7209 | RUT 4:17 | Занони ҳамсоя мегуфтанд: «Ноомӣ писардор шуд» ва ба кӯдак Убид ном ниҳоданд. Убид падари ҳамон Йисой аст, ки падари Довуд буд. |
7213 | RUT 4:21 | Салмӯн падари Бӯаз, Бӯаз падари Убид, |
7214 | RUT 4:22 | Убид падари Йисой ва Йисой падари Довуд буд. |
12734 | EST 2:6 | Аслан Киш дар шаҳри Уршалим зиндагӣ мекард. Аммо Набукаднесар — шоҳи сарзамини Бобил чандин сол пеш Уршалимро хароб карда, шоҳи Яҳудия Еконёро ба асирӣ гирифта буд. Дар он вақт Киш — бобокалони Мордахай низ, ҳамроҳи дигар асирон оварда шуд. |
12759 | EST 3:8 | Сипас Ҳаман ба шоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Халқе ҳаст, ки дар ҳамаи вилоятҳои сарзамини шоҳ, байни мардум пароканда шудаасту аз дигарон худро ҷудо мекунад. Урфу одаташон аз дигар халқҳо фарқ дорад ва ба қонуну қоидаи шоҳ гӯш намедиҳанд. Бинобар ин, бар манфиати шоҳ нест, ки онҳоро тоқат кунад. |
23215 | MAT 1:2 | Аз замони Иброҳим то шоҳ Довуд инҳо гузаштаанд: Иброҳим, писараш Исҳоқ, писари Исҳоқ Ёқуб, писарони Ёқуб Яҳудо ва бародаронаш, писарони Яҳудо Форасу Зораҳ (модари онҳо Томор буд), писари Форас Ҳесрӯн, писари Ҳесрӯн Ром, писари Ром Аминодоб, писари Аминодоб Наҳшӯн, писари Наҳшӯн Салмӯн, писари Салмӯн Бӯаз (модари ӯ Роҳоб буд), писари Бӯаз Убид (модари ӯ Рут буд), писари Убид Йисой ва писари Йисой шоҳ Довуд. |
23219 | MAT 1:6 | Аз шоҳ Довуд то замони ба шаҳри Бобил асир шуда рафтани халқи Исроил инҳо гузаштаанд: Довуд, писараш Сулаймон (модари Сулаймон пештара зани Уриё буд), писари Сулаймон Раҳабъом, писари Раҳабъом Абиё, писари Абиё Осо, писари Осо Еҳӯшофот, писари Еҳӯшофот Еҳӯром, писари Еҳӯром Узиё, писари Узиё Ютом, писари Ютом Оҳоз, писари Оҳоз Ҳизқиё, писари Ҳизқиё Менашше, писари Менашше Омӯн, писари Омӯн Юшиё ва писарони Юшиё Еконеву бародаронаш. Дар ин вақт исроилиён асир гашта ба шаҳри Бобил бурда шуданд. |
23266 | MAT 3:5 | Мардум аз шаҳри Ерусалиму аз саросари Яҳудия ва аз тамоми гирду атрофи дарёи Урдун ба назди Яҳё меомаданд. |
23267 | MAT 3:6 | Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод. |
23274 | MAT 3:13 | Дар ин вақт Исо аз вилояти Ҷалил назди дарёи Урдун омад, то ки аз Яҳё таъмид бигирад. |
23293 | MAT 4:15 | «Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолии дар сӯи кӯл, дар тарафи дигари дарёи Урдун ҷойгирбуда, вилояти Ҷалили ғайрияҳудиён ҳастӣ! |
23303 | MAT 4:25 | Бинобар ин мардуми бениҳоят бисёре аз Ҷалилу Даҳ Шаҳр, аз Ерусалиму Яҳудия ва аз сарзамини он тарафи дарёи Урдун омада, аз пайи Исо мерафтанд. |
23433 | MAT 8:19 | Дар ҳамин вақт як шариатдон наздаш омада гуфт: «Устод, ман дар ҳама ҷо Шуморо пайравӣ мекунам». |
23596 | MAT 12:38 | Он гоҳ баъзе аз фарисиён ва шариатдонон ба Исо гуфтанд: «Устод, мехостем, ки ягон нишонае ба мо диҳед». |
23605 | MAT 12:47 | Касе аз байни халқ ба Исо гуфт: «Устод, модар ва бародаронатон дар берун истодаанд ва мехоҳанд, ки бо Шумо гапзанон кунанд». |
23681 | MAT 14:15 | Рӯз ба охир мерасид ва шогирдони Исо ба наздаш омада гуфтанд: «Устод! Ин як ҷои беодам аст, рӯз дер шуд. Мардумро ҷавоб намедиҳед, ки ба қишлоқҳои гирду атроф рафта, барояшон хӯрокворӣ харанд?» |
23832 | MAT 19:1 | Исо суханонашро ба охир расонда, аз вилояти Ҷалил сӯи сарзамини Яҳудия, ки дар дигар тарафи дарёи Урдун ҷойгир буд, раҳсипор шуд. |
23841 | MAT 19:10 | Шогирдони Исо гуфтанд: «Устод, агар вазифаи шавҳар нисбат ба зан ин хел бошад, он гоҳ ба мард беҳтар аст, ки тамоман зан нагирад». |
23847 | MAT 19:16 | Боре як мард пеши Исо омада, аз ӯ пурсид: «Устод, барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ некие бояд кунам?» |
23915 | MAT 21:20 | Шогирдон ин ҳодисаро дида, бо тааҷҷуб пурсиданд: «Устод, чӣ хел шуд, ки дарахти анҷир якбора аз бехаш хушк шуд?» |
23957 | MAT 22:16 | Пас, онҳо чанд нафар аз шогирдонашон ва аъзоёни ҳизби ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд. Фиристодашудагон гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Шумо ростқавл ҳастед ва ба мавқею дараҷаи одамон эътибор надода, бе хушомадгӯӣ роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. |
23965 | MAT 22:24 | «Устод, Мӯсо дар қонун ба мо чунин навиштааст, ки агар касе зан гираду фарзанд надида аз олам гузарад, бародараш бояд зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад. |
23977 | MAT 22:36 | «Устод, бигӯед, кадом қонуни шариат дар ҷои аввал меистад?» |
23996 | MAT 23:9 | Унвони „падар“-ро низ ба касе дар рӯи замин надиҳед, азбаски фақат як Падар дар осмон доред. |
24141 | MAT 26:18 | Ӯ ба онҳо гуфт, ки ба шаҳр, назди фалон кас рафта гӯянд: «Устодамон мегӯяд, ки вақту соати Ӯ наздик омадааст ва Ӯ бо мо, шогирдонаш дар хонаи шумо иди Балогардонро қайд мекунад». |
24289 | MRK 1:5 | Аҳолии шаҳри Ерусалим ва мардуми тамоми сарзамини Яҳудия пеши Яҳё ба биёбон меомаданд. Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод. |
24293 | MRK 1:9 | Рӯзе Исо аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил буд, ба назди Яҳё рафт ва Яҳё Ӯро дар дарёи Урдун таъмид дод. |
24365 | MRK 3:8 | аз шаҳри Ерусалим, инчунин аз сарзамини Адӯму атрофи дарёи Урдун ва аз Суру Сидун аз паси Ӯ мерафтанд. Мардуми зиёд дар бораи корҳои Исо шунида, ба гирди Ӯ ҷамъ меомаданд. |
24430 | MRK 4:38 | Аммо Исо дар қафои қаиқ сарашро ба болишт гузошта мехобид. Шогирдонаш Ӯро бедор карда гуфтанд: «Устод! Магар парво надоред, ки мо мемирем?!» |
24612 | MRK 9:5 | Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Устод, бароямон хуб аст, ки ин ҷо бошем. Биёед се хаймае месозем, яке барои Шумо, дигаре ба Мӯсо ва боз ба Илёс». |
24624 | MRK 9:17 | Марде аз байни мардум ҷавоб дод: «Устод, писарамро назди Шумо овардам. Ӯ гап зада наметавонад, зеро гирифтори рӯҳи нопок аст. |
24645 | MRK 9:38 | Сипас Юҳанно ба Исо гуфт: «Устод, мардеро дидем, ки аз номи Шумо девҳоро берун мекард, вале азбаски ӯ бо мо набуд, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем». |
24658 | MRK 10:1 | Исо он ҷоро монда, ба тарафи сарзамини Яҳудия ва қисми шарқии дарёи Урдун рафт. Боз мардуми зиёде дар он ҷо ҷамъ омаданд ва Ӯ низ аз рӯи одат ба таълими онҳо шурӯъ кард. |
24692 | MRK 10:35 | Ёқубу Юҳаннои писарони Забдой пеши Исо омада гуфтанд: «Устод, мо мехоҳем, ки хоҳишамонро бароямон иҷро кунед». |
24708 | MRK 10:51 | Исо аз вай пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Нобино гуфт: «Устод, мехоҳам бино шавам». |
24730 | MRK 11:21 | Петрус ҳодисаи рӯзи гузаштаро ба ёд оварда гуфт: «Устод, нигоҳ кунед! Дарахти анҷир, ки онро лаънат кардед, хушк шудааст!» |
24756 | MRK 12:14 | Онҳо омада гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Шумо ростқавл ҳастед ва хушомадгӯи мардум нестед, чунки ба мавқею дараҷаи онҳо эътибор намедиҳед, балки роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. Ҳоло бигӯед, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не? |
24761 | MRK 12:19 | «Устод, Мӯсо дар шариат ба мо чунин навиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад. |
24774 | MRK 12:32 | Шариатдон гуфт: «Устод, ҳақ ба ҷониби Шумост. Шумо бисёр хуб гуфтед, ки фақат як Худо вуҷуд дорад ва ғайр аз Ӯ Худои дигаре нест. |
24787 | MRK 13:1 | Вақте Исо аз Хонаи Худо мебаромад, яке аз шогирдонаш гуфт: «Устод, бинед, ин биноҳои Хонаи Худо чӣ қадар боҳашамат ҳастанд! Чӣ сангҳои бузурге доранд!» |
24837 | MRK 14:14 | Ба ҳамон хонае, ки он мард медарояд, шумо ҳам дароед ва ба соҳиби хона бигӯед: „Устод мепурсад, ки куҷост меҳмонхонаи ӯ, ки дар он ҳамроҳи шогирдонаш хӯроки иди Балогардонро хӯрда тавонад?“ |
24868 | MRK 14:45 | Яҳудо дарҳол ба Исо наздик шуду «Устод!» гуфта, Ӯро бӯсид. |
25097 | LUK 3:3 | Яҳё тамоми ноҳияҳои атрофи дарёи Урдунро тай намуда, эълон мекард, ки мардум барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳҳояшон даст кашанд ва таъмид бигиранд. |
25106 | LUK 3:12 | Андозгирон ҳам, ки барои таъмид гирифтан омада буданд, аз ӯ пурсиданд: «Устод, мо чӣ кор кунем?» |
25126 | LUK 3:32 | Довуд писари Йисой, Йисой писари Убид, Убид писари Бӯаз, Бӯаз писари Салмӯн, Салмӯн писари Наҳшӯн, |
25133 | LUK 4:1 | Исо аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда, аз соҳили дарёи Урдун баргашт ва ин Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд. |
25181 | LUK 5:5 | Шимъӯн ҷавоб дод: «Устод! Мо тамоми шаб заҳмат кашидем ва чизе сайд накардем, вале азбаски шумо мефармоед, ҳоло тӯрро ба об меандозем». |
25338 | LUK 8:24 | Шогирдон пеши Исо омада, бо суханони «Устод! Устод! Ҳалок мешавем!» Ӯро бедор карданд. Ӯ аз хоб хеста, боду мавҷҳои пурталотумро таъна зад, баъд тӯфон хомӯш шуда, ҳама ҷоро оромӣ фаро гирифт. |
25359 | LUK 8:45 | Исо пурсид: «Кӣ ба Ман даст расонд?» Вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ба Ӯ гуфт: «Устод! Мардуми зиёде Туро иҳота карда, аз ҳар тараф фишор меоранд». |
25403 | LUK 9:33 | Вақте ки он ду нафар аз пеши Исо рафтанӣ шуданд, Петрус гуфт: «Эй Устод! Чӣ хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Биёед, ҳоло се хайма месозем: яке — барои Шумо, дигаре — барои Мӯсо ва сеюм — барои Илёс». Вай худаш намедонист, ки чӣ мегӯяд. |
25408 | LUK 9:38 | Ногаҳон марде аз миёни мардум фарёд зад: «Устод! Аз Шумо илтимос мекунам, ки ба писарам як назар андозед, зеро ӯ фарзанди ягонаи ман аст. |
25457 | LUK 10:25 | Ҳамин вақт яке аз қонуншиносон бархест ва Исоро озмуданӣ шуда, ба Ӯ чунин савол дод: «Устод! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?» |
25519 | LUK 11:45 | Он гоҳ яке аз қонуншиносон ба Исо гуфт: «Устод! Шумо бо ин суханонатон моро ҳам таҳқир мекунед». |
25541 | LUK 12:13 | Марде аз байни мардум ба Исо гуфт: «Устод! Ба бародарам бигӯ, ки меросро бо ман тақсим кунад». |
25869 | LUK 20:21 | Онҳо аз Исо пурсиданд: «Устод! Мо медонем, ки суханону таълимоти Шумо аз рӯи ҳақиқат аст. Медонем, ки нисбати ҳеҷ кас рӯйбинӣ надоред ва роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. |
25876 | LUK 20:28 | ба Вай чунин савол доданд: «Устод, Мӯсо дар қонун ба мо навиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад. |
25902 | LUK 21:7 | Аз Ӯ пурсиданд: «Устод, пас ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва ба амал омадани онро аз кадом нишона мефаҳмем?» |
25944 | LUK 22:11 | Ба соҳиби он хона бигӯед: „Устод аз ту мепурсад, куҷост меҳмонхонае, ки Ӯ дар он бо шогирдонаш хӯроки иди Балогардонро хӯрда метавонад?“ |
26141 | JHN 1:28 | Ҳамаи ин воқеа дар Байт-Ҳинӣ, дар соҳили дигари дарёи Урдун ба амал омад, ки Яҳё дар он ҷо мардумро таъмид медод. |
26162 | JHN 1:49 | «Устод, Ту Писари Худо ва Подшоҳи Исроил ҳастӣ!» — гуфт Натаноил. |
26191 | JHN 3:2 | Ӯ шабона назди Исо омада гуфт: «Устод, мо медонем, ки Шумо аз тарафи Худо фиристодашуда ҳастед. Чунки, агар Худо бо касе набошад, ӯ чунин мӯъҷизаҳоеро, ки Шумо нишон додаед, ба амал оварда наметавонад». |
26215 | JHN 3:26 | Онҳо ба назди Яҳё омада, ба ӯ гуфтанд: «Устод, он касе, ки дар соҳили шарқии Урдун бо шумо буд ва шумо дар борааш шаҳодат дода будед, Ӯ ҳам таъмид дода истодааст ва ҳама пеши Ӯ мераванд!» |
26256 | JHN 4:31 | Дар ин миён шогирдон аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Устод, ягон чиз хӯред!» |
26351 | JHN 6:25 | Баъд Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, аз Ӯ пурсиданд: «Устод, Шумо кай ба ин ҷо омадед?» |
26511 | JHN 9:2 | Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Устод, аз барои гуноҳи кӣ ӯ кӯр таваллуд шудааст? Аз барои гуноҳи худаш ё гуноҳи падару модараш?» |
26590 | JHN 10:40 | Исо боз ба он тарафи дарёи Урдун, ки Яҳё дар он ҷо пештар мардумро таъмид медод, рафта, дар ҳамон ҷо монд. |
26600 | JHN 11:8 | «Устод, — гуфтанд шогирдони ӯ, — навакак мардум шуморо сангсор кардан мехостанду Шумо боз ба он ҷо рафтанӣ ҳастед?» |
26620 | JHN 11:28 | Инро гуфта, Марто рафт ва хоҳари худ Марямро ҷеғ зада, фақат ба ӯ гуфт: «Устод омадааст ва туро даъват мекунад». |