7130 | RUT 1:1 | Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад. |
7134 | RUT 1:5 | Маҳлон ва Килъон низ аз олам гузаштанд. Инак, Ноомӣ бешавҳару беписар монд. |
7142 | RUT 1:13 | оё шумо то ба воя расидани онҳо сабр мекунед? Ин хел шумо шавҳар карда наметавонед. Не, духтаронам, шумо медонед, ки ин номумкин аст. Ранҷу азобе, ки дорам, бароятон беҳад вазнин аст, чунки Худованд бар зидди ман аст». |
7145 | RUT 1:16 | Аммо Рут илтиҷо кард: «Маро маҷбур накунед, ки аз пешатон равам. Иҷозат диҳед, ҳамроҳатон истам. Ҳар ҷойе ки равед, ман ҳам меравам. Ҳар ҷойе ки зиндагӣ кунед, ман ҳам он ҷо зиндагӣ мекунам. Халқи шумо халқи ман ва Худои шумо Худои ман мешавад. |
7151 | RUT 1:22 | Инак, Ноомӣ ҳамроҳи келинаш Рут аз сарзамини Мӯоб баргашт. Ҳангоме ки онҳо ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд, мавсими дарави ҷав нав сар шуда буд. |
7153 | RUT 2:2 | Рӯзе Рут ба Ноомӣ гуфт: «Иҷозат диҳед, ба киштзорҳои гирду атроф равам, шояд ягон кас ба ман раҳм карда гузорад, ки хӯшаҳои аз паси даравгарон ба замин афтодаро чинам». Ноомӣ ҷавоб дод: «Бирав, духтарам». |
7157 | RUT 2:6 | Саркор ҷавоб дод: «Ин зани ҷавон ҳамон мӯобӣ аст, ки ҳамроҳи Ноомӣ аз кишвари Мӯоб омадааст. |
7163 | RUT 2:12 | Худованд барои корҳои кардаат ба ту файзу баракат диҳад. Бигзор Худованд, Худои Исроил, ки назди Ӯ омадаӣ, туро дар паноҳаш нигоҳ дорад ва ба ту мукофот ато намояд». |
7184 | RUT 3:10 | Бӯаз гуфт: «Духтарам, Худованд туро баракат диҳад. Ин кори неке, ки ҳоло кардӣ, аз коре, ки пештар карда будӣ, бузургтар аст. Ту метавонистӣ аз қафои ҷавонмардони бой ё камбағал равӣ, вале ин корро накардӣ. |
7199 | RUT 4:7 | Давраҳои пеш дар Исроил чунин расм буд, ки ҳангоми харидуфурӯш ё додугирифт барои тасдиқи ҳамон амал як кас пойафзоли худро кашида, ба каси дигар медод. Дар Исроил ин тарзи қонунӣ гардонидани ҳамон кор ҳисоб мешуд. |
7202 | RUT 4:10 | Инчунин Рути мӯобиро, ки зани Маҳлон буд, ба занӣ мегирам, то ки замини он шахс барои аҳли оилаи ӯ боқӣ бимонад ва номаш дар хонадону зодгоҳаш аз байн наравад. Шумо имрӯз шоҳид ҳастед». |
7203 | RUT 4:11 | Он гоҳ роҳбарон ва мардуме, ки дар назди дарвоза ҷамъ омада буданд, тасдиқ карданд: «Бале, мо шоҳид ҳастем. Худованд ҳамсаратро монанди занони Яъқуб — Роҳел ва Леё гардонад. Ин занон барои ӯ фарзандони зиёдро ба дунё оварданд. Дар байни Эфротиён сарват ба даст орӣ ва номат дар деҳаи Байт-Лаҳм машҳур гардад. |
7206 | RUT 4:14 | Занони шаҳр ба Ноомӣ мегуфтанд: «Худоро шукр, ки Ӯ туро бе меросхӯре, ки нигаҳбонат мешавад, нагузошт! Бигзор номи ин кӯдак дар Исроил машҳур гардад! |
12719 | EST 1:13 | Шоҳ Аҳашверӯш аз ин рафтори малика огоҳ шуда, ба хашм омаду хеле оташин гардид. Аз рӯйи одаташ ӯ ба ситорашиносонаш — Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон муроҷиат карда, маслиҳат пурсид. Ин мансабдорони сарзамини Форсу Модай қонуну қоида ва анъанаҳоро медонистанд. Азбаски онҳо вазифаҳои баландтаринро соҳиб буданд, иҷозати назди подшоҳ даромадан доштанд. Подшоҳ аз онҳо пурсид: |
12725 | EST 1:19 | Бинобар ин, агар ба подшоҳ писанд ояд, фармон бароварда шавад, ки Ваштӣ дигар ҳеҷ гоҳ ба назди подшоҳ надарояд. Бигузор подшоҳ вазифаи ӯро ба зани дигаре, ки аз вай беҳтар аст, диҳад. Ин фармон дар қонуни ивазнашавандаи Форсу Модай ҷо шавад. |
12730 | EST 2:2 | Инро дида, хизматгорони шахсияш ба ӯ гуфтанд: «Бигзор барои шоҳ духтарони ҷавону зеборо ҷустуҷӯ намоянд. |
12733 | EST 2:5 | Инак, дар қалъаи Шушан марди яҳудие бо номи Мордахай, ки писари Ёир буд, мезист. Ёир писари Шимъӣ буд ва Шимъӣ писари Киш, аз хонаводаи Бинёмин. |
12737 | EST 2:9 | Ситораи духтар ба Ҳейга маъқул шуду Ҳейга дарҳол ба Эстер маводи ороишию хӯроки ба ӯ хосро дод. Инчунин ҳафт канизони дарбориро ба Эстер супориду ӯро бо канизонаш ба ҷойи беҳтарини хонаи занон гузаронд. |
12743 | EST 2:15 | Акнун навбати ба назди шоҳ даромадан ба Эстер ҳам расид: ҳамон Эстери духтари Абиҳоили амаки Мордахай, ки Мордахай ӯро ҳамчун духтараш калон карда буд. Вай бо худ танҳо чизҳои пешниҳодкардаи Ҳейгаро гирифт. Инак, ҳама ба Эстер бо чашми нек менигаристанд. |
12761 | EST 3:10 | Инак, шоҳ ангуштаринро, ки мӯҳри расмиаш буд, аз дасташ кашида ба Ҳаман — писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, душмани яҳудиён дода, гуфт: |
12764 | EST 3:13 | Хабаррасонон номаҳои тайёршударо ба ҳамаи вилоятҳои шоҳ бурданд. Дар номаҳо навишта шуда буд, ки ҳамаи яҳудиён, пиру ҷавон ва занону кӯдаконро дар муддати як рӯз — ҳафтуми марти соли оянда кушта, несту нобуд гардонанд. Илова бар ин, ҳамаи дороияшонро бо зӯрӣ кашида гиранд. |
12774 | EST 4:8 | Баъд нусхаи фармони шоҳро дар бораи нобуд кардани яҳудиён, ки дар Шушан баромада буд, ба Ҳатох дод, то ба Эстер нишон диҳаду фаҳмонад. Инчунин Эстерро вазифадор кунад, ки ба назди шоҳ даромада, барои халқаш зорию тавалло намояд. |
12794 | EST 5:11 | ба онҳо аз бойигарии бузурги худ ва писарони бисёраш худнамоӣ мекард. Инчунин аз он ки чӣ қадар шоҳ ӯро бузург гардонду аз мансабдорон ва дарбориёни дигар баланд гузошт, худситоӣ менамуд. |
12805 | EST 6:8 | ҷомаи шоҳонаи подшоҳ, ки худи шоҳ пӯшидааст, оварда шавад. Инчунин асперо бо тоҷи шоҳона бар сар, ки худи шоҳ дар он савор шудааст, биёранд. |
12806 | EST 6:9 | Сипас, ҳамаи ин чизҳо ба яке аз мансабдорони олимартабаи шоҳ дода шавад. Бигзор ӯ касеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, ҷомаи шоҳона пӯшонад. Инчунин ӯро болои асп дар маркази шаҳр бигардонаду пешопеш роҳ рафта, эълон намояд: „Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!“». |
12808 | EST 6:11 | Ҳамин тавр, Ҳаман ҷомаву аспро гирифт. Ҷомаро ба Мордахай пӯшониду вайро дар асп савор карда, дар маркази шаҳр гардонид. Инчунин пешопеши ӯ эълон намуда, фарёд кард: «Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!» |
12817 | EST 7:6 | Эстер хитоб кард: «Душмани ашаддӣ ҳамин Ҳамани бадкор аст!» Инро шунида, Ҳаман назди подшоҳ ва малика ба даҳшат афтод. |
12820 | EST 7:9 | Пас Ҳарбӯно — яке аз хизматгорони шахсии шоҳ, ки он ҷо буд, гуфт: «Инак, дори бисту семетра дар ҳавлии Ҳаман тайёр аст. Вай онро барои Мордахай, ки барои шоҳ кори нек карда буд, сохтааст». Подшоҳ амр дод: «Худашро ба ҳамон дор овезед!» |
12832 | EST 8:11 | Фармони шоҳ ба яҳудиён ҳуқуқ дод, ки дар ҳар шаҳр барои муҳофизати худ ҷамъ шаванд. Ҳар қувваи мусаллаҳ аз ҳар халқ ё вилоят, ки ба онҳо ҳуҷум кунад, бо занону кӯдаконашон кушта, несту нобуд карда шавад. Илова бар ин ҳамаи дороияшонро бо зӯрӣ кашида гиранд. |
12848 | EST 9:10 | Инҳо даҳ писарони Ҳаман ибни Ҳамдотой, душмани яҳудиён буданд. Вале ба чизу чора ва молу мулкашон даст нарасониданд. |
12851 | EST 9:13 | «Агар ба шоҳ писанд афтад, — ҷавоб дод Эстер, — бигзор ба яҳудиён дар Шушан иҷозат дода шавад, ки пагоҳ низ аз рӯйи қонуни имрӯза амал намоянд. Илова бар ин, мурдаҳои даҳ писари Ҳаман ба дор овехта шаванд». |
12860 | EST 9:22 | бо базму шодмонӣ, фиристодани хӯрок ба якдигар ва додани тӯҳфаҳо ба камбағалон ҷашн гирифта шавад. Ин барои ёдбуди замонест, ки яҳудиён аз душманонашон халос шуда, ғамашон ба шодӣ ва мотамашон ба хурсандӣ табдил ёфта буд. |
12866 | EST 9:28 | Ин рӯзҳо бояд аз насл ба насл дар ҳар оила, вилоят ва шаҳр ба хотир оварда, нигоҳ дошта шавад. Ҷашн гирифтани рӯзҳои иди Пурим ҳеҷ гоҳ аз тарафи яҳудиён манъ карда нашавад ва ёди он аз байни наслҳои онҳо наравад. |
12869 | EST 9:31 | Ин мактубҳо рӯзҳои Пуримро тасдиқ карданд, то ки дар рӯзи муайяншуда ҷашн гирифта шаванд, чунон ки Мордахай ва малика Эстер барояшон таъин карда буданд. Одамон қарор доданд, ки ин идро ҳамчун идҳои дигари рӯзаю нолаашон, ки барои худ ва наслҳояшон таъин карда буданд, ҷашн гиранд. |
12873 | EST 10:3 | Хуллас, Мордахайи яҳудӣ баъд аз подшоҳ Аҳашверӯш шахси дуввум буд. Вай дар байни яҳудиён одами бузург ҳисоб меёфту байни хешу табораш эҳтироми баланд дошт. Ин аз он сабаб буд, ки ӯ барои манфиати халқаш кор мекард ва барои беҳбудии ҳамаи яҳудиён баромад менамуд. |
23214 | MAT 1:1 | Аҷдодони Исои Масеҳ, ки аз насли шоҳ Довуд ва аз насли Иброҳим мебошад, инҳоянд: |
23215 | MAT 1:2 | Аз замони Иброҳим то шоҳ Довуд инҳо гузаштаанд: Иброҳим, писараш Исҳоқ, писари Исҳоқ Ёқуб, писарони Ёқуб Яҳудо ва бародаронаш, писарони Яҳудо Форасу Зораҳ (модари онҳо Томор буд), писари Форас Ҳесрӯн, писари Ҳесрӯн Ром, писари Ром Аминодоб, писари Аминодоб Наҳшӯн, писари Наҳшӯн Салмӯн, писари Салмӯн Бӯаз (модари ӯ Роҳоб буд), писари Бӯаз Убид (модари ӯ Рут буд), писари Убид Йисой ва писари Йисой шоҳ Довуд. |
23219 | MAT 1:6 | Аз шоҳ Довуд то замони ба шаҳри Бобил асир шуда рафтани халқи Исроил инҳо гузаштаанд: Довуд, писараш Сулаймон (модари Сулаймон пештара зани Уриё буд), писари Сулаймон Раҳабъом, писари Раҳабъом Абиё, писари Абиё Осо, писари Осо Еҳӯшофот, писари Еҳӯшофот Еҳӯром, писари Еҳӯром Узиё, писари Узиё Ютом, писари Ютом Оҳоз, писари Оҳоз Ҳизқиё, писари Ҳизқиё Менашше, писари Менашше Омӯн, писари Омӯн Юшиё ва писарони Юшиё Еконеву бародаронаш. Дар ин вақт исроилиён асир гашта ба шаҳри Бобил бурда шуданд. |
23225 | MAT 1:12 | Аз замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Еконё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содӯқ, писари Содӯқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Ёқуб ва писари Ёқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо номида шуд. |
23230 | MAT 1:17 | Инак, аз Иброҳим сар карда то Довуд ҳамагӣ чордаҳ насл ва аз Довуд то замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён чордаҳ насл ва аз замони асирӣ то таваллуди Масеҳ чордаҳ насл гузаштааст. |
23231 | MAT 1:18 | Таваллуди Исои Масеҳ ин тавр рӯй додааст: Марям, модари Исо, номзади Юсуф буд, аммо пеш аз он ки онҳо зану шавҳар шаванд, дар шиками ӯ бо қудрати Рӯҳи Муқаддас кӯдак пайдо шуд. |
23234 | MAT 1:21 | Ӯ Писаре таваллуд хоҳад кард ва ту ба Ӯ бояд Исо ном гузорӣ, чунки Ӯ халқи худро аз дасти гуноҳҳояшон наҷот хоҳад дод». |
23236 | MAT 1:23 | «Духтаре ҳомиладор мешавад ва Писаре таваллуд мекунад, ки ба Ӯ Имонуил (Маънои ин ном „Худо бо мо“ аст) ном медиҳанд». |
23238 | MAT 1:25 | Аммо то вақти таваллуд шудани Писар бо Марям ҳамхоб нашуд. Ҳангоме ки Писар таваллуд шуд, Юсуф Ӯро Исо номид. |
23239 | MAT 2:1 | Исо дар замони ҳукмронии подшоҳ Ҳиродус, дар деҳаи Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия ба дунё омад. Баъд аз таваллуди Ӯ якчанд ситорашиносон аз сарзамини Шарқ ба шаҳри Ерусалим омада, |
23244 | MAT 2:6 | „Эй Байт-Лаҳм, ки дар вилояти Яҳудия ҳастӣ, ту аз дигар шаҳрҳои бузурги Яҳудия ҳеҷ камӣ надорӣ, зеро аз байни зодаҳои ту сарваре мебарояд, ки барои халқи Исроили Ман монанди чӯпон мешавад“». |
23255 | MAT 2:17 | Ҳамин тавр он чи Ирмиё пайғамбар пешгӯӣ карда буд, ба амал омад: |
23258 | MAT 2:20 | ва гуфт: «Эй Юсуф! Бархез, кӯдак ва модари Вайро гирифта, ба сарзамини Исроил баргард, зеро касоне, ки Ӯро куштанӣ буданд, мурданд». |
23259 | MAT 2:21 | Инак, Юсуф бархеста, кӯдак ва модари Вайро гирифт ва ба Исроил баргашт. |
23264 | MAT 3:3 | Яҳё ҳамонест, ки Ишаъё пайғамбар дар борааш гуфта буд: «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!» |
23268 | MAT 3:7 | Инчунин бисёр одамони гурӯҳҳои динии фарисиёну саддуқиён барои таъмид ёфтан назди Яҳё омаданд. Яҳё омада истодани онҳоро дида, ба онҳо гуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед? |
23269 | MAT 3:8 | Ҳатто фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон, ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед. |
23274 | MAT 3:13 | Дар ин вақт Исо аз вилояти Ҷалил назди дарёи Урдун омад, то ки аз Яҳё таъмид бигирад. |
23275 | MAT 3:14 | Лекин Яҳё Ӯро аз ин кор боздоштанӣ шуда гуфт: «Исо, ин ман бояд аз Ту таъмид бигирам, Ту бошӣ, назди ман омадӣ!» |
23276 | MAT 3:15 | Исо ба вай ҷавоб дод: «Бигузор ҳоло ин корро кунем, чунки аз рӯи хости Худо ин кори дуруст аст». Он гоҳ Яҳё розӣ шуд. |
23277 | MAT 3:16 | Ҳамин ки Исо таъмид ёфта, аз об баромад, дарҳол осмон кушода шуд ва Ӯ Рӯҳи Худоро дид, ки мисли кабӯтар ба поён фаромада дар болои Ӯ қарор гирифт. |
23278 | MAT 3:17 | Сипас аз осмон нидое омад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хеле хушнудам». |
23279 | MAT 4:1 | Баъд аз ин воқеа Рӯҳи Муқаддас Исоро ба биёбон бурд, то ки иблис Ӯро биозмояд. |
23280 | MAT 4:2 | Давоми чил шабу чил рӯз Исо рӯза дошт ва гурусна монд. |
23282 | MAT 4:4 | Лекин Исо ҷавоб гардонда гуфт: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст, балки бо ҳар сухане, ки Худо мегӯяд». |
23283 | MAT 4:5 | Сипас, иблис Исоро ба шаҳри муқаддас Ерусалим бурда, ба нуқтаи баландтарини Хонаи Худо гузошт |
23285 | MAT 4:7 | «Не! — ҷавоб дод Исо, — чунки дар навиштаҷот боз гуфта шудааст, ки мо набояд Худованд Худои худро бисанҷем». |
23286 | MAT 4:8 | Баъд аз ин иблис Исоро ба болои кӯҳи хеле баланд бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро бо тамоми шукӯҳашон ба Ӯ нишон дода |
23288 | MAT 4:10 | Исо ба ӯ гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки мо бояд Худованд Худои худро бипарастем ва фақат ба Ӯ хизмат кунем». |
23289 | MAT 4:11 | Он гоҳ иблис Исоро монда рафту фариштагон омада, ба Исо хизмат карданд. |
23290 | MAT 4:12 | Дертар Яҳёро дастгир мекунанду ин хабар ба гӯши Исо мерасад ва Ӯ ба шаҳри Носираи вилояти Ҷалил меравад. |
23291 | MAT 4:13 | Баъд барои истиқомат кардан, Исо аз Носира ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар назди кӯли Ҷалил ва дар ноҳияҳои Забулуну Нафтолӣ ҷойгир шудааст, меравад. |
23292 | MAT 4:14 | Ҳамин тавр суханони Ишаъё пайғамбар ба амал омаданд, ки гуфта буд: |
23295 | MAT 4:17 | Аз ҳамин вақт Исо ба эълон кардани чунин пайғоми худ оғоз намуд: «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон даст кашед, чунки подшоҳии Худо наздик аст!» |
23296 | MAT 4:18 | Ҳангоме ки Исо дар соҳили кӯли Ҷалил роҳ мерафт, ба кӯл тӯр андохта истодани ду бародар: Шимъӯн, ки ӯро боз Петрус меномиданд ва бародараш Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд. |
23297 | MAT 4:19 | Исо ба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то ба ҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». |
23299 | MAT 4:21 | Исо роҳи худро давом медод, ки ду бародари дигар, Ёқуб ва Юҳанноро дид. Онҳо бо падарашон Забдой дар қаиқ буданд ва тӯрҳои худро таъмир мекарданд. Исо онҳоро низ даъват кард |
23301 | MAT 4:23 | Исо ба тамоми вилояти Ҷалил рафта, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ба ҳар дарду бемории одамон шифо мебахшид. |
23302 | MAT 4:24 | Аз ин сабаб овозаи Ӯ дар тамоми сарзамини Сурия низ паҳн мешуд ва мардум ба наздаш ҳамаи дардмандонро, ки ҳар гуна беморӣ доштанд, меоварданд. Дар байни онҳо девонагон, беморони эпилепсия ва шалҳо низ буданд ва Исо онҳоро шифо бахшид. |
23303 | MAT 4:25 | Бинобар ин мардуми бениҳоят бисёре аз Ҷалилу Даҳ Шаҳр, аз Ерусалиму Яҳудия ва аз сарзамини он тарафи дарёи Урдун омада, аз пайи Исо мерафтанд. |
23304 | MAT 5:1 | Исо ин тӯдаи одамонро дида, ба болои теппае баромад ва дар ҳамон ҷо нишаст. Ҳангоме ки шогирдонаш дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд, |
23318 | MAT 5:15 | Инчунин ҳеҷ кас чароғро даргиронда, ба таги тағора намегузорад, баръакс, онро ба чароғпоя мемонад, то ба ҳар касе, ки дар хона аст, равшанӣ диҳад. |
23322 | MAT 5:19 | Инак, ҳар касе, ки хурдтарин фармоиши Худоро вайрон кунаду ба дигарон низ ҳаминро таълим диҳад, дар подшоҳии Худо хурдтарин шумурда хоҳад шуд. Ва баръакс, ҳар касе, ки ин фармоишро иҷро кунад ва ба дигарон айнан ҳамин чизро ёд диҳад, дар подшоҳии Худо бузург шумурда хоҳад шуд. |
23333 | MAT 5:30 | Инчунин агар дасти ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида партоед! Бароятон беҳтар аст, ки аз ягон узви баданатон маҳрум шавед, назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах биафтад. |
23335 | MAT 5:32 | Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, агар мард аз зани худ бо ягон сабаб, ба ғайр аз хиёнати вай, ҷудо шаваду занаш ба дигар кас ба шавҳар барояд, ин мард дар алоқаи беникоҳи занаш айбдор мешавад. Инчунин марде, ки бо зани ҷудошуда хонадор мешавад, гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад. |
23352 | MAT 6:1 | Исо суханонашро давом дода гуфт: «Зинҳор корҳои худофармударо намоишкорона дар пеши назари халқ накунед. Вагарна аз Падари осмониатон мукофот намегиред. |
23365 | MAT 6:14 | Инак, агар шумо одамонеро, ки дар ҳаққи шумо рафтори нодуруст мекунанд, бубахшед, Падари осмониатон ҳам корҳои нодурусти шуморо хоҳад бахшид. |
23386 | MAT 7:1 | Исо давом дода гуфт: «Дигаронро айбдор ҳисоб накунед, то ки шумо айбдор ҳисоб нашавед. |
23389 | MAT 7:4 | Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон гуфта метавонед, ки „Иҷозат деҳ хасро аз чашмат берун кунам“, ҳол он ки дар чашми худатон чӯб доред? |
23409 | MAT 7:24 | Инак, ҳар касе, ки ҳамаи ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро мекунад, монанди бинокори дурандешест, ки хонаашро дар болои санг сохта буд. |
23413 | MAT 7:28 | Исо суханони худро ба охир расонда буд, ки тамоми халқ қоил монданд, |
23415 | MAT 8:1 | Вақте ки Исо аз болои теппа поён фаромад, одамон тӯда-тӯда ҳамроҳи Ӯ рафтанд. |
23416 | MAT 8:2 | Дар ин мобайн як марди махаве назди Исо омаду ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Хоҷа, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». |
23417 | MAT 8:3 | Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз касалии махав пок гашт. |
23418 | MAT 8:4 | Исо ба ӯ боз гуфт: «Дар ин бора зинҳор ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ. Баъд, чӣ тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад». |
23419 | MAT 8:5 | Сипас Исо ба деҳаи Кафарнаҳум ворид шуд, ки ба наздаш як сардори лашкаре омад ва ба зорию илтиҷо даромада |
23421 | MAT 8:7 | «Ман рафта ӯро сиҳат мекунам», — гуфт Исо. |
23424 | MAT 8:10 | Аз шунидани ин суханон Исо ҳайрон шуд ва ба мардуми аз пасаш омадаистода гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони сахт дошта бошад. |
23425 | MAT 8:11 | Ба шумо мегӯям, бисёр касон аз ҳар гӯшаву канори дунё омада, дар подшоҳии Худо бо Иброҳиму Исҳоқу Ёқуб дар сари як дастархон хоҳанд нишаст. |