7132 | RUT 1:3 | Аммо пас аз чанд вақт Элимелех — шавҳари Ноомӣ аз олам чашм пӯшида, ӯро бо ду писараш танҳо гузошт. |
7137 | RUT 1:8 | Аммо дар роҳ Ноомӣ ба онҳо гуфт: «Ба хонаҳои модаронатон баргардед. Бигзор Худованд ба ивази некиҳое, ки ба ман ва фарзандони раҳматиам кардед, ба шумо некӣ кунад. |
7138 | RUT 1:9 | Дуо мекунам, ки ҳардуятон боз ба шавҳар бароед ва шуморо дар он хона хуш бипазиранд». Пас Ноомӣ хайрухушкунон онҳоро бӯсид. Аммо онҳо гиря карда |
7145 | RUT 1:16 | Аммо Рут илтиҷо кард: «Маро маҷбур накунед, ки аз пешатон равам. Иҷозат диҳед, ҳамроҳатон истам. Ҳар ҷойе ки равед, ман ҳам меравам. Ҳар ҷойе ки зиндагӣ кунед, ман ҳам он ҷо зиндагӣ мекунам. Халқи шумо халқи ман ва Худои шумо Худои ман мешавад. |
7146 | RUT 1:17 | Ҳар ҷое ки бимиред, ман ҳам ҳамон ҷой хоҳам мурд ва дар он ҷой маро низ гӯр хоҳанд кард. Агар чизе ғайр аз марг маро аз шумо ҷудо кунад, Худо ба балои бад гирифторам кунад». |
7160 | RUT 2:9 | Ба онҳо нигоҳ кун, ҳар ҷое ки онҳо дарав кунанд, ту ҳам аз қафои онҳо рав. Ман ба мардикорони худ амр додам, ки ба ту даст нарасонанд. Агар ташна шавӣ, рафта аз кӯзаҳое, ки хизматгоронам об пур мекунанд, бинӯш». |
7166 | RUT 2:15 | Чун Рут бархоста, ба хӯшачинӣ сар кард, Бӯаз ба даравгарони худ амр дода гуфт: «Агар ӯ байни хӯшаҳои баста хӯша чинад ҳам, ба ӯ чизе нагӯед ва кордор нашавед. Баръакс, каме аз хӯшаҳои басташуда низ ба рӯйи замин бирезед, то ӯ бичинад». |
7170 | RUT 2:19 | Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Аз куҷо ҳамаи инро ҷамъ овардӣ? Дар кадом киштзор кор кардӣ? Худо касеро, ки ба ту ин қадар ғамхорӣ кардааст, баракат диҳад!» Рут ба хушдоманаш гуфт, ки дар киштзори Бӯаз ном марде кор кардааст. |
7173 | RUT 2:22 | Ноомӣ ба Рут гуфт: «Бале, духтарам, ҳамроҳи занон дар киштзори Бӯаз кор кунӣ, беҳтар аст. Агар ба ҷойи дигар равӣ, мумкин коргарон ба ту даст расонанд». |
7176 | RUT 3:2 | Ҳамон Бӯаз, ки ту ҳамроҳи хизматгоронаш кор кардӣ, хеши мост. Акнун гӯш кун. Ӯ имшаб дар хирмангоҳ ҷав бод мекунад. |
7177 | RUT 3:3 | Ту худатро тоза бишӯй, каме атр бизан ва либоси беҳтаринатро пӯшида, ба хирманҷо рав. Аммо то хӯрдану нӯшиданро тамом накунад, худро ба ӯ нишон надеҳ. |
7187 | RUT 3:13 | Шабона ин ҷо бимон. Фардо субҳ мефаҳмам, ки оё ӯ ҳимояи туро ба ӯҳда мегирад ё не. Агар бигирад, хуб аст, вагарна ба Худои зинда қасам, ки худам туро мегирам. Ҳоло то саҳар ин ҷо хоб кун». |
7188 | RUT 3:14 | Пас Рут то саҳар дар поёни пойҳои Бӯаз хобид. Аммо, чашми рӯз ҳанӯз накафида, аз хоб бедор шуд. Бӯаз намехост, ки касе ба хирманҷо омадани занро бифаҳмад. |
7196 | RUT 4:4 | Фикр кардам, ки ман бояд ин хабарро дар ҳузури ин ҷо нишастагон ва дар ҳузури роҳбарони халқи ман ба ту расонам, то он заминро бихарӣ. Агар харидан нахоҳӣ, ба ман бигӯй, то ки ман донам, чун ҳаққи хариди он заминро аввал ту дорӣ, баъд аз ту ман метавонам онро бихарам». Он шахс гуфт: «Ман онро мехарам». |
7210 | RUT 4:18 | Авлоди Форас инҳоянд: Форас падари Ҳесрӯн, |
7211 | RUT 4:19 | Ҳесрӯн падари Ром, Ром падари Аминодоб, |
7212 | RUT 4:20 | Аминодоб падари Наҳшӯн, Наҳшӯн падари Салмӯн, |
12707 | EST 1:1 | Замони ҳукмронии шоҳ Аҳашверӯш буд, ҳамон шоҳ, ки бар яксаду бисту ҳафт вилоят, аз Ҳиндустон сар карда, то Эфиопия подшоҳӣ мекард. |
12715 | EST 1:9 | Зани подшоҳ — малика Ваштӣ низ дар қасри шоҳ Аҳашверӯш барои занон зиёфат медод. |
12716 | EST 1:10 | Дар рӯзи ҳафтуми зиёфат подшоҳ аз нӯшидани шароб андак маст шуда, ба ҳафт хизматгорони шахсияш — Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас, фармон дод, |
12719 | EST 1:13 | Шоҳ Аҳашверӯш аз ин рафтори малика огоҳ шуда, ба хашм омаду хеле оташин гардид. Аз рӯйи одаташ ӯ ба ситорашиносонаш — Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон муроҷиат карда, маслиҳат пурсид. Ин мансабдорони сарзамини Форсу Модай қонуну қоида ва анъанаҳоро медонистанд. Азбаски онҳо вазифаҳои баландтаринро соҳиб буданд, иҷозати назди подшоҳ даромадан доштанд. Подшоҳ аз онҳо пурсид: |
12722 | EST 1:16 | Яке аз маслиҳатгарон — Мемухон дар ҳузури шоҳ ва мансабдорон гуфт: «Малика Ваштӣ на танҳо ба подшоҳ, балки ба ҳамаи мансабдорону тамоми мардуми вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш беҳурматӣ нишон дод. |
12729 | EST 2:1 | Баъд аз чанд вақт, чун ғазаби шоҳ Аҳашверӯш паст шуд, ӯ Ваштиро бо кори кардааш ва фармони дар ҳаққи ӯ баровардаашро ба ёд овард. |
12734 | EST 2:6 | Аслан Киш дар шаҳри Уршалим зиндагӣ мекард. Аммо Набукаднесар — шоҳи сарзамини Бобил чандин сол пеш Уршалимро хароб карда, шоҳи Яҳудия Еконёро ба асирӣ гирифта буд. Дар он вақт Киш — бобокалони Мордахай низ, ҳамроҳи дигар асирон оварда шуд. |
12740 | EST 2:12 | Пеш аз назди шоҳ Аҳашверӯш даромадан, ба ҳар духтар дувоздаҳ моҳ барои тайёрӣ дидан мӯҳлат дода мешуд; ӯ шаш моҳ бо равғанҳои хушбӯй ва шаш моҳи дигар бо атрҳову молиданиҳои гуногуни занона худро орову торо медод. |
12743 | EST 2:15 | Акнун навбати ба назди шоҳ даромадан ба Эстер ҳам расид: ҳамон Эстери духтари Абиҳоили амаки Мордахай, ки Мордахай ӯро ҳамчун духтараш калон карда буд. Вай бо худ танҳо чизҳои пешниҳодкардаи Ҳейгаро гирифт. Инак, ҳама ба Эстер бо чашми нек менигаристанд. |
12744 | EST 2:16 | Зимистони соли ҳафтуми ҳукмронии шоҳ, Эстерро ба назди шоҳ Аҳашверӯш ба қаср оварданду |
12752 | EST 3:1 | Пас аз чанд вақт шоҳ Аҳашверӯш ба Ҳаман — писари Ҳамдотой аз насли Аҷоҷ, вазифаи баланд дода, ӯро болои ҳамаи мансабдорон сарвазир гузошт. |
12753 | EST 3:2 | Мувофиқи фармони шоҳ ҳамаи дарбориёне, ки дар қаср хизмат мекарданд, ба Ҳаман таъзим карда, зону мезаданд. Аммо Мордахай на таъзим мекарду на зону мезад. |
12755 | EST 3:4 | Онҳо ҳар рӯз инро ба ӯ мегуфтанду лекин вай ба гапашон ҳеҷ аҳамият намедод. Мордахай гуфта буд, ки ӯ яҳудӣ аст. Аз ин рӯ, дарбориён корҳои Мордахайро ба Ҳаман расониданд, то бубинанд, ки оё Мордахай дар гапаш меистад ё не. |
12757 | EST 3:6 | Лекин куштани танҳо Мордахайро барои худ басанда нашуморид. Ба Ҳаман гуфта буданд, ки Мордахай аз кадом халқ аст. Барои ҳамин Ҳаман нақшаи нобуд кардани тамоми халқи яҳудӣ, яъне халқи Мордахайро кашид, ки дар саросари шоҳигарии Аҳашверӯш зиндагӣ мекарданд. |
12758 | EST 3:7 | Баҳори соли дувоздаҳуми ҳукмронии шоҳ Аҳашверӯш, дар пеши Ҳаман барои интихоби рӯз ва моҳи беҳтарини нобуд кардани яҳудиён қуръа (яъне пур бо забони форсии қадим) партофтанд. Қуръа ба ҳафтуми марти соли оянда афтод. |
12759 | EST 3:8 | Сипас Ҳаман ба шоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Халқе ҳаст, ки дар ҳамаи вилоятҳои сарзамини шоҳ, байни мардум пароканда шудаасту аз дигарон худро ҷудо мекунад. Урфу одаташон аз дигар халқҳо фарқ дорад ва ба қонуну қоидаи шоҳ гӯш намедиҳанд. Бинобар ин, бар манфиати шоҳ нест, ки онҳоро тоқат кунад. |
12760 | EST 3:9 | Агар ба шоҳ писанд афтад, бигузор фармоне барорад, ки ин халқ пурра нобуд шавад. Ман бошам, ба дасти хизматгорони шоҳ сию панҷ ҳазор кило нуқра медиҳам, то ки ба хазинаи шоҳ гузоранд». |
12763 | EST 3:12 | Сипас ҳабдаҳуми апрел котибони шоҳро ҷамъ карданд. Онҳо фармонро аз рӯйи ҳамаи гуфтаҳои Ҳаман бо хати ҳар як вилоят ва бо забони ҳар як халқ, ба ҳокимони вилоятҳои подшоҳ, ҳокимони ноҳияҳо ва ба мирони халқҳо навиштанд. Фармонро аз номи шоҳ Аҳашверӯш навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр заданд. |
12780 | EST 4:14 | Агар ту дар ин вақт хомӯш бимонӣ, наҷот ва халосӣ барои яҳудиён аз тарафи дигар меояд. Лекин ту ва хонадони падарат нобуд мешавед. Кӣ медонад, шояд барои ҳамин вақт ту малика интихоб шуда бошӣ». |
12787 | EST 5:4 | «Агар подшоҳ хоҳад, имрӯз бо Ҳаман ба зиёфате, ки ман барои шоҳ тайёр кардаам, биёянд». |
12802 | EST 6:5 | Хизматгорон дар ҷавоб ба шоҳ гуфтанд: «Ана, Ҳаман омадааст». «Бигзор дарояд», — фармон дод шоҳ. |
12803 | EST 6:6 | Чун Ҳаман даромад, шоҳ аз ӯ пурсид: «Барои нафаре, ки шоҳ сарбаланду ифтихорманд гардондан мехоҳад, чӣ бояд кард?» Ҳаман бошад ба худ фикр кард: «Оё ба ғайр аз ман боз касе ҳаст, ки подшоҳ мехост ифтихорманд гардонад? Албатта не». |
12804 | EST 6:7 | Аз ин рӯ, ба подшоҳ гуфт: «Барои нафаре, ки подшоҳ мехоҳад ифтихорманд гардонад, |
12810 | EST 6:13 | Дар хона воқеаи бо вай рӯйдодаро ба занаш — Зареш ва дӯстонаш нақл кард. Сипас занаш бо он дӯстони хирадмандаш ба ӯ гуфтанд: «Азбаски Мордахай, ки бар вай дигар қудрат надорӣ, яҳудӣ аст, бар зидди ӯ истодагарӣ карда наметавонӣ. Ту, бешубҳа, шикаст хоҳӣ хӯрд!» |
12815 | EST 7:4 | Агар мо фақат ҳамчун ғулом фурӯхта мешудем, хомӯш мемондаму чизе намегуфтам, чунки подшоҳро бо чунин дархост халалдор кардан раво нест. Лекин сабаб дар он аст, ки ман бо халқам ба куштану несту нобуд шудан фурӯхта шудаем». |
12822 | EST 8:1 | Худи ҳамон рӯз шоҳ Аҳашверӯш молу мулк ва чизу чораи Ҳаман — душмани яҳудиёнро ба малика Эстер дод. Мордахай акнун назди подшоҳ даромад, зеро Эстер ба шоҳ гуфт, ки онҳо хешанд. |
12826 | EST 8:5 | «Агар ин кор ба подшоҳ дуруст намояду дар назари шоҳ эътибор дошта бошам, — илтиҷо кард малика, — бигзор қонун барояд, ки ҳамаи номаҳои Ҳаман, писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, ки барои нобуд кардани яҳудиёни ҳамаи вилоятҳои подшоҳ навишта буд, бекор карда шаванд. |
12828 | EST 8:7 | Подшоҳ ба малика Эстер ва Мордахайи яҳудӣ гуфт: «Азбаски Ҳаман ба халқи яҳудиён ҳуҷум кард, ӯро ба дор овехтанд ва дороияшро аллакай ба Эстер додам. |
12829 | EST 8:8 | Акнун аз номи подшоҳ қонуни нав оид ба яҳудиён, чӣ тавре ки дуруст мешуморед, бинависеду онро бо ангуштарини шоҳ мӯҳр бизанед. Ҳар қонуне, ки аз номи шоҳ навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр зада шуда бошад, бекор карда намешавад». |
12831 | EST 8:10 | Фармонро аз номи шоҳ Аҳашверӯш навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр заданд. Мордахай онҳоро бо дасти хабаррасонҳо фиристод, ки ба аспҳои тездави махсус барои шоҳ парварида саворӣ буданд. |
12840 | EST 9:2 | Яҳудиён дар шаҳрҳояшон дар ҳамаи вилоятҳои сарзамини шоҳ ҷамъ омаданд, то ба онҳое, ки маргашонро мехостанд, ҳуҷум намоянд. Азбаски тарс аз яҳудиён ҳамаи халқҳоро фаро гирифта буд, ҳеҷ кас бар зидди онҳо истодагарӣ карда натавонист. |
12845 | EST 9:7 | Онҳо инчунин Паршандато Далфӯн Аспото |
12846 | EST 9:8 | Пӯрото, Адалё, Аридото |
12847 | EST 9:9 | Паршамто, Арисой, Аридой ва Вайзото ном ҷавонмардонро куштанд. |
12850 | EST 9:12 | Баъд шоҳ ба Эстер гуфт: «Дар худи қалъаи Шушан яҳудиён панҷсад нафар ва даҳ писари Ҳаманро куштанд. Дар дигар вилоятҳо чӣ кор карда бошанд? Акнун бигӯ, дархости ту чист? Он иҷро хоҳад шуд. Хоҳишат чист? Ба ту дода хоҳад шуд». |
12851 | EST 9:13 | «Агар ба шоҳ писанд афтад, — ҷавоб дод Эстер, — бигзор ба яҳудиён дар Шушан иҷозат дода шавад, ки пагоҳ низ аз рӯйи қонуни имрӯза амал намоянд. Илова бар ин, мурдаҳои даҳ писари Ҳаман ба дор овехта шаванд». |
12858 | EST 9:20 | Мордахай ин ҳодисаҳоро ба қайд гирифт ва ба ҳамаи яҳудиёни дуру наздики ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш мактубҳо фиристод. |
12863 | EST 9:25 | Аммо ҳангоме Эстер назди подшоҳ даромад, ӯ фармон баровард, то нақшаи баде, ки Ҳаман барои яҳудиён тайёр карда буд, бар сари худаш омада, бо писаронаш ба дор овехта шавад. |
12867 | EST 9:29 | Пас аз он Эстер — духтари Абиҳоил ҳамроҳи Мордахайи яҳудӣ бо тамоми қудрат мактуби дигарро навиштанд, то ки мактуби дуюмро дар бораи Пурим тасдиқ намоянд. |
12868 | EST 9:30 | Нусхаҳои мактуби дигар бо суханони сулҳу осоиштагӣ ба ҳамаи яҳудиёни яксаду бисту ҳафт вилояти сарзамини шоҳ Аҳашверӯш фиристода шуданд. |
12871 | EST 10:1 | Сипас подшоҳ Аҳашверӯш тамоми сарзамин, ҳатто ҷазираҳои дурро ба андоз супоридан водор намуд. |
12873 | EST 10:3 | Хуллас, Мордахайи яҳудӣ баъд аз подшоҳ Аҳашверӯш шахси дуввум буд. Вай дар байни яҳудиён одами бузург ҳисоб меёфту байни хешу табораш эҳтироми баланд дошт. Ин аз он сабаб буд, ки ӯ барои манфиати халқаш кор мекард ва барои беҳбудии ҳамаи яҳудиён баромад менамуд. |
23214 | MAT 1:1 | Аҷдодони Исои Масеҳ, ки аз насли шоҳ Довуд ва аз насли Иброҳим мебошад, инҳоянд: |
23215 | MAT 1:2 | Аз замони Иброҳим то шоҳ Довуд инҳо гузаштаанд: Иброҳим, писараш Исҳоқ, писари Исҳоқ Ёқуб, писарони Ёқуб Яҳудо ва бародаронаш, писарони Яҳудо Форасу Зораҳ (модари онҳо Томор буд), писари Форас Ҳесрӯн, писари Ҳесрӯн Ром, писари Ром Аминодоб, писари Аминодоб Наҳшӯн, писари Наҳшӯн Салмӯн, писари Салмӯн Бӯаз (модари ӯ Роҳоб буд), писари Бӯаз Убид (модари ӯ Рут буд), писари Убид Йисой ва писари Йисой шоҳ Довуд. |
23219 | MAT 1:6 | Аз шоҳ Довуд то замони ба шаҳри Бобил асир шуда рафтани халқи Исроил инҳо гузаштаанд: Довуд, писараш Сулаймон (модари Сулаймон пештара зани Уриё буд), писари Сулаймон Раҳабъом, писари Раҳабъом Абиё, писари Абиё Осо, писари Осо Еҳӯшофот, писари Еҳӯшофот Еҳӯром, писари Еҳӯром Узиё, писари Узиё Ютом, писари Ютом Оҳоз, писари Оҳоз Ҳизқиё, писари Ҳизқиё Менашше, писари Менашше Омӯн, писари Омӯн Юшиё ва писарони Юшиё Еконеву бародаронаш. Дар ин вақт исроилиён асир гашта ба шаҳри Бобил бурда шуданд. |
23225 | MAT 1:12 | Аз замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Еконё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содӯқ, писари Содӯқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Ёқуб ва писари Ёқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо номида шуд. |
23232 | MAT 1:19 | Азбаски Юсуф одами нек буд, нахост, ки Марямро дар пеши мардум ошкор сохта шарманда кунад. Барои ҳамин ӯ ният кард, ки пинҳонӣ аз вай ҷудо шавад. |
23233 | MAT 1:20 | Ҳангоме ки ӯ чунин фикр дошт, фариштаи Худованд дар хобаш аён шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуфи насли Довуд! Аз гирифтани Марям ба занӣ натарс, чунки ин кӯдак дар шиками вай бо қудрати Рӯҳи Муқаддас пайдо шудааст. |
23238 | MAT 1:25 | Аммо то вақти таваллуд шудани Писар бо Марям ҳамхоб нашуд. Ҳангоме ки Писар таваллуд шуд, Юсуф Ӯро Исо номид. |
23248 | MAT 2:10 | Аз барои ин ситора шодии онҳо ҳадду каноре надошт. |
23253 | MAT 2:15 | Дар он ҷо онҳо то вафоти Ҳиродус мемонанд. Худованд пештар ба забони пайғамбар гуфта буд, ки «Ман аз Миср Писарамро ҷеғ задам». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо ҳамаи ин ҳодиса рӯй дод. |
23260 | MAT 2:22 | Лекин ӯ шунид, ки дар Яҳудия ба ҷои Ҳиродус писараш Аркилоус подшоҳӣ мекунад ва тарсид, ки ба он ҷо биравад. Баъд дар хобаш аён шуд, ки он ҷо наравад, бинобар ин онҳо роҳи вилояти Ҷалилро пеш гирифтанд. |
23261 | MAT 2:23 | Пайғамбарон аллакай дар бораи Масеҳ пешгӯӣ карда гуфта буданд, ки «Ӯро Носирӣ хоҳанд номид». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо Юсуф бо оилааш дар шаҳри Носира сокин шуд. |
23287 | MAT 4:9 | гуфт: «Агар ба ман саҷда карда, маро парастиш намоӣ, ҳамаи инро ба Ту медиҳам». |
23295 | MAT 4:17 | Аз ҳамин вақт Исо ба эълон кардани чунин пайғоми худ оғоз намуд: «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон даст кашед, чунки подшоҳии Худо наздик аст!» |
23296 | MAT 4:18 | Ҳангоме ки Исо дар соҳили кӯли Ҷалил роҳ мерафт, ба кӯл тӯр андохта истодани ду бародар: Шимъӯн, ки ӯро боз Петрус меномиданд ва бародараш Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд. |
23302 | MAT 4:24 | Аз ин сабаб овозаи Ӯ дар тамоми сарзамини Сурия низ паҳн мешуд ва мардум ба наздаш ҳамаи дардмандонро, ки ҳар гуна беморӣ доштанд, меоварданд. Дар байни онҳо девонагон, беморони эпилепсия ва шалҳо низ буданд ва Исо онҳоро шифо бахшид. |
23325 | MAT 5:22 | Аммо Ман ҳоло мегӯям, ки агар касе ба бародаре қаҳру ғазаб кунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ва агар ба бародаре „бефаҳм“ гӯяд, дар назди суди болотар ҷавоб медиҳад ва агар „аҳмақ“ гӯяд, сазовори оташи дӯзах мегардад. |
23328 | MAT 5:25 | Агар касе даъво карда, шуморо ба суд кашад, пеш аз суд зуд бо вай масъалаатонро ҳал намоед. Вагарна кор ба судшавӣ рафта расад, даъвогаратон метавонад шуморо ба дасти қозӣ супорад, қозӣ бошад ба дасти сарбоз ва шумо ҳабс шуданатон мумкин. |
23331 | MAT 5:28 | Аммо Ман ҳоло мегӯям, ҳар кас ки ба зан нигоҳ карда, дар хаёлаш бо ӯ ҳамбистар шудан хоҳад, аллакай дар дили худ чунин гуноҳро мекунад. |
23343 | MAT 5:40 | Агар касе ба шумо даъво карда, куртаатонро гирифтанӣ бошад, ҷомаатонро ҳам ба ӯ бидиҳед. |
23344 | MAT 5:41 | Агар касе шуморо маҷбур кунад, ки як километр роҳ равед, ду километр бо ӯ роҳ равед. |
23354 | MAT 6:3 | Аммо, ҳангоме ки шумо садақа медиҳед, бигзор дасти ростатон аз кори дасти чапатон огоҳ нашавад, |
23357 | MAT 6:6 | Аммо, ҳангоме ки шумо дуо мехонед, ба хонаатон даромада, дарро пӯшед ва ба Падаратон, ки нонамоён аст, дуо кунед. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот медиҳад. |
23371 | MAT 6:20 | Баръакс, мукофоти Худоро ба даст оред, ки бароятон дар осмон нигоҳ дошта мешавад. Ана чунин бойигариро на куяву занг мезанаду на ғоратгарон зада даромада, медузданд. |
23385 | MAT 6:34 | Аз ин рӯ, ғами рӯзи ояндаро нахӯред, фардо ташвишҳои худро дорад. Ба ҳар рӯз ташвиши худи ҳамон рӯз басанда аст». |
23390 | MAT 7:5 | Эй дурӯяҳо! Аввал чӯбро аз чашми худатон дур кунед, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред. |
23394 | MAT 7:9 | Ана, аз байни шумо кадом падар агар писараш нон талаб кунад, ба вай санг медиҳад? |
23398 | MAT 7:13 | Аз дарвозаи танг гузаред, чунки дарвозаи васеъ ва роҳи осонгузар шуморо ба ҳалокат меоварад ва бисёр касон аз он мегузаранд. |
23400 | MAT 7:15 | Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед, онҳо ба назди шумо бо намуди гӯсфандони беозор меоянд, аммо дар ботин онҳо гургони дарранда ҳастанд. |
23417 | MAT 8:3 | Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз касалии махав пок гашт. |
23422 | MAT 8:8 | Аммо сардори лашкар ҷавоб дод: «Хоҷа! Ман лоиқи он нестам, ки аз остонаи дарам гузаред. Шумо фақат як амр диҳед ва хизматгорам шифо хоҳад ёфт. |