Wildebeest analysis examples for:   tgk-tgk   .    February 11, 2023 at 19:43    Script wb_pprint_html.py   by Ulf Hermjakob

7130  RUT 1:1  Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад.
7132  RUT 1:3  Аммо пас аз чанд вақт Элимелех — шавҳари Ноомӣ аз олам чашм пӯшида, ӯро бо ду писараш танҳо гузошт.
7133  RUT 1:4  Писаронаш духтарони мӯобиро ба занӣ гирифтанд, ки номи яке Орфо ва дигаре Рут буд. Баъди даҳ соле, ки онҳо дар он ҷо умр ба сар бурданд,
7134  RUT 1:5  Маҳлон ва Килъон низ аз олам гузаштанд. Инак, Ноомӣ бешавҳару беписар монд.
7135  RUT 1:6  Пас аз муддате Ноомӣ шунид, ки Худованд ба халқи худ баракати ҳосили фаровон додааст. Ӯ бо занони писаронаш бархост, то ки Мӯобро тарк кунад.
7136  RUT 1:7  Ҳамроҳи ду келинаш ҷойи зисти худро гузошта, ба роҳ баромад, то ба Яҳудия баргардад.
7137  RUT 1:8  Аммо дар роҳ Ноомӣ ба онҳо гуфт: «Ба хонаҳои модаронатон баргардед. Бигзор Худованд ба ивази некиҳое, ки ба ман ва фарзандони раҳматиам кардед, ба шумо некӣ кунад.
7138  RUT 1:9  Дуо мекунам, ки ҳардуятон боз ба шавҳар бароед ва шуморо дар он хона хуш бипазиранд». Пас Ноомӣ хайрухушкунон онҳоро бӯсид. Аммо онҳо гиря карда
7139  RUT 1:10  гуфтанд: «Не, мо ҳамроҳатон назди халқи шумо меравем».
7140  RUT 1:11  Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Духтаронам, шумо бояд баргардед. Чаро ҳамроҳи ман будан мехоҳед? Оё ман метавонам боз соҳиби писароне шавам, ки шуморо ба занӣ гиранд?
7141  RUT 1:12  Духтаронам, ман барои дубора шавҳар кардан пир шудаам, барои ҳамин ба хонаҳои худ баргардед. Ҳатто агар чунин имкон бошаду ман ҳамин шаб шавҳар карда писардор шавам ҳам,
7142  RUT 1:13  оё шумо то ба воя расидани онҳо сабр мекунед? Ин хел шумо шавҳар карда наметавонед. Не, духтаронам, шумо медонед, ки ин номумкин аст. Ранҷу азобе, ки дорам, бароятон беҳад вазнин аст, чунки Худованд бар зидди ман аст».
7143  RUT 1:14  Онҳо боз бо овози баланд гиря карданд. Сипас Орфо хушдоманашро бӯсида, бо ӯ хайрухуш карда рафт, аммо Рут бо ӯ монд.
7144  RUT 1:15  Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Бубин, Орфо ба назди қавми худ ва худоёни худ бармегардад, ту ҳам ҳамроҳи ӯ бирав».
7145  RUT 1:16  Аммо Рут илтиҷо кард: «Маро маҷбур накунед, ки аз пешатон равам. Иҷозат диҳед, ҳамроҳатон истам. Ҳар ҷойе ки равед, ман ҳам меравам. Ҳар ҷойе ки зиндагӣ кунед, ман ҳам он ҷо зиндагӣ мекунам. Халқи шумо халқи ман ва Худои шумо Худои ман мешавад.
7146  RUT 1:17  Ҳар ҷое ки бимиред, ман ҳам ҳамон ҷой хоҳам мурд ва дар он ҷой маро низ гӯр хоҳанд кард. Агар чизе ғайр аз марг маро аз шумо ҷудо кунад, Худо ба балои бад гирифторам кунад».
7147  RUT 1:18  Ноомӣ чун фаҳмид, ки Рут аз гапаш намегардад, дигар чизе нагуфт.
7148  RUT 1:19  Ҳамин тавр, онҳо роҳи худро давом доданд ва ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд. Ҳангоме онҳо ба шаҳр даромаданд, мардум аз дидани онҳо ба ҳаяҷон омаданду занон чунин мегуфтанд: «Наход ин Ноомӣ бошад?»
7149  RUT 1:20  Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Худои Таоло ҳаёти маро хеле талху ғамнок кардааст, барои ҳамин маро дигар Ноомӣ (яъне форам) нагӯед, балки Мора (яъне талх) бигӯед.
7150  RUT 1:21  Вақте ки аз ин ҷо баромада рафтам, ҳама чиз доштам, аммо Худованд маро бо дасти холӣ баргардонд. Чаро маро Ноомӣ мегӯед, ҳол он ки Худованд маро ба чунин мусибат гирифтор кардааст ва Худои Таоло маро бадбахт намудааст?»
7151  RUT 1:22  Инак, Ноомӣ ҳамроҳи келинаш Рут аз сарзамини Мӯоб баргашт. Ҳангоме ки онҳо ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд, мавсими дарави ҷав нав сар шуда буд.
7152  RUT 2:1  Ноомӣ хешованде дошт, ки номаш Бӯаз буд. Бӯаз марди сарватманду баобрӯ аз қабилаи шавҳараш Элимелех буд.
7153  RUT 2:2  Рӯзе Рут ба Ноомӣ гуфт: «Иҷозат диҳед, ба киштзорҳои гирду атроф равам, шояд ягон кас ба ман раҳм карда гузорад, ки хӯшаҳои аз паси даравгарон ба замин афтодаро чинам». Ноомӣ ҷавоб дод: «Бирав, духтарам».
7154  RUT 2:3  Пас Рут ба киштзоре рафта, аз қафои даравгарон хӯшаҳои афтодаро мечид. Бо амри тасодуф он киштзор ба Бӯаз, ки аз қабилаи Элимелех буд, тааллуқ доштааст.
7157  RUT 2:6  Саркор ҷавоб дод: «Ин зани ҷавон ҳамон мӯобӣ аст, ки ҳамроҳи Ноомӣ аз кишвари Мӯоб омадааст.
7158  RUT 2:7  Ӯ аз ман иҷозат пурсид, ки аз қафои даравгарон хӯшаҳои ба замин афтодаро чинад. Ӯ аз субҳ то ин дам машғули кор аст, танҳо як бор дар зери соябон каме истироҳат кард».
7159  RUT 2:8  Он гоҳ Бӯаз ба Рут гуфт: «Духтарам, гӯш кун, барои хӯшачинӣ ба майдонҳои дигар нарав, балки дар ҳамин ҷо бо занон истода, кор кун.
7160  RUT 2:9  Ба онҳо нигоҳ кун, ҳар ҷое ки онҳо дарав кунанд, ту ҳам аз қафои онҳо рав. Ман ба мардикорони худ амр додам, ки ба ту даст нарасонанд. Агар ташна шавӣ, рафта аз кӯзаҳое, ки хизматгоронам об пур мекунанд, бинӯш».
7162  RUT 2:11  Бӯаз дар ҷавоб гуфт: «Ҳар он чӣ ту баъди марги шавҳарат дар ҳаққи хушдоманат кардӣ, ба гӯшам расид. Медонам, ки падару модар ва ватани худро монда омадӣ, то дар байни халқи ношинос зиндагӣ кунӣ.
7163  RUT 2:12  Худованд барои корҳои кардаат ба ту файзу баракат диҳад. Бигзор Худованд, Худои Исроил, ки назди Ӯ омадаӣ, туро дар паноҳаш нигоҳ дорад ва ба ту мукофот ато намояд».
7164  RUT 2:13  Рут дар ҷавоб гуфт: «Эй хоҷаи меҳрубон, маро аз марҳамати худ дар оянда ҳам маҳрум накунед. Шумо ба ман, ки ҳатто канизатон нестам, суханони нек гуфта, тасаллӣ додед».
7165  RUT 2:14  Дар вақти хӯрокхӯрӣ Бӯаз ба Рут гуфт: «Биё, хӯрок хӯр. Нонатро ба шираи ангур тар карда хӯр». Пас Рут дар назди даравгарон нишаст ва Бӯаз ба ӯ гандумбирён дод. Рут то серӣ хӯрду боз боқӣ монд.
7166  RUT 2:15  Чун Рут бархоста, ба хӯшачинӣ сар кард, Бӯаз ба даравгарони худ амр дода гуфт: «Агар ӯ байни хӯшаҳои баста хӯша чинад ҳам, ба ӯ чизе нагӯед ва кордор нашавед. Баръакс, каме аз хӯшаҳои басташуда низ ба рӯйи замин бирезед, то ӯ бичинад».
7168  RUT 2:17  Рут то бегоҳ дар он киштзор хӯша чид. Вақте хӯшаҳоро бикӯфт, тақрибан дувоздаҳ кило ҷави тоза ба даст овард.
7169  RUT 2:18  Рут онро бо худ ба шаҳр овард ва хушдоманаш дид, ки чӣ қадар ҷав ҷамъ кардааст. Ӯ боқимондаи хӯроки худро низ ба Ноомӣ дод.
7170  RUT 2:19  Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Аз куҷо ҳамаи инро ҷамъ овардӣ? Дар кадом киштзор кор кардӣ? Худо касеро, ки ба ту ин қадар ғамхорӣ кардааст, баракат диҳад!» Рут ба хушдоманаш гуфт, ки дар киштзори Бӯаз ном марде кор кардааст.
7171  RUT 2:20  Ноомӣ ба Рут гуфт: «Худованд Бӯазро баракат диҳад! Ӯ марҳамати худро аз мо ва аз мурдагон дареғ надоштааст». Ӯ боз илова кард: «Он мард яке аз хешони наздики мост, ки бояд сарпарастиамонро ба ӯҳда бигирад».
7172  RUT 2:21  Пас аз он Рут гуфт: «Ӯ ҳатто ба ман гуфт, ки бо коргаронаш то тамом шудани мавсими дарав дар киштзори ӯ хӯша чинам».
7173  RUT 2:22  Ноомӣ ба Рут гуфт: «Бале, духтарам, ҳамроҳи занон дар киштзори Бӯаз кор кунӣ, беҳтар аст. Агар ба ҷойи дигар равӣ, мумкин коргарон ба ту даст расонанд».
7174  RUT 2:23  Бо ҳамин, Рут то охири мавсими дарави гандуму ҷав бо канизони Бӯаз ҷамъоварии ғалларо давом медод ва бо хушдоманаш зиндагӣ мекард.
7175  RUT 3:1  Боре Ноомӣ, хушдомани Рут, ба ӯ гуфт: «Духтарам, ман бояд бароят паноҳгоҳе пайдо кунам, то ки ту бароҳат бошӣ.
7176  RUT 3:2  Ҳамон Бӯаз, ки ту ҳамроҳи хизматгоронаш кор кардӣ, хеши мост. Акнун гӯш кун. Ӯ имшаб дар хирмангоҳ ҷав бод мекунад.
7177  RUT 3:3  Ту худатро тоза бишӯй, каме атр бизан ва либоси беҳтаринатро пӯшида, ба хирманҷо рав. Аммо то хӯрдану нӯшиданро тамом накунад, худро ба ӯ нишон надеҳ.
7178  RUT 3:4  Вақте ки хоб меравад, ҷойи хобашро фаҳм, ки дар куҷост. Он гоҳ ба назди ӯ рафта, кӯрпаи ӯро аз рӯйи пойҳояш кушода, назди пойҳояш хоб кун. Пас худи ӯ мегӯяд, ки чӣ бояд кунӣ».
7179  RUT 3:5  Рут дар ҷавоб гуфт: «Ҳамаи гуфтаҳоятро иҷро мекунам».
7180  RUT 3:6  Пас Рут ба хирманҷо рафта, ҳамон тавре ки хушдоманаш фармуда буд, амал кард.
7181  RUT 3:7  Вақте ки Бӯаз хӯрдану нӯшиданро тамом кард, хушҳол шуд ва назди охирин хирмани ҷав рафта, хобид. Рут оҳиста ба ӯ наздик шуд ва як гӯшаи кӯрпаи ӯро бардошта, дар поёни пойи Бӯаз дароз кашид.
7182  RUT 3:8  Нисфи шаб Бӯаз ногаҳон аз хоб бедор шуд ва чун дид, ки зане дар поёни пойҳояш хобидааст, ҳайрон шуд.
7183  RUT 3:9  Бӯаз «Ту кистӣ?» гуфта пурсид. Рут ҷавоб дод: «Ман канизи шумо, Рут ҳастам. Шумо ки хеши наздиктарини мо ҳастед, хоҳиш мекунам, сарпарастии маро ба ӯҳда гиред».
7184  RUT 3:10  Бӯаз гуфт: «Духтарам, Худованд туро баракат диҳад. Ин кори неке, ки ҳоло кардӣ, аз коре, ки пештар карда будӣ, бузургтар аст. Ту метавонистӣ аз қафои ҷавонмардони бой ё камбағал равӣ, вале ин корро накардӣ.
7185  RUT 3:11  Духтарам, дигар натарс, ҳама хоҳишатро иҷро мекунам. Тамоми мардуми шаҳр медонанд, ки ту зани баномусӣ.
7186  RUT 3:12  Дуруст аст, ки ман — хеши ту, вале аз ман дида, боз хеши наздиктар ҳаст.
7187  RUT 3:13  Шабона ин ҷо бимон. Фардо субҳ мефаҳмам, ки оё ӯ ҳимояи туро ба ӯҳда мегирад ё не. Агар бигирад, хуб аст, вагарна ба Худои зинда қасам, ки худам туро мегирам. Ҳоло то саҳар ин ҷо хоб кун».
7188  RUT 3:14  Пас Рут то саҳар дар поёни пойҳои Бӯаз хобид. Аммо, чашми рӯз ҳанӯз накафида, аз хоб бедор шуд. Бӯаз намехост, ки касе ба хирманҷо омадани занро бифаҳмад.
7189  RUT 3:15  Ӯ ба Рут гуфт: «Рӯймолатро ба рӯйи замин паҳн кун». Рут ҳамин тавр кард. Бӯаз дар он тақрибан 25 кило ҷав рехт ва онро ба китфи Рут гузошт. Баъд худ ба шаҳр рафт.
7191  RUT 3:17  ва илова намуд: «Бӯаз ба ман гуфт, ки набояд бо дастони холӣ ба назди ту баргардам. Ӯ ҳамаи ин ҷавро ба ман дод».
7192  RUT 3:18  Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Ҳоло сабр кун, духтарам, ки натиҷаи ин кор чӣ мешавад, зеро ин шахс то ин масъаларо имрӯз ҳал накунад, ором намешавад».
7193  RUT 4:1  Он гоҳ Бӯаз ба назди дарвозаи шаҳр рафта, он ҷо нишаст. Вақте ҳамон хешованде, ки дар борааш гуфта буд, аз он ҷо мегузашт, Бӯаз ӯро садо карда гуфт: «Эй дӯстам, биё ин ҷо бишин». Ӯ омада, он ҷо нишаст.
7194  RUT 4:2  Сипас Бӯаз даҳ нафарро аз роҳбарони шаҳр даъват намуда, аз онҳо хоҳиш кард, ки он ҷо нишинанд. Вақте онҳо ба ҷойҳои худ гузаштанд,
7195  RUT 4:3  Бӯаз ба хешаш муроҷиат намуд: «Ҳоло Ноомӣ аз сарзамини Мӯоб баргаштааст ва мехоҳад заминеро, ки аз они хеши мо — Элимелех аст, фурӯшад.
7196  RUT 4:4  Фикр кардам, ки ман бояд ин хабарро дар ҳузури ин ҷо нишастагон ва дар ҳузури роҳбарони халқи ман ба ту расонам, то он заминро бихарӣ. Агар харидан нахоҳӣ, ба ман бигӯй, то ки ман донам, чун ҳаққи хариди он заминро аввал ту дорӣ, баъд аз ту ман метавонам онро бихарам». Он шахс гуфт: «Ман онро мехарам».
7197  RUT 4:5  Он гоҳ Бӯаз гуфт: «Хуб, ҳангоми харидани замини Ноомӣ ту бояд Рути мӯобиро, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, ба занӣ бигирӣ. Ба ин восита вақте кӯдакдор шуда, соҳиби меросхӯр мегардед, мероси шавҳараш аз байн намеравад».
7198  RUT 4:6  Он мард дар ҷавоб гуфт: «Ман он заминро харида наметавонам, чунки агар бихарам, молу мулки худро зери хатар мегузорам. Ту ӯро гир, чунки ман ин корро карда наметавонам».
7199  RUT 4:7  Давраҳои пеш дар Исроил чунин расм буд, ки ҳангоми харидуфурӯш ё додугирифт барои тасдиқи ҳамон амал як кас пойафзоли худро кашида, ба каси дигар медод. Дар Исроил ин тарзи қонунӣ гардонидани ҳамон кор ҳисоб мешуд.
7200  RUT 4:8  Пас ҳамон хеш пойафзоли худро кашида, ба Бӯаз гуфт: «Ту онро бихар».
7201  RUT 4:9  Он гоҳ Бӯаз ба роҳбарон ва ба ҳозирин рӯй овард: «Шумо акнун шоҳид ҳастед, ки ман заминҳоеро, ки аз они Элимелех, Килъон ва Маҳлон аст, аз Ноомӣ мехарам.
7202  RUT 4:10  Инчунин Рути мӯобиро, ки зани Маҳлон буд, ба занӣ мегирам, то ки замини он шахс барои аҳли оилаи ӯ боқӣ бимонад ва номаш дар хонадону зодгоҳаш аз байн наравад. Шумо имрӯз шоҳид ҳастед».
7203  RUT 4:11  Он гоҳ роҳбарон ва мардуме, ки дар назди дарвоза ҷамъ омада буданд, тасдиқ карданд: «Бале, мо шоҳид ҳастем. Худованд ҳамсаратро монанди занони Яъқуб — Роҳел ва Леё гардонад. Ин занон барои ӯ фарзандони зиёдро ба дунё оварданд. Дар байни Эфротиён сарват ба даст орӣ ва номат дар деҳаи Байт-Лаҳм машҳур гардад.
7204  RUT 4:12  Фарзандоне, ки Худованд аз ин зани ҷавон ба ту ато мефармояд, хонадони туро мисли хонадони Форас бисозанд, ки Томор ӯро барои Яҳудо таваллуд карда буд».
7205  RUT 4:13  Пас аз он Бӯаз Рутро ба занӣ гирифта, бо ӯ ҳамбистар шуд ва Худованд ӯро баракат доду Рут ҳомиладор шуда, писаре ба дунё овард.
7207  RUT 4:15  Ӯ акнун бароят зиндагии наве хоҳад бахшид ва атои айёми пириат хоҳад буд, зеро ӯро келинат, ки туро дӯст медорад ва бароят аз ҳафт писар ҳам беҳтар аст, ба дунё овардааст».
7208  RUT 4:16  Ноомӣ он кӯдакро ба оғӯш гирифта, парасторӣ мекард.
7209  RUT 4:17  Занони ҳамсоя мегуфтанд: «Ноомӣ писардор шуд» ва ба кӯдак Убид ном ниҳоданд. Убид падари ҳамон Йисой аст, ки падари Довуд буд.
7214  RUT 4:22  Убид падари Йисой ва Йисой падари Довуд буд.
12707  EST 1:1  Замони ҳукмронии шоҳ Аҳашверӯш буд, ҳамон шоҳ, ки бар яксаду бисту ҳафт вилоят, аз Ҳиндустон сар карда, то Эфиопия подшоҳӣ мекард.
12708  EST 1:2  Он рӯзҳо ӯ сарзаминашро аз тахти шоҳонаи худ, ки дар қалъаи Шушан буд, роҳбарӣ менамуд.
12709  EST 1:3  Соли сеюми подшоҳияш шоҳ барои ҳамаи мансабдорону дарбориён зиёфат дод. Дар он сарлашкарони сарзамини форсу модҳо, мирон ва ҳокимони вилоятҳо иштирок доштанд.
12710  EST 1:4  Ӯ сарвати фаровони шоҳигарии худ ва шукӯҳу шаҳомати бузургиашро муддати дуру дароз, дар давоми шаш моҳ, ба меҳмононаш намоиш медод.
12711  EST 1:5  Пас аз тамом шудани зиёфати якум шоҳ барои ҳамаи сокинони қалъаи Шушан, чи камбағалу чи сарватманд, зиёфати дуюм дод. Он дар боғи девордори қасри шоҳ ҳафт шабонарӯз давом намуд.
12712  EST 1:6  Дар ин боғ пардаҳо аз матоъҳои пахтагини сафеду осмонранг бо бандҳои қиматбаҳои сафеду бунафшранг аз ҳалқаҳои нуқрагин гузаронида шуда, ба сутунҳои мармарин овезон буданд. Катҳои тиллоию нуқрагинро болои фарши мармарӣ, садафӣ ва аз дигар сангҳои қиматбаҳои сурху сиёҳ тайёршуда, қатор гузошта буданд.
12713  EST 1:7  Хизматгорон шаробро дар зарфҳои тиллоие, ки яке аз дигаре фарқ дошт, меоварданд. Шароби шоҳона аз сабаби бойигарии подшоҳ фаровон буд ва
12714  EST 1:8  мувофиқи қонун ҳар кас, чи қадаре ки мехост, менӯшид, зеро шоҳ ба ходимонаш фармуда буд, ки бо хости ҳар кас амал намоянд.
12715  EST 1:9  Зани подшоҳ — малика Ваштӣ низ дар қасри шоҳ Аҳашверӯш барои занон зиёфат медод.
12717  EST 1:11  ки малика Ваштиро наздаш биёранд. Занаш ҳусни зебо дошт ва шоҳ хост, ки малика тоҷ бар сар пеши меҳмонон биёяд, то зебоии ӯро ба ҳама намоиш диҳад.
12718  EST 1:12  Лекин чун хизматгорон рафта, ба малика фармони шоҳро расониданд, малика амрашро рад карду ба зиёфат наомад.
12719  EST 1:13  Шоҳ Аҳашверӯш аз ин рафтори малика огоҳ шуда, ба хашм омаду хеле оташин гардид. Аз рӯйи одаташ ӯ ба ситорашиносонаш — Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон муроҷиат карда, маслиҳат пурсид. Ин мансабдорони сарзамини Форсу Модай қонуну қоида ва анъанаҳоро медонистанд. Азбаски онҳо вазифаҳои баландтаринро соҳиб буданд, иҷозати назди подшоҳ даромадан доштанд. Подшоҳ аз онҳо пурсид:
12721  EST 1:15  «Малика Ваштӣ ба фармони шоҳ, ки хизматгорон ба вай расониданд, итоат накард. Мувофиқи қонун ҷазои ӯ чист?»
12722  EST 1:16  Яке аз маслиҳатгарон — Мемухон дар ҳузури шоҳ ва мансабдорон гуфт: «Малика Ваштӣ на танҳо ба подшоҳ, балки ба ҳамаи мансабдорону тамоми мардуми вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш беҳурматӣ нишон дод.
12723  EST 1:17  Зеро чунин гуфтугузор мешавад, ки малика Ваштӣ фармони подшоҳро рад карда, наздаш наомад. Занон инро фаҳмида шавҳарони худро писанд намекунанд.
12724  EST 1:18  Худи ҳамин рӯз занони мансабдорони Форсу Модай, ки аз ин воқеа хабардор мешаванд, ба шавҳарони худ низ инро нақл мекунанд. Сипас дар оилаҳо хашму ғазаб ва беҳурматӣ зиёд хоҳад шуд.
12725  EST 1:19  Бинобар ин, агар ба подшоҳ писанд ояд, фармон бароварда шавад, ки Ваштӣ дигар ҳеҷ гоҳ ба назди подшоҳ надарояд. Бигузор подшоҳ вазифаи ӯро ба зани дигаре, ки аз вай беҳтар аст, диҳад. Ин фармон дар қонуни ивазнашавандаи Форсу Модай ҷо шавад.
12726  EST 1:20  Вақте ки фармони шоҳ дар тамоми сарзамини бузургаш паҳн мешавад, боиси он мегардад, ки ҳар як зан дар ҳар хонавода, чи камбағалу чи сарватманд, шавҳари худро ҳурмат кунад».
12727  EST 1:21  Маслиҳати Мемухон ба ҳама писанд омаду подшоҳ аз пайи иҷрои он шуд.
12728  EST 1:22  Ӯ фармонро бо хати ҳар як вилояту забони ҳар як халқ навишта фиристод, то ҳар мард дар хонаи худ хӯҷаини оила бошаду бо забони халқаш гап занад.
12729  EST 2:1  Баъд аз чанд вақт, чун ғазаби шоҳ Аҳашверӯш паст шуд, ӯ Ваштиро бо кори кардааш ва фармони дар ҳаққи ӯ баровардаашро ба ёд овард.
12730  EST 2:2  Инро дида, хизматгорони шахсияш ба ӯ гуфтанд: «Бигзор барои шоҳ духтарони ҷавону зеборо ҷустуҷӯ намоянд.
12731  EST 2:3  Барои ин шоҳ ба тамоми вилоятҳои шоҳигариаш шахсони махсусро таъин кунад, то ки онҳо ҳамаи духтарони ҷавону соҳибҷамолро дар ҳарамсаройи қалъаи Шушан ҷамъ оваранд. Сипас онҳоро ба дасти Ҳейга — нигаҳбони занони шоҳ супорида, ба онҳо маводи ороиши занона бидиҳанд.
12732  EST 2:4  Бигзор ҳамон духтаре, ки ба подшоҳ хуш меояд, ба ҷойи Ваштӣ малика шавад». Пешниҳод ба подшоҳ маъқул шуд ва ӯ ҳамон тавр амал кард.
12733  EST 2:5  Инак, дар қалъаи Шушан марди яҳудие бо номи Мордахай, ки писари Ёир буд, мезист. Ёир писари Шимъӣ буд ва Шимъӣ писари Киш, аз хонаводаи Бинёмин.
12734  EST 2:6  Аслан Киш дар шаҳри Уршалим зиндагӣ мекард. Аммо Набукаднесар — шоҳи сарзамини Бобил чандин сол пеш Уршалимро хароб карда, шоҳи Яҳудия Еконёро ба асирӣ гирифта буд. Дар он вақт Киш — бобокалони Мордахай низ, ҳамроҳи дигар асирон оварда шуд.