7135 | RUT 1:6 | Пас аз муддате Ноомӣ шунид, ки Худованд ба халқи худ баракати ҳосили фаровон додааст. Ӯ бо занони писаронаш бархост, то ки Мӯобро тарк кунад. |
7137 | RUT 1:8 | Аммо дар роҳ Ноомӣ ба онҳо гуфт: «Ба хонаҳои модаронатон баргардед. Бигзор Худованд ба ивази некиҳое, ки ба ман ва фарзандони раҳматиам кардед, ба шумо некӣ кунад. |
7142 | RUT 1:13 | оё шумо то ба воя расидани онҳо сабр мекунед? Ин хел шумо шавҳар карда наметавонед. Не, духтаронам, шумо медонед, ки ин номумкин аст. Ранҷу азобе, ки дорам, бароятон беҳад вазнин аст, чунки Худованд бар зидди ман аст». |
7145 | RUT 1:16 | Аммо Рут илтиҷо кард: «Маро маҷбур накунед, ки аз пешатон равам. Иҷозат диҳед, ҳамроҳатон истам. Ҳар ҷойе ки равед, ман ҳам меравам. Ҳар ҷойе ки зиндагӣ кунед, ман ҳам он ҷо зиндагӣ мекунам. Халқи шумо халқи ман ва Худои шумо Худои ман мешавад. |
7146 | RUT 1:17 | Ҳар ҷое ки бимиред, ман ҳам ҳамон ҷой хоҳам мурд ва дар он ҷой маро низ гӯр хоҳанд кард. Агар чизе ғайр аз марг маро аз шумо ҷудо кунад, Худо ба балои бад гирифторам кунад». |
7149 | RUT 1:20 | Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Худои Таоло ҳаёти маро хеле талху ғамнок кардааст, барои ҳамин маро дигар Ноомӣ (яъне форам) нагӯед, балки Мора (яъне талх) бигӯед. |
7150 | RUT 1:21 | Вақте ки аз ин ҷо баромада рафтам, ҳама чиз доштам, аммо Худованд маро бо дасти холӣ баргардонд. Чаро маро Ноомӣ мегӯед, ҳол он ки Худованд маро ба чунин мусибат гирифтор кардааст ва Худои Таоло маро бадбахт намудааст?» |
7155 | RUT 2:4 | Пас аз муддате Бӯаз аз деҳаи Байт-Лаҳм омад ва бо коргарон салому алейк карда гуфт: «Худованд ёратон бод!» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Раҳмат, Худованд шуморо баракат диҳад!» |
7163 | RUT 2:12 | Худованд барои корҳои кардаат ба ту файзу баракат диҳад. Бигзор Худованд, Худои Исроил, ки назди Ӯ омадаӣ, туро дар паноҳаш нигоҳ дорад ва ба ту мукофот ато намояд». |
7170 | RUT 2:19 | Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Аз куҷо ҳамаи инро ҷамъ овардӣ? Дар кадом киштзор кор кардӣ? Худо касеро, ки ба ту ин қадар ғамхорӣ кардааст, баракат диҳад!» Рут ба хушдоманаш гуфт, ки дар киштзори Бӯаз ном марде кор кардааст. |
7171 | RUT 2:20 | Ноомӣ ба Рут гуфт: «Худованд Бӯазро баракат диҳад! Ӯ марҳамати худро аз мо ва аз мурдагон дареғ надоштааст». Ӯ боз илова кард: «Он мард яке аз хешони наздики мост, ки бояд сарпарастиамонро ба ӯҳда бигирад». |
7184 | RUT 3:10 | Бӯаз гуфт: «Духтарам, Худованд туро баракат диҳад. Ин кори неке, ки ҳоло кардӣ, аз коре, ки пештар карда будӣ, бузургтар аст. Ту метавонистӣ аз қафои ҷавонмардони бой ё камбағал равӣ, вале ин корро накардӣ. |
7187 | RUT 3:13 | Шабона ин ҷо бимон. Фардо субҳ мефаҳмам, ки оё ӯ ҳимояи туро ба ӯҳда мегирад ё не. Агар бигирад, хуб аст, вагарна ба Худои зинда қасам, ки худам туро мегирам. Ҳоло то саҳар ин ҷо хоб кун». |
7190 | RUT 3:16 | Ҳангоме ки Рут ба назди хушдоманаш омад, Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Хуб, чӣ гап, духтарам?» Рут ҳамаи ҳодисаро гуфт, ки Бӯаз барои ӯ чӣ кор кард |
7197 | RUT 4:5 | Он гоҳ Бӯаз гуфт: «Хуб, ҳангоми харидани замини Ноомӣ ту бояд Рути мӯобиро, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, ба занӣ бигирӣ. Ба ин восита вақте кӯдакдор шуда, соҳиби меросхӯр мегардед, мероси шавҳараш аз байн намеравад». |
7203 | RUT 4:11 | Он гоҳ роҳбарон ва мардуме, ки дар назди дарвоза ҷамъ омада буданд, тасдиқ карданд: «Бале, мо шоҳид ҳастем. Худованд ҳамсаратро монанди занони Яъқуб — Роҳел ва Леё гардонад. Ин занон барои ӯ фарзандони зиёдро ба дунё оварданд. Дар байни Эфротиён сарват ба даст орӣ ва номат дар деҳаи Байт-Лаҳм машҳур гардад. |
7204 | RUT 4:12 | Фарзандоне, ки Худованд аз ин зани ҷавон ба ту ато мефармояд, хонадони туро мисли хонадони Форас бисозанд, ки Томор ӯро барои Яҳудо таваллуд карда буд». |
7205 | RUT 4:13 | Пас аз он Бӯаз Рутро ба занӣ гирифта, бо ӯ ҳамбистар шуд ва Худованд ӯро баракат доду Рут ҳомиладор шуда, писаре ба дунё овард. |
7206 | RUT 4:14 | Занони шаҳр ба Ноомӣ мегуфтанд: «Худоро шукр, ки Ӯ туро бе меросхӯре, ки нигаҳбонат мешавад, нагузошт! Бигзор номи ин кӯдак дар Исроил машҳур гардад! |
12713 | EST 1:7 | Хизматгорон шаробро дар зарфҳои тиллоие, ки яке аз дигаре фарқ дошт, меоварданд. Шароби шоҳона аз сабаби бойигарии подшоҳ фаровон буд ва |
12724 | EST 1:18 | Худи ҳамин рӯз занони мансабдорони Форсу Модай, ки аз ин воқеа хабардор мешаванд, ба шавҳарони худ низ инро нақл мекунанд. Сипас дар оилаҳо хашму ғазаб ва беҳурматӣ зиёд хоҳад шуд. |
12759 | EST 3:8 | Сипас Ҳаман ба шоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Халқе ҳаст, ки дар ҳамаи вилоятҳои сарзамини шоҳ, байни мардум пароканда шудаасту аз дигарон худро ҷудо мекунад. Урфу одаташон аз дигар халқҳо фарқ дорад ва ба қонуну қоидаи шоҳ гӯш намедиҳанд. Бинобар ин, бар манфиати шоҳ нест, ки онҳоро тоқат кунад. |
12764 | EST 3:13 | Хабаррасонон номаҳои тайёршударо ба ҳамаи вилоятҳои шоҳ бурданд. Дар номаҳо навишта шуда буд, ки ҳамаи яҳудиён, пиру ҷавон ва занону кӯдаконро дар муддати як рӯз — ҳафтуми марти соли оянда кушта, несту нобуд гардонанд. Илова бар ин, ҳамаи дороияшонро бо зӯрӣ кашида гиранд. |
12766 | EST 3:15 | Хабаррасонон бо фармони шоҳ зуд равона шуданду ҳамзамон онро дар қалъаи Шушан эълон карданд. Подшоҳ бо Ҳаман нишаста, шароб менӯшиданд, лекин сокинони шаҳри Шушан ҳайрону саргардон шуданд. |
12777 | EST 4:11 | «Ҳамаи дарбориён ва мардуми тамоми вилоятҳо медонанд, ки ба қисми дарунии қасри подшоҳ бе даъват даромадан манъ аст. Хоҳ мард бошад, хоҳ зан, агар бе даъвати шоҳ ба наздаш дарояд, мувофиқи қонун кушта хоҳад шуд. Танҳо дар як ҳолат зинда мондан мумкин, ба шарте ки шоҳ асои тиллоияшро сӯйи шахси даъватнашуда дароз кунад. Маро бошад, шоҳ ба наздаш сӣ рӯз боз даъват накардааст». |
12786 | EST 5:3 | «Чӣ шуд, малика Эстер? Чӣ ҳодиса рӯй дод? Хоҳиши ту чист? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам». |
12789 | EST 5:6 | Вақте ки онҳо май менӯшиданд, шоҳ аз Эстер боз як бори дигар пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам». |
12790 | EST 5:7 | Эстер ҷавоб дод: «Хоҳиш ва дархости ман ин аст: |
12798 | EST 6:1 | Худи ҳамон шаб хоби подшоҳ парид. Бинобар ин фармон дод, ки китоби ёддоштҳоро оварда, дар наздаш хонанд. |
12802 | EST 6:5 | Хизматгорон дар ҷавоб ба шоҳ гуфтанд: «Ана, Ҳаман омадааст». «Бигзор дарояд», — фармон дод шоҳ. |
12807 | EST 6:10 | «Худи ҳозир рафта, ҷомаву аспро бигир ва чунон ки гуфтӣ, ҳамон тавр барои Мордахайи яҳудӣ, ки дар дарбор хизмат мекунад, бикун, — амр кард подшоҳ. — Ҳеҷ чизро аз гуфтаҳоят фаромӯш накун». |
12813 | EST 7:2 | Ҳангоме ки онҳо май менӯшиданд, подшоҳ бори дигар аз малика пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Бигӯй, чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту дода мешавад». |
12820 | EST 7:9 | Пас Ҳарбӯно — яке аз хизматгорони шахсии шоҳ, ки он ҷо буд, гуфт: «Инак, дори бисту семетра дар ҳавлии Ҳаман тайёр аст. Вай онро барои Мордахай, ки барои шоҳ кори нек карда буд, сохтааст». Подшоҳ амр дод: «Худашро ба ҳамон дор овезед!» |
12822 | EST 8:1 | Худи ҳамон рӯз шоҳ Аҳашверӯш молу мулк ва чизу чораи Ҳаман — душмани яҳудиёнро ба малика Эстер дод. Мордахай акнун назди подшоҳ даромад, зеро Эстер ба шоҳ гуфт, ки онҳо хешанд. |
12835 | EST 8:14 | Хабаррасонҳо бо фармони шоҳ, дар аспҳои тездави подшоҳ савор шуда, зуд равона шуданду ҳамзамон онро дар қалъаи Шушан эълон карданд. |
12849 | EST 9:11 | Худи ҳамон рӯз дар бораи шумораи одамони дар Шушан кушташуда ба шоҳ ҳисобот дода шуд. |
12850 | EST 9:12 | Баъд шоҳ ба Эстер гуфт: «Дар худи қалъаи Шушан яҳудиён панҷсад нафар ва даҳ писари Ҳаманро куштанд. Дар дигар вилоятҳо чӣ кор карда бошанд? Акнун бигӯ, дархости ту чист? Он иҷро хоҳад шуд. Хоҳишат чист? Ба ту дода хоҳад шуд». |
12873 | EST 10:3 | Хуллас, Мордахайи яҳудӣ баъд аз подшоҳ Аҳашверӯш шахси дуввум буд. Вай дар байни яҳудиён одами бузург ҳисоб меёфту байни хешу табораш эҳтироми баланд дошт. Ин аз он сабаб буд, ки ӯ барои манфиати халқаш кор мекард ва барои беҳбудии ҳамаи яҳудиён баромад менамуд. |
23225 | MAT 1:12 | Аз замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Еконё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содӯқ, писари Содӯқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Ёқуб ва писари Ёқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо номида шуд. |
23233 | MAT 1:20 | Ҳангоме ки ӯ чунин фикр дошт, фариштаи Худованд дар хобаш аён шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуфи насли Довуд! Аз гирифтани Марям ба занӣ натарс, чунки ин кӯдак дар шиками вай бо қудрати Рӯҳи Муқаддас пайдо шудааст. |
23235 | MAT 1:22 | Ҳамаи ин воқеа барои ба амал омадани гуфтаҳои Худо, ки аллакай ба воситаи пайғамбар пешгӯӣ шуда буданд, рӯй дод: |
23236 | MAT 1:23 | «Духтаре ҳомиладор мешавад ва Писаре таваллуд мекунад, ки ба Ӯ Имонуил (Маънои ин ном „Худо бо мо“ аст) ном медиҳанд». |
23237 | MAT 1:24 | Вақте Юсуф аз хоб бедор шуд, фармони фариштаи Худовандро иҷро кард, яъне Марямро ба занӣ гирифт. |
23242 | MAT 2:4 | Он гоҳ Ҳиродус ҳамаи сардорони рӯҳонӣ ва шариатдононро наздаш хонда, аз онҳо пурсид: «Таъиншудаи Худо дар куҷо бояд таваллуд ёбад?» |
23250 | MAT 2:12 | Дар хобашон бошад, Худо огоҳ кард, ки назди Ҳиродус барнагарданд, аз ин рӯ онҳо бо дигар роҳ ба ватанашон баргаштанд. |
23251 | MAT 2:13 | Баъд аз рафтани ситорашиносон фариштаи Худованд дар хоби Юсуф зоҳир шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуф! Бархезу кӯдак ва модарашро гирифта, ба Миср бигурез. То вақте ки ба ту баро нагӯям, дар ҳамон ҷо бимон. Чунки Ҳиродус бо нияти куштан кӯдакро кофтуков мекунад». |
23253 | MAT 2:15 | Дар он ҷо онҳо то вафоти Ҳиродус мемонанд. Худованд пештар ба забони пайғамбар гуфта буд, ки «Ман аз Миср Писарамро ҷеғ задам». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо ҳамаи ин ҳодиса рӯй дод. |
23257 | MAT 2:19 | Вақте ки Ҳиродус аз олам чашм пӯшид, фариштаи Худованд дар Миср ба хоби Юсуф даромад |
23263 | MAT 3:2 | «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон даст кашед, чунки подшоҳии Худо наздик аст». |
23264 | MAT 3:3 | Яҳё ҳамонест, ки Ишаъё пайғамбар дар борааш гуфта буд: «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!» |
23268 | MAT 3:7 | Инчунин бисёр одамони гурӯҳҳои динии фарисиёну саддуқиён барои таъмид ёфтан назди Яҳё омаданд. Яҳё омада истодани онҳоро дида, ба онҳо гуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед? |
23269 | MAT 3:8 | Ҳатто фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон, ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед. |
23276 | MAT 3:15 | Исо ба вай ҷавоб дод: «Бигузор ҳоло ин корро кунем, чунки аз рӯи хости Худо ин кори дуруст аст». Он гоҳ Яҳё розӣ шуд. |
23277 | MAT 3:16 | Ҳамин ки Исо таъмид ёфта, аз об баромад, дарҳол осмон кушода шуд ва Ӯ Рӯҳи Худоро дид, ки мисли кабӯтар ба поён фаромада дар болои Ӯ қарор гирифт. |
23281 | MAT 4:3 | Он гоҳ иблиси васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд». |
23282 | MAT 4:4 | Лекин Исо ҷавоб гардонда гуфт: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст, балки бо ҳар сухане, ки Худо мегӯяд». |
23283 | MAT 4:5 | Сипас, иблис Исоро ба шаҳри муқаддас Ерусалим бурда, ба нуқтаи баландтарини Хонаи Худо гузошт |
23284 | MAT 4:6 | ва ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо поён парто. Охир дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худо ба фариштагони худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод ва онҳо Туро бар болои дастонашон хоҳанд бардошт, то ки поят ба санге назанад“». |
23285 | MAT 4:7 | «Не! — ҷавоб дод Исо, — чунки дар навиштаҷот боз гуфта шудааст, ки мо набояд Худованд Худои худро бисанҷем». |
23288 | MAT 4:10 | Исо ба ӯ гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки мо бояд Худованд Худои худро бипарастем ва фақат ба Ӯ хизмат кунем». |
23295 | MAT 4:17 | Аз ҳамин вақт Исо ба эълон кардани чунин пайғоми худ оғоз намуд: «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон даст кашед, чунки подшоҳии Худо наздик аст!» |
23301 | MAT 4:23 | Исо ба тамоми вилояти Ҷалил рафта, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ба ҳар дарду бемории одамон шифо мебахшид. |
23306 | MAT 5:3 | «Хушбахтанд касоне, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, чунки Худо дар ҳаёташон подшоҳӣ мекунад! |
23307 | MAT 5:4 | Хушбахтанд касоне, ки ғаму андӯҳ доранд, зеро Худо онҳоро тасаллӣ медиҳад! |
23308 | MAT 5:5 | Хушбахтанд касоне, ки хоксору дастнигари Худо ҳастанд, зеро онҳо ба рӯи замин ҳукмрон мешаванд! |
23309 | MAT 5:6 | Хушбахтанд касоне, ки аз таҳти дил иҷро шудани хости Худоро мехоҳанд, зеро Худо хости онҳоро пурра иҷро мекунад! |
23310 | MAT 5:7 | Хушбахтанд касоне, ки нисбати дигарон раҳму шафқат доранд, зеро Худо ба онҳо низ раҳму шафқат хоҳад кард! |
23311 | MAT 5:8 | Хушбахтанд касоне, ки дилашон пурра ба Худо дода шудааст, зеро онҳо дар ҳузури Худо хоҳанд шуд! |
23312 | MAT 5:9 | Хушбахтанд касоне, ки одамонро оштӣ мекунонанд, зеро Худо онҳоро фарзандони худ хоҳад хонд! |
23313 | MAT 5:10 | Хушбахтанд касоне, ки ҳангоми иҷро кардани хости Худо азоб дода мешаванд, зеро Худо дар ҳаёташон подшоҳӣ мекунад! |
23314 | MAT 5:11 | Хушбахтед шумо, вақте ки мардум аз барои Ман шуморо дашном ва азоб медиҳанд ва дар ҳаққатон бо тӯҳмат ҳар гуна сухани бад мегӯянд. |
23315 | MAT 5:12 | Он гоҳ шоду хуррам бошед, зеро Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Одамон пайғамбаронро низ, ки пеш аз шумо буданд, ҳамин тавр азоб медоданд. |
23322 | MAT 5:19 | Инак, ҳар касе, ки хурдтарин фармоиши Худоро вайрон кунаду ба дигарон низ ҳаминро таълим диҳад, дар подшоҳии Худо хурдтарин шумурда хоҳад шуд. Ва баръакс, ҳар касе, ки ин фармоишро иҷро кунад ва ба дигарон айнан ҳамин чизро ёд диҳад, дар подшоҳии Худо бузург шумурда хоҳад шуд. |
23323 | MAT 5:20 | Зеро ба шумо мегӯям, ки агар ҳатто аз шариатдонону фарисиён дида хости Худоро пурратар иҷро накунед, ҳаргиз ба подшоҳии Худо дохил намешавед. |
23326 | MAT 5:23 | Пас вақте ки шумо дар назди қурбонгоҳ ба Худо ҳадя оварданӣ мешаведу ба хотир меоред, ки бародаратон аз шумо норозигӣ дорад, бояд |
23336 | MAT 5:33 | Шумо боз шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки „қасами бардурӯғ нахӯранд, аммо ҳар қавлро, ки ба Худованд додаанд, иҷро намоянд“. |
23337 | MAT 5:34 | Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, ки тамоман қасам нахӯред, на бо осмон, чунки тахти Худо дар он ҷост, |
23338 | MAT 5:35 | на бо замин, чунки пойҳои Ӯ дар он ҷо қарор доранд, на бо шаҳри Ерусалим, чунки ин шаҳри Худо-Шоҳи бузург аст. |
23371 | MAT 6:20 | Баръакс, мукофоти Худоро ба даст оред, ки бароятон дар осмон нигоҳ дошта мешавад. Ана чунин бойигариро на куяву занг мезанаду на ғоратгарон зада даромада, медузданд. |
23375 | MAT 6:24 | Ҳеҷ кас якбора ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул. |
23381 | MAT 6:30 | Пас, агар Худо алаферо, ки имрӯз дар саҳро ҳасту пагоҳ ба танӯр партофта мешавад, ҳамин тавр пӯшонад, наход шуморо, эй сустимонҳо, аз онҳо чанд маротиба зиёдтар напӯшонад? |
23384 | MAT 6:33 | Шумо дар навбати аввал ҷӯяндаи подшоҳии Худо ва иҷрошавии хости Ӯ бошед ва Ӯ ҳамаи ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад. |
23405 | MAT 7:20 | Хуллас, пайғамбарони бардурӯғро низ шумо аз маҳсули амалашон мешиносед. |