12734 | EST 2:6 | Аслан Киш дар шаҳри Уршалим зиндагӣ мекард. Аммо Набукаднесар — шоҳи сарзамини Бобил чандин сол пеш Уршалимро хароб карда, шоҳи Яҳудия Еконёро ба асирӣ гирифта буд. Дар он вақт Киш — бобокалони Мордахай низ, ҳамроҳи дигар асирон оварда шуд. |
23219 | MAT 1:6 | Аз шоҳ Довуд то замони ба шаҳри Бобил асир шуда рафтани халқи Исроил инҳо гузаштаанд: Довуд, писараш Сулаймон (модари Сулаймон пештара зани Уриё буд), писари Сулаймон Раҳабъом, писари Раҳабъом Абиё, писари Абиё Осо, писари Осо Еҳӯшофот, писари Еҳӯшофот Еҳӯром, писари Еҳӯром Узиё, писари Узиё Ютом, писари Ютом Оҳоз, писари Оҳоз Ҳизқиё, писари Ҳизқиё Менашше, писари Менашше Омӯн, писари Омӯн Юшиё ва писарони Юшиё Еконеву бародаронаш. Дар ин вақт исроилиён асир гашта ба шаҳри Бобил бурда шуданд. |
23225 | MAT 1:12 | Аз замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Еконё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содӯқ, писари Содӯқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Ёқуб ва писари Ёқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо номида шуд. |
23239 | MAT 2:1 | Исо дар замони ҳукмронии подшоҳ Ҳиродус, дар деҳаи Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия ба дунё омад. Баъд аз таваллуди Ӯ якчанд ситорашиносон аз сарзамини Шарқ ба шаҳри Ерусалим омада, |
23241 | MAT 2:3 | Ҳангоме ки подшоҳ Ҳиродус ин суханонро шунид, безобита шуд ва баробари ӯ тамоми сокинони Ерусалим ҳам ошуфта гаштанд. |
23266 | MAT 3:5 | Мардум аз шаҳри Ерусалиму аз саросари Яҳудия ва аз тамоми гирду атрофи дарёи Урдун ба назди Яҳё меомаданд. |
23283 | MAT 4:5 | Сипас, иблис Исоро ба шаҳри муқаддас Ерусалим бурда, ба нуқтаи баландтарини Хонаи Худо гузошт |
23303 | MAT 4:25 | Бинобар ин мардуми бениҳоят бисёре аз Ҷалилу Даҳ Шаҳр, аз Ерусалиму Яҳудия ва аз сарзамини он тарафи дарёи Урдун омада, аз пайи Исо мерафтанд. |
23338 | MAT 5:35 | на бо замин, чунки пойҳои Ӯ дар он ҷо қарор доранд, на бо шаҳри Ерусалим, чунки ин шаҳри Худо-Шоҳи бузург аст. |
23703 | MAT 15:1 | Сипас, ба назди Исо аз Ерусалим чанд нафаре аз фарисиёну шариатдонон омада пурсиданд: |
23762 | MAT 16:21 | Аз ҳамон вақт сар карда Ӯ ба шогирдонаш кушоду равшан мегуфт, ки бояд ба Ерусалим равад ва дар он ҷо аз дасти пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бисёр азоб мекашад. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад. |
23878 | MAT 20:17 | Исо ба сӯи Ерусалим роҳравон шогирдонашро ба як тарафе бурда танҳо ба онҳо гуфт: |
23879 | MAT 20:18 | «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо Фарзанди Инсон ба дасти сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон супорида мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум карда, |
23890 | MAT 20:29 | Баъдтар Исо бо шогирдонаш аз шаҳри Ериҳӯ ба роҳ баромада буд, ки мардуми зиёде аз пайи онҳо рафтанд. |
23896 | MAT 21:1 | Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Ерусалим наздик шуда истода, ба деҳаи Байт-Фоҷии назди теппаи Зайтун расида омаданд. Пас, Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода, |
23900 | MAT 21:5 | «Ба сокинони шаҳри Ерусалим бигӯед: „Ана, Шоҳи шумо ба наздатон омада истодааст. Шоҳи хоксор, ки харсавор, болои бачаи модахаре омада истодааст“». |
23905 | MAT 21:10 | Вақте ки Ӯ ба Ерусалим ворид гашт тамоми шаҳр ба ҳаяҷон омад. Одамон «Ин кист?» гуфта мепурсиданд. |
24024 | MAT 23:37 | Исо суханонашро давом дода гуфт: «Эй Ерусалим, Ерусалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ! |
24251 | MAT 27:53 | Баъд аз он ки Исо аз байни мурдагон боз зинда шуд, онҳо аз қабрҳои худ берун баромада ба Ерусалим, шаҳри муқаддас даромаданду бисёр касон онҳоро диданд. |
24289 | MRK 1:5 | Аҳолии шаҳри Ерусалим ва мардуми тамоми сарзамини Яҳудия пеши Яҳё ба биёбон меомаданд. Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод. |
24365 | MRK 3:8 | аз шаҳри Ерусалим, инчунин аз сарзамини Адӯму атрофи дарёи Урдун ва аз Суру Сидун аз паси Ӯ мерафтанд. Мардуми зиёд дар бораи корҳои Исо шунида, ба гирди Ӯ ҷамъ меомаданд. |
24379 | MRK 3:22 | Гурӯҳе аз шариатдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Ӯ дар худ Баал-Забул, сардори девҳоро дорад ва бо қудрати вай девҳоро берун мекунад». |
24533 | MRK 7:1 | Рӯзе чанд нафар аз фарисиён ва шариатдонон аз Ерусалим ба назди Исо омаданд. Онҳо гирди Ӯ ҷамъ омада |
24689 | MRK 10:32 | Онҳо ба сӯи Ерусалим раҳсипор шуданд. Исо пешопеш мерафт. Шогирдони дарҳайратмонда ва одамон бо тарс аз паси Ӯ қадам мезаданд. Исо дувоздаҳ шогирдашро ба як тарафе бурда, бори дигар гуфт, ки дар Ерусалим Ӯро чӣ сарнавиште интизор аст. |
24690 | MRK 10:33 | Ӯ гуфт: «Мо ба Ерусалим рафта истодаем, ки дар он ҷо Фарзанди Инсон ба дасти сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон фурӯхта мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум мекунанду баъд ба дасти беимонон месупоранд. |
24703 | MRK 10:46 | Баъд онҳо ба Ериҳӯ омада расиданд. Вақте ки Исо бо шогирдонаш ва мардуми зиёде аз ин шаҳр берун мерафтанд, дар канори роҳ Бартимай ном нобиное, ки писари Тимай буд, нишаста садақа мепурсид. |
24710 | MRK 11:1 | Баъд Исо ва шогирдонаш ба наздикии Ерусалим, ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаи теппаи Зайтун ҷойгир шудаанд, рафта расиданд. Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода, |
24720 | MRK 11:11 | Ҳамин тавр, Исо ба Ерусалим омада, ба Хонаи Худо рафт ва ҳама чизро аз назар гузаронд. Азбаски бевақт шуда буд, бо дувоздаҳ шогирди худ ба Байт-Ҳинӣ равона шуд. |
24724 | MRK 11:15 | Ҳангоме ки ба Ерусалим даромаданд, Исо ба Хонаи Худо рафт ва онҳоеро, ки дар он ҷо машғули хариду фурӯш буданд, берун ронда, мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кабӯтарфурӯшонро чаппа кард. |
24736 | MRK 11:27 | Онҳо боз ба Ерусалим омаданд. Вақте ки Исо дар саҳни Хонаи Худо рафтуо мекард, сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм назди Ӯ омада |
24936 | MRK 15:41 | Онҳо дар Ҷалил Исоро пайравӣ мекарданд ва дар эҳтиёҷаш кӯмак мерасонданд. Бисёр занони дигар низ, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омаданд, дар он ҷо буданд. |
25064 | LUK 2:22 | Ҳамин ки вақти покшавии онҳо фаро расид, Юсуфу Марям мувофиқи шариати Мӯсо кӯдакро ба Ерусалим оварданд, то ки ба Худованд пешкаш намоянд. |
25067 | LUK 2:25 | Дар Ерусалим Шимъӯн ном марде зиндагӣ мекард, ки худотарсу накӯкор буд. Вай вақти тасаллӣ ёфтани халқи Исроилро интизор буд. Рӯҳи Муқаддас бо Шимъӯн буд |
25080 | LUK 2:38 | Вай ҳам якбора пеш омаду Худоро шукргӯён ба ҳамаи онҳое, ки интизори озод шудани Ерусалим буданд, дар бораи он кӯдак нақлҳои зиёде кард. |
25083 | LUK 2:41 | Ҳар сол падару модари Исо барои қайд кардани иди Балогардон ба Ерусалим мерафтанд. |
25085 | LUK 2:43 | Баъд аз он ки рӯзҳои ид ба охир расиданд, онҳо ба шаҳри худ раҳсипор гаштанд, вале Исои наврас дар Ерусалим монд. Падару модараш аз ин бехабар буданд. |
25087 | LUK 2:45 | ва чун наёфтанд, ба Ерусалим барои ҷустуҷӯяш баргаштанд. |
25141 | LUK 4:9 | Баъд иблис Ӯро ба Ерусалим бурд ва ба нуқтаи баландтарини Хонаи Худо гузошта гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо ба поён парто. |
25193 | LUK 5:17 | Рӯзе Исо машғули таълим буд. Фарисиён ва шариатдононе, ки аз тамоми деҳоти Ҷалил, аз Яҳудия ва аз Ерусалим омада буданд, дар назди Ӯ нишастанд. Қудрати Худованд барои шифо додан бо Исо буд. |
25232 | LUK 6:17 | Исо ва вакилонаш аз кӯҳ поён фаромада, дар ҳамворие ҷой гирифтанд. Шумораи зиёди пайравонаш ва мардуми бешуморе аз тамоми гирду атрофи сарзаминҳои Яҳудия, Ерусалим ва аз ноҳияҳои назди баҳрии Суру Сидун ҷамъ омаданд, |
25400 | LUK 9:30 | ва инак ду мард, Мӯсою Илёс дар шӯҳрату ҷалол зоҳир гардиданд. Онҳо бо Исо гуфтугӯ карда нақл мекарданд, ки Ӯ дар Ерусалим бояд аз ин дунё равад ва бо ҳамин мақсадашро анҷом медиҳад. |
25421 | LUK 9:51 | Азбаски то ба осмон бурда шудани Исо вақт кам монда буд, Ӯ қарори қатъӣ қабул кард, ки ба сӯи Ерусалим равона гардад. |
25423 | LUK 9:53 | Аммо сомариён Исоро қабул накарданд, зеро Ӯ ба Ерусалим равона буд. |
25462 | LUK 10:30 | Исо дар ҷавоб гуфт: «Марде, ки аз Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт, ба дасти роҳзанҳо афтид. Онҳо ӯро ғорат карда хуб заданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд. |
25591 | LUK 13:4 | Ё ба фикратон он ҳаждаҳ нафаре, ки манораи Шилӯаҳ ба болояшон чаппа шуда нобудашон кард, аз дигар сокинони Ерусалим гунаҳкортар буданд? |
25609 | LUK 13:22 | Исо дар шаҳру деҳаҳо гашта мардумро таълим медод. Вай ба сӯи Ерусалим равона буд. |
25620 | LUK 13:33 | Вале Ман бояд имрӯз, пагоҳ ва ҳам баъд аз пагоҳ роҳамро давом диҳам, зеро ин хел шуданаш мумкин нест, ки пайғамбар берун аз Ерусалим ҳалок гардад. |
25621 | LUK 13:34 | Эй Ерусалим, Ерусалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ! |
25731 | LUK 17:11 | Исо ба сӯи Ерусалим равона шуд. Вай қад-қади сарҳаде, ки байни Сомарияву Ҷалил буд, роҳ мерафт. |
25788 | LUK 18:31 | Исо он дувоздаҳ нафарро як сӯ бурда, ба онҳо гуфт: «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо ҳар чизе ки пайғамбарон дар бораи Фарзанди Инсон навиштаанд, ба амал хоҳад омад. |
25792 | LUK 18:35 | Вақте ки Исо ба Ериҳӯ наздик мешуд, нобиноеро дид, ки дар канори роҳ нишаста садақа мепурсид. |
25801 | LUK 19:1 | Исо ба Ериҳӯ ворид шуда, аз он ҷо мегузашт. |
25811 | LUK 19:11 | Азбаски Исо аллакай дар наздикии Ерусалим буду шунавандагони Ӯ гумон доштанд, ки подшоҳии Худо ба зудӣ фаро мерасад, Вай масал гуфтанро давом дод: |
25828 | LUK 19:28 | Исо ин масалро нақл карда, роҳашро давом дод ва ба сӯи Ерусалим раҳсипор гашт. |
25915 | LUK 21:20 | Ҳамин ки Ерусалимро дар иҳотаи аскарон дидед, бидонед, ки вақти вайрон шудани он наздик аст. |
25916 | LUK 21:21 | Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. Касе, ки дар Ерусалим бошад, аз он ҷо биравад ва касе, ки дар гирду атрофи шаҳр ҳаст, ба шаҳр барнагардад. |
25919 | LUK 21:24 | Баъзеҳо аз дами шамшер ҳалок мегарданду дигаронро ба мамлакатҳои гуногун асир карда мебаранд. Ғайрияҳудиён бошанд, то вақти ба охир расидани давраи онҳо Ерусалимро поймол мекунанд. |
26011 | LUK 23:7 | Ва чун фаҳмид, ки Исо аз вилояти дар зердасти Ҳиродус будааст, Ӯро ба назди Ҳиродус фиристод. Худи Ҳиродус ҳамон вақт дар Ерусалим буд. |
26032 | LUK 23:28 | Исо ба онҳо рӯ оварда гуфт: «Эй занҳои Ерусалим, ба ҳоли Ман гиря накунед! Ба ҳоли худ ва фарзандонатон гиря кунед. |
26073 | LUK 24:13 | Худи ҳамон рӯз ду нафар аз пайравони Исо ба Аммоус ном деҳае равона буданд, ки тақрибан 12 километр аз Ерусалим дур буд. |
26078 | LUK 24:18 | ва якеашон, ки Клеюпос ном дошт, ба саволи Исо бо савол ҷавоб дод: «Магар Шумо ягона мусофире дар Ерусалим ҳастед, ки аз воқеаи ҳамин рӯзҳо дар ин ҷо рӯйдода хабар надоред?» |
26093 | LUK 24:33 | Онҳо зуд аз ҷой бархеста, ба Ерусалим баргаштанду он ёздаҳ вакил ва пайравони дигари Исоро ҷамъ шуда ёфтанд, |
26107 | LUK 24:47 | Ба номи Ӯ аз Ерусалим сар карда ба ҳамаи халқҳо тавба ва бахшоиши гуноҳҳо эълон карда мешавад |
26109 | LUK 24:49 | Ман ба шумо чизи Падарам ваъдакардаро мефиристам. Инак, шумо то вақти аз осмон қувват гирифтанатон дар Ерусалим бимонед». |
26112 | LUK 24:52 | ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бепоён ба Ерусалим баргаштанд. |
26132 | JHN 1:19 | Вақте роҳбарони яҳудӣ аз Ерусалим ба назди Яҳё чанд нафар рӯҳониён ва левизодагонро фиристоданд, то аз ӯ кӣ буданашро бипурсанд, Яҳё аз ҷавоб рӯ нагардонду ошкоро эълон карда, чунин шаҳодат дод: «Ман Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо нестам». |
26177 | JHN 2:13 | Рӯзи иди Балогардони яҳудиён наздик омад ва Исо ба Ерусалим рафт. |
26187 | JHN 2:23 | Дар он рӯзҳои иди Балогардон, ки Исо дар Ерусалим буд, мардуми бисёре мӯъҷизаҳои Ӯро дида ба Ӯ имон оварданд. |
26245 | JHN 4:20 | Аҷдодони мо дар сари ин кӯҳ ибодат мекарданд, аммо шумо, яҳудиён мегӯед, ки одамон бояд дар Ерусалим ибодат кунанд». |
26246 | JHN 4:21 | Исо ба ӯ дар ҷавоб гуфт: «Эй зан, ба Ман бовар кун, ки вақту соате фаро мерасад, ки ба Падари осмонӣ на дар сари ин кӯҳ ва на дар Ерусалим саҷда хоҳед кард. |
26270 | JHN 4:45 | Аммо, вақте ки Ӯ ба Ҷалил омад, мардуми он ҷо Ӯро қабул карданд, чунки онҳо ҳангоми ҷашни ид дар Ерусалим буданд ва ҳамаи корҳоеро, ки Исо дар он ҷо карда буд, дида буданд. |
26280 | JHN 5:1 | Баъд аз он айёми иди яҳудиён буду Исо ба Ерусалим рафт. |
26281 | JHN 5:2 | Дар Ерусалим дар наздикии Дарвозаи Гӯсфандон ҳавзе буд, ки ба забони ибронӣ Байт-Ҳасдо номида мешуд. Он панҷ айвон дошту |
26422 | JHN 7:25 | Баъзе аз сокинони Ерусалим гуфтанд: «Магар Ӯ ҳамон одам нест, ки Ӯро куштан мехоҳанд? |
26572 | JHN 10:22 | Зимистон фаро расид. Дар Ерусалим иди хотираи Бахшидашавии Хонаи Худо буд. Исо дар ҳавлии Хонаи Худо, дар айвони Сулаймон мегашт. |
26610 | JHN 11:18 | Деҳаи Байт-Ҳинӣ аз Ерусалим дур набуд, тақрибан дар масофаи се километр роҳ буд, |
26647 | JHN 11:55 | Иди Балогардони яҳудиён наздик мешуд ва аз гӯшаву канори мамлакат мардуми зиёд ба Ерусалим равона шуданд, то пеш аз сар шудани ид расму таомули покшавиро ба ҷо оваранд. |
26661 | JHN 12:12 | Рӯзи дигар мардуми сершуморе, ки ба ид омада буданд, шуниданд, ки Исо ба Ерусалим омада истодааст. |
26664 | JHN 12:15 | «Натарс, эй шаҳри Ерусалим! Ана, Шоҳи ту савораи харкурра омада истодааст». |