Wildebeest analysis examples for:   tgk-tgk   К    February 11, 2023 at 19:43    Script wb_pprint_html.py   by Ulf Hermjakob

7130  RUT 1:1  Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад.
7134  RUT 1:5  Маҳлон ва Килъон низ аз олам гузаштанд. Инак, Ноомӣ бешавҳару беписар монд.
7201  RUT 4:9  Он гоҳ Бӯаз ба роҳбарон ва ба ҳозирин рӯй овард: «Шумо акнун шоҳид ҳастед, ки ман заминҳоеро, ки аз они Элимелех, Килъон ва Маҳлон аст, аз Ноомӣ мехарам.
12712  EST 1:6  Дар ин боғ пардаҳо аз матоъҳои пахтагини сафеду осмонранг бо бандҳои қиматбаҳои сафеду бунафшранг аз ҳалқаҳои нуқрагин гузаронида шуда, ба сутунҳои мармарин овезон буданд. Катҳои тиллоию нуқрагинро болои фарши мармарӣ, садафӣ ва аз дигар сангҳои қиматбаҳои сурху сиёҳ тайёршуда, қатор гузошта буданд.
12716  EST 1:10  Дар рӯзи ҳафтуми зиёфат подшоҳ аз нӯшидани шароб андак маст шуда, ба ҳафт хизматгорони шахсияш — Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас, фармон дод,
12719  EST 1:13  Шоҳ Аҳашверӯш аз ин рафтори малика огоҳ шуда, ба хашм омаду хеле оташин гардид. Аз рӯйи одаташ ӯ ба ситорашиносонаш — Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон муроҷиат карда, маслиҳат пурсид. Ин мансабдорони сарзамини Форсу Модай қонуну қоида ва анъанаҳоро медонистанд. Азбаски онҳо вазифаҳои баландтаринро соҳиб буданд, иҷозати назди подшоҳ даромадан доштанд. Подшоҳ аз онҳо пурсид:
12733  EST 2:5  Инак, дар қалъаи Шушан марди яҳудие бо номи Мордахай, ки писари Ёир буд, мезист. Ёир писари Шимъӣ буд ва Шимъӣ писари Киш, аз хонаводаи Бинёмин.
12734  EST 2:6  Аслан Киш дар шаҳри Уршалим зиндагӣ мекард. Аммо Набукаднесар — шоҳи сарзамини Бобил чандин сол пеш Уршалимро хароб карда, шоҳи Яҳудия Еконёро ба асирӣ гирифта буд. Дар он вақт Киш бобокалони Мордахай низ, ҳамроҳи дигар асирон оварда шуд.
12780  EST 4:14  Агар ту дар ин вақт хомӯш бимонӣ, наҷот ва халосӣ барои яҳудиён аз тарафи дигар меояд. Лекин ту ва хонадони падарат нобуд мешавед. Кӣ медонад, шояд барои ҳамин вақт ту малика интихоб шуда бошӣ».
12816  EST 7:5  Подшоҳ аз малика пурсид: «Кист он одам?! Куҷост он нафаре, ки ба чунин коре ҷуръат намудааст?!»
12872  EST 10:2  Ҳамаи дастовардҳои калони подшоҳ ва бузургдошти Мордахай, ки шоҳ ӯро ба ин дараҷа расонд, дар Китоби Таърихи Подшоҳони Модай ва Форс навишта шудаанд.
23240  MAT 2:2  пурсиданд: «Куҷост он кӯдаки навзоде, ки Шоҳи Яҳудиён мешавад? Мо дидем, чӣ хел ситораи Ӯ аз тарафи шарқ баромад ва омадем, то ки ба Ӯ саҷда кунем».
23256  MAT 2:18  «Садое дар шаҳри Ромо ба гӯш мерасад, Ки садои гиряву фиғон аст. Роҳел барои фарзандонаш мегиряд ва тасаллӣ ёфта наметавонад, азбаски онҳо мурдаанд».
23264  MAT 3:3  Яҳё ҳамонест, ки Ишаъё пайғамбар дар борааш гуфта буд: «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!»
23268  MAT 3:7  Инчунин бисёр одамони гурӯҳҳои динии фарисиёну саддуқиён барои таъмид ёфтан назди Яҳё омаданд. Яҳё омада истодани онҳоро дида, ба онҳо гуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед?
23291  MAT 4:13  Баъд барои истиқомат кардан, Исо аз Носира ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар назди кӯли Ҷалил ва дар ноҳияҳои Забулуну Нафтолӣ ҷойгир шудааст, меравад.
23378  MAT 6:27  Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан як лаҳзаи умратонро дарозтар карда метавонед?
23419  MAT 8:5  Сипас Исо ба деҳаи Кафарнаҳум ворид шуд, ки ба наздаш як сардори лашкаре омад ва ба зорию илтиҷо даромада
23453  MAT 9:5  Кадомаш осонтар аст: гуфтани он, ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он, ки „бархез ва роҳ гард“?
23523  MAT 10:37  Касе ки падар ё модари худро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи шогирди Ман шудан нест. Инчунин, касе ки писар ё духтари худро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи шогирди Ман шудан нест.
23524  MAT 10:38  Касе ки Маро пайравӣ карданӣ шуда бо худ салиби азобу маргашро нагирад, лоиқи шогирди Ман шудан нест.
23525  MAT 10:39  Касе ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале касе ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад.
23526  MAT 10:40  Касе ки шуморо қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва касе ки Маро қабул мекунад, дар асл шахсеро, ки Маро фиристодааст, қабул мекунад.
23527  MAT 10:41  Касе ки пайғамбарро ба хотири пайғамбар буданаш қабул мекунад, мукофоти пайғамбаронаро хоҳад гирифт. Касе ки одами накӯкорро ба хотири накӯкор буданаш қабул мекунад, мукофоти накӯкоронро хоҳад гирифт.
23549  MAT 11:21  «Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои худобехабари Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида мӯйканон нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд.
23551  MAT 11:23  Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум! Гумон мекунед, ки саратон то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. Зеро, агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳри Садӯм рӯй медоданд, ин шаҳр то ҳол аз рӯи замин нест намешуд.
23588  MAT 12:30  Касе ки тарафдори Ман нест, дар асл муқобили Ман аст ва касе ки дар ҷамъ овардани одамон ба Ман ёрӣ намедиҳад, дар асл онҳоро пароканда мекунад.
23605  MAT 12:47  Касе аз байни халқ ба Исо гуфт: «Устод, модар ва бародаронатон дар берун истодаанд ва мехоҳанд, ки бо Шумо гапзанон кунанд».
23786  MAT 17:17  Исо ҷавоб дод: «Эй насли беимонону гумроҳон! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Канӣ, рафта бачаро ба наздам биёред!»
23793  MAT 17:24  Вақте ки Исо бо шогирдонаш ба Кафарнаҳум омад, касоне ки барои Хонаи Худо андоз ҷамъ мекарданд, назди Петрус омада пурсиданд: «Магар устоди ту андоз намесупорад?»
23849  MAT 19:18  «Кадом фармоишҳоро?» — пурсид мард. Исо ба номбар кардани фармоишҳо даромада гуфт: «Одамкушӣ накун, алоқаи беникоҳ накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ,
23918  MAT 21:23  Исо ба Хонаи Худо баргашта, машғули таълимдиҳӣ шуд, ки сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм ба наздаш омада пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунӣ? Кӣ ба Ту ин ҳаққу ҳуқуқро додааст?»
23960  MAT 22:19  Канӣ, динори андоз месупоридагиро ба Ман оварда нишон диҳед-чӣ!» Онҳо динорро ба Исо нишон доданд
23987  MAT 22:46  Касе ба саволи Исо ҷавобе дода натавонист ва аз он лаҳза дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Ӯ саволе диҳад.
23992  MAT 23:5  Кору борашон фақат дар назди мардум худнамоӣ кардан аст. Ана, ба қуттичаҳои оятдори пешониашон нигоҳ кунед, чӣ хел васеанд! Ё ба пӯпакҳои домани либосашон нигоҳ кунед, чӣ хел дарозанд!
23998  MAT 23:11  Каси бузургтарин дар байни шумо бояд хизматгоратон бошад.
24071  MAT 24:45  Хизматгори бовафо ва дурандеш кист? Касест, ки соҳибаш ӯро дар хоҷагии худ назоратчӣ таъин мекунад ва ба хизматгорон дар вақташ тақсим карда додани хӯрокро ба ӯҳдааш мегузорад.
24087  MAT 25:10  Кӯтоҳандешон барои харидани равған сӯи дӯкон равона мешаванд. Онҳо рафтан замон домод ҳам расида меояд. Панҷ духтаре, ки ба пешвозаш тайёр буданд, ҳамроҳи домод ба тӯйхона медароянд ва дарҳои тӯйхона баста мешаванд.
24116  MAT 25:39  Кай Туро бемор ё дар ҳабс дида будем, ки хабар гирифта бошем?“
24134  MAT 26:11  Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд, вале Ман бо шумо ҳамеша намемонам.
24146  MAT 26:23  Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Касе, ки луқмаашро ҳамроҳи Ман ба як коса тар мекунад, ба Ман хиёнат мекунад.
24191  MAT 26:68  мегуфтанд: «Ҳой Масеҳ, Ту пайғамбарӣ-ку! Канӣ, гӯй-чи Туро кӣ зад?!»
24215  MAT 27:17  Инак, ҳангоме ки мардум ҷамъ омаданд, Пилотус аз онҳо пурсид: «Киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам: Бараббосро ё Исоеро, ки Таъиншудаи Худо меноманд?»
24238  MAT 27:40  мегуфтанд: «Ту мегуфтӣ, ки Хонаи Худоро вайрон карда, дар мобайни се рӯз онро барпо карда метавонӣ? Канӣ, набошад худатро наҷот деҳ-чи! Агар Ту Писари Худо бошӣ, канӣ аз салиб поён фаро-чи!»
24241  MAT 27:43  Ӯ ба Худо умед мебаст ва мегуфт, ки Писари Худо аст. Канӣ ҳоло мебинем, ки Худо Вайро наҷот додан мехоҳад ё не?!»
24287  MRK 1:3  Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: „Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!“».
24303  MRK 1:19  Каме дуртар рафта Исо писарони Забдойро дид, ки Ёқуб ва Юҳанно ном доштанд. Онҳо дар қаиқи худ тӯрҳои моҳигириро таъмир мекарданд.
24305  MRK 1:21  Сипас онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум омада, дар рӯзи истироҳат, ба ибодатхона рафтанд. Дар он ҷо Исо ба таълим додани мардум оғоз намуд.
24330  MRK 2:1  Пас аз чанд рӯз Исо ба шаҳри Кафарнаҳум баргашт ва овозаи дар хона буданаш зуд дар ҳама ҷо паҳн шуд.
24338  MRK 2:9  Кадомаш осонтар аст: ба шал гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё ки „бархез, ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард?“
24350  MRK 2:21  Касе аз матои нав ба либоси кӯҳна ямоқ намекунад. Чун кунад ямоқи нав аз либоси кӯҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам аёнтар мешавад.
24437  MRK 5:4  Борҳо дасту пояшро бо занҷирҳо баста ва завлона карда буданд, вале ӯ завлонаҳоро шикаста, занҷирҳоро пора-пора мекард. Касе барои ром кардани вай қувват надошт.
24463  MRK 5:30  Ҳамон лаҳза Исо низ ҳис кард, ки аз Ӯ қуввае берун рафт ва ба мардуми гирду атрофаш нигоҳ карда пурсид: «Кӣ ба ҷомаам даст расонд?»
24566  MRK 7:34  Баъд ба осмон нигариста оҳе кашиду гуфт: «Ифатаҳ!», ки маънояш «Кушода шав!» мебошад.
24607  MRK 8:38  Касе, ки дар ин рӯзгори пур аз гуноҳу беимонӣ аз Ман ва суханонам шарм кунад, Фарзанди Инсон низ, ҳангоме ки бо шӯҳрату ҷалоли Падараш, ҳамроҳи фариштаҳои муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард».
24640  MRK 9:33  Онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум расида, ба хонае даромаданд ва Исо аз шогирдонаш пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар бораи чӣ баҳс мекардед?»
24722  MRK 11:13  Каме дуртар дарахти сербарги анҷирро дида, ба сӯяш рафт. Ӯ мехост анҷире пайдо кунад, вале ба он наздик омада дид, ки дар шохаҳояш ғайр аз барг чизи дигаре набуд, чунки ҳанӯз вақти анҷир набуд.
24830  MRK 14:7  Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд ва ҳар вақт, ки хоҳед, шумо метавонед ба онҳо ёрӣ кунед, вале Ман бо шумо ҳамеша намемонам.
24892  MRK 14:69  Канизак Петрусро бори дигар дид ва ба ҳозирбудагон гуфт: «Ин мард ҳам яке аз шарикони Исо аст!»
24945  MRK 16:3  Дар роҳ ба якдигар мегуфтанд: «Кӣ санги калонро аз даромади қабр барои мо мебардорад?»
24958  MRK 16:16  Касоне, ки имон биоваранд ва таъмид бигиранд, наҷот меёбанд, вале касоне, ки имон наоваранд, маҳкум мешаванд.
24977  LUK 1:15  зеро ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад шуд. Ӯ бояд ҳеҷ шаробу май нанӯшад. Кӯдак ҳанӯз пеш аз таваллуд шуданаш аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда,
25042  LUK 1:80  Кӯдак бошад, калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт ва то рӯзи ба халқи Исроил зоҳир гардиданаш дар биёбон зиндагӣ мекард.
25044  LUK 2:2  Ин аввалин саршуморӣ буд, ки дар замони ҳукмронии Кириниюс дар Сурия гузаронида мешуд.
25082  LUK 2:40  Кӯдак калон шуда, қувват мегирифт ва пур аз ҳикмат мешуд. Ӯ писандидаи Худо буд.
25098  LUK 3:4  Дар бораи вай дар китоби Ишаъё пайғамбар чунин навишта шудааст: «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: „Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!
25101  LUK 3:7  Мардуми зиёде назди Яҳё меомаданд, то аз дасти ӯ таъмид бигиранд ва ӯ ба онҳо мегуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед?
25105  LUK 3:11  Яҳё ҷавоб дод: «Касе, ки ду ҷома дорад, яктоашро ба касе диҳад, ки ба он мӯҳтоҷ аст ва ҳар кӣ хӯрок дорад, низ чунин бикунад».
25108  LUK 3:14  Сарбозон низ аз ӯ пурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?» Яҳё гуфт: «Касеро бо зӯриву тӯҳмати ноҳақ ғорат накунед ва ба маоши худ қаноат намоед».
25155  LUK 4:23  Ӯ ба онҳо гуфт: «Медонам, ки дар бораи Ман чунин масалро хоҳед гуфт: „Эй табиб! Худатро шифо деҳ ва дар ватани худ низ мӯъҷизаҳоеро бикун, ки шунидаем дар шаҳри Кафарнаҳум кардаӣ“».
25163  LUK 4:31  Исо ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар Ҷалил аст, омада, дар рӯзи истироҳат мардумро таълим медод.
25199  LUK 5:23  Кадомаш осонтар аст: гуфтани он, ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он, ки „бархез ва роҳ гард“?
25233  LUK 6:18  то ки Исоро бишнаванд ва аз бемориҳо шифо ёбанд. Касоне, ки аз рӯҳи нопок азоб мекашиданд, низ шифо ёфтанд.
25252  LUK 6:37  Ҳукм накунед ва ба ҳукм дучор намешавед. Касеро айбдор накунед ва шумо низ айбдор карда намешавед. Ҳамаро бубахшед ва шумо низ бахшида мешавед.
25265  LUK 7:1  Баъд аз он ки Исо тамоми суханҳояшро ба мардум гуфта шуд, вориди шаҳри Кафарнаҳум гашт.
25317  LUK 8:3  Дигаре Юҳона буд, ки шавҳараш Кузо ном дошту дар дарбори Ҳиродус вазифаи назоратчиро иҷро мекард. Ҳамчунин Сусан ва бисёр дигарон, ки бо пулу молашон онҳоро дастгирӣ мекарданд.
25359  LUK 8:45  Исо пурсид: «Кӣ ба Ман даст расонд?» Вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ба Ӯ гуфт: «Устод! Мардуми зиёде Туро иҳота карда, аз ҳар тараф фишор меоранд».
25360  LUK 8:46  Аммо Исо гуфт: «Касе ба Ман даст расонд, зеро Ман ҳис кардам, ки қуввае аз Ман берун рафт».
25432  LUK 9:62  Исо ба вай гуфт: «Касе, ки ба шудгор кардан шурӯъ менамояду баъд ба ақиб нигоҳ мекунад, лоиқ нест, ки дар подшоҳии Худо бошад».
25445  LUK 10:13  Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида, мӯйканон нишаста нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд.
25447  LUK 10:15  Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум, гумон мекунед, ки саратон то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед.
25497  LUK 11:23  Касе, ки тарафдори Ман нест, дар асл муқобили Ман аст ва касе, ки дар ҷамъ овардани одамон ба Ман ёрӣ намедиҳад, дар асл онҳоро пароканда мекунад.
25553  LUK 12:25  Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан метавонед умратонро ақаллан як соат дарозтар кунед?
25648  LUK 14:26  «Касе, ки пеши Ман меояду Маро бештар аз падару модараш, зану фарзандонаш, бародарону хоҳаронаш ва зиёдтар аз ҷони худ дӯст намедорад, шогирди Ман шуда наметавонад.
25649  LUK 14:27  Касе, ки салиби азобу маргашро бо худ набардошта аз пайи Ман ояд, шогирди Ман шуда наметавонад.
25699  LUK 16:10  Касе, ки дар иҷрои вазифаи майда вафодор бошад, дар иҷрои вазифаи калон ҳам вафодор мемонад. Ҳамчунин касе, ки дар иҷрои кори ночиз беинсоф бошад, дар иҷрои кори муҳим ҳам беинсофӣ мекунад.
25741  LUK 17:21  Касе ба шумо намегӯяд: „Нигоҳ кунед, вай дар ин ҷост“ ва ё „Вай дар он ҷост!“ Охир, подшоҳии Худо аллакай дар байни шумо вуҷуд дорад».
25850  LUK 20:2  пурсиданд: «Ба мо бигӯй, Ту бо кадом ҳуқуқ ин корро мекунӣ? Кӣ ба Ту чунин ҳуқуқро додааст?»
25916  LUK 21:21  Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. Касе, ки дар Ерусалим бошад, аз он ҷо биравад ва касе, ки дар гирду атрофи шаҳр ҳаст, ба шаҳр барнагардад.
25971  LUK 22:38  Онҳо гуфтанд: «Худовандо! Ана дар ин ҷо ду шамшер ҳаст». Вай ҷавоб дод: «Кифоя аст!»
25997  LUK 22:64  Чашмонашро баста, аз Ӯ мепурсиданд: «Ҳой пайғамбар! Канӣ, гӯй-чи Туро кӣ зад?»
26037  LUK 23:33  Чун ба ҷое расиданд, ки «Косахонаи Сар» ном дорад, Исоро ба салиб мехкӯб карданд ва он ҷинояткорон низ, яке аз тарафи рост ва дигаре аз тарафи чапи Ӯ ба салибҳо мехкӯб карда шуданд.
26078  LUK 24:18  ва якеашон, ки Клеюпос ном дошт, ба саволи Исо бо савол ҷавоб дод: «Магар Шумо ягона мусофире дар Ерусалим ҳастед, ки аз воқеаи ҳамин рӯзҳо дар ин ҷо рӯйдода хабар надоред?»
26114  JHN 1:1  Дар ибтидо Калом буд ва ин Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд.
26123  JHN 1:10  Калом дар ҷаҳон буд ва мардуми ҷаҳон ба воситаи Ӯ офарида шуда бошанд ҳам, Ӯро нашинохтанд.
26127  JHN 1:14  Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд.
26155  JHN 1:42  Андриёс Шимъӯни Петрусро ба назди Исо овард. Исо бо диққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юҳанно ҳастӣ. Аммо аз ин баъд Кифо номида мешавӣ» (Калимаи Петрус бо юнонӣ ва Кифо бо арамеӣ — маънои ҳардуяш ҳам «санг» аст).
26171  JHN 2:7  Исо ба хизматгорон гуфт: «Кӯзаҳоро аз об пур кунед». Хизматгорон онҳоро лабрез карданд.