Wildebeest analysis examples for:   tgk-tgk   З    February 25, 2023 at 01:19    Script wb_pprint_html.py   by Ulf Hermjakob

7130  RUT 1:1  Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад.
7206  RUT 4:14  Занони шаҳр ба Ноомӣ мегуфтанд: «Худоро шукр, ки Ӯ туро бе меросхӯре, ки нигаҳбонат мешавад, нагузошт! Бигзор номи ин кӯдак дар Исроил машҳур гардад!
7209  RUT 4:17  Занони ҳамсоя мегуфтанд: «Ноомӣ писардор шуд» ва ба кӯдак Убид ном ниҳоданд. Убид падари ҳамон Йисой аст, ки падари Довуд буд.
12707  EST 1:1  Замони ҳукмронии шоҳ Аҳашверӯш буд, ҳамон шоҳ, ки бар яксаду бисту ҳафт вилоят, аз Ҳиндустон сар карда, то Эфиопия подшоҳӣ мекард.
12715  EST 1:9  Зани подшоҳ — малика Ваштӣ низ дар қасри шоҳ Аҳашверӯш барои занон зиёфат медод.
12716  EST 1:10  Дар рӯзи ҳафтуми зиёфат подшоҳ аз нӯшидани шароб андак маст шуда, ба ҳафт хизматгорони шахсияш — Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас, фармон дод,
12717  EST 1:11  ки малика Ваштиро наздаш биёранд. Занаш ҳусни зебо дошт ва шоҳ хост, ки малика тоҷ бар сар пеши меҳмонон биёяд, то зебоии ӯро ба ҳама намоиш диҳад.
12723  EST 1:17  Зеро чунин гуфтугузор мешавад, ки малика Ваштӣ фармони подшоҳро рад карда, наздаш наомад. Занон инро фаҳмида шавҳарони худро писанд намекунанд.
12744  EST 2:16  Зимистони соли ҳафтуми ҳукмронии шоҳ, Эстерро ба назди шоҳ Аҳашверӯш ба қаср оварданду
12793  EST 5:10  Ба ҳар ҳол вай базӯр худро дошта, ба хона рафт. Дар хона занаш Зареш ва дӯстонашро ҷамъ оварда,
12797  EST 5:14  Занаш Зареш ва ҳамаи дӯстонаш ба вай маслиҳат доданд: «Фармон бидеҳ, ки як дори бисту се метр баланд бисозанду пагоҳ саҳар аз подшоҳ хоҳиш кун, ки Мордахайро дар он овезанд. Сипас ҳамроҳи шоҳ хушу хурсандона ба зиёфат бирав». Ҳаман пешниҳодро маъқул карда, фармон дод, ки дорро тайёр кунанд.
12810  EST 6:13  Дар хона воқеаи бо вай рӯйдодаро ба занаш Зареш ва дӯстонаш нақл кард. Сипас занаш бо он дӯстони хирадмандаш ба ӯ гуфтанд: «Азбаски Мордахай, ки бар вай дигар қудрат надорӣ, яҳудӣ аст, бар зидди ӯ истодагарӣ карда наметавонӣ. Ту, бешубҳа, шикаст хоҳӣ хӯрд!»
23215  MAT 1:2  Аз замони Иброҳим то шоҳ Довуд инҳо гузаштаанд: Иброҳим, писараш Исҳоқ, писари Исҳоқ Ёқуб, писарони Ёқуб Яҳудо ва бародаронаш, писарони Яҳудо Форасу Зораҳ (модари онҳо Томор буд), писари Форас Ҳесрӯн, писари Ҳесрӯн Ром, писари Ром Аминодоб, писари Аминодоб Наҳшӯн, писари Наҳшӯн Салмӯн, писари Салмӯн Бӯаз (модари ӯ Роҳоб буд), писари Бӯаз Убид (модари ӯ Рут буд), писари Убид Йисой ва писари Йисой шоҳ Довуд.
23225  MAT 1:12  Аз замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Еконё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содӯқ, писари Содӯқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Ёқуб ва писари Ёқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо номида шуд.
23269  MAT 3:8  Ҳатто фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон, ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед.
23291  MAT 4:13  Баъд барои истиқомат кардан, Исо аз Носира ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар назди кӯли Ҷалил ва дар ноҳияҳои Забулуну Нафтолӣ ҷойгир шудааст, меравад.
23293  MAT 4:15  «Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолии дар сӯи кӯл, дар тарафи дигари дарёи Урдун ҷойгирбуда, вилояти Ҷалили ғайрияҳудиён ҳастӣ!
23299  MAT 4:21  Исо роҳи худро давом медод, ки ду бародари дигар, Ёқуб ва Юҳанноро дид. Онҳо бо падарашон Забдой дар қаиқ буданд ва тӯрҳои худро таъмир мекарданд. Исо онҳоро низ даъват кард
23323  MAT 5:20  Зеро ба шумо мегӯям, ки агар ҳатто аз шариатдонону фарисиён дида хости Худоро пурратар иҷро накунед, ҳаргиз ба подшоҳии Худо дохил намешавед.
23352  MAT 6:1  Исо суханонашро давом дода гуфт: «Зинҳор корҳои худофармударо намоишкорона дар пеши назари халқ накунед. Вагарна аз Падари осмониатон мукофот намегиред.
23372  MAT 6:21  Зеро ба он ҷое, ки бойигарӣ доред, дилатон кашол аст.
23387  MAT 7:2  Зеро чи хеле ки дигаронро айбдор ҳисоб кунед, ҳамон тавр шумо айбдор ҳисоб карда мешавед ва бо кадом санги тарозу баркашед, бо ҳамон санг ба шумо баркашида мешавад.
23397  MAT 7:12  Чӣ гуна рафторро аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати онҳо рафтор кунед. Зеро мағзи шариати Мӯсо ва гуфтаҳои пайғамбарон дар ҳамин аст.
23488  MAT 10:2  Ана номҳои он дувоздаҳ вакилаш: аввалин Шимъӯн (ӯро боз Петрус меномиданд), бародари Шимъӯн Андриёс, баъд бародарон Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд,
23511  MAT 10:25  Барои шогирд басанда аст, ки монанди устодаш шавад ва барои хизматгор кофист, ки монанди хоҷааш шавад. Агар сардори хонадонро Баал-Забул, сардори девҳо номида бошанд, пас аъзоёни хонадонро чӣ қадар бадтар меноманд.
23512  MAT 10:26  Аз ин рӯ, аз одамон натарсед. Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад.
23549  MAT 11:21  «Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои худобехабари Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида мӯйканон нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд.
23551  MAT 11:23  Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум! Гумон мекунед, ки саратон то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. Зеро, агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳри Садӯм рӯй медоданд, ин шаҳр то ҳол аз рӯи замин нест намешуд.
23558  MAT 11:30  Зеро таҳти юғи Ман будан осон аст ва боре, ки Ман медиҳам, сабук аст».
23582  MAT 12:24  Лекин фарисиён инро шунида чунин мегуфтанд: «Ӯ бо қудрати Баал-Забул, сардори девҳо девҳоро берун мекунад».
23585  MAT 12:27  Аз гуфти шумо Ман девҳоро бо қудрати Баал-Забул берун мекунам, пас пайравони худатон-чӣ? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Ана, амали онҳо исбот мекунад, ки шумо нодуруст фикр мекунед.
23608  MAT 12:50  Зеро ҳар касе, ки хости Падари осмониамро иҷро мекунад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст».
23641  MAT 13:33  Масали дигаре, ки Вай ба онҳо нақл кард, ин буд: «Подшоҳии Худоро боз чунин тасвир кардан мумкин: Зане каме хамиртуруш мегираду бо як тағора орд омехта, хамир мекунад ва баъд тамоми хамир мерасад».
23721  MAT 15:19  Зеро аз дил фикрҳои бад берун меоянд, ки сабаби одамкушӣ, алоқаи беникоҳ, фисқу фуҷур, дуздиву шаҳодати дурӯғдиҳӣ ва тӯҳматкунӣ мегарданд.
23766  MAT 16:25  Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман аз баҳри ҳаёти худаш мегузарад, ҳаёти абадӣ ба даст меоварад.
23816  MAT 18:20  Зеро дар ҷое, ки ду ё се кас ба хотири номи Ман ҷамъ мешаванд, Ман ҳам дар байни онҳо мешавам».
23819  MAT 18:23  Зеро подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: Рӯзе як подшоҳ хост, ки қарзҳои хизматгоронашро ба ҳисоб гирад.
23843  MAT 19:12  Зеро мардон бо сабабҳои гуногун зан намегиранд: баъзеҳо мисли ахташуда таваллуд мешаванд, баъзеҳоро одамон ахта мекунанд ва баъзеҳо бо нияти ба Худо хизмат кардан зан намегиранд. Бигзор касе, ки ин гуфтаҳоро қабул карда метавонад, қабул кунад».
23866  MAT 20:5  Заминдор соатҳои тақрибан дувоздаҳ ва се низ рафта мардикоронро киро кард.
23881  MAT 20:20  Дар ин миён зани Забдой бо ду писараш назди Исо омада, ба Ӯ таъзим карду чизе хоҳиш карданӣ шуд.
23896  MAT 21:1  Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Ерусалим наздик шуда истода, ба деҳаи Байт-Фоҷии назди теппаи Зайтун расида омаданд. Пас, Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода,
23911  MAT 21:16  Онҳо ба Вай гуфтанд: «Магар Ту намешунавӣ, ки кӯдакон чӣ гуфта истодаанд?» «Албатта мешунавам, — ҷавоб дод Исо ва илова кард, — Магар шумо дар навиштаҷот ин гуфтаҳоро нахондаед:Забони кӯдакону тифлҳои ширхорро Ту асбоби ситоиши худ гардондӣ“?»
23927  MAT 21:32  Зеро Яҳёи Таъмиддиҳанда ба назди халқамон барои роҳи ростро нишон додан омад, аммо шумо ба ӯ бовар накардед, андозгирон ва фоҳишаҳо бошанд, бовар карданд. Ҳатто баъд аз дидани ҳамаи ин шумо аз фикратон нагаштед ва бовар накардед.
23949  MAT 22:8  Ба хизматгоронаш бошад, мегӯяд:Зиёфати тӯй тайёр аст, аммо ин даъватшудагон садқаи зиёфатам шаванд.
23971  MAT 22:30  Зеро дар рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, онҳо зан намегиранду шавҳар намекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд.
24022  MAT 23:35  Ман онҳоро барои он мефиристам, ки ҷавобгарии марги ҳамаи одамони бегуноҳ, аз Ҳобили беайб сар карда то Закарёи писари Баракё, ки байни муқаддастарин ҷои Хонаи Худо ва қурбонгоҳ кушта шуда буд, ба гардани шумо афтад.
24029  MAT 24:3  Ҳангоме ки Исо ба теппаи Зайтун баромада нишаст, шогирдонаш дар танҳоӣ ба пеши Ӯ омада пурсиданд: «Ба мо бигӯед, ки ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва омадани Шумову наздикшавии охирзамонро аз кадом нишона мефаҳмем?»
24031  MAT 24:5  Зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман Таъиншудаи Худо“ мегӯянд ва бисёр одамонро гумроҳ мекунанд.
24047  MAT 24:21  Зеро азобу даҳшати он айём ба дараҷае мерасад, ки аз рӯзи офариниши дунё то ба имрӯз монанди он ҳеҷ рӯй надодааст ва дигар рӯй нахоҳад дод.
24050  MAT 24:24  Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро Таъиншудаи Худо ва пайғамбар меноманд, аммо дар асл чунин нестанд. Онҳо ба фиреб додани ҳама ва ҳатто одамоне, ки Худо барои худ интихоб кардааст, кӯшиш карда, мӯъҷизаҳои аҷоибу ғароиб нишон медиҳанд.
24061  MAT 24:35  Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
24106  MAT 25:29  Зеро ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз ҳам ва аз ҳад зиёдтар дода мешавад. Лекин аз касе, ки ҳеҷ чиз надорад, ҳатто он чизи андаке, ки дорад, гирифта мешавад.
24153  MAT 26:30  Сипас онҳо Худоро ҳамду саногӯён ба теппаи Зайтун равона шуданд.
24160  MAT 26:37  Вай ҳамроҳаш Петрус ва ду писари Забдойро бурд. Дарду аламаш шиддат меёфт ва
24227  MAT 27:29  Баъд аз навдаҳои хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанду ба дасти росташ чӯб доданд. Онҳо масхаракунон «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» гуфта дар пеши Ӯ ба сари зону меистоданд.
24249  MAT 27:51  Инак, пардае, ки ҷои муқаддастарини Хонаи Худоро ҷудо мекард, аз боло то ба поёнаш дарида, ду пора шуд. Замин ба ҷунбиш омаду сангҳо ба қисмҳо тақсим шуданд.
24254  MAT 27:56  Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Марями модари Ёқубу Юсуф ва боз ҳамсари Забдой буданд.
24275  MAT 28:11  Занон ба роҳ баромада буданд, ки баъзе аз посбонон ба шаҳр рафта тамоми воқеаи рӯйдодаро ба сардорони рӯҳонӣ ҳикоят карданд.
24303  MRK 1:19  Каме дуртар рафта Исо писарони Забдойро дид, ки Ёқуб ва Юҳанно ном доштанд. Онҳо дар қаиқи худ тӯрҳои моҳигириро таъмир мекарданд.
24304  MRK 1:20  Дарҳол онҳоро даъват намуд ва онҳо падарашон Забдойро бо мардикорон дар қаиқ монда, Ӯро пайравӣ карданд.
24374  MRK 3:17  Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд ва Исо онҳоро «писарони раъд» меномид,
24379  MRK 3:22  Гурӯҳе аз шариатдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Ӯ дар худ Баал-Забул, сардори девҳоро дорад ва бо қудрати вай девҳоро берун мекунад».
24417  MRK 4:25  Зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз ҳам зиёдтар дода мешавад ва касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, аз ӯ кашида гирифта мешавад».
24466  MRK 5:33  Зане, ки аз шифоёбиаш огоҳ буд, ҷуръат карда, тарсону ларзон ба Исо наздик омад ва худро пеши пойҳои Ӯ партофта, ҳақиқати ҳолро нақл кард.
24493  MRK 6:17  Зеро чунин ҳодиса рӯй дода буд: Ҳиродус ба занӣ Ҳиродияро, ки зани бародараш Филиппус буд, гирифт. Барои ҳамин Яҳё ба Ҳиродус мегуфт: «Хонадоршавии шумо бо Ҳиродия, ки зани бародаратон аст, раво нест». Аз ин рӯ, Ҳиродус як даста одамонро барои дастгир кардани Яҳё фиристод. Онҳо ӯро дастгир карда, баста ба ҳабс андохтанд.
24557  MRK 7:25  Зане, ки духтари хурдсолаш гирифтори рӯҳи нопок буд, аз омадани Исо зуд бохабар шуда, ба назди Ӯ омад ва ба пеши пойҳояш афтод.
24562  MRK 7:30  Зан ба хонааш омада дид, ки дев аз духтараш берун шуда, вай ором хобидааст.
24647  MRK 9:40  Зеро касе ки бар зидди мо нест, тарафдори мост.
24692  MRK 10:35  Ёқубу Юҳаннои писарони Забдой пеши Исо омада гуфтанд: «Устод, мо мехоҳем, ки хоҳишамонро бароямон иҷро кунед».
24710  MRK 11:1  Баъд Исо ва шогирдонаш ба наздикии Ерусалим, ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаи теппаи Зайтун ҷойгир шудаанд, рафта расиданд. Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода,
24789  MRK 13:3  Вақте Исо дар болои теппаи Зайтун, рӯ ба рӯи Хонаи Худо менишаст, Петрус, Ёқуб, Юҳанно ва Андриёс дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд:
24792  MRK 13:6  Зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман ҳамонам“ мегӯянд ва бисёр одамонро гумроҳ мекунанд.
24805  MRK 13:19  Зеро дар он айём чунон мусибате рӯй медиҳад, ки аз замони дунёро офаридани Худо то ба ҳол чунин нашуда буд ва дигар ҳаргиз нахоҳад шуд.
24808  MRK 13:22  Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Таъиншудаи Худо ва пайғамбар меноманд ва чунин мӯъҷизаҳову аҷоибот нишон медиҳанд, то ки агар шавад интихобшудагони Худоро гумроҳ кунанд.
24817  MRK 13:31  Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
24849  MRK 14:26  Баъд онҳо Худоро ҳамду саногӯён ба теппаи Зайтун равона шуданд.
24913  MRK 15:18  Ба Ӯ таъзим карда фарёд мезаданд: «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!»
24947  MRK 16:5  Пас ба даруни қабр даромада диданд, ки як ҷавоне бо либоси сафед дар тарафи рост нишастааст. Занон ба ҳайрат афтоданд.
24950  MRK 16:8  Занҳо тарсону ларзон берун баромада, аз назди қабр гурехтанд ва ба касе чизе нагуфтанд, чунки дар ҳарос буданд. [
24967  LUK 1:5  Дар замони ҳукмронии Ҳиродус ном подшоҳи сарзамини Яҳудия рӯҳоние зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Абиёи рӯҳонӣ буд. Вай Закарё ном дошт ва занашро, ки аз авлоди Ҳоруни рӯҳонӣ буд, Элисобат меномиданд.
24970  LUK 1:8  Рӯзе навбати хизмат ба гурӯҳи Закарё расид ва ӯ ҳамчун рӯҳонӣ дар пеши Худо машғули иҷрои вазифааш шуд.
24971  LUK 1:9  Барои муайян кардани касе, ки мувофиқи расми рӯҳониён ба Хонаи Худованд даромада, ширеши хушбӯйро месӯзонад, қуръа партофта шуд ва он ба номи Закарё афтид.
24972  LUK 1:10  Вақте ки Закарё машғули сӯзондани ширеши хушбӯй буд, тамоми мардум дар берун истода дуо мекарданд.
24973  LUK 1:11  Баногоҳ ба Закарё фариштаи Худованд зоҳир шуд, ки дар тарафи рости қурбонгоҳи ширеши хушбӯй меистод.
24974  LUK 1:12  Ҳамин ки Закарё ӯро дид, беқарор шуд ва вуҷудашро воҳима зер кард.
24975  LUK 1:13  Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Ҳой Закарё, натарс. Дуоят ба даргоҳи Худо қабул шуд. Ҳамсарат Элисобат писаре хоҳад зоид ва ту ӯро Яҳё ном хоҳӣ гузошт.
24980  LUK 1:18  Закарё аз фаришта пурсид: «Аз куҷо мефаҳмам, ки ин мешавад? Охир ману занам пир шудаем»
24983  LUK 1:21  Мардуме, ки интизори Закарё буданд, ҳайрон шуданд, ки чаро ӯ вақти зиёде дар Хонаи Худо мемонад.
24984  LUK 1:22  Ҳангоме ки Закарё берун омад, ҳеҷ сухан гуфта наметавонист ва онҳо фаҳмиданд, ки дар Хонаи Худо ба вай чизе аён шудааст. Ӯ гунг шуда буд, аз ин сабаб бо одамон бо имову ишора гап мезад.
24985  LUK 1:23  Ҳамин ки вақти хизмати Закарё ба охир расид, вай ба хонааш баргашт.
25002  LUK 1:40  Вақте ки ба он ҷо расид, ба хонаи Закарё даромада, бо Элисобат салом кард.
25021  LUK 1:59  Вақте ки кӯдак ҳаштрӯза шуд, ҳамаи онҳо ҷамъ шуданд, то дар рӯзи хатнаи кӯдак иштирок кунанд ва хостанд ӯро монанди падараш Закарё ном гузоранд.
25024  LUK 1:62  Баъд бо имову ишора аз Закарё пурсиданд, ки ӯ кӯдакро чӣ ном мондан мехоҳад?
25026  LUK 1:64  Ҳамин вақт забони Закарё кушода шуду ӯ ба гап даромада Худоро ҳамду сано хонд.
25029  LUK 1:67  Падари кӯдак Закарё аз Рӯҳи Муқаддас пур шуду пешгӯӣ карда, чунин мегуфт:
25030  LUK 1:68  «Шаъну шараф ба Худованд Худои Исроил! Зеро Ӯ ба ёрии халқи худ омада, онро озод кард.
25040  LUK 1:78  Зеро аз раҳму шафқати Худои мо офтоби субҳгоҳӣ аз осмон бар мо нурафшонӣ мекунад,
25053  LUK 2:11  Зеро имрӯз барои шумо дар шаҳри шоҳ Довуд Наҷотдиҳандае ба дунё омад, ки Ӯ Таъиншудаи Худо ва Худованд аст.