Wildebeest analysis examples for:   tgk-tgk   Г    February 25, 2023 at 01:19    Script wb_pprint_html.py   by Ulf Hermjakob

23450  MAT 9:2  чанд нафаре ба наздаш шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта оварданд. Исо то чӣ андоза эътиқод доштани онҳоро дида, ба шал гуфт: «Додар, натарс! Гуноҳҳоят бахшида шудаанд».
23551  MAT 11:23  Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум! Гумон мекунед, ки саратон то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. Зеро, агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳри Садӯм рӯй медоданд, ин шаҳр то ҳол аз рӯи замин нест намешуд.
23669  MAT 14:3  Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда Ҳиродус Ҳиродия, зани бародараш Филиппусро ба занӣ гирифта буд. Гаштаю баргашта Яҳё ба ӯ мегуфт: «Аз рӯи шариати мо ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Бинобар ин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир кунанду дасту пояшро баста, ба ҳабс андозанд.
24118  MAT 25:41  Сипас ба одамони дар тарафи чапаш буда мегӯяд: „Дафъ шавед аз пеши назарам, лаънатиҳо! Гум шавед ба оташи абадие, ки барои иблис ва фариштаҳои вай тайёр шуда буд!
24379  MRK 3:22  Гурӯҳе аз шариатдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Ӯ дар худ Баал-Забул, сардори девҳоро дорад ва бо қудрати вай девҳоро берун мекунад».
24395  MRK 4:3  «Гӯш кунед! Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан мебарояд.
24496  MRK 6:20  чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид. Вай медонист, ки Яҳё марди худотарс ва муқаддас аст, барои ҳамин ҳам ӯро эҳтиёт мекард. Гарчанде суханони Яҳё ӯро нороҳат мекарданд, ба ҳар ҳол онҳоро гӯш кардан барояш маъқул буд.
24574  MRK 8:5  Исо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто».
24587  MRK 8:18  Шумо, ки чашм доред, чаро намебинед? Гӯш дореду чаро намешунавед? Оё фаромӯш кардед?
24589  MRK 8:20  Гуфт: «Вақте ки бо ҳафт нон чор ҳазор нафарро сер кардам, чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Гуфтанд: «Ҳафт сабад!»
24694  MRK 10:37  Гуфтанд: «Вақте ки Шумо бо шӯҳрату ҷалол подшоҳӣ мекунед, иҷозат диҳед, яке аз дасти рост ва дигаре аз дасти чапатон бишинем».
25196  LUK 5:20  Исо имони онҳоро дида, ба он шал гуфт: «Дӯстам! Гуноҳҳоят бахшида шуданд».
25277  LUK 7:13  Худованд он занро дида, дилаш ба ҳоли вай сӯхт ва ба ӯ гуфт: «Гиря накун».
25304  LUK 7:40  Вале Исо ба ӯ гуфт: «Шимъӯн! Мехоҳам ба ту чизе бигӯям». Гуфт: «Марҳамат, устод».
25312  LUK 7:48  Баъд ба он зан гуфт: «Гуноҳҳоят бахшида шуданд».
25409  LUK 9:39  Гоҳ-гоҳ ба вай рӯҳе ҳамла мекунад ва ӯ якбора дод зада, беихтиёрона печутоб мехӯраду аз даҳонаш кафк мебарояд. Он рӯҳ ӯро бисёр азоб дода, ба зӯрӣ аз ӯ даст мекашад.
25680  LUK 15:23  Гӯсолаи боникардаро биёреду сар бибуред; мехӯрему хурсандӣ мекунем!
25761  LUK 18:4  Қозӣ муддати дуру дароз талаби ӯро рад мекард, вале дар охир худ ба худ гуфт: Гарчанде ман на тарсе аз Худо дораму на шарме аз мардум,
25993  LUK 22:60  «Гӯш кун, ман намедонам, ту дар чӣ хусус гап мезанӣ», — гуфт Петрус. Вақте ки инро мегуфт, хурӯс ҷеғ зад.
26016  LUK 23:12  Гарчанде пештар Ҳиродус ва Пилотус бо якдигар душман буданд, аз ҳамон рӯз сар карда бо ҳам дӯст шуданд.
26234  JHN 4:9  «Чӣ тавр Шумо, ки яҳудӣ ҳастед, аз мани сомарӣ об мепурсед?» — гуфт ба Ӯ зани сомарӣ. (Гап дар сари он аст, ки яҳудиён бо сомариён рафтуомад надоранд).
26281  JHN 5:2  Дар Ерусалим дар наздикии Дарвозаи Гӯсфандон ҳавзе буд, ки ба забони ибронӣ Байт-Ҳасдо номида мешуд. Он панҷ айвон дошту
26293  JHN 5:14  Пас аз он Исо ӯро дар Хонаи Худо дида гуфт: «Гӯш кун, акнун ту шифо ёфтӣ. Дигар гуноҳ накун, то ба чизи бадтаре дучор нашавӣ».
26324  JHN 5:45  Гумон накунед, ки Ман шуморо дар пеши Падар айбдор мекунам, айбдоркунандаи шумо Мӯсо аст, ки ба ӯ умед мебандед!
26534  JHN 9:25  «Гунаҳкор аст ё не, ман намедонам, — ҷавоб дод ӯ. — Ҳаминашро медонам, ки ман кӯр будам ва акнун мебинам».
26555  JHN 10:5  Гӯсфандон аз қафои каси бегона намераванд, балки аз ӯ мегурезанд, чунки овози каси бегонаро намешиносанд».
26577  JHN 10:27  Гӯсфандони Ман овози Маро мешунаванд. Ман онҳоро мешиносам ва онҳо аз паси Ман меоянд.
26959  JHN 20:23  Гуноҳи касонеро, ки бубахшед, ба онҳо бахшида мешавад ва онҳоеро, ки набахшед, гуноҳ дар гардани онҳо мемонад».
26983  JHN 21:16  Бори дуюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», — ҷавоб дод Петрус. «Гӯсфандони Маро саробонӣ кун», — гуфт Исо.
26984  JHN 21:17  Бори сеюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки Исо бори сеюм аз ӯ мепурсад, ки Ӯро дӯст медорад ё не. «Худованд, ба Ту ҳама чиз маълум аст, — гуфт ӯ ба Исо. — Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам». Исо ба ӯ гуфт: «Гӯсфандони Маро чарон.
30348  JAS 1:15  Сипас, ҳамин ки дили вай бо ин ҳавас ҳомиладор мешавад, гуноҳро таваллуд мекунад. Гуноҳ бошад, ба воя расида, маргро таваллуд мекунад.
30365  JAS 2:5  Гӯш кунед, бародарони азизам. Охир Худо онҳоеро интихоб кардааст, ки дар назари мардуми ҷаҳон камбағал, аммо аз ҷиҳати имон бой ҳастанд ва подшоҳии Худо, ки Ӯ ба дӯстдорони худ ваъда додааст, насибашон мегардад.
30417  JAS 4:13  Гӯш андозед шумое, ки мегӯед: «Имрӯз ё фардо фалон шаҳр меравем, он ҷо як сол монда, савдо мекунему фоида ба даст меоварем».
30636  1JN 2:19  Гарчанде ки ин шахсон аз байни мо баромада бошанд ҳам, онҳо аъзои мо набуданд, чунки агар аъзои мо мебуданд, ҳамроҳи мо мемонданд. Вале вақте аз мо ҷудо шуданд, маълум карданд, ки ҳеҷ якеашон аъзои мо набуданд.