Wildebeest analysis examples for:   tgk-tgk   Word?    February 25, 2023 at 01:19    Script wb_pprint_html.py   by Ulf Hermjakob

7140  RUT 1:11  Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Духтаронам, шумо бояд баргардед. Чаро ҳамроҳи ман будан мехоҳед? Оё ман метавонам боз соҳиби писароне шавам, ки шуморо ба занӣ гиранд?
7142  RUT 1:13  оё шумо то ба воя расидани онҳо сабр мекунед? Ин хел шумо шавҳар карда наметавонед. Не, духтаронам, шумо медонед, ки ин номумкин аст. Ранҷу азобе, ки дорам, бароятон беҳад вазнин аст, чунки Худованд бар зидди ман аст».
7161  RUT 2:10  Рут то замин ба Бӯаз таъзим карда, гуфт: «Чаро шумо ба ман ин хел ғамхорӣ мекунед? Чаро ба як шахси бегона ин қадар меҳрубон ҳастед?»
7170  RUT 2:19  Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Аз куҷо ҳамаи инро ҷамъ овардӣ? Дар кадом киштзор кор кардӣ? Худо касеро, ки ба ту ин қадар ғамхорӣ кардааст, баракат диҳад!» Рут ба хушдоманаш гуфт, ки дар киштзори Бӯаз ном марде кор кардааст.
12786  EST 5:3  «Чӣ шуд, малика Эстер? Чӣ ҳодиса рӯй дод? Хоҳиши ту чист? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам».
12789  EST 5:6  Вақте ки онҳо май менӯшиданд, шоҳ аз Эстер боз як бори дигар пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам».
12803  EST 6:6  Чун Ҳаман даромад, шоҳ аз ӯ пурсид: «Барои нафаре, ки шоҳ сарбаланду ифтихорманд гардондан мехоҳад, чӣ бояд кард?» Ҳаман бошад ба худ фикр кард: «Оё ба ғайр аз ман боз касе ҳаст, ки подшоҳ мехост ифтихорманд гардонад? Албатта не».
12813  EST 7:2  Ҳангоме ки онҳо май менӯшиданд, подшоҳ бори дигар аз малика пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Бигӯй, чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту дода мешавад».
12827  EST 8:6  Чӣ тавр ба ин балое, ки ба сари халқам меояд, тоб оварам? Нобудшавии оилаамро чӣ гуна тоқат кунам?»
12850  EST 9:12  Баъд шоҳ ба Эстер гуфт: «Дар худи қалъаи Шушан яҳудиён панҷсад нафар ва даҳ писари Ҳаманро куштанд. Дар дигар вилоятҳо чӣ кор карда бошанд? Акнун бигӯ, дархости ту чист? Он иҷро хоҳад шуд. Хоҳишат чист? Ба ту дода хоҳад шуд».
23240  MAT 2:2  пурсиданд: «Куҷост он кӯдаки навзоде, ки Шоҳи Яҳудиён мешавад? Мо дидем, чӣ хел ситораи Ӯ аз тарафи шарқ баромад ва омадем, то ки ба Ӯ саҷда кунем».
23268  MAT 3:7  Инчунин бисёр одамони гурӯҳҳои динии фарисиёну саддуқиён барои таъмид ёфтан назди Яҳё омаданд. Яҳё омада истодани онҳоро дида, ба онҳо гуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед?
23316  MAT 5:13  Шумо ҳамчун намак барои одамони ҷаҳон ҳастед. Вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад? Не, аз вай дигар фоидае нест. Онро фақат мепартоянд ва он зери по мешавад.
23349  MAT 5:46  Пас, агар шумо фақат касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чаро мукофот мегирифтаед? Магар андозгирони беинсоф низ ҳамин тавр рафтор намекунанд?
23350  MAT 5:47  Ва агар фақат ба бародарони худ салом диҳед, аз дигарон дида чӣ кори бузургтаре мекунед? Беимонон низ ҳамин тавр рафтор мекунанд.
23376  MAT 6:25  Бинобар ин ба шумо мегӯям, на ташвиши зиндагиатонро кунед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед ва на ғами баданро хӯред, ки чӣ мепӯшед. Магар зиндагӣ фақат аз хӯроку бадан аз пӯшок иборат аст?
23377  MAT 6:26  Ба паррандаҳо нигоҳ кунед: онҳо на кишту кор мекунанду на ҳосил ҷамъ мекунанд ва на ба анборҳо ҳосилро захира мекунанд, ҳол он ки Падари осмониатон онҳоро мехӯронад. Магар шумо аз паррандаҳо арзиши баландтар надоред?
23378  MAT 6:27  Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан як лаҳзаи умратонро дарозтар карда метавонед?
23379  MAT 6:28  Барои сарулибос ҳам чӣ ғам мехӯред? Ба нашъунамои савсанҳои саҳро нигоҳ кунед: онҳо на меҳнат мекунанду на мересанд,
23381  MAT 6:30  Пас, агар Худо алаферо, ки имрӯз дар саҳро ҳасту пагоҳ ба танӯр партофта мешавад, ҳамин тавр пӯшонад, наход шуморо, эй сустимонҳо, аз онҳо чанд маротиба зиёдтар напӯшонад?
23388  MAT 7:3  Чаро шумо хасро дар чашми бародаратон мебинеду чӯберо, ки дар чашми худатон ҳаст, ҳис намекунед?
23389  MAT 7:4  Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон гуфта метавонед, ки „Иҷозат деҳ хасро аз чашмат берун кунам“, ҳол он ки дар чашми худатон чӯб доред?
23394  MAT 7:9  Ана, аз байни шумо кадом падар агар писараш нон талаб кунад, ба вай санг медиҳад?
23395  MAT 7:10  Ё агар моҳӣ талаб кунад, ба вай мори заҳрдор медиҳад?
23407  MAT 7:22  Ҳангоме ки рӯзи ҷавобдиҳӣ фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд: „Эй Худованд! Магар мо аз номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар аз номи Ту девҳоро намерондем ва магар аз номи Ту бисёр мӯъҷизаҳоро нишон намедодем?“
23440  MAT 8:26  Исо ҷавоб дод: «Чӣ ин қадар метарсед? Ҳой, сустимонон!» Баъд бархеста шамолу мавҷҳоро таъна зад, дарҳол дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд.
23443  MAT 8:29  Онҳо Исоро дида дод заданд: «Эй Писари Худо, Ту ба мо чӣ кор дорӣ? Ту омадӣ, ки моро пеш аз мӯҳлат азоб диҳӣ?»
23452  MAT 9:4  Исо фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро дар дилҳои худ ба фикрҳои бад ҷой медиҳед?
23463  MAT 9:15  Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дӯстони домод дар ҷашни арӯсӣ, модоме ки домод бо онҳост, ғамгин мешаванд? Албатта не. Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд.
23535  MAT 11:7  Ҳангоме ки шогирдони Яҳё ба роҳ даромаданд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад?
23536  MAT 11:8  Бигӯед, чаро рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси бошукӯҳ мепӯшад? Охир, онҳое, ки либоси бошукӯҳ мепӯшанд, дар қасрҳо зиндагӣ мекунанд.
23537  MAT 11:9  Хуллас, барои чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед.
23544  MAT 11:16  Хӯш, ин наслро бо кӣ муқоиса намоям? Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча бозӣ мекунанду як гурӯҳи онҳо ба гурӯҳи дигар мегӯяд:
23561  MAT 12:3  Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд, вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд, чӣ кор карда буд?
23563  MAT 12:5  Ё наход дар шариати Мӯсо нахонда бошед, ки рӯҳониён ҳангоми дар Хонаи Худо иҷро кардани вазифаҳои худ, қоидаҳои рӯзи истироҳатро вайрон мекунанд, вале айбдор ҳисоб намешаванд?
23569  MAT 12:11  Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Фарз кардем, ки шумо як гӯсфанде дореду он ҳам бошад дар рӯзи истироҳат ба чоҳ меафтад. Наход шумо рафта, онро аз чоҳ кашида нагиред?
23584  MAT 12:26  Инак, агар шайтон худашро берун кунад, магар ин нишонаи он нест, ки ӯ дар дохили худ ба ду қисм ҷудо шудааст. Пас, наход ҳукмронии ӯ давом меёфта бошад?
23585  MAT 12:27  Аз гуфти шумо Ман девҳоро бо қудрати Баал-Забул берун мекунам, пас пайравони худатон-чӣ? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Ана, амали онҳо исбот мекунад, ки шумо нодуруст фикр мекунед.
23663  MAT 13:55  Магар Ӯ ҳамон Исои писари дуредгар нест, ки модараш Марям ва бародаронаш Ёқубу Юсуфу Шимъӯну Яҳудо ҳастанд?
23664  MAT 13:56  Магар ҳамаи хоҳаронаш дар шаҳри мо зиндагӣ намекунанд? Пас, аз куҷо Ӯ ин ҳикмату ин қудратро дорад?»
23697  MAT 14:31  Исо зуд дасташро дароз карда, Петрусро дошта гирифт ва гуфт: «Ин қадар имонат суст аст? Чаро шубҳа кардӣ?»
23704  MAT 15:2  «Чаро шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро вайрон мекунанд? Онҳо бетаҳорат сари дастархон мешинанд!»
23705  MAT 15:3  Ӯ ҷавоб дод: «Худи шумо-чӣ? Чаро барои иҷро кардани урфу одатҳои худ шуда, фармудаҳои Худоро вайрон мекунед?
23718  MAT 15:16  Ӯ ба онҳо мегӯяд: «Наход то ҳол нафаҳмида бошед?
23719  MAT 15:17  Магар намедонед, ки он чи шумо мехӯред, аз даҳон медарояду баъд аз меъда гузашта берун мебарояд?
23749  MAT 16:8  Лекин Исо аз муҳокимаи онҳо дарак дошт ва пурсид: «Ҳой, барои чӣ шумо набудани нонро бо якдигар муҳокима мекунед? Имонатон ин қадар суст аст?!
23750  MAT 16:9  Наход то ҳол ҳеҷ чиз нафаҳмида бошед? Магар он панҷ нонро дар ёд надоред, ки чӣ хел панҷ ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар чанд сабад ҷамъ кардед?
23751  MAT 16:10  Ё он ҳафт нонро, ки чор ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар чанд сабади калон ҷамъ кардед?
23752  MAT 16:11  Чӣ тавр шумо намефаҳмед, ки Ман нонро дар назар надорам? Балки гуфтанӣ ҳастам, ки худро аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт кунед!»
23756  MAT 16:15  Исо аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?»
23767  MAT 16:26  Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад? Одамизод бар ивази ҷони худ ҳеҷ товоне дода наметавонад.
23786  MAT 17:17  Исо ҷавоб дод: «Эй насли беимонону гумроҳон! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Канӣ, рафта бачаро ба наздам биёред!»
23794  MAT 17:25  «Албатта месупорад», — ҷавоб дод Петрус. Баъд Петрус ба хона даромад ва ҳанӯз ӯ даҳон накушода, Исо ба вай гуфт: «Шимъӯн, бигӯй, ба фикрат подшоҳон андозу хироҷро аз кӣ меситонанд? Аз шаҳрвандони худӣ ё бегона?»
23808  MAT 18:12  Фарз кардем, ки як мард сад сар гӯсфанд дораду якеаш аз рама ақиб монда роҳро гум мекунад. Он мард чӣ кор мекунад? Магар наваду нӯҳ гӯсфандро дар теппаҳои чарогоҳ монда ба ҷустуҷӯи гӯсфанди гумроҳшудааш намеравад?
23817  MAT 18:21  Баъдтар Петрус назди Исо омада пурсид: «Худованд, агар бародаре бар зидди ман гуноҳ кардан гирад, чанд маротиба вайро бахшиданам даркор? Ҳафт маротиба?»
23848  MAT 19:17  Ӯ ба мард ҷавоб дод: «Чаро аз Ман дар бораи чизи нек мепурсӣ? Фақат як кас нек аст. Агар хоҳӣ, ки ҳаёти абадӣ насибат гардад, фармоишҳоро риоя намо».
23874  MAT 20:13  Лекин соҳиби токзор ба яке аз онҳо ҷавоб дода гуфт: „Ҳой, ҷӯра! Ман ҳаққатро нахӯрдаам. Магар худат розӣ нашудӣ, ки ба як рӯзи кориат як динор диҳам?
23876  MAT 20:15  Чӣ магар ман ҳақ надорам, чи хеле ки хоҳам, ҳамон хел пуламро сарф кунам? Ё ба саховатмандии ман ҳасад мебарӣ?“»
23893  MAT 20:32  Исо аз роҳаш бозистода онҳоро ба наздаш хонд ва пурсид: «Шумо чӣ мехоҳед? Бароятон чӣ кор кунам?»
23918  MAT 21:23  Исо ба Хонаи Худо баргашта, машғули таълимдиҳӣ шуд, ки сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм ба наздаш омада пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунӣ? Кӣ ба Ту ин ҳаққу ҳуқуқро додааст?»
23923  MAT 21:28  Исо суханашро давом дода гуфт: «Дар бораи ин ҳикоя чӣ фикр доред? Марде ду писар доштааст. Рӯзе вай пеши писари калониаш омада мегӯяд: „Писарам, имрӯз ба токзор рафта кор кун“.
23969  MAT 22:28  Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз ҳафт бародарон мешавад? Охир ҳамаи онҳо ӯро ба занӣ гирифта буданд!»
23983  MAT 22:42  «Шумо дар бораи Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо чӣ ақида доред? Ба фикратон Вай аз насли кист?» «Аз насли шоҳ Довуд», — ҷавоб доданд онҳо.
23984  MAT 22:43  Ӯ боз пурсид: «Пас, чаро худи Довуд бо таъсири Рӯҳи Муқаддас Ӯро Худованд хондааст? Охир Довуд гуфта буд:
24004  MAT 23:17  Эй кӯрони беақл! Охир қадри чӣ баландтар аст: тилло ё ин ки Хонаи Худо, ки тиллои дар он бударо муқаддас мегардонад?
24006  MAT 23:19  Эй кӯрон! Охир чӣ қадри бештаре дорад: қурбонӣ ё қурбонгоҳе, ки қурбониро муқаддас мегардонад?
24020  MAT 23:33  Эй морон ва морзодагони маккор! Наход гумон кунед, ки аз ҳукми ба дӯзах рафтан халосӣ ёфта метавонед?
24028  MAT 24:2  Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳоло ин биноҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки санг бар болои сангаш намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад».
24071  MAT 24:45  Хизматгори бовафо ва дурандеш кист? Касест, ки соҳибаш ӯро дар хоҷагии худ назоратчӣ таъин мекунад ва ба хизматгорон дар вақташ тақсим карда додани хӯрокро ба ӯҳдааш мегузорад.
24103  MAT 25:26  „Ту хизматгори баду танбал будаӣ! — ҷавоб медиҳад хоҷааш. — Ту медонистӣ, ки ман аз он ҷое, ки накоштаам, ҳосил ҷамъ мекунаму аз он ҷое, ки дон напошидаам, ғалла мегирам, ҳамин тавр не?
24114  MAT 25:37  Накӯкорон бошанд, аз Ӯ мепурсанд: „Худованд, кай мо Туро гуруснаву ташна дида будем, ки бароят хӯроку нӯшокӣ дода бошем?
24115  MAT 25:38  Ё кай Туро бегонаву бараҳна дида будем, ки меҳмон карда ба Ту либос пӯшонда бошем?
24133  MAT 26:10  Аммо Исо, ки аз суханони онҳо бохабар буд, гуфт: «Чаро ин занро ташвиш медиҳед? Ӯ бароям кори калон кард.
24163  MAT 26:40  Баъд Ӯ ба назди он се шогирдаш баргашта дид, ки онҳо хобидаанд. Он гоҳ ба Петрус гуфт: «Чӣ шумо ақаллан як соат ҳамроҳи Ман бедор истода натавонистед?
24168  MAT 26:45  Сипас назди шогирдонаш баргашта гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта дам мегиред? Ана вақту соати он ҳам расид, ки Фарзанди Инсон ба дасти гунаҳкорон таслим карда мешавад.
24176  MAT 26:53  Ё ба фикрат Ман аз Падарам мадад талаб карда наметавонам? Агар талаб кунам, Вай дарҳол зиёдтар аз дувоздаҳ лашкари фариштагонро мефиристад.
24178  MAT 26:55  Баъд Исо ба он тӯдаи одамон гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки барои дастгир карданам бо таёқу шамшерҳо омадаед? Ман ҳар рӯз дар Хонаи Худо нишаста таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед.
24202  MAT 27:4  ба онҳо гуфт: «Ба марги ин одами беайб ман гунаҳкор, чунки Ӯро ман таслим кардам». Лекин онҳо ҷавоб доданд: «Ин ба мо чӣ дахл дорад? Ин кори худат».
24238  MAT 27:40  мегуфтанд: «Ту мегуфтӣ, ки Хонаи Худоро вайрон карда, дар мобайни се рӯз онро барпо карда метавонӣ? Канӣ, набошад худатро наҷот деҳ-чи! Агар Ту Писари Худо бошӣ, канӣ аз салиб поён фаро-чи!»
24311  MRK 1:27  Ҳама дар ҳайрат монданд ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чист? Ин як таълимоти навест! Ӯ ҳатто ба рӯҳҳои нопок чунон боқудратона амр медиҳад, ки онҳо ба Вай итоат мекунанд?»
24337  MRK 2:8  Исо ҳамон лаҳза дар дилаш фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро чунин фикрҳо доред?
24348  MRK 2:19  Исо ба онҳо гуфт: «Оё дӯстони домод дар ҷашни арӯсӣ, ки домод ҳанӯз ҳамроҳашон аст, рӯза мегиранд? То домод бо онҳост, онҳо рӯза гирифта наметавонанд?
24354  MRK 2:25  Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд ва эҳтиёҷ дошт, чӣ кор кард?
24380  MRK 3:23  Исо онҳоро ба наздаш даъват карда, бо масал гуфт: «Чӣ тавр шайтон худашро берун карда метавонад?
24390  MRK 3:33  Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Модар ва бародарони Ман кистанд?
24405  MRK 4:13  Баъд аз онҳо пурсид: «Магар маънои ин масалро нафаҳмидед? Пас ҳамаи масалҳои дигарро чӣ тавр мефаҳмед?
24413  MRK 4:21  Баъд аз онҳо пурсид: «Магар чароғро барои он меоранд, ки зери тағора ё кате гузоранд? Оё онро ба чароғпоя намегузоранд?
24422  MRK 4:30  Инчунин Исо гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунем? Бо кадом масал онро шарҳ диҳем?
24432  MRK 4:40  Исо ба шогирдонаш гуфт: «Чаро ин қадар тарсидед? Оё ҳоло ҳам боварӣ надоред?»
24440  MRK 5:7  Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо тамоми овозаш фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!»
24472  MRK 5:39  Исо ба хона даромада ба онҳо гуфт: «Чаро шӯру ғавғо бардошта, гиря мекунед? Духтар намурдааст, фақат хобидааст».
24478  MRK 6:2  Рӯзи истироҳат Ӯ дар ибодатхона ба таълим додани мардум шурӯъ кард. Бисёр касоне, ки Ӯро мешуниданд, ба ҳайрат афтода, чунин мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ҳамаи ин чизҳоро дорад? Ин чӣ ҳикмате ба Ӯ дода шудааст? Чӣ хел мӯъҷизаҳои бузург бо дастони Ӯ иҷро шудаанд?
24550  MRK 7:18  Вай ба онҳо гуфт: «Наход шумо ҳам инро нафаҳмида бошед? Магар намедонед, ки он чӣ ба даруни одам аз берун медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад?
24581  MRK 8:12  Исо аз дилаш оҳи вазнине кашида гуфт: «Барои чӣ ин насл нишонае талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ба ин насл ягон нишона дода намешавад».
24586  MRK 8:17  Вале Исо аз суханони онҳо дарак дошта гуфт: «Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред? Магар то ҳол дарк намекунед ва нафаҳмидед? Ё гарданшах шудаед?
24587  MRK 8:18  Шумо, ки чашм доред, чаро намебинед? Гӯш дореду чаро намешунавед? Оё фаромӯш кардед?
24598  MRK 8:29  Он гоҳ Исо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус гуфт: «Ту Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо ҳастӣ».
24605  MRK 8:36  Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад?
24626  MRK 9:19  Исо гуфт: «Эй насли беимон! То кай ҳамроҳи шумо бошам ва то кай ҳамаи шуморо тоқат кунам? Писарро пеши Ман биёред».
24657  MRK 9:50  Намак чизи хуб аст, вале агар сифаташро гум кунад, бо чӣ онро намакин карда метавонед? Пас шумо низ дар худ намак дошта бошед ва бо якдигар дар сулҳу салоҳ зиндагӣ кунед».