Wildebeest analysis examples for:   tgk-tgk   П    February 11, 2023 at 19:43    Script wb_pprint_html.py   by Ulf Hermjakob

7133  RUT 1:4  Писаронаш духтарони мӯобиро ба занӣ гирифтанд, ки номи яке Орфо ва дигаре Рут буд. Баъди даҳ соле, ки онҳо дар он ҷо умр ба сар бурданд,
7135  RUT 1:6  Пас аз муддате Ноомӣ шунид, ки Худованд ба халқи худ баракати ҳосили фаровон додааст. Ӯ бо занони писаронаш бархост, то ки Мӯобро тарк кунад.
7138  RUT 1:9  Дуо мекунам, ки ҳардуятон боз ба шавҳар бароед ва шуморо дар он хона хуш бипазиранд». Пас Ноомӣ хайрухушкунон онҳоро бӯсид. Аммо онҳо гиря карда
7154  RUT 2:3  Пас Рут ба киштзоре рафта, аз қафои даравгарон хӯшаҳои афтодаро мечид. Бо амри тасодуф он киштзор ба Бӯаз, ки аз қабилаи Элимелех буд, тааллуқ доштааст.
7155  RUT 2:4  Пас аз муддате Бӯаз аз деҳаи Байт-Лаҳм омад ва бо коргарон салому алейк карда гуфт: «Худованд ёратон бод!» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Раҳмат, Худованд шуморо баракат диҳад!»
7165  RUT 2:14  Дар вақти хӯрокхӯрӣ Бӯаз ба Рут гуфт: «Биё, хӯрок хӯр. Нонатро ба шираи ангур тар карда хӯр». Пас Рут дар назди даравгарон нишаст ва Бӯаз ба ӯ гандумбирён дод. Рут то серӣ хӯрду боз боқӣ монд.
7172  RUT 2:21  Пас аз он Рут гуфт: «Ӯ ҳатто ба ман гуфт, ки бо коргаронаш то тамом шудани мавсими дарав дар киштзори ӯ хӯша чинам».
7178  RUT 3:4  Вақте ки хоб меравад, ҷойи хобашро фаҳм, ки дар куҷост. Он гоҳ ба назди ӯ рафта, кӯрпаи ӯро аз рӯйи пойҳояш кушода, назди пойҳояш хоб кун. Пас худи ӯ мегӯяд, ки чӣ бояд кунӣ».
7180  RUT 3:6  Пас Рут ба хирманҷо рафта, ҳамон тавре ки хушдоманаш фармуда буд, амал кард.
7188  RUT 3:14  Пас Рут то саҳар дар поёни пойҳои Бӯаз хобид. Аммо, чашми рӯз ҳанӯз накафида, аз хоб бедор шуд. Бӯаз намехост, ки касе ба хирманҷо омадани занро бифаҳмад.
7200  RUT 4:8  Пас ҳамон хеш пойафзоли худро кашида, ба Бӯаз гуфт: «Ту онро бихар».
7205  RUT 4:13  Пас аз он Бӯаз Рутро ба занӣ гирифта, бо ӯ ҳамбистар шуд ва Худованд ӯро баракат доду Рут ҳомиладор шуда, писаре ба дунё овард.
12711  EST 1:5  Пас аз тамом шудани зиёфати якум шоҳ барои ҳамаи сокинони қалъаи Шушан, чи камбағалу чи сарватманд, зиёфати дуюм дод. Он дар боғи девордори қасри шоҳ ҳафт шабонарӯз давом намуд.
12719  EST 1:13  Шоҳ Аҳашверӯш аз ин рафтори малика огоҳ шуда, ба хашм омаду хеле оташин гардид. Аз рӯйи одаташ ӯ ба ситорашиносонаш — Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон муроҷиат карда, маслиҳат пурсид. Ин мансабдорони сарзамини Форсу Модай қонуну қоида ва анъанаҳоро медонистанд. Азбаски онҳо вазифаҳои баландтаринро соҳиб буданд, иҷозати назди подшоҳ даромадан доштанд. Подшоҳ аз онҳо пурсид:
12732  EST 2:4  Бигзор ҳамон духтаре, ки ба подшоҳ хуш меояд, ба ҷойи Ваштӣ малика шавад». Пешниҳод ба подшоҳ маъқул шуд ва ӯ ҳамон тавр амал кард.
12735  EST 2:7  Мордахай духтархонде дошт, ки фарзанди амакаш буд. Пас аз вафоти падару модари духтар Мордахай ӯро гирифта, калон карда буд. Ӯ Ҳадаса ном дошт, лекин номи форсияш Эстер буд. Вай қаду қомати мавзун ва чеҳраи зебо дошт.
12740  EST 2:12  Пеш аз назди шоҳ Аҳашверӯш даромадан, ба ҳар духтар дувоздаҳ моҳ барои тайёрӣ дидан мӯҳлат дода мешуд; ӯ шаш моҳ бо равғанҳои хушбӯй ва шаш моҳи дигар бо атрҳову молиданиҳои гуногуни занона худро орову торо медод.
12751  EST 2:23  Баъд аз тафтиши ҳодиса фаҳмиданд, ки ҳақиқатан дарбонон чунин нақша кашида будаанд. Пас онҳоро дастгир карда, ба дор овехтанду тамоми ҳодиса дар ҳузури шоҳ дар китоби ёддоштҳо навишта шуд.
12752  EST 3:1  Пас аз чанд вақт шоҳ Аҳашверӯш ба Ҳаман — писари Ҳамдотой аз насли Аҷоҷ, вазифаи баланд дода, ӯро болои ҳамаи мансабдорон сарвазир гузошт.
12762  EST 3:11  «Пулро ба худат мон ва ҳар чи ки мехоҳӣ, бо ин халқ бикун».
12766  EST 3:15  Хабаррасонон бо фармони шоҳ зуд равона шуданду ҳамзамон онро дар қалъаи Шушан эълон карданд. Подшоҳ бо Ҳаман нишаста, шароб менӯшиданд, лекин сокинони шаҳри Шушан ҳайрону саргардон шуданд.
12775  EST 4:9  Пас Ҳатох омада, суханони Мордахайро ба Эстер нақл кард.
12781  EST 4:15  Пас Эстер дар ҷавоб ба Мордахай гуфт:
12784  EST 5:1  Дар рӯзи сеюми рӯзадорӣ малика Эстер либосҳои шоҳонаашро пӯшид. Ӯ ба қисми дарунии қаср, ки дар рӯ ба рӯйи толори подшоҳ буд, даромада, истод. Подшоҳ дар толори шоҳона бар тахти шоҳӣ менишаст ва тахти ӯ дар рӯ ба рӯйи даромадгоҳ буд.
12795  EST 5:12  «Ва на танҳо ин, — илова намуд ӯ. — Ман ягона одаме мебошам, ки малика Эстер барои шоҳро дар зиёфаташ ҳамроҳӣ намудан даъват кард. Пагоҳ вай ману шоҳро боз даъват намудааст.
12816  EST 7:5  Подшоҳ аз малика пурсид: «Кист он одам?! Куҷост он нафаре, ки ба чунин коре ҷуръат намудааст?!»
12818  EST 7:7  Подшоҳ оташин шуда, аз ҷояш хесту аз зиёфат баромада, ба боғи қаср рафт. Чун Ҳаман ҳис кард, ки шоҳ ӯро нобуд кардан мехоҳад, назди малика истод, то барои халосии ҷонаш ӯро илтиҷо намояд.
12819  EST 7:8  Ӯ худро бо зорию тавалло болои кати Эстер партофта буд, ки подшоҳ аз боғи қаср баргашт. Подшоҳ дод зад: «Вай ҳатто ҷуръат мекунад, ки дар ҳузури ман ба номуси малика расад?!» Ҳамин ки подшоҳ инро гуфт, рӯйи Ҳаманро пӯшониданд.
12820  EST 7:9  Пас Ҳарбӯно — яке аз хизматгорони шахсии шоҳ, ки он ҷо буд, гуфт: «Инак, дори бисту семетра дар ҳавлии Ҳаман тайёр аст. Вай онро барои Мордахай, ки барои шоҳ кори нек карда буд, сохтааст». Подшоҳ амр дод: «Худашро ба ҳамон дор овезед!»
12828  EST 8:7  Подшоҳ ба малика Эстер ва Мордахайи яҳудӣ гуфт: «Азбаски Ҳаман ба халқи яҳудиён ҳуҷум кард, ӯро ба дор овехтанд ва дороияшро аллакай ба Эстер додам.
12845  EST 9:7  Онҳо инчунин Паршандато Далфӯн Аспото
12846  EST 9:8  Пӯрото, Адалё, Аридото
12847  EST 9:9  Паршамто, Арисой, Аридой ва Вайзото ном ҷавонмардонро куштанд.
12864  EST 9:26  Барои ҳамин ин идро Пурим, ки маънояш «қуръа» аст, номиданд. Ҳамин тавр, бо сабаби номаҳои Мордахай ва он чӣ онҳо аз сар гузарониданд,
12866  EST 9:28  Ин рӯзҳо бояд аз насл ба насл дар ҳар оила, вилоят ва шаҳр ба хотир оварда, нигоҳ дошта шавад. Ҷашн гирифтани рӯзҳои иди Пурим ҳеҷ гоҳ аз тарафи яҳудиён манъ карда нашавад ва ёди он аз байни наслҳои онҳо наравад.
12867  EST 9:29  Пас аз он Эстер — духтари Абиҳоил ҳамроҳи Мордахайи яҳудӣ бо тамоми қудрат мактуби дигарро навиштанд, то ки мактуби дуюмро дар бораи Пурим тасдиқ намоянд.
12869  EST 9:31  Ин мактубҳо рӯзҳои Пуримро тасдиқ карданд, то ки дар рӯзи муайяншуда ҷашн гирифта шаванд, чунон ки Мордахай ва малика Эстер барояшон таъин карда буданд. Одамон қарор доданд, ки ин идро ҳамчун идҳои дигари рӯзаю нолаашон, ки барои худ ва наслҳояшон таъин карда буданд, ҷашн гиранд.
12870  EST 9:32  Ҳамин тавр, фармони малика Эстер анъанаҳои Пуримро тасдиқ намуд ва он дар китоб навишта шуд.
12872  EST 10:2  Ҳамаи дастовардҳои калони подшоҳ ва бузургдошти Мордахай, ки шоҳ ӯро ба ин дараҷа расонд, дар Китоби Таърихи Подшоҳони Модай ва Форс навишта шудаанд.
23234  MAT 1:21  Ӯ Писаре таваллуд хоҳад кард ва ту ба Ӯ бояд Исо ном гузорӣ, чунки Ӯ халқи худро аз дасти гуноҳҳояшон наҷот хоҳад дод».
23236  MAT 1:23  «Духтаре ҳомиладор мешавад ва Писаре таваллуд мекунад, ки ба Ӯ Имонуил (Маънои ин ном „Худо бо мо“ аст) ном медиҳанд».
23238  MAT 1:25  Аммо то вақти таваллуд шудани Писар бо Марям ҳамхоб нашуд. Ҳангоме ки Писар таваллуд шуд, Юсуф Ӯро Исо номид.
23253  MAT 2:15  Дар он ҷо онҳо то вафоти Ҳиродус мемонанд. Худованд пештар ба забони пайғамбар гуфта буд, ки «Ман аз Миср Писарамро ҷеғ задам». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо ҳамаи ин ҳодиса рӯй дод.
23261  MAT 2:23  Пайғамбарон аллакай дар бораи Масеҳ пешгӯӣ карда гуфта буданд, ки «Ӯро Носирӣ хоҳанд номид». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо Юсуф бо оилааш дар шаҳри Носира сокин шуд.
23269  MAT 3:8  Ҳатто фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон, ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед.
23278  MAT 3:17  Сипас аз осмон нидое омад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хеле хушнудам».
23281  MAT 4:3  Он гоҳ иблиси васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд».
23284  MAT 4:6  ва ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо поён парто. Охир дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худо ба фариштагони худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод ва онҳо Туро бар болои дастонашон хоҳанд бардошт, то ки поят ба санге назанад“».
23296  MAT 4:18  Ҳангоме ки Исо дар соҳили кӯли Ҷалил роҳ мерафт, ба кӯл тӯр андохта истодани ду бародар: Шимъӯн, ки ӯро боз Петрус меномиданд ва бародараш Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд.
23319  MAT 5:16  Пас, бигзор нури шумо ҳам ба одамон равшанӣ диҳад, то ки онҳо корҳои неки шуморо дида, ба Падаратон, ки дар осмон аст, раҳмат гӯянд.
23326  MAT 5:23  Пас вақте ки шумо дар назди қурбонгоҳ ба Худо ҳадя оварданӣ мешаведу ба хотир меоред, ки бародаратон аз шумо норозигӣ дорад, бояд
23332  MAT 5:29  Пас, агар чашми ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда партоед! Бароятон беҳтар аст, ки аз ягон узви бадан маҳрум шавед, назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах партофта шавад.
23348  MAT 5:45  то нишон диҳед, ки фарзандони Падари осмониатон ҳастед. Чунки Ӯ ба офтоб амр медиҳад, ки ҳам ба бадкорон ва ҳам ба накӯкорон равшанӣ кунад, инчунин боронро ҳам ба бадкорон ва ҳам ба накӯкорон мефиристад.
23349  MAT 5:46  Пас, агар шумо фақат касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чаро мукофот мегирифтаед? Магар андозгирони беинсоф низ ҳамин тавр рафтор намекунанд?
23351  MAT 5:48  Бинобар ин шумо беайбу нуқсон бошед монанди Падари осмонии худ, ки беайбу нуқсон аст».
23352  MAT 6:1  Исо суханонашро давом дода гуфт: «Зинҳор корҳои худофармударо намоишкорона дар пеши назари халқ накунед. Вагарна аз Падари осмониатон мукофот намегиред.
23355  MAT 6:4  то ки садақаи шумо пинҳон монад. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот медиҳад.
23357  MAT 6:6  Аммо, ҳангоме ки шумо дуо мехонед, ба хонаатон даромада, дарро пӯшед ва ба Падаратон, ки нонамоён аст, дуо кунед. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот медиҳад.
23359  MAT 6:8  Ба монанди онҳо дуо накунед, зеро Падаратон ҳанӯз пеш аз пурсиданатон медонад, ки ба шумо чӣ лозим аст.
23360  MAT 6:9  Пас шумо ин тавр бояд дуо кунед: Эй Падари мо, ки дар осмон ҳастӣ, Шаъну шараф бод ба номи муқаддаси Ту.
23365  MAT 6:14  Инак, агар шумо одамонеро, ки дар ҳаққи шумо рафтори нодуруст мекунанд, бубахшед, Падари осмониатон ҳам корҳои нодурусти шуморо хоҳад бахшид.
23366  MAT 6:15  Вале агар шумо дигаронро набахшед, Падари шумо ҳам корҳои нодурустатонро нахоҳад бахшид.
23369  MAT 6:18  то ба ғайр аз Падаратон, ки нонамоён аст, дигар ҳеҷ кас рӯза гирифтани шуморо нафаҳмад. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот хоҳад дод.
23373  MAT 6:22  Чашм барои бадан ҳамчун чароғ аст. Пас агар чашматон солим бошад, тамоми баданатонро равшанӣ пур мекунад,
23377  MAT 6:26  Ба паррандаҳо нигоҳ кунед: онҳо на кишту кор мекунанду на ҳосил ҷамъ мекунанд ва на ба анборҳо ҳосилро захира мекунанд, ҳол он ки Падари осмониатон онҳоро мехӯронад. Магар шумо аз паррандаҳо арзиши баландтар надоред?
23381  MAT 6:30  Пас, агар Худо алаферо, ки имрӯз дар саҳро ҳасту пагоҳ ба танӯр партофта мешавад, ҳамин тавр пӯшонад, наход шуморо, эй сустимонҳо, аз онҳо чанд маротиба зиёдтар напӯшонад?
23383  MAT 6:32  Чунки халқҳои дигар аз пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд. Падари осмониатон бошад, медонад, ки шумо ба ҳамаи он эҳтиёҷ доред.
23396  MAT 7:11  Пас, агар шумо бо тамоми дилсиёҳиатон ба фарзандони худ чӣ тавр чизҳои хуб доданро медониста бошед, наход Падари шумо, ки дар осмон аст, ба каси талабкарда чанд маротиба зиёдтар чизҳои хуб надиҳад?!
23406  MAT 7:21  На ҳама касоне, ки Маро доимо Худованди худ меноманд, ба подшоҳии Худо дохил мешаванд, балки фақат онҳое, ки хости Падари дар осмон будаамро иҷро мекунанд.
23428  MAT 8:14  Вақте ки Исо ба хонаи Петрус даромад, хушдомани Петрусро бо таби баланд, рӯи ҷойгаҳ хобида дид.
23443  MAT 8:29  Онҳо Исоро дида дод заданд: «Эй Писари Худо, Ту ба мо чӣ кор дорӣ? Ту омадӣ, ки моро пеш аз мӯҳлат азоб диҳӣ?»
23445  MAT 8:31  Пас девҳо Исоро тавалло карда гуфтанд: «Агар моро берун карданӣ бошӣ, ба даруни он галаи хукон бифирист».
23454  MAT 9:6  Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад, — сипас ба шал нигариста гуфт, — Бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав!»
23485  MAT 9:37  Пас Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳосили дарав фаровон аст, вале коргарон намерасанд.
23488  MAT 10:2  Ана номҳои он дувоздаҳ вакилаш: аввалин Шимъӯн (ӯро боз Петрус меномиданд), бародари Шимъӯн Андриёс, баъд бародарон Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд,
23506  MAT 10:20  Он гоҳ на ин ки шумо, балки Рӯҳи Падари осмониатон ба воситаи шумо сухан меронад.
23515  MAT 10:29  Арзиши ду гунҷишк як танга аст, аммо ҳатто яктои он ба замин намеафтад, ки Падаратон аз он хабардор набошад.
23518  MAT 10:32  Пас, ҳар кӣ дар пеши мардум мегӯяд, ки пайрави Ман аст, Ман низ дар назди Падари осмониам пайрави Ман буданашро тасдиқ мекунам.
23519  MAT 10:33  Лекин ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад мекунад, Ман низ ӯро дар назди Падари осмониам рад мекунам.
23534  MAT 11:6  Пас, хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад».
23553  MAT 11:25  Сипас Исо гуфт: «Шукри Туро мекунам, эй Падар — Худованди замину осмон, ки он чи аз одамони маълумотноку хирадманд пинҳон кардӣ, ба одамони оддӣ ошкор намудаӣ.
23554  MAT 11:26  Оре, Падар, чунин буд хости Ту.
23555  MAT 11:27  Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро нағз намешиносад. Инчунин, Падарро ҳеҷ кас нағз намешиносад, ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то барояшон Падарро зоҳир кунад.
23570  MAT 12:12  Қадри инсон бошад аз гӯсфанд чӣ қадар баландтар аст. Пас, дар рӯзи истироҳат некӣ кардан равост».
23584  MAT 12:26  Инак, агар шайтон худашро берун кунад, магар ин нишонаи он нест, ки ӯ дар дохили худ ба ду қисм ҷудо шудааст. Пас, наход ҳукмронии ӯ давом меёфта бошад?
23591  MAT 12:33  Худатон мулоҳиза кунед, дарахти солим меваи нағз медиҳад, дарахти касал бошад, меваи бад медиҳад. Пас, чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад.
23603  MAT 12:45  Пас рӯҳи нопок рафта, ҳафт рӯҳи аз худаш ҳам бадтарро ҳамроҳаш гирифта меорад ва ҳамаи онҳо ба он хона даромада зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа аҳволи он шахс аз ҳолати аввалааш бадтар хоҳад буд. Айнан ҳамин ҳодиса бо одамони бади ин замон рӯй хоҳад дод».