7130 | RUT 1:1 | Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад. |
7132 | RUT 1:3 | Аммо пас аз чанд вақт Элимелех — шавҳари Ноомӣ аз олам чашм пӯшида, ӯро бо ду писараш танҳо гузошт. |
7134 | RUT 1:5 | Маҳлон ва Килъон низ аз олам гузаштанд. Инак, Ноомӣ бешавҳару беписар монд. |
7135 | RUT 1:6 | Пас аз муддате Ноомӣ шунид, ки Худованд ба халқи худ баракати ҳосили фаровон додааст. Ӯ бо занони писаронаш бархост, то ки Мӯобро тарк кунад. |
7137 | RUT 1:8 | Аммо дар роҳ Ноомӣ ба онҳо гуфт: «Ба хонаҳои модаронатон баргардед. Бигзор Худованд ба ивази некиҳое, ки ба ман ва фарзандони раҳматиам кардед, ба шумо некӣ кунад. |
7138 | RUT 1:9 | Дуо мекунам, ки ҳардуятон боз ба шавҳар бароед ва шуморо дар он хона хуш бипазиранд». Пас Ноомӣ хайрухушкунон онҳоро бӯсид. Аммо онҳо гиря карда |
7139 | RUT 1:10 | гуфтанд: «Не, мо ҳамроҳатон назди халқи шумо меравем». |
7140 | RUT 1:11 | Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Духтаронам, шумо бояд баргардед. Чаро ҳамроҳи ман будан мехоҳед? Оё ман метавонам боз соҳиби писароне шавам, ки шуморо ба занӣ гиранд? |
7142 | RUT 1:13 | оё шумо то ба воя расидани онҳо сабр мекунед? Ин хел шумо шавҳар карда наметавонед. Не, духтаронам, шумо медонед, ки ин номумкин аст. Ранҷу азобе, ки дорам, бароятон беҳад вазнин аст, чунки Худованд бар зидди ман аст». |
7144 | RUT 1:15 | Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Бубин, Орфо ба назди қавми худ ва худоёни худ бармегардад, ту ҳам ҳамроҳи ӯ бирав». |
7147 | RUT 1:18 | Ноомӣ чун фаҳмид, ки Рут аз гапаш намегардад, дигар чизе нагуфт. |
7148 | RUT 1:19 | Ҳамин тавр, онҳо роҳи худро давом доданд ва ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд. Ҳангоме онҳо ба шаҳр даромаданд, мардум аз дидани онҳо ба ҳаяҷон омаданду занон чунин мегуфтанд: «Наход ин Ноомӣ бошад?» |
7149 | RUT 1:20 | Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Худои Таоло ҳаёти маро хеле талху ғамнок кардааст, барои ҳамин маро дигар Ноомӣ (яъне форам) нагӯед, балки Мора (яъне талх) бигӯед. |
7150 | RUT 1:21 | Вақте ки аз ин ҷо баромада рафтам, ҳама чиз доштам, аммо Худованд маро бо дасти холӣ баргардонд. Чаро маро Ноомӣ мегӯед, ҳол он ки Худованд маро ба чунин мусибат гирифтор кардааст ва Худои Таоло маро бадбахт намудааст?» |
7151 | RUT 1:22 | Инак, Ноомӣ ҳамроҳи келинаш Рут аз сарзамини Мӯоб баргашт. Ҳангоме ки онҳо ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд, мавсими дарави ҷав нав сар шуда буд. |
7152 | RUT 2:1 | Ноомӣ хешованде дошт, ки номаш Бӯаз буд. Бӯаз марди сарватманду баобрӯ аз қабилаи шавҳараш Элимелех буд. |
7153 | RUT 2:2 | Рӯзе Рут ба Ноомӣ гуфт: «Иҷозат диҳед, ба киштзорҳои гирду атроф равам, шояд ягон кас ба ман раҳм карда гузорад, ки хӯшаҳои аз паси даравгарон ба замин афтодаро чинам». Ноомӣ ҷавоб дод: «Бирав, духтарам». |
7157 | RUT 2:6 | Саркор ҷавоб дод: «Ин зани ҷавон ҳамон мӯобӣ аст, ки ҳамроҳи Ноомӣ аз кишвари Мӯоб омадааст. |
7165 | RUT 2:14 | Дар вақти хӯрокхӯрӣ Бӯаз ба Рут гуфт: «Биё, хӯрок хӯр. Нонатро ба шираи ангур тар карда хӯр». Пас Рут дар назди даравгарон нишаст ва Бӯаз ба ӯ гандумбирён дод. Рут то серӣ хӯрду боз боқӣ монд. |
7169 | RUT 2:18 | Рут онро бо худ ба шаҳр овард ва хушдоманаш дид, ки чӣ қадар ҷав ҷамъ кардааст. Ӯ боқимондаи хӯроки худро низ ба Ноомӣ дод. |
7170 | RUT 2:19 | Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Аз куҷо ҳамаи инро ҷамъ овардӣ? Дар кадом киштзор кор кардӣ? Худо касеро, ки ба ту ин қадар ғамхорӣ кардааст, баракат диҳад!» Рут ба хушдоманаш гуфт, ки дар киштзори Бӯаз ном марде кор кардааст. |
7171 | RUT 2:20 | Ноомӣ ба Рут гуфт: «Худованд Бӯазро баракат диҳад! Ӯ марҳамати худро аз мо ва аз мурдагон дареғ надоштааст». Ӯ боз илова кард: «Он мард яке аз хешони наздики мост, ки бояд сарпарастиамонро ба ӯҳда бигирад». |
7173 | RUT 2:22 | Ноомӣ ба Рут гуфт: «Бале, духтарам, ҳамроҳи занон дар киштзори Бӯаз кор кунӣ, беҳтар аст. Агар ба ҷойи дигар равӣ, мумкин коргарон ба ту даст расонанд». |
7175 | RUT 3:1 | Боре Ноомӣ, хушдомани Рут, ба ӯ гуфт: «Духтарам, ман бояд бароят паноҳгоҳе пайдо кунам, то ки ту бароҳат бошӣ. |
7182 | RUT 3:8 | Нисфи шаб Бӯаз ногаҳон аз хоб бедор шуд ва чун дид, ки зане дар поёни пойҳояш хобидааст, ҳайрон шуд. |
7190 | RUT 3:16 | Ҳангоме ки Рут ба назди хушдоманаш омад, Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Хуб, чӣ гап, духтарам?» Рут ҳамаи ҳодисаро гуфт, ки Бӯаз барои ӯ чӣ кор кард |
7192 | RUT 3:18 | Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Ҳоло сабр кун, духтарам, ки натиҷаи ин кор чӣ мешавад, зеро ин шахс то ин масъаларо имрӯз ҳал накунад, ором намешавад». |
7195 | RUT 4:3 | Бӯаз ба хешаш муроҷиат намуд: «Ҳоло Ноомӣ аз сарзамини Мӯоб баргаштааст ва мехоҳад заминеро, ки аз они хеши мо — Элимелех аст, фурӯшад. |
7197 | RUT 4:5 | Он гоҳ Бӯаз гуфт: «Хуб, ҳангоми харидани замини Ноомӣ ту бояд Рути мӯобиро, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, ба занӣ бигирӣ. Ба ин восита вақте кӯдакдор шуда, соҳиби меросхӯр мегардед, мероси шавҳараш аз байн намеравад». |
7201 | RUT 4:9 | Он гоҳ Бӯаз ба роҳбарон ва ба ҳозирин рӯй овард: «Шумо акнун шоҳид ҳастед, ки ман заминҳоеро, ки аз они Элимелех, Килъон ва Маҳлон аст, аз Ноомӣ мехарам. |
7206 | RUT 4:14 | Занони шаҳр ба Ноомӣ мегуфтанд: «Худоро шукр, ки Ӯ туро бе меросхӯре, ки нигаҳбонат мешавад, нагузошт! Бигзор номи ин кӯдак дар Исроил машҳур гардад! |
7208 | RUT 4:16 | Ноомӣ он кӯдакро ба оғӯш гирифта, парасторӣ мекард. |
7209 | RUT 4:17 | Занони ҳамсоя мегуфтанд: «Ноомӣ писардор шуд» ва ба кӯдак Убид ном ниҳоданд. Убид падари ҳамон Йисой аст, ки падари Довуд буд. |
7212 | RUT 4:20 | Аминодоб падари Наҳшӯн, Наҳшӯн падари Салмӯн, |
12734 | EST 2:6 | Аслан Киш дар шаҳри Уршалим зиндагӣ мекард. Аммо Набукаднесар — шоҳи сарзамини Бобил чандин сол пеш Уршалимро хароб карда, шоҳи Яҳудия Еконёро ба асирӣ гирифта буд. Дар он вақт Киш — бобокалони Мордахай низ, ҳамроҳи дигар асирон оварда шуд. |
12765 | EST 3:14 | Нақша чунин буд, ки нусхаи ин ҳуҷҷат ҳамчун қонун дар ҳар вилоят бароварда, ба ҳамаи халқҳо эълон шавад, то ки онҳо барои он рӯз тайёрӣ бинанд. |
12801 | EST 6:4 | Шоҳ пурсид: «Назди дар ягон кас ҳаст?» Ҳаман бошад, ҳозиракак ба қисми берунии қаср даромада буд, то ки бо шоҳ дар бораи овехтани Мордахай дар дори тайёршуда гуфтугӯ кунад. |
12827 | EST 8:6 | Чӣ тавр ба ин балое, ки ба сари халқам меояд, тоб оварам? Нобудшавии оилаамро чӣ гуна тоқат кунам?» |
12834 | EST 8:13 | Нақша чунин буд, ки нусхаи ин ҳуҷҷат ҳамчун қонун дар ҳар вилоят бароварда, ба ҳамаи халқҳо эълон шавад, то ки ҳамон рӯз яҳудиён барои аз душманонашон қасос гирифтан тайёр бошанд. |
12868 | EST 9:30 | Нусхаҳои мактуби дигар бо суханони сулҳу осоиштагӣ ба ҳамаи яҳудиёни яксаду бисту ҳафт вилояти сарзамини шоҳ Аҳашверӯш фиристода шуданд. |
23215 | MAT 1:2 | Аз замони Иброҳим то шоҳ Довуд инҳо гузаштаанд: Иброҳим, писараш Исҳоқ, писари Исҳоқ Ёқуб, писарони Ёқуб Яҳудо ва бародаронаш, писарони Яҳудо Форасу Зораҳ (модари онҳо Томор буд), писари Форас Ҳесрӯн, писари Ҳесрӯн Ром, писари Ром Аминодоб, писари Аминодоб Наҳшӯн, писари Наҳшӯн Салмӯн, писари Салмӯн Бӯаз (модари ӯ Роҳоб буд), писари Бӯаз Убид (модари ӯ Рут буд), писари Убид Йисой ва писари Йисой шоҳ Довуд. |
23261 | MAT 2:23 | Пайғамбарон аллакай дар бораи Масеҳ пешгӯӣ карда гуфта буданд, ки «Ӯро Носирӣ хоҳанд номид». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо Юсуф бо оилааш дар шаҳри Носира сокин шуд. |
23282 | MAT 4:4 | Лекин Исо ҷавоб гардонда гуфт: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст, балки бо ҳар сухане, ки Худо мегӯяд». |
23285 | MAT 4:7 | «Не! — ҷавоб дод Исо, — чунки дар навиштаҷот боз гуфта шудааст, ки мо набояд Худованд Худои худро бисанҷем». |
23290 | MAT 4:12 | Дертар Яҳёро дастгир мекунанду ин хабар ба гӯши Исо мерасад ва Ӯ ба шаҳри Носираи вилояти Ҷалил меравад. |
23291 | MAT 4:13 | Баъд барои истиқомат кардан, Исо аз Носира ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар назди кӯли Ҷалил ва дар ноҳияҳои Забулуну Нафтолӣ ҷойгир шудааст, меравад. |
23293 | MAT 4:15 | «Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолии дар сӯи кӯл, дар тарафи дигари дарёи Урдун ҷойгирбуда, вилояти Ҷалили ғайрияҳудиён ҳастӣ! |
23316 | MAT 5:13 | Шумо ҳамчун намак барои одамони ҷаҳон ҳастед. Вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад? Не, аз вай дигар фоидае нест. Онро фақат мепартоянд ва он зери по мешавад. |
23406 | MAT 7:21 | На ҳама касоне, ки Маро доимо Худованди худ меноманд, ба подшоҳии Худо дохил мешаванд, балки фақат онҳое, ки хости Падари дар осмон будаамро иҷро мекунанд. |
23439 | MAT 8:25 | Шогирдон омада, Исоро бедор карданд ва гуфтанд: «Хоҷа! Наҷот деҳ! Ҳалок мешавем!» |
23475 | MAT 9:27 | Исо он ҷойро монда, ба роҳ даромада буд, ки ду марди нобино аз дунболи Ӯ равон шуда фарёд мезаданд: «Эй Насли Довуд! Ба мо раҳм кунед!» |
23535 | MAT 11:7 | Ҳангоме ки шогирдони Яҳё ба роҳ даромаданд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад? |
23569 | MAT 12:11 | Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Фарз кардем, ки шумо як гӯсфанде дореду он ҳам бошад дар рӯзи истироҳат ба чоҳ меафтад. Наход шумо рафта, онро аз чоҳ кашида нагиред? |
23581 | MAT 12:23 | Тамоми мардум аз ин ҳодиса ба ҳайрат афтода мегуфтанд: «Шояд Ӯ ҳамон Насли Довуд бошад, ки мо интизораш ҳастем?» |
23599 | MAT 12:41 | Дар рӯзи ҷазо бошад, шаҳрвандони Нинве бархеста, насли шуморо айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки чизи бузургтар аз Юнус дар ин ҷост! |
23602 | MAT 12:44 | Ниҳоят худ ба худ мегӯяд: „Э, ба хонаи пештараам бармегардам“, — ва баргашта мебинад, ки ин хона холӣ ва ба тартиб овардаву рӯбучиншуда аст. |
23637 | MAT 13:29 | „Не, — мегӯяд соҳиби киштзор, — чунки алафи бегонаро канданӣ шуда мабодо боз баъзе гандумро ҳам канда напартоед. |
23693 | MAT 14:27 | Аммо Ӯ зуд ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед». |
23718 | MAT 15:16 | Ӯ ба онҳо мегӯяд: «Наход то ҳол нафаҳмида бошед? |
23724 | MAT 15:22 | Инак, як зани канъонӣ, ки дар он маҳал зиндагӣ мекард, додзанон назди Исо рафта истода гуфт: «Эй Насли Довуд! Илтимос, Хоҷаам, ба ман раҳм кунед! Духтарам дев дорад ва аҳволаш бениҳоят вазнин аст». |
23728 | MAT 15:26 | Вай ҷавоб гардонд: «Нони фарзандонро гирифта ба сагон партофтан дуруст нест». |
23750 | MAT 16:9 | Наход то ҳол ҳеҷ чиз нафаҳмида бошед? Магар он панҷ нонро дар ёд надоред, ки чӣ хел панҷ ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар чанд сабад ҷамъ кардед? |
23772 | MAT 17:3 | Ногаҳон Мӯсо ва Илёс пайғамбар дар пеши назари шогирдон пайдо шуданд ва бо Исо сӯҳбат мекарданд. |
23818 | MAT 18:22 | «Не, — ҷавоб дод Ӯ. — Ҳафт маротиба нею ҳафтод карат ҳафт маротиба бубахш. |
23842 | MAT 19:11 | «На ҳама ин гуфтаҳоро қабул карда метавонанд, — ҷавоб дод Вай, — фақат касоне, ки Худо ба онҳо насиб гардондааст. |
23891 | MAT 20:30 | Воқеан ду нобиное дар канори роҳ менишастанд. Онҳо гузашта истодани Исоро шунида, зуд фарёд заданд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!» |
23892 | MAT 20:31 | Мардум бошанд, онҳоро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шаванд. Аммо онҳо боз баландтар дод зада мегуфтанд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!» |
23904 | MAT 21:9 | Мардум аз пешу қафои Исо роҳравон бо овози баланд дод мезаданд: «Шаъну шараф ба Насли Довуд! Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд! Шаъну шараф ба Худо дар осмон!» |
23906 | MAT 21:11 | Мардуме, ки аз пайи Исо меомаданд, ҷавоб медоданд, ки ин Исо пайғамбар аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил аст. |
23910 | MAT 21:15 | Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бо дидани мӯъҷизаҳои аҷоиби Исо ва аз шунидани доди кӯдакон, ки дар Хонаи Худо «Шаъну шараф ба Насли Довуд!» мегуфтанд, ба ғазаб омаданд. |
24020 | MAT 23:33 | Эй морон ва морзодагони маккор! Наход гумон кунед, ки аз ҳукми ба дӯзах рафтан халосӣ ёфта метавонед? |
24063 | MAT 24:37 | Ҳангоми омадани Фарзанди Инсон бошад, айнан ҳамон воқеае рӯй медиҳад, ки дар замони Нӯҳ пайғамбар рӯй дода буд. |
24064 | MAT 24:38 | Дар он рӯзҳо ҳам пеш аз саршавии тӯфон ва обхезӣ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду ба шавҳар мебаромаданд. То он рӯзе, ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, ҳамин тавр давом медод. |
24083 | MAT 25:6 | Нисфи шаб садои баланд шунида мешавад: „Ана домод омада истодааст! Ӯро пешвоз гиред!“ |
24086 | MAT 25:9 | „Не, — ҷавоб медиҳанд дурандешон, — ин равған ба ҳамаамон намерасад. Беҳтараш рафта, аз дӯкон харида биёед“. |
24114 | MAT 25:37 | Накӯкорон бошанд, аз Ӯ мепурсанд: „Худованд, кай мо Туро гуруснаву ташна дида будем, ки бароят хӯроку нӯшокӣ дода бошем? |
24123 | MAT 25:46 | Ниҳоят, ин одамон ба ҷое меафтанд, ки то абад ҷазо мебинанд, аммо накӯкорон соҳиби ҳаёти абадӣ мешаванд». |
24149 | MAT 26:26 | Онҳо хӯрдани хӯрокро давом медоданд, ки Исо нонро ба даст гирифта, шукргӯён баракат талабид. Баъд онро пора карда ба шогирдонаш тақсим намуду гуфт: «Нонро бигиреду бихӯред, ки ин бадани Ман аст». |
24158 | MAT 26:35 | Аммо Петрус гуфт: «Не, ҳатто агар бо Шумо мурданам лозим ояд, ҳаргиз инкор намекунам». Шогирдони дигар низ айнан ҳамин чизро гуфтанд. |
24169 | MAT 26:46 | Биёед, бархезед, меравем. Нигоҳ кунед, ана таслимкунандаи Ман ҳам наздик омад». |
24174 | MAT 26:51 | Ногаҳон яке аз ҳамроҳони Исо шамшерашро аз ғилоф кашида ба ғуломи сарвари рӯҳониён ҳамла оварду гӯшашро бурида партофт. |
24193 | MAT 26:70 | Аммо Петрус дар ҳузури ҳама суханони ӯро инкор карда гуфт: «Намефаҳмам, чӣ мегӯӣ». |
24194 | MAT 26:71 | Сипас вай аз он ҷо назди дарвозаи ҳавлӣ равона шуд. Хизматгорзани дигаре низ ӯро дида ба одамони дар он ҷо истода гуфт: «Вай ҳамроҳи Исои Носирӣ буд». |
24243 | MAT 27:45 | Нисфирӯзӣ буд, ки тамоми рӯи заминро торикӣ фаро гирифт ва се соат давом ёфт. |
24266 | MAT 28:2 | Ногаҳон заминҷунбии сахт ба вуҷуд омад, чунки фариштаи Худованд аз осмон поён фаромада, санги дари қабрро як тараф ғелонда, бар болояш нишаст. |
24267 | MAT 28:3 | Намуди вай барқ барин буду либосаш монанди барф сап-сафед. |
24269 | MAT 28:5 | Фаришта бошад, ба он занон гуфт: «Натарсед, ман медонам, ки шумо Исои ба салиб мехкӯбшударо ҷустуҷӯ карда истодаед. |
24293 | MRK 1:9 | Рӯзе Исо аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил буд, ба назди Яҳё рафт ва Яҳё Ӯро дар дарёи Урдун таъмид дод. |
24308 | MRK 1:24 | «Эй Исои Носирӣ, Ту ба мо чӣ кор дорӣ?! Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!» |
24429 | MRK 4:37 | Ногаҳон тӯфони сахте сар шуд. Мавҷҳо бо зарб ба қаиқ бармехӯрданд ва оқибат қаиқ аз об пур шуд. |
24442 | MRK 5:9 | Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Номам Лашкар аст, чунки мо бисёрем». |
24469 | MRK 5:36 | Исо инро шунида, ба сардори ибодатхона гуфт: «Натарс! Фақат имон дошта бош». |
24477 | MRK 6:1 | Исо бо шогирдонаш аз он ҷо баромада, ба шаҳри Носира, ки дар он ҷо ба воя расида буд, баргашт. |
24526 | MRK 6:50 | Азбаски ҳама Ӯро дида тарсиданд, Исо фавран ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед». |
24550 | MRK 7:18 | Вай ба онҳо гуфт: «Наход шумо ҳам инро нафаҳмида бошед? Магар намедонед, ки он чӣ ба даруни одам аз берун медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад? |
24615 | MRK 9:8 | Ногаҳон онҳо ба атроф назар андохта, ғайр аз Исо касеро надиданд. |