12808 | EST 6:11 | Ҳамин тавр, Ҳаман ҷомаву аспро гирифт. Ҷомаро ба Мордахай пӯшониду вайро дар асп савор карда, дар маркази шаҳр гардонид. Инчунин пешопеши ӯ эълон намуда, фарёд кард: «Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!» |
12866 | EST 9:28 | Ин рӯзҳо бояд аз насл ба насл дар ҳар оила, вилоят ва шаҳр ба хотир оварда, нигоҳ дошта шавад. Ҷашн гирифтани рӯзҳои иди Пурим ҳеҷ гоҳ аз тарафи яҳудиён манъ карда нашавад ва ёди он аз байни наслҳои онҳо наравад. |
23260 | MAT 2:22 | Лекин ӯ шунид, ки дар Яҳудия ба ҷои Ҳиродус писараш Аркилоус подшоҳӣ мекунад ва тарсид, ки ба он ҷо биравад. Баъд дар хобаш аён шуд, ки он ҷо наравад, бинобар ин онҳо роҳи вилояти Ҷалилро пеш гирифтанд. |
23274 | MAT 3:13 | Дар ин вақт Исо аз вилояти Ҷалил назди дарёи Урдун омад, то ки аз Яҳё таъмид бигирад. |
23290 | MAT 4:12 | Дертар Яҳёро дастгир мекунанду ин хабар ба гӯши Исо мерасад ва Ӯ ба шаҳри Носираи вилояти Ҷалил меравад. |
23291 | MAT 4:13 | Баъд барои истиқомат кардан, Исо аз Носира ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар назди кӯли Ҷалил ва дар ноҳияҳои Забулуну Нафтолӣ ҷойгир шудааст, меравад. |
23293 | MAT 4:15 | «Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолии дар сӯи кӯл, дар тарафи дигари дарёи Урдун ҷойгирбуда, вилояти Ҷалили ғайрияҳудиён ҳастӣ! |
23296 | MAT 4:18 | Ҳангоме ки Исо дар соҳили кӯли Ҷалил роҳ мерафт, ба кӯл тӯр андохта истодани ду бародар: Шимъӯн, ки ӯро боз Петрус меномиданд ва бародараш Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд. |
23301 | MAT 4:23 | Исо ба тамоми вилояти Ҷалил рафта, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ба ҳар дарду бемории одамон шифо мебахшид. |
23303 | MAT 4:25 | Бинобар ин мардуми бениҳоят бисёре аз Ҷалилу Даҳ Шаҳр, аз Ерусалиму Яҳудия ва аз сарзамини он тарафи дарёи Урдун омада, аз пайи Исо мерафтанд. |
23442 | MAT 8:28 | Ҳангоме ки Исо ба тарафи дигари кӯл, ба вилояти Ҷадариён расид, ду девонае аз қабристон берун баромада бо Исо рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо чунон бадхашм буданд, ки касе ҷуръати аз он роҳ гузаштанро надошт. |
23667 | MAT 14:1 | Дар он айём овоза дар бораи Исо то ба гӯши Ҳиродус, ки ҳокими вилояти Ҷалил буд, рафта расид. |
23676 | MAT 14:10 | Ҷаллоди фиристодааш рафта, дар ҳабсхона сари Яҳёро аз танаш ҷудо кард |
23700 | MAT 14:34 | Онҳо аз кӯл гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омада расиданд. |
23731 | MAT 15:29 | Исо он ҷойро тарк карду қад-қади кӯли Ҷалил рафта ба теппае баромада нишаст. |
23791 | MAT 17:22 | Ҳангоме ки шогирдон дар Ҷалил ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо гуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад |
23832 | MAT 19:1 | Исо суханонашро ба охир расонда, аз вилояти Ҷалил сӯи сарзамини Яҳудия, ки дар дигар тарафи дарёи Урдун ҷойгир буд, раҳсипор шуд. |
23851 | MAT 19:20 | Ҷавонмард ҷавоб дод: «То ба имрӯз ҳамаи ин фармоишҳоро риоя кардаам. Ғайр аз ин боз чӣ карданам лозим аст?» |
23853 | MAT 19:22 | Ҷавонмард хеле сарватманд буд, бинобар ҳамин бо шунидани ин суханон андӯҳгин гашта, аз он ҷо рафт. |
23906 | MAT 21:11 | Мардуме, ки аз пайи Исо меомаданд, ҷавоб медоданд, ки ин Исо пайғамбар аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил аст. |
24054 | MAT 24:28 | Ҷои ҷасади мурда аз он маълум аст, ки паррандаҳои лошахӯр он ҷо гирд меоянд. |
24155 | MAT 26:32 | Аммо, вақте ки аз нав зинда мешавам, пеш аз он ки шумо ба вилояти Ҷалил биравед, Ман ба он ҷо меравам». |
24159 | MAT 26:36 | Исо ва шогирдонаш ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсамон ном дошт ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо дар ҳамин ҷо бошед, Ман он сӯтар рафта дуо мекунам». |
24173 | MAT 26:50 | Исо ба вай гуфт: «Ҷӯра, мақсадатро иҷро намо!» Он гоҳ он одамон Исоро дастгир карда дасту пояшро бастанд. |
24189 | MAT 26:66 | Пас чӣ ҳукм мебароред?» «Ҷазояш марг», — ҷавоб доданд дигарон. |
24192 | MAT 26:69 | Петрус дар рӯи ҳавлӣ менишаст, ки яке аз канизакон ба наздаш омада гуфт: «Ту ҳам ба Исои Ҷалилӣ шарик будӣ». |
24231 | MAT 27:33 | Вақте ки онҳо ба ҷое бо номи Ҷолҷото, ки маънояш «Ҷои косахонаи сар» аст, расида омаданд, |
24253 | MAT 27:55 | Бисёр заноне, ки дар Ҷалил ба Исо ҳамроҳ шуда ба Ӯ хизмат мекарданд, низ дар ҳамон ҷо буданд. Онҳо дар масофае истода, ба ҳамаи ин нигоҳ мекарданд. |
24271 | MAT 28:7 | Акнун, зуд назди шогирдонаш рафта бигӯед, ки Исо аз байни мурдагон зинда шуда, акнун пешопеши онҳо ба Ҷалил меравад. Онҳо Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид. Ана ин буд хабаре, ки ман ба шумо гуфтанӣ будам». |
24274 | MAT 28:10 | Исо ба онҳо гуфт, ки натарсанд, балки рафта ба бародаронаш гӯянд, ки онҳо ба Ҷалил раванд ва Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид. |
24280 | MAT 28:16 | Инак, он ёздаҳ шогирд ба Ҷалил рафта ба кӯҳе, ки Исо ба онҳо гуфта буд, баромаданд. |
24293 | MRK 1:9 | Рӯзе Исо аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил буд, ба назди Яҳё рафт ва Яҳё Ӯро дар дарёи Урдун таъмид дод. |
24298 | MRK 1:14 | Пас аз дастгир шудани Яҳё Исо ба сарзамини Ҷалил омад, то ки хушхабари Худоро ба мардум эълон бикунад. |
24300 | MRK 1:16 | Рӯзе Исо аз назди кӯли Ҷалил мегузашт, ки ба об тӯр андохта истодани Шимъӯн ва бародари ӯ Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд. |
24312 | MRK 1:28 | Овозаи Исо зуд дар тамоми гӯшаву канори сарзамини Ҷалил паҳн шуд. |
24323 | MRK 1:39 | Баъд Ӯ ба тамоми гӯшаву канори сарзамини Ҷалил сафар карда, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод ва девҳоро аз одамон берун мекард. |
24364 | MRK 3:7 | Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш ба тарафи кӯл равона шуд, мардуми бисёре аз сарзамини Ҷалилу Яҳудия, |
24434 | MRK 5:1 | Ҳамин тавр, Исо ва шогирдонаш ба тарафи дигари кӯл, ба сарзамини Ҷадариён расиданд. |
24497 | MRK 6:21 | Рӯзе барои Ҳиродия фурсати муносибе фаро расид: Ҳиродус дар рӯзи таваллуди худ зиёфате ороста, ҳамаи мансабдорон, сарлашкарон ва мардуми баобрӯи сарзамини Ҷалилро даъват намуд. |
24503 | MRK 6:27 | Бинобар ин шоҳ даррав ба ҷаллод фармуд, ки сари Яҳёро барояш гирифта биёрад. Ҷаллод ба ҳабсхона рафта, сари Яҳёро аз танаш ҷудо карду |
24529 | MRK 6:53 | Онҳо ба соҳили дигар расида, дар сарзамини Ҷинесор қарор гирифтанд. |
24563 | MRK 7:31 | Сипас, Исо аз Сур баромада, бо роҳи Сидун ба тарафи кӯли Ҷалил ба ноҳияи Даҳ Шаҳр равона шуд. |
24588 | MRK 8:19 | Ҳангоми панҷ ҳазор мардро бо панҷ нон сер карданам чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Ҷавоб доданд: «Дувоздаҳ сабад». |
24628 | MRK 9:21 | Исо аз падари ӯ пурсид: «Ӯ кай боз ба ин дард гирифтор аст?» Ҷавоб дод: «Аз бачагиаш. |
24637 | MRK 9:30 | Исо ҳамроҳи шогирдонаш он ҷоро монда, аз Ҷалил гузашта рафт. Вай намехост, ки касе аз ин бохабар шавад, |
24661 | MRK 10:4 | Ҷавоб доданд: «Мӯсо иҷозат додааст, ки мард талоқномае навишта, аз занаш ҷудо шавад». |
24696 | MRK 10:39 | Ҷавоб доданд: «Бале, метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Хӯш, аз косаи Ман хоҳед нӯшид ва бо азобе, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид хоҳед гирифт. |
24851 | MRK 14:28 | Аммо, вақте ки аз нав зинда мешавам, пешопеши шумо ба вилояти Ҷалил меравам». |
24855 | MRK 14:32 | Онҳо ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсамон ном дошт ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Шумо дар ин ҷо бошед, Ман рафта дуо мекунам». |
24917 | MRK 15:22 | Баъд Исоро ба ҷое оварданд, ки Ҷолҷото, яъне «Ҷои косахонаи сар» ном дошт. |
24936 | MRK 15:41 | Онҳо дар Ҷалил Исоро пайравӣ мекарданд ва дар эҳтиёҷаш кӯмак мерасонданд. Бисёр занони дигар низ, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омаданд, дар он ҷо буданд. |
24949 | MRK 16:7 | Ҳоло рафта, ба шогирдонаш ва ба Петрус бигӯед, ки Исо пешопеши шумо ба Ҷалил меравад, то шуморо дар он ҷо бубинад, чунон ки ба шумо гуфта буд». |
24981 | LUK 1:19 | Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Ман Ҷаброил ҳастам ва дар ҳузури Худо меистам. Ӯ маро фиристод, то ки бо ту гап зада, ин хабари хушро ба ту бирасонам. |
24988 | LUK 1:26 | Дар моҳи шашум Худо фаришта Ҷаброилро ба шаҳри Носираи сарзамини Ҷалил фиристод. |
25008 | LUK 1:46 | Марям гуфт: «Ҷони ман Худовандро ситоиш мекунад |
25046 | LUK 2:4 | Юсуф низ аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил воқеъ гаштааст, ба сарзамини Яҳудия сафар кард. Азбаски ӯ аз авлоди шоҳ Довуд буд, бояд номаш дар шаҳри Байт-Лаҳм, ки ҷои таваллуди Довуд аст, ба қайд гирифта мешуд. |
25081 | LUK 2:39 | Баъд аз он ки Юсуф ва Марям ҳамаи корҳоро аз рӯи шариати Худованд иҷро карданд, ба шаҳри худ, ки Носираи Ҷалил аст, баргаштанд. |
25095 | LUK 3:1 | Дар замони сарвари рӯҳониён будани Ҳонон ва Қаёфо каломи Худо дар биёбон ба гӯши Яҳёи писари Закарё расид. Ин воқеа дар соли понздаҳуми ҳукмронии император Тибариюс рӯй дод. Дар он айём Понтиюс Пилотус фармонравои Яҳудия ва Ҳиродус ҳокими Ҷалил буданд. Бародари Ҳиродус Филиппус бошад, дар Итурияву вилояти Тархонитус ҳукмронӣ мекард ва Лисониюс ҳокими Абилин буд. |
25146 | LUK 4:14 | Исо бо қудрати Рӯҳи Муқаддас ба Ҷалил баргашт ва ин хабар дар сар то сари он ноҳия паҳн шуд. |
25163 | LUK 4:31 | Исо ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар Ҷалил аст, омада, дар рӯзи истироҳат мардумро таълим медод. |
25177 | LUK 5:1 | Як рӯз Исо дар канори кӯли Ҷинесор меистод ва мардуми бисёре, ки мехостанд каломи Худоро бишнаванд, аз ҳар тараф ба Ӯ фишор меоварданд. |
25193 | LUK 5:17 | Рӯзе Исо машғули таълим буд. Фарисиён ва шариатдононе, ки аз тамоми деҳоти Ҷалил, аз Яҳудия ва аз Ерусалим омада буданд, дар назди Ӯ нишастанд. Қудрати Худованд барои шифо додан бо Исо буд. |
25224 | LUK 6:9 | Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо саволе медиҳам: оё дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост ё бадӣ? Ҷони касеро наҷот ё барбод додан?» |
25340 | LUK 8:26 | Баъд аз ин онҳо ба сарзамини Ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯи ноҳияи Ҷалил воқеъ аст, омада расиданд. |
25351 | LUK 8:37 | Баъд аз ин тамоми мардуми сарзамини Ҷадариён аз Исо хоҳиш карданд, ки аз пеши онҳо биравад, зеро онҳоро тарсу ваҳм фаро гирифта буд ва Ӯ барои баргаштан боз ба қаиқ савор шуд. |
25631 | LUK 14:9 | Он гоҳ соҳибхонае, ки ҳардуи шуморо даъват кардааст, омада ба ту нагӯяд: „Ҷоятро ба ӯ бидеҳ“. Он вақт шарм дошта, маҷбур мешавӣ, ки ба поён гузашта шинӣ. |
25695 | LUK 16:6 | Ҷавоб дод: „Сад хум равғани зайтун“. Назоратчӣ ба вай гуфт: „Ана забонхати ту, зуд нишаста, ба ҷои сад панҷоҳ навис“. |
25731 | LUK 17:11 | Исо ба сӯи Ерусалим равона шуд. Вай қад-қади сарҳаде, ки байни Сомарияву Ҷалил буд, роҳ мерафт. |
26009 | LUK 23:5 | Вале онҳо дар гапи худ истода мегуфтанд: «Ӯ бо таълимоташ тамоми мардуми Яҳудияро ба шӯр меандозад. Аз Ҷалил сар карда то ин ҷо омад». |
26010 | LUK 23:6 | Пилотус инро шунида пурсид: «Ин одам аз Ҷалил аст?» |
26053 | LUK 23:49 | Вале ҳамаи онҳое, ки Исоро пештар мешинохтанд ва занҳое, ки бо Ӯ аз Ҷалил омада буданд, аз дур истода тамоми воқеаҳоро медиданд. |
26059 | LUK 23:55 | Занҳое, ки бо Исо аз Ҷалил омада буданд, аз ақиби Юсуф рафта, ҳам қабр ва ҳам тарзи гӯронда шудани ҷасади Исоро диданд. |
26066 | LUK 24:6 | Ба ёд оред, ки вақти дар Ҷалил буданаш Вай ба шумо чӣ гуфта буд? |
26156 | JHN 1:43 | Рӯзи дигар Исо қарор дод, ки ба Ҷалил биравад. Ӯ Филиппусро ёфта, гуфт, ки аз пасаш биёяд. |
26165 | JHN 2:1 | Рӯзи сеюм дар шаҳри Қанои Ҷалил тӯи арӯсӣ буд ва модари Исо дар он ҷо иштирок дошт. |
26175 | JHN 2:11 | Ҳамин тавр Исо дар Қанои Ҷалил нишонаи аввалини шӯҳрату ҷалоли худро зоҳир кард ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд. |
26228 | JHN 4:3 | Ӯ Яҳудияро тарк карда, боз ба сӯи Ҷалил раҳсипор шуд. |
26268 | JHN 4:43 | Баъд аз ду рӯз Исо аз он ҷо баромада, ба Ҷалил рафт. |
26270 | JHN 4:45 | Аммо, вақте ки Ӯ ба Ҷалил омад, мардуми он ҷо Ӯро қабул карданд, чунки онҳо ҳангоми ҷашни ид дар Ерусалим буданд ва ҳамаи корҳоеро, ки Исо дар он ҷо карда буд, дида буданд. |
26271 | JHN 4:46 | Исо боз ба Қанои Ҷалил, ки пештар дар он ҷо обро ба шароб табдил дода буд, омад. Дар Кафарнаҳум писари як амалдори дарбор бемор буд. |
26272 | JHN 4:47 | Ин амалдор аз Яҳудия ба Ҷалил омадани Исоро шунида ба назди Ӯ омад ва илтиҷо кард, ки ба Кафарнаҳум омада, писари ӯро, ки дар дами марг буд, шифо бахшад. |
26279 | JHN 4:54 | Ин мӯъҷизаи дуюме буд, ки Исо баъди аз Яҳудия ба Ҷалил баргаштанаш нишон дода буд. |
26290 | JHN 5:11 | «Касе, ки маро шифо дод, ба ман „Ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард“ гуфт», — ҷавоб дод ӯ. |
26291 | JHN 5:12 | Онҳо аз ӯ пурсиданд: «Кадом одам ба ту „Ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард“ гуфт?» |
26327 | JHN 6:1 | Баъд аз ин Исо ба соҳили дигари кӯли Ҷалил, ки баҳри Табария низ номида мешавад, равона шуд. |
26398 | JHN 7:1 | Баъд аз он Исо дар сарзамини Ҷалил мегашт. Ӯ намехост, ки дар Яҳудия бошад, чунки роҳбарони яҳудӣ хоҳони марги Ӯ буданд. |
26404 | JHN 7:7 | Ҷаҳон наметавонад аз шумо нафрат дошта бошад, вале Маро бад мебинад, чунки Ман бад будани корҳои онро шаҳодат медиҳам. |
26406 | JHN 7:9 | Инро ба онҳо гуфта, Исо дар Ҷалил монд. |
26438 | JHN 7:41 | «Ин Таъиншудаи Худо аст!» — мегуфтанд дигарон. Баъзеи дигарон мегуфтанд: «Таъиншудаи Худо ҳаргиз аз Ҷалил пайдо намешавад! |
26449 | JHN 7:52 | Онҳо ҷавоб доданд: «Ту худат-ку аз Ҷалил нестӣ? Навиштаҷотро биомӯз ва мебинӣ, ки аз Ҷалил пайғамбар баромада наметавонад». [ |
26670 | JHN 12:21 | Онҳо ба назди Филиппус, ки аз аҳли Байт-Сайдои Ҷалил буд, омада гуфтанд: «Хоҷа, мо мехоҳем, ки Исоро бинем». |
26676 | JHN 12:27 | Ҷонам ҳоло дар азоб аст ва намедонам чӣ гӯям? Бигӯям, ки „Падар, Маро аз ин соат халос кун!“, вале Ман маҳз барои ҳамин соат омадаам! |
26737 | JHN 13:38 | Исо ҷавоб дод: «Ҷонатро фидои Ман мекунӣ?! Ба ту рост мегӯям, ки пеш аз ҷеғ задани хурӯс ту се бор Маро инкор хоҳӣ кард!» |
26907 | JHN 19:13 | Вақте ки Пилотус ин суханонро шунид, Исоро берун овард ва дар маҳале ба номи Сангфарш, ки ба забони ибронӣ онро «Ҷабто» мегуфтанд, ба курсии доварӣ нишаст. |
26911 | JHN 19:17 | Онҳо Исоро бурданд ва Ӯ то «Ҷои косахонаи сар», ки ба забони ибронӣ «Ҷолҷото» ном дошт, салиби худро бардошта, рафт. |