дода будед. Ана дар ин ҷо боз ду ҳазор фоидае, ки ба даст овардам“. |
24100 | MAT 25:23 | „Офарин, хизматгори неку вафодорам, — таъриф мекунад ӯро хоҷааш. — Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодориатро нишон додӣ, пас ба ту вазифаи калонро боварӣ мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!“ |
24101 | MAT 25:24 | Он хизматгоре, ки ҳазор танга гирифта буд, низ ба пеш баромада мегӯяд: „Хоҷаам, ман медонистам, ки шумо одами сахтгир ҳастед; аз он ҷое, ки накоштаед, ҳосил ҷамъ мекунеду аз он ҷое, ки дон напошидаед, ғалла мегиред. |
24103 | MAT 25:26 | „Ту хизматгори баду танбал будаӣ! — ҷавоб медиҳад хоҷааш. — Ту медонистӣ, ки ман аз он ҷое, ки накоштаам, ҳосил ҷамъ мекунаму аз он ҷое, ки дон напошидаам, ғалла мегирам, ҳамин тавр не? |
24111 | MAT 25:34 | Баъд Шоҳ ба одамони дар тарафи росташ буда мегӯяд: „Хуш омадед, шумо, ки Падарам баракат додааст! Омада дар подшоҳии Худо, ки аз вақти офариниш бароятон насиб гардидааст, баҳраву ҳаловат баред. |
24114 | MAT 25:37 | Накӯкорон бошанд, аз Ӯ мепурсанд: „Худованд, кай мо Туро гуруснаву ташна дида будем, ки бароят хӯроку нӯшокӣ дода бошем? |
24117 | MAT 25:40 | Шоҳ ҷавоб медиҳад: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз одамони хурдтарини Ман мекардед, шумо инро ба Ман мекардед!“ |
24118 | MAT 25:41 | Сипас ба одамони дар тарафи чапаш буда мегӯяд: „Дафъ шавед аз пеши назарам, лаънатиҳо! Гум шавед ба оташи абадие, ки барои иблис ва фариштаҳои вай тайёр шуда буд! |
24121 | MAT 25:44 | Он гоҳ онҳо ҳам мепурсанд: „Худованд, мо кай Туро гуруснаву ташна, бегонаву бараҳна ё бемору дар ҳабсхона дида будем, ки хизмат накарда бошем?“ |
24122 | MAT 25:45 | Шоҳ ба онҳо ҷавоб медиҳад: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз одамони хурдтарини Ман намекардед, пас гӯё барои Ман накардаед“. |
24154 | MAT 26:31 | Баъд Исо ба шогирдон гуфт: «Имшаб аз барои ҳодисае, ки бо Ман рӯй медиҳад, ҳамаи шумо пайравӣ кардани Маро бас мекунед, чунки дар навиштаҷот пешгӯйии Худо омадааст: „Чӯпонро мекушам ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд“. |
24287 | MRK 1:3 | Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: „Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!“». |
24338 | MRK 2:9 | Кадомаш осонтар аст: ба шал гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё ки „бархез, ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард?“ |
24404 | MRK 4:12 | то ки онҳо „бо чашмони худ нигоҳ кунанду набинанд, бо гӯшҳои худ шунаванду нафаҳманд ва сӯи Худо рӯ нагардонанд, то Худо гуноҳҳояшонро бубахшад“». |
24538 | MRK 7:6 | Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳақ буд Ишаъё пайғамбар, вақте оид ба шумо, дурӯяҳо пешгӯӣ карда гуфта буд: „Худо мегӯяд: «Ин одамон бо суханонашон Маро таъриф мекунанд, вале дилашон аз Ман дур аст. |
24539 | MRK 7:7 | Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд, чунки қонуну қоидаҳои инсониро „қонуни Худо“ гуфта таълим медиҳанд!»“ |
24542 | MRK 7:10 | Масалан, Худо ба воситаи Мӯсо фармудааст: „Падару модари худро эҳтиром кунед“ ва „ҳар кӣ дар ҳаққи падар ё модараш сухани қабеҳ гӯяд, ҷазояш марг аст“. |
24630 | MRK 9:23 | Исо ба мард гуфт: «Чӣ? „Агар илоҷашро ёбам“? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст». |
24655 | MRK 9:48 | „ки дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад“. |
24663 | MRK 10:6 | Вале аз ибтидои офариниши ин дунё Худо „онҳоро мард ва зан офаридааст“. |
24664 | MRK 10:7 | „Бинобар ин мард аз падару модараш ҷудо шуда, бо ҳамсараш мепайвандад, то ки на ду нафар, балки як тан шаванд“. Акнун онҳо на ду тан, балки якто ҳастанд. |
24726 | MRK 11:17 | Сипас мардумро таълим дода гуфт: «Оё навишта нашудааст, ки „хонаи Ман ҷои дуогӯӣ барои тамоми халқҳо номида мешавад“? Шумо бошед, онро ба лонаи дуздон табдил додаед». |