Wildebeest analysis examples for:   tgk-tgk   Э    February 11, 2023 at 19:43    Script wb_pprint_html.py   by Ulf Hermjakob

7130  RUT 1:1  Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад.
7132  RUT 1:3  Аммо пас аз чанд вақт Элимелех — шавҳари Ноомӣ аз олам чашм пӯшида, ӯро бо ду писараш танҳо гузошт.
7152  RUT 2:1  Ноомӣ хешованде дошт, ки номаш Бӯаз буд. Бӯаз марди сарватманду баобрӯ аз қабилаи шавҳараш Элимелех буд.
7154  RUT 2:3  Пас Рут ба киштзоре рафта, аз қафои даравгарон хӯшаҳои афтодаро мечид. Бо амри тасодуф он киштзор ба Бӯаз, ки аз қабилаи Элимелех буд, тааллуқ доштааст.
7164  RUT 2:13  Рут дар ҷавоб гуфт: «Эй хоҷаи меҳрубон, маро аз марҳамати худ дар оянда ҳам маҳрум накунед. Шумо ба ман, ки ҳатто канизатон нестам, суханони нек гуфта, тасаллӣ додед».
7193  RUT 4:1  Он гоҳ Бӯаз ба назди дарвозаи шаҳр рафта, он ҷо нишаст. Вақте ҳамон хешованде, ки дар борааш гуфта буд, аз он ҷо мегузашт, Бӯаз ӯро садо карда гуфт: «Эй дӯстам, биё ин ҷо бишин». Ӯ омада, он ҷо нишаст.
7195  RUT 4:3  Бӯаз ба хешаш муроҷиат намуд: «Ҳоло Ноомӣ аз сарзамини Мӯоб баргаштааст ва мехоҳад заминеро, ки аз они хеши мо — Элимелех аст, фурӯшад.
7201  RUT 4:9  Он гоҳ Бӯаз ба роҳбарон ва ба ҳозирин рӯй овард: «Шумо акнун шоҳид ҳастед, ки ман заминҳоеро, ки аз они Элимелех, Килъон ва Маҳлон аст, аз Ноомӣ мехарам.
7203  RUT 4:11  Он гоҳ роҳбарон ва мардуме, ки дар назди дарвоза ҷамъ омада буданд, тасдиқ карданд: «Бале, мо шоҳид ҳастем. Худованд ҳамсаратро монанди занони Яъқуб — Роҳел ва Леё гардонад. Ин занон барои ӯ фарзандони зиёдро ба дунё оварданд. Дар байни Эфротиён сарват ба даст орӣ ва номат дар деҳаи Байт-Лаҳм машҳур гардад.
12707  EST 1:1  Замони ҳукмронии шоҳ Аҳашверӯш буд, ҳамон шоҳ, ки бар яксаду бисту ҳафт вилоят, аз Ҳиндустон сар карда, то Эфиопия подшоҳӣ мекард.
12735  EST 2:7  Мордахай духтархонде дошт, ки фарзанди амакаш буд. Пас аз вафоти падару модари духтар Мордахай ӯро гирифта, калон карда буд. Ӯ Ҳадаса ном дошт, лекин номи форсияш Эстер буд. Вай қаду қомати мавзун ва чеҳраи зебо дошт.
12736  EST 2:8  Вақте ки фармони шоҳ эълон шуду духтарони зиёдеро ба қалъаи Шушан оварда, ба дасти Ҳейга — нигаҳбони занон супориданд, Эстер ҳам дар байни онҳо буд. Вай низ дар қасри подшоҳӣ таҳти назорати Ҳейга қарор гирифт.
12737  EST 2:9  Ситораи духтар ба Ҳейга маъқул шуду Ҳейга дарҳол ба Эстер маводи ороишию хӯроки ба ӯ хосро дод. Инчунин ҳафт канизони дарбориро ба Эстер супориду ӯро бо канизонаш ба ҷойи беҳтарини хонаи занон гузаронд.
12738  EST 2:10  Мувофиқи амри Мордахай Эстер ба касе дар бораи аз миллати яҳудӣ буданаш ва оилаи худ ҳарф намезад.
12739  EST 2:11  Ҳар рӯз Мордахай назди хонаи занон мегашт, то ки аз ҳолу кори Эстер хабар ёбад.
12743  EST 2:15  Акнун навбати ба назди шоҳ даромадан ба Эстер ҳам расид: ҳамон Эстери духтари Абиҳоили амаки Мордахай, ки Мордахай ӯро ҳамчун духтараш калон карда буд. Вай бо худ танҳо чизҳои пешниҳодкардаи Ҳейгаро гирифт. Инак, ҳама ба Эстер бо чашми нек менигаристанд.
12744  EST 2:16  Зимистони соли ҳафтуми ҳукмронии шоҳ, Эстерро ба назди шоҳ Аҳашверӯш ба қаср оварданду
12745  EST 2:17  вай Эстерро бештар аз ҳамаи занон дӯст дошт ва нисбат ба духтарони дигар ситорааш ба дили шоҳ бештар рост омад. Шоҳ ба сари Эстер тоҷи шоҳигарӣ гузошта, ӯро ба ҷойи Ваштӣ малика эълон намуд.
12746  EST 2:18  Он гоҳ шоҳ ба хотири Эстер барои ҳамаи мансабдорону дарбориён зиёфат доду дар ҳамаи вилоятҳо пули андозро кам карда, ба таври шоҳона тӯҳфаҳо тақсим карда дод.
12748  EST 2:20  Эстер бошад, дар бораи хешовандону халқи худ, чунон ки падархондаш Мордахай ба вай амр дода буд, ба касе чизе нагуфт. Ӯ ба монанди давраи кӯдакӣ ҳамаи гуфтаҳои Мордахайро гӯш мекард.
12750  EST 2:22  Мордахай аз ин хабардор шуда, ба малика Эстер расонид ва ӯ ба шоҳ аз номи Мордахай ҳодисаро нақл кард.
12754  EST 3:3  Дарбориён аз Мордахай мепурсиданд: «Эй! Барои чӣ ту фармони шоҳро иҷро намекунӣ?»
12770  EST 4:4  Вақте канизону хоҷасароёни Эстер ба ӯ аз ҳолати Мордахай хабар доданд, малика хеле хавотир гашта, ҷигархун шуд. Эстер ба Мордахай либос фиристод, то ки ба ҷойи либоси азодориаш бипӯшад, вале Мордахай онро қабул накард.
12771  EST 4:5  Он гоҳ Эстер Ҳатох — хоҷасароеро, ки шоҳ барои хизматаш дода буд, ҷеғ зада, ба назди Мордахай фиристод, то фаҳмад, ки ҳамаи ин чӣ маъно дорад ва барои чист.
12774  EST 4:8  Баъд нусхаи фармони шоҳро дар бораи нобуд кардани яҳудиён, ки дар Шушан баромада буд, ба Ҳатох дод, то ба Эстер нишон диҳаду фаҳмонад. Инчунин Эстерро вазифадор кунад, ки ба назди шоҳ даромада, барои халқаш зорию тавалло намояд.
12775  EST 4:9  Пас Ҳатох омада, суханони Мордахайро ба Эстер нақл кард.
12776  EST 4:10  Эстер Ҳатохро боз назди Мордахай фиристод, то бигӯяд:
12778  EST 4:12  Суханони Эстерро ба Мордахай расонданд.
12779  EST 4:13  Мордахай дар ҷавоби Эстер гуфт: «Фикр накун, ки дар хонаи шоҳ танҳо ту аз байни яҳудиён наҷот меёбӣ.
12781  EST 4:15  Пас Эстер дар ҷавоб ба Мордахай гуфт:
12783  EST 4:17  Бо ҳамин, Мордахай рафта, ҳамаи фармоишҳои Эстерро иҷро кард.
12784  EST 5:1  Дар рӯзи сеюми рӯзадорӣ малика Эстер либосҳои шоҳонаашро пӯшид. Ӯ ба қисми дарунии қаср, ки дар рӯ ба рӯйи толори подшоҳ буд, даромада, истод. Подшоҳ дар толори шоҳона бар тахти шоҳӣ менишаст ва тахти ӯ дар рӯ ба рӯйи даромадгоҳ буд.
12785  EST 5:2  Вақте дид, ки малика дар қисми дарунӣ истодааст, ба назараш писанд афтод. Шоҳ асои тиллоияшро дароз карду Эстер омада, дасташро ба нӯги он расонд.
12786  EST 5:3  «Чӣ шуд, малика Эстер? Чӣ ҳодиса рӯй дод? Хоҳиши ту чист? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам».
12788  EST 5:5  Шоҳ ба хизматгоронаш гуфт: «Ҳаманро зуд рафта, биёред, то ки хоҳиши Эстерро иҷро намоем». Ҳамин тавр, шоҳ ва Ҳаман ба зиёфати малика Эстер рафтанд.
12789  EST 5:6  Вақте ки онҳо май менӯшиданд, шоҳ аз Эстер боз як бори дигар пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам».
12790  EST 5:7  Эстер ҷавоб дод: «Хоҳиш ва дархости ман ин аст:
12795  EST 5:12  «Ва на танҳо ин, — илова намуд ӯ. — Ман ягона одаме мебошам, ки малика Эстер барои шоҳро дар зиёфаташ ҳамроҳӣ намудан даъват кард. Пагоҳ вай ману шоҳро боз даъват намудааст.
12811  EST 6:14  Ҳангоме ки онҳо ҳанӯз бо ӯ сӯҳбат мекарданд, хизматгорони шоҳ омада, зуд Ҳаманро ба зиёфати Эстер бурданд.
12812  EST 7:1  Ҳамин тавр, подшоҳ ва Ҳаман ба зиёфати дуюми малика Эстер рафтанд.
12814  EST 7:3  Малика ҷавоб дод: «Эй подшоҳ, агар писанди назари шумо бошам ва маъқул донед, илтиҷо менамоям, ки ҷони ману халқамро наҷот диҳед.
12817  EST 7:6  Эстер хитоб кард: «Душмани ашаддӣ ҳамин Ҳамани бадкор аст!» Инро шунида, Ҳаман назди подшоҳ ва малика ба даҳшат афтод.
12819  EST 7:8  Ӯ худро бо зорию тавалло болои кати Эстер партофта буд, ки подшоҳ аз боғи қаср баргашт. Подшоҳ дод зад: «Вай ҳатто ҷуръат мекунад, ки дар ҳузури ман ба номуси малика расад?!» Ҳамин ки подшоҳ инро гуфт, рӯйи Ҳаманро пӯшониданд.
12822  EST 8:1  Худи ҳамон рӯз шоҳ Аҳашверӯш молу мулк ва чизу чораи Ҳаман — душмани яҳудиёнро ба малика Эстер дод. Мордахай акнун назди подшоҳ даромад, зеро Эстер ба шоҳ гуфт, ки онҳо хешанд.
12823  EST 8:2  Баъдан подшоҳ ангуштаринашро, ки аз Ҳаман гирифта шуда буд, аз дасташ кашида, ба дасти Мордахай супорид. Эстер бошад Мордахайро бар дороии Ҳаман ҷавобгар намуд.
12824  EST 8:3  Малика Эстер бори дигар бо подшоҳ гап зада, худро пеши пояш партофту гиря кард. Ӯ зорию тавалло намуд, ки нақшаи бади зидди яҳудиён тайёркардаи Ҳаманро бекор намояд.
12825  EST 8:4  Сипас подшоҳ асои тиллоияшро ба Эстер дароз кард ва ӯ аз ҷояш бархоста, назди шоҳ истод.
12828  EST 8:7  Подшоҳ ба малика Эстер ва Мордахайи яҳудӣ гуфт: «Азбаски Ҳаман ба халқи яҳудиён ҳуҷум кард, ӯро ба дор овехтанд ва дороияшро аллакай ба Эстер додам.
12830  EST 8:9  Сипас бисту панҷуми июн котибони шоҳ даъват шуданд. Онҳо фармонро оид ба яҳудиён, аз рӯйи ҳамаи гуфтаҳои Мордахай бо хати ҳар як вилоят ва бо забони ҳар як халқ, ба ҳокимону мирони яксаду бисту ҳафт вилоят — аз Ҳиндустон то Эфиопия навиштанд. Фармон ба яҳудиён низ бо хату забони худашон навишта шуд.
12850  EST 9:12  Баъд шоҳ ба Эстер гуфт: «Дар худи қалъаи Шушан яҳудиён панҷсад нафар ва даҳ писари Ҳаманро куштанд. Дар дигар вилоятҳо чӣ кор карда бошанд? Акнун бигӯ, дархости ту чист? Он иҷро хоҳад шуд. Хоҳишат чист? Ба ту дода хоҳад шуд».
12851  EST 9:13  «Агар ба шоҳ писанд афтад, — ҷавоб дод Эстер, — бигзор ба яҳудиён дар Шушан иҷозат дода шавад, ки пагоҳ низ аз рӯйи қонуни имрӯза амал намоянд. Илова бар ин, мурдаҳои даҳ писари Ҳаман ба дор овехта шаванд».
12863  EST 9:25  Аммо ҳангоме Эстер назди подшоҳ даромад, ӯ фармон баровард, то нақшаи баде, ки Ҳаман барои яҳудиён тайёр карда буд, бар сари худаш омада, бо писаронаш ба дор овехта шавад.
12867  EST 9:29  Пас аз он Эстер — духтари Абиҳоил ҳамроҳи Мордахайи яҳудӣ бо тамоми қудрат мактуби дигарро навиштанд, то ки мактуби дуюмро дар бораи Пурим тасдиқ намоянд.
12869  EST 9:31  Ин мактубҳо рӯзҳои Пуримро тасдиқ карданд, то ки дар рӯзи муайяншуда ҷашн гирифта шаванд, чунон ки Мордахай ва малика Эстер барояшон таъин карда буданд. Одамон қарор доданд, ки ин идро ҳамчун идҳои дигари рӯзаю нолаашон, ки барои худ ва наслҳояшон таъин карда буданд, ҷашн гиранд.
12870  EST 9:32  Ҳамин тавр, фармони малика Эстер анъанаҳои Пуримро тасдиқ намуд ва он дар китоб навишта шуд.
23225  MAT 1:12  Аз замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Еконё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содӯқ, писари Содӯқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Ёқуб ва писари Ёқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо номида шуд.
23233  MAT 1:20  Ҳангоме ки ӯ чунин фикр дошт, фариштаи Худованд дар хобаш аён шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуфи насли Довуд! Аз гирифтани Марям ба занӣ натарс, чунки ин кӯдак дар шиками вай бо қудрати Рӯҳи Муқаддас пайдо шудааст.
23244  MAT 2:6  Эй Байт-Лаҳм, ки дар вилояти Яҳудия ҳастӣ, ту аз дигар шаҳрҳои бузурги Яҳудия ҳеҷ камӣ надорӣ, зеро аз байни зодаҳои ту сарваре мебарояд, ки барои халқи Исроили Ман монанди чӯпон мешавад“».
23251  MAT 2:13  Баъд аз рафтани ситорашиносон фариштаи Худованд дар хоби Юсуф зоҳир шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуф! Бархезу кӯдак ва модарашро гирифта, ба Миср бигурез. То вақте ки ба ту баро нагӯям, дар ҳамон ҷо бимон. Чунки Ҳиродус бо нияти куштан кӯдакро кофтуков мекунад».
23258  MAT 2:20  ва гуфт: «Эй Юсуф! Бархез, кӯдак ва модари Вайро гирифта, ба сарзамини Исроил баргард, зеро касоне, ки Ӯро куштанӣ буданд, мурданд».
23268  MAT 3:7  Инчунин бисёр одамони гурӯҳҳои динии фарисиёну саддуқиён барои таъмид ёфтан назди Яҳё омаданд. Яҳё омада истодани онҳоро дида, ба онҳо гуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед?
23293  MAT 4:15  «Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолии дар сӯи кӯл, дар тарафи дигари дарёи Урдун ҷойгирбуда, вилояти Ҷалили ғайрияҳудиён ҳастӣ!
23360  MAT 6:9  Пас шумо ин тавр бояд дуо кунед: Эй Падари мо, ки дар осмон ҳастӣ, Шаъну шараф бод ба номи муқаддаси Ту.
23390  MAT 7:5  Эй дурӯяҳо! Аввал чӯбро аз чашми худатон дур кунед, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред.
23407  MAT 7:22  Ҳангоме ки рӯзи ҷавобдиҳӣ фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд:Эй Худованд! Магар мо аз номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар аз номи Ту девҳоро намерондем ва магар аз номи Ту бисёр мӯъҷизаҳоро нишон намедодем?“
23408  MAT 7:23  Он гоҳ Ман ба рӯяшон мегӯям:Эй бадкорон! Ман шуморо ҳеҷ гоҳ намешинохтам. Дур шавед аз наздам“.
23443  MAT 8:29  Онҳо Исоро дида дод заданд: «Эй Писари Худо, Ту ба мо чӣ кор дорӣ? Ту омадӣ, ки моро пеш аз мӯҳлат азоб диҳӣ?»
23470  MAT 9:22  Исо ба қафояш рӯй гардонду занро дида, гуфт: «Эй зан, натарс! Туро имонат шифо дод». Худи ҳамон замон зан шифо ёфт.
23475  MAT 9:27  Исо он ҷойро монда, ба роҳ даромада буд, ки ду марди нобино аз дунболи Ӯ равон шуда фарёд мезаданд: «Эй Насли Довуд! Ба мо раҳм кунед!»
23549  MAT 11:21  «Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои худобехабари Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида мӯйканон нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд.
23592  MAT 12:34  Эй морзодагони маккор! Чӣ хел шумо суханони нек гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед. Охир, он чи дилатонро пур мекунад, баъд лабрез шуда аз забонатон берун мебарояд.
23597  MAT 12:39  Лекин Исо ҷавоб дод: «Эй насли одамони баду ба Худо бевафо! Шумо нишона талаб мекунед?! Бароятон ҳеҷ нишонае ғайр аз он чи бо Юнус пайғамбар рӯй дода буд, дода намешавад.
23602  MAT 12:44  Ниҳоят худ ба худ мегӯяд:Э, ба хонаи пештараам бармегардам“, — ва баргашта мебинад, ки ин хона холӣ ва ба тартиб овардаву рӯбучиншуда аст.
23709  MAT 15:7  Эй одамони дурӯя! Ҳақ буд Ишаъё пайғамбар, вақте ки оид ба шумо пешгӯӣ карда гуфта буд:
23724  MAT 15:22  Инак, як зани канъонӣ, ки дар он маҳал зиндагӣ мекард, додзанон назди Исо рафта истода гуфт: «Эй Насли Довуд! Илтимос, Хоҷаам, ба ман раҳм кунед! Духтарам дев дорад ва аҳволаш бениҳоят вазнин аст».
23763  MAT 16:22  Петрус бошад, Исоро як сӯ бурда сарзаниш карда гуфт: «Худо нишон надиҳад! Эй Худованд, он чи гуфтӣ, бигзор ба сарат наояд!»
23786  MAT 17:17  Исо ҷавоб дод: «Эй насли беимонону гумроҳон! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Канӣ, рафта бачаро ба наздам биёред!»
23806  MAT 18:10  Ӯ суханашро давом дода гуфт: «Эҳтиёт бошед, ки ҳатто бо яке аз пайравони хурдтаринам хунукназарона рафтор накунед, зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои нигаҳбони онҳо ҳамеша дар назди Падари осмониам ҳузур дошта метавонанд.
23828  MAT 18:32  Шоҳ он хизматгорро ба наздаш хонда гуфт:Эй хизматгори бад! Ту маро зориву тавалло кардӣ ва ман ба ту тамоми қарзатро бахшидам.
23891  MAT 20:30  Воқеан ду нобиное дар канори роҳ менишастанд. Онҳо гузашта истодани Исоро шунида, зуд фарёд заданд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!»
23892  MAT 20:31  Мардум бошанд, онҳоро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шаванд. Аммо онҳо боз баландтар дод зада мегуфтанд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!»
23953  MAT 22:12  Эй ҷӯра, — муроҷиат мекунад ба ӯ шоҳ, — чӣ тавр ту ба ин ҷо бе либоси идона даромада омадӣ?“ Вале он мард чӣ гуфтанашро намедонист.
24004  MAT 23:17  Эй кӯрони беақл! Охир қадри чӣ баландтар аст: тилло ё ин ки Хонаи Худо, ки тиллои дар он бударо муқаддас мегардонад?
24006  MAT 23:19  Эй кӯрон! Охир чӣ қадри бештаре дорад: қурбонӣ ё қурбонгоҳе, ки қурбониро муқаддас мегардонад?
24011  MAT 23:24  Эй роҳнамоёни кӯр! Шумо нӯшокиатонро аз дока мегузаронед, ки мабодо магас дар дарунаш набошад, аммо шутурро фурӯ мебаред.
24013  MAT 23:26  Эй фарисиёни кӯр! Аввал даруни косаро аз ифлосӣ тоза кунед, он гоҳ беруни он ҳам тоза мешавад!
24020  MAT 23:33  Эй морон ва морзодагони маккор! Наход гумон кунед, ки аз ҳукми ба дӯзах рафтан халосӣ ёфта метавонед?
24024  MAT 23:37  Исо суханонашро давом дода гуфт: «Эй Ерусалим, Ерусалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ!
24030  MAT 24:4  Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ накунад.
24244  MAT 27:46  Қариби соати сеюм Исо бо овози баланд дод зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Лама сабақтанӣ!», ки маънояш «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?!» аст.
24308  MRK 1:24  «Эй Исои Носирӣ, Ту ба мо чӣ кор дорӣ?! Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!»
24440  MRK 5:7  Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо тамоми овозаш фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!»