7133 | RUT 1:4 | Писаронаш духтарони мӯобиро ба занӣ гирифтанд, ки номи яке Орфо ва дигаре Рут буд. Баъди даҳ соле, ки онҳо дар он ҷо умр ба сар бурданд, |
7140 | RUT 1:11 | Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Духтаронам, шумо бояд баргардед. Чаро ҳамроҳи ман будан мехоҳед? Оё ман метавонам боз соҳиби писароне шавам, ки шуморо ба занӣ гиранд? |
7143 | RUT 1:14 | Онҳо боз бо овози баланд гиря карданд. Сипас Орфо хушдоманашро бӯсида, бо ӯ хайрухуш карда рафт, аммо Рут бо ӯ монд. |
7144 | RUT 1:15 | Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Бубин, Орфо ба назди қавми худ ва худоёни худ бармегардад, ту ҳам ҳамроҳи ӯ бирав». |
7155 | RUT 2:4 | Пас аз муддате Бӯаз аз деҳаи Байт-Лаҳм омад ва бо коргарон салому алейк карда гуфт: «Худованд ёратон бод!» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Раҳмат, Худованд шуморо баракат диҳад!» |
7156 | RUT 2:5 | Бӯаз аз саркори даравгарон пурсид: «Он зани ҷавон кист?» |
7159 | RUT 2:8 | Он гоҳ Бӯаз ба Рут гуфт: «Духтарам, гӯш кун, барои хӯшачинӣ ба майдонҳои дигар нарав, балки дар ҳамин ҷо бо занон истода, кор кун. |
7171 | RUT 2:20 | Ноомӣ ба Рут гуфт: «Худованд Бӯазро баракат диҳад! Ӯ марҳамати худро аз мо ва аз мурдагон дареғ надоштааст». Ӯ боз илова кард: «Он мард яке аз хешони наздики мост, ки бояд сарпарастиамонро ба ӯҳда бигирад». |
7178 | RUT 3:4 | Вақте ки хоб меравад, ҷойи хобашро фаҳм, ки дар куҷост. Он гоҳ ба назди ӯ рафта, кӯрпаи ӯро аз рӯйи пойҳояш кушода, назди пойҳояш хоб кун. Пас худи ӯ мегӯяд, ки чӣ бояд кунӣ». |
7193 | RUT 4:1 | Он гоҳ Бӯаз ба назди дарвозаи шаҳр рафта, он ҷо нишаст. Вақте ҳамон хешованде, ки дар борааш гуфта буд, аз он ҷо мегузашт, Бӯаз ӯро садо карда гуфт: «Эй дӯстам, биё ин ҷо бишин». Ӯ омада, он ҷо нишаст. |
7196 | RUT 4:4 | Фикр кардам, ки ман бояд ин хабарро дар ҳузури ин ҷо нишастагон ва дар ҳузури роҳбарони халқи ман ба ту расонам, то он заминро бихарӣ. Агар харидан нахоҳӣ, ба ман бигӯй, то ки ман донам, чун ҳаққи хариди он заминро аввал ту дорӣ, баъд аз ту ман метавонам онро бихарам». Он шахс гуфт: «Ман онро мехарам». |
7197 | RUT 4:5 | Он гоҳ Бӯаз гуфт: «Хуб, ҳангоми харидани замини Ноомӣ ту бояд Рути мӯобиро, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, ба занӣ бигирӣ. Ба ин восита вақте кӯдакдор шуда, соҳиби меросхӯр мегардед, мероси шавҳараш аз байн намеравад». |
7198 | RUT 4:6 | Он мард дар ҷавоб гуфт: «Ман он заминро харида наметавонам, чунки агар бихарам, молу мулки худро зери хатар мегузорам. Ту ӯро гир, чунки ман ин корро карда наметавонам». |
7201 | RUT 4:9 | Он гоҳ Бӯаз ба роҳбарон ва ба ҳозирин рӯй овард: «Шумо акнун шоҳид ҳастед, ки ман заминҳоеро, ки аз они Элимелех, Килъон ва Маҳлон аст, аз Ноомӣ мехарам. |
7203 | RUT 4:11 | Он гоҳ роҳбарон ва мардуме, ки дар назди дарвоза ҷамъ омада буданд, тасдиқ карданд: «Бале, мо шоҳид ҳастем. Худованд ҳамсаратро монанди занони Яъқуб — Роҳел ва Леё гардонад. Ин занон барои ӯ фарзандони зиёдро ба дунё оварданд. Дар байни Эфротиён сарват ба даст орӣ ва номат дар деҳаи Байт-Лаҳм машҳур гардад. |
12708 | EST 1:2 | Он рӯзҳо ӯ сарзаминашро аз тахти шоҳонаи худ, ки дар қалъаи Шушан буд, роҳбарӣ менамуд. |
12711 | EST 1:5 | Пас аз тамом шудани зиёфати якум шоҳ барои ҳамаи сокинони қалъаи Шушан, чи камбағалу чи сарватманд, зиёфати дуюм дод. Он дар боғи девордори қасри шоҳ ҳафт шабонарӯз давом намуд. |
12746 | EST 2:18 | Он гоҳ шоҳ ба хотири Эстер барои ҳамаи мансабдорону дарбориён зиёфат доду дар ҳамаи вилоятҳо пули андозро кам карда, ба таври шоҳона тӯҳфаҳо тақсим карда дод. |
12755 | EST 3:4 | Онҳо ҳар рӯз инро ба ӯ мегуфтанду лекин вай ба гапашон ҳеҷ аҳамият намедод. Мордахай гуфта буд, ки ӯ яҳудӣ аст. Аз ин рӯ, дарбориён корҳои Мордахайро ба Ҳаман расониданд, то бубинанд, ки оё Мордахай дар гапаш меистад ё не. |
12763 | EST 3:12 | Сипас ҳабдаҳуми апрел котибони шоҳро ҷамъ карданд. Онҳо фармонро аз рӯйи ҳамаи гуфтаҳои Ҳаман бо хати ҳар як вилоят ва бо забони ҳар як халқ, ба ҳокимони вилоятҳои подшоҳ, ҳокимони ноҳияҳо ва ба мирони халқҳо навиштанд. Фармонро аз номи шоҳ Аҳашверӯш навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр заданд. |
12769 | EST 4:3 | Ҳамзамон дар ҳар вилояте, ки амр ва фармони подшоҳ расид, ҳамин хел ғаму андӯҳи азиме байни яҳудиён буд. Онҳо гиряву нола карда, рӯза гирифтанду аксарияташон болои матои дурушт ва хокистар дароз кашиданд. |
12771 | EST 4:5 | Он гоҳ Эстер Ҳатох — хоҷасароеро, ки шоҳ барои хизматаш дода буд, ҷеғ зада, ба назди Мордахай фиристод, то фаҳмад, ки ҳамаи ин чӣ маъно дорад ва барои чист. |
12789 | EST 5:6 | Вақте ки онҳо май менӯшиданд, шоҳ аз Эстер боз як бори дигар пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам». |
12803 | EST 6:6 | Чун Ҳаман даромад, шоҳ аз ӯ пурсид: «Барои нафаре, ки шоҳ сарбаланду ифтихорманд гардондан мехоҳад, чӣ бояд кард?» Ҳаман бошад ба худ фикр кард: «Оё ба ғайр аз ман боз касе ҳаст, ки подшоҳ мехост ифтихорманд гардонад? Албатта не». |
12813 | EST 7:2 | Ҳангоме ки онҳо май менӯшиданд, подшоҳ бори дигар аз малика пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Бигӯй, чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту дода мешавад». |
12830 | EST 8:9 | Сипас бисту панҷуми июн котибони шоҳ даъват шуданд. Онҳо фармонро оид ба яҳудиён, аз рӯйи ҳамаи гуфтаҳои Мордахай бо хати ҳар як вилоят ва бо забони ҳар як халқ, ба ҳокимону мирони яксаду бисту ҳафт вилоят — аз Ҳиндустон то Эфиопия навиштанд. Фармон ба яҳудиён низ бо хату забони худашон навишта шуд. |
12842 | EST 9:4 | Охир ба Мордахай вазифаи баланд доданду шӯҳраташ дар тамоми сарзамин паҳн шуд ва қудрати ӯ рӯз ба рӯз меафзуд. |
12845 | EST 9:7 | Онҳо инчунин Паршандато Далфӯн Аспото |
12850 | EST 9:12 | Баъд шоҳ ба Эстер гуфт: «Дар худи қалъаи Шушан яҳудиён панҷсад нафар ва даҳ писари Ҳаманро куштанд. Дар дигар вилоятҳо чӣ кор карда бошанд? Акнун бигӯ, дархости ту чист? Он иҷро хоҳад шуд. Хоҳишат чист? Ба ту дода хоҳад шуд». |
12852 | EST 9:14 | Ҳамин тавр, шоҳ амр дод, ки ин фармон иҷро шавад. Онро дар Шушан эълон намуданду мурдаҳои даҳ писари Ҳаман ба дор овехта шуданд. |
12862 | EST 9:24 | Онҳо ба хотир меоварданд, ки Ҳаман писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, ки душмани ҳамаи яҳудиён буд, яҳудиёнро куштанӣ шуда, барои несту нобуд сохтани онҳо қуръа (яъне пур) партофт. |
12865 | EST 9:27 | яҳудиён қарор доданд, ки ин анъанаро расман қабул кунанду ҳамасола ин ду рӯзро худашон, фарзандонашон ва онҳое ки дини яҳудиро қабул мекунанд, бояд қайд кунанд. Онро бояд дар вақту соати барои он муайяншуда, мувофиқи он чи ки навишта шуд, бе ягон мамоният ҷашн бигиранд. |
12869 | EST 9:31 | Ин мактубҳо рӯзҳои Пуримро тасдиқ карданд, то ки дар рӯзи муайяншуда ҷашн гирифта шаванд, чунон ки Мордахай ва малика Эстер барояшон таъин карда буданд. Одамон қарор доданд, ки ин идро ҳамчун идҳои дигари рӯзаю нолаашон, ки барои худ ва наслҳояшон таъин карда буданд, ҷашн гиранд. |
23219 | MAT 1:6 | Аз шоҳ Довуд то замони ба шаҳри Бобил асир шуда рафтани халқи Исроил инҳо гузаштаанд: Довуд, писараш Сулаймон (модари Сулаймон пештара зани Уриё буд), писари Сулаймон Раҳабъом, писари Раҳабъом Абиё, писари Абиё Осо, писари Осо Еҳӯшофот, писари Еҳӯшофот Еҳӯром, писари Еҳӯром Узиё, писари Узиё Ютом, писари Ютом Оҳоз, писари Оҳоз Ҳизқиё, писари Ҳизқиё Менашше, писари Менашше Омӯн, писари Омӯн Юшиё ва писарони Юшиё Еконеву бародаронаш. Дар ин вақт исроилиён асир гашта ба шаҳри Бобил бурда шуданд. |
23225 | MAT 1:12 | Аз замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Еконё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содӯқ, писари Содӯқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Ёқуб ва писари Ёқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо номида шуд. |
23242 | MAT 2:4 | Он гоҳ Ҳиродус ҳамаи сардорони рӯҳонӣ ва шариатдононро наздаш хонда, аз онҳо пурсид: «Таъиншудаи Худо дар куҷо бояд таваллуд ёбад?» |
23243 | MAT 2:5 | Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Дар Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия, чунки дар яке аз китобҳои пайғамбарон чунин навишта шудааст: |
23249 | MAT 2:11 | Ситорашиносон ба хона даромаданд ва кӯдакро ҳамроҳи модараш Марям дидан замон таъзим намуда, ба кӯдак саҷда карданд. Онҳо тӯҳфаҳои арзандаро, ки аз тилло, атри қиматбаҳо ва ширеши хушбӯй барои дудкарданӣ иборат буданд, аз сандуқҳояшон гирифта ба Ӯ ҳадя намуданд. |
23264 | MAT 3:3 | Яҳё ҳамонест, ки Ишаъё пайғамбар дар борааш гуфта буд: «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!» |
23267 | MAT 3:6 | Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод. |
23276 | MAT 3:15 | Исо ба вай ҷавоб дод: «Бигузор ҳоло ин корро кунем, чунки аз рӯи хости Худо ин кори дуруст аст». Он гоҳ Яҳё розӣ шуд. |
23281 | MAT 4:3 | Он гоҳ иблиси васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд». |
23284 | MAT 4:6 | ва ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо поён парто. Охир дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худо ба фариштагони худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод ва онҳо Туро бар болои дастонашон хоҳанд бардошт, то ки поят ба санге назанад“». |
23289 | MAT 4:11 | Он гоҳ иблис Исоро монда рафту фариштагон омада, ба Исо хизмат карданд. |
23297 | MAT 4:19 | Исо ба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то ба ҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». |
23299 | MAT 4:21 | Исо роҳи худро давом медод, ки ду бародари дигар, Ёқуб ва Юҳанноро дид. Онҳо бо падарашон Забдой дар қаиқ буданд ва тӯрҳои худро таъмир мекарданд. Исо онҳоро низ даъват кард |
23315 | MAT 5:12 | Он гоҳ шоду хуррам бошед, зеро Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Одамон пайғамбаронро низ, ки пеш аз шумо буданд, ҳамин тавр азоб медоданд. |
23316 | MAT 5:13 | Шумо ҳамчун намак барои одамони ҷаҳон ҳастед. Вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад? Не, аз вай дигар фоидае нест. Онро фақат мепартоянд ва он зери по мешавад. |
23353 | MAT 6:2 | Яъне, вақте ки садақа медиҳед, ба монанди одамони дурӯя ба ҳама овоза накунед. Онҳо дар ибодатхонаҳо ва дар сари кӯчаҳо садақа доданашонро эълон менамоянд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. |
23355 | MAT 6:4 | то ки садақаи шумо пинҳон монад. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот медиҳад. |
23356 | MAT 6:5 | Вақте ки дуо мекунед ба одамони дурӯя монанд нашавед! Онҳо дар ибодатхонаю чорраҳаҳо истода дуо хонданро дӯст медоранд, то ки ҳама онҳоро бинанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. |
23357 | MAT 6:6 | Аммо, ҳангоме ки шумо дуо мехонед, ба хонаатон даромада, дарро пӯшед ва ба Падаратон, ки нонамоён аст, дуо кунед. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот медиҳад. |
23358 | MAT 6:7 | Дар вақти дуохонӣ низ мисли ғайрияҳудиён рафтор накунед. Онҳо дар дуо бисёр гапҳои беҳуда мегӯянд, чун фикр мекунанд, ки агар дуру дароз гап зананд, дуояшон шунида мешавад. |
23369 | MAT 6:18 | то ба ғайр аз Падаратон, ки нонамоён аст, дигар ҳеҷ кас рӯза гирифтани шуморо нафаҳмад. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот хоҳад дод. |
23401 | MAT 7:16 | Шумо онҳоро аз амалиёташон мешиносед. Охир аз буттаи хор ангур ё анҷир намечинанд-ку. |
23408 | MAT 7:23 | Он гоҳ Ман ба рӯяшон мегӯям: „Эй бадкорон! Ман шуморо ҳеҷ гоҳ намешинохтам. Дур шавед аз наздам“. |
23417 | MAT 8:3 | Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз касалии махав пок гашт. |
23423 | MAT 8:9 | Охир ман як фармонбардор ҳастам ва зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба ғуломам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад». |
23430 | MAT 8:16 | Он бегоҳ одамон бисёр девонагонро назди Исо оварданд ва Исо амр дода, рӯҳҳои нопокро аз онҳо берун ронд ва ҳамаи беморонро низ шифо бахшид. |
23437 | MAT 8:23 | Он гоҳ шогирдон Исоро пайравӣ карда, якҷоя бо Ӯ ба қаиқ савор шуданд. |
23441 | MAT 8:27 | Онҳо бошанд, ҳайрон монда мегуфтанд: «Ин чӣ хел одам аст, ки ҳатто шамолу мавҷҳо ба Ӯ итоат мекунанд?» |
23442 | MAT 8:28 | Ҳангоме ки Исо ба тарафи дигари кӯл, ба вилояти Ҷадариён расид, ду девонае аз қабристон берун баромада бо Исо рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо чунон бадхашм буданд, ки касе ҷуръати аз он роҳ гузаштанро надошт. |
23443 | MAT 8:29 | Онҳо Исоро дида дод заданд: «Эй Писари Худо, Ту ба мо чӣ кор дорӣ? Ту омадӣ, ки моро пеш аз мӯҳлат азоб диҳӣ?» |
23455 | MAT 9:7 | Он мард аз ҷояш хеста ба хонааш равона шуд. |
23463 | MAT 9:15 | Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дӯстони домод дар ҷашни арӯсӣ, модоме ки домод бо онҳост, ғамгин мешаванд? Албатта не. Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд. |
23464 | MAT 9:16 | Охир ҳеҷ кас ба либоси кӯҳна аз матои нав ямоқ намекунад, чунки ямоқ дарида, ҷои он боз ҳам аёнтар мешавад. |
23472 | MAT 9:24 | гуфт: «Ҳамаатон аз ин ҷо равед! Духтар намурдааст, фақат хобидааст». Онҳо бошанд, Исоро масхара карданд. |
23477 | MAT 9:29 | Он гоҳ Исо ба чашмонашон даст расонда гуфт: «Аз рӯи имонатон ҳамин тавр шавад», |
23479 | MAT 9:31 | Онҳо аз он ҷо баромада рафтанду, баръакс, дар тамоми он сарзамин дар бораи Ӯ овоза паҳн карданд. |
23506 | MAT 10:20 | Он гоҳ на ин ки шумо, балки Рӯҳи Падари осмониатон ба воситаи шумо сухан меронад. |
23513 | MAT 10:27 | Он чи Ман ба шумо махфӣ мегӯям, кушоду равшан гӯед ва он чи дар пичиррос мешунавед, аз болои боми хонаҳо эълон намоед. |
23530 | MAT 11:2 | Вақте ки Яҳёи Таъмиддиҳанда дар ҳабсхона менишаст, хабари корнамоии Исои Масеҳ ба гӯшаш расид. Он гоҳ ӯ чанд нафар шогирдашро назди Исо фиристод. |
23531 | MAT 11:3 | Онҳо омада аз Исо пурсиданд: «Оё Шумо ҳамон шахсе ҳастед, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?» |
23532 | MAT 11:4 | Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Он чӣ мешунаведу мебинед, рафта ба Яҳё нақл бикунед. |
23536 | MAT 11:8 | Бигӯед, чаро рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси бошукӯҳ мепӯшад? Охир, онҳое, ки либоси бошукӯҳ мепӯшанд, дар қасрҳо зиндагӣ мекунанд. |
23544 | MAT 11:16 | Хӯш, ин наслро бо кӣ муқоиса намоям? Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча бозӣ мекунанду як гурӯҳи онҳо ба гурӯҳи дигар мегӯяд: |
23554 | MAT 11:26 | Оре, Падар, чунин буд хости Ту. |
23566 | MAT 12:8 | Охир Фарзанди Инсон соҳиби рӯзи истироҳат аст». |
23568 | MAT 12:10 | Дар байни одамони он ҷо марде ҳузур дошт, ки дасташ хушк шуда буд. Баъзе аз ҳозирон, ки мехостанд ба сари Исо айб монанд, аз Исо пурсиданд: «Оё аз рӯи шариат дар рӯзи истироҳат одамро шифо додан мумкин аст?» |
23573 | MAT 12:15 | Исо аз нақшаи фарисиён огоҳ шуда, аз он маҳалла баромада рафт. Одамони зиёд низ аз паяш рафтанд ва Ӯ ҳамаи беморонро шифо дода, |
23585 | MAT 12:27 | Аз гуфти шумо Ман девҳоро бо қудрати Баал-Забул берун мекунам, пас пайравони худатон-чӣ? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Ана, амали онҳо исбот мекунад, ки шумо нодуруст фикр мекунед. |
23592 | MAT 12:34 | Эй морзодагони маккор! Чӣ хел шумо суханони нек гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед. Охир, он чи дилатонро пур мекунад, баъд лабрез шуда аз забонатон берун мебарояд. |
23596 | MAT 12:38 | Он гоҳ баъзе аз фарисиён ва шариатдонон ба Исо гуфтанд: «Устод, мехостем, ки ягон нишонае ба мо диҳед». |
23604 | MAT 12:46 | Исо ҳанӯз ба мардум сухан гуфтанро давом медод, ки модару бародаронаш омаданд. Онҳо берун аз хона истода, хоҳиш карданд, ки бо Исо гап зананд. |
23622 | MAT 13:14 | Ишаъё пайғамбар пешгӯӣ карда гуфта буд: „Ин одамон ҳарчанд гӯш кунанд ҳам, намефаҳманд; ҳарчанд нигоҳ кунанд ҳам, намебинанд, чунки ин одамон кундфаҳм шудаанд, гӯшҳояшон мадори шунидан надоранд ва чашмонашонро онҳо пӯшидаанд. Агар ин тавр намекарданд, чашмонашон дида, гӯшҳояшон шунида ва ақлашон дарк карда метавонист. Он гоҳ онҳо сӯи Ман — Худо рӯй меоварданд, то ки Ман онҳоро шифо диҳам“. Ин пешгӯӣ ҳақиқатан дар ҳаёти онҳо амалӣ мегардад. |
23683 | MAT 14:17 | Онҳо гуфтанд: «Охир мо дар ин ҷо фақат панҷ нону ду моҳӣ дорем». |
23684 | MAT 14:18 | «Онҳоро ба Ман оварда диҳед», — гуфт Исо. |
23693 | MAT 14:27 | Аммо Ӯ зуд ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед». |
23694 | MAT 14:28 | Он гоҳ Петрус овоз бароварда гуфт: «Хоҷа, агар дар ҳақиқат ин Ту бошӣ, ба ман амр намо, ки рӯ-рӯи об назди Ту биёям». |
23699 | MAT 14:33 | Он гоҳ онҳое, ки дар қаиқ нишаста буданд, ба Исо саҷда карда хитоб намуданд, ки Ӯ дар ҳақиқат Писари Худо аст. |
23700 | MAT 14:34 | Онҳо аз кӯл гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омада расиданд. |
23702 | MAT 14:36 | Онҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт. |
23704 | MAT 15:2 | «Чаро шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро вайрон мекунанд? Онҳо бетаҳорат сари дастархон мешинанд!» |
23711 | MAT 15:9 | Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд, чунки қонуну қоидаҳои инсониро „қонуни Худо“ гуфта таълим медиҳанд!»“». |