23219 | MAT 1:6 | Аз шоҳ Довуд то замони ба шаҳри Бобил асир шуда рафтани халқи Исроил инҳо гузаштаанд: Довуд, писараш Сулаймон (модари Сулаймон пештара зани Уриё буд), писари Сулаймон Раҳабъом, писари Раҳабъом Абиё, писари Абиё Осо, писари Осо Еҳӯшофот, писари Еҳӯшофот Еҳӯром, писари Еҳӯром Узиё, писари Узиё Ютом, писари Ютом Оҳоз, писари Оҳоз Ҳизқиё, писари Ҳизқиё Менашше, писари Менашше Омӯн, писари Омӯн Юшиё ва писарони Юшиё Еконеву бародаронаш. Дар ин вақт исроилиён асир гашта ба шаҳри Бобил бурда шуданд. |
23225 | MAT 1:12 | Аз замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Еконё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содӯқ, писари Содӯқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Ёқуб ва писари Ёқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо номида шуд. |
23231 | MAT 1:18 | Таваллуди Исои Масеҳ ин тавр рӯй додааст: Марям, модари Исо, номзади Юсуф буд, аммо пеш аз он ки онҳо зану шавҳар шаванд, дар шиками ӯ бо қудрати Рӯҳи Муқаддас кӯдак пайдо шуд. |
23232 | MAT 1:19 | Азбаски Юсуф одами нек буд, нахост, ки Марямро дар пеши мардум ошкор сохта шарманда кунад. Барои ҳамин ӯ ният кард, ки пинҳонӣ аз вай ҷудо шавад. |
23233 | MAT 1:20 | Ҳангоме ки ӯ чунин фикр дошт, фариштаи Худованд дар хобаш аён шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуфи насли Довуд! Аз гирифтани Марям ба занӣ натарс, чунки ин кӯдак дар шиками вай бо қудрати Рӯҳи Муқаддас пайдо шудааст. |
23237 | MAT 1:24 | Вақте Юсуф аз хоб бедор шуд, фармони фариштаи Худовандро иҷро кард, яъне Марямро ба занӣ гирифт. |
23238 | MAT 1:25 | Аммо то вақти таваллуд шудани Писар бо Марям ҳамхоб нашуд. Ҳангоме ки Писар таваллуд шуд, Юсуф Ӯро Исо номид. |
23251 | MAT 2:13 | Баъд аз рафтани ситорашиносон фариштаи Худованд дар хоби Юсуф зоҳир шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуф! Бархезу кӯдак ва модарашро гирифта, ба Миср бигурез. То вақте ки ба ту баро нагӯям, дар ҳамон ҷо бимон. Чунки Ҳиродус бо нияти куштан кӯдакро кофтуков мекунад». |
23252 | MAT 2:14 | Юсуф аз хоб бедор шуда, кӯдак ва занашро гирифта, дар бевақтии шаб ба Миср раҳсипор мешавад. |
23257 | MAT 2:19 | Вақте ки Ҳиродус аз олам чашм пӯшид, фариштаи Худованд дар Миср ба хоби Юсуф даромад |
23258 | MAT 2:20 | ва гуфт: «Эй Юсуф! Бархез, кӯдак ва модари Вайро гирифта, ба сарзамини Исроил баргард, зеро касоне, ки Ӯро куштанӣ буданд, мурданд». |
23259 | MAT 2:21 | Инак, Юсуф бархеста, кӯдак ва модари Вайро гирифт ва ба Исроил баргашт. |
23261 | MAT 2:23 | Пайғамбарон аллакай дар бораи Масеҳ пешгӯӣ карда гуфта буданд, ки «Ӯро Носирӣ хоҳанд номид». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо Юсуф бо оилааш дар шаҳри Носира сокин шуд. |
23299 | MAT 4:21 | Исо роҳи худро давом медод, ки ду бародари дигар, Ёқуб ва Юҳанноро дид. Онҳо бо падарашон Забдой дар қаиқ буданд ва тӯрҳои худро таъмир мекарданд. Исо онҳоро низ даъват кард |
23488 | MAT 10:2 | Ана номҳои он дувоздаҳ вакилаш: аввалин Шимъӯн (ӯро боз Петрус меномиданд), бародари Шимъӯн Андриёс, баъд бародарон Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд, |
23597 | MAT 12:39 | Лекин Исо ҷавоб дод: «Эй насли одамони баду ба Худо бевафо! Шумо нишона талаб мекунед?! Бароятон ҳеҷ нишонае ғайр аз он чи бо Юнус пайғамбар рӯй дода буд, дода намешавад. |
23598 | MAT 12:40 | Чи тавре ки Юнус се шабу се рӯзро дар шиками наҳанг гузаронда буд, ҳамон тавр Фарзанди Инсон се шабу се рӯзро зери хоки замин мегузаронад. |
23599 | MAT 12:41 | Дар рӯзи ҷазо бошад, шаҳрвандони Нинве бархеста, насли шуморо айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки чизи бузургтар аз Юнус дар ин ҷост! |
23663 | MAT 13:55 | Магар Ӯ ҳамон Исои писари дуредгар нест, ки модараш Марям ва бародаронаш Ёқубу Юсуфу Шимъӯну Яҳудо ҳастанд? |
23745 | MAT 16:4 | Фақат насли ба Худо бевафою бадон нишона меҷӯяд! Худо ба ин насл ҳеҷ нишонаи дигаре ба ғайр аз он ки бо Юнус пайғамбар рӯй додааст, намедиҳад». Инро гуфта Ӯ аз наздашон рафт. |
23758 | MAT 16:17 | Он гоҳ Исо ба Петрус гуфт: «Чӣ хел хушбахт ҳастӣ, Шимъӯн, писари Юҳанно! Чунки инро ба ту на одамизод, балки Падари Ман, ки дар осмон аст, ошкор кардааст. |
23770 | MAT 17:1 | Пас аз шаш рӯз Исо Петрус ва бародарон Ёқубу Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта ба баландии кӯҳе бурд, ки он ҷо онҳо танҳо буданд. |
24254 | MAT 27:56 | Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Марями модари Ёқубу Юсуф ва боз ҳамсари Забдой буданд. |
24255 | MAT 27:57 | Бо фаро расидани шом аз шаҳри Аромот як марди сарватманде бо номи Юсуф омад. Ӯ ҳам шогирди Исо буд. |
24256 | MAT 27:58 | Юсуф пеши Пилотус рафта, хоҳиш кард, ки ҷасади Исоро ба ӯ диҳанд. Пилотус фармон дод, ки ҷасадро ба ӯ диҳанд. |
24257 | MAT 27:59 | Юсуф Вайро гирифта ба кафани тоза печонд |
24303 | MRK 1:19 | Каме дуртар рафта Исо писарони Забдойро дид, ки Ёқуб ва Юҳанно ном доштанд. Онҳо дар қаиқи худ тӯрҳои моҳигириро таъмир мекарданд. |
24313 | MRK 1:29 | Ҳамин ки Исо аз ибодатхона баромад бо ҳамроҳии Ёқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯну Андриёс рафт. |
24374 | MRK 3:17 | Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд ва Исо онҳоро «писарони раъд» меномид, |
24470 | MRK 5:37 | Инро гуфт ва ба ғайр аз Петрус, Ёқуб ва бародари ӯ Юҳанно ба дигарон иҷозат надод, ки ҳамроҳаш бираванд. |
24479 | MRK 6:3 | Магар Ӯ ҳамон дуредгар нест, ки модараш Марям, бародаронаш Ёқуб, Юшо, Яҳудо ва Шимъӯн ҳастанд ва хоҳаронаш ҳам дар байни мо зиндагӣ мекунанд?» Пас Ӯро рад карданд. |
24609 | MRK 9:2 | Пас аз шаш рӯз Исо танҳо Петрус, Ёқуб ва Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта, ба болои кӯҳи баланд баромад. Дар он ҷо рангу рӯи Исо дар пеши назари шогирдонаш дигаргун шуд. |
24645 | MRK 9:38 | Сипас Юҳанно ба Исо гуфт: «Устод, мардеро дидем, ки аз номи Шумо девҳоро берун мекард, вале азбаски ӯ бо мо набуд, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем». |
24692 | MRK 10:35 | Ёқубу Юҳаннои писарони Забдой пеши Исо омада гуфтанд: «Устод, мо мехоҳем, ки хоҳишамонро бароямон иҷро кунед». |
24698 | MRK 10:41 | Даҳ шогирди дигар инро шунида, ба Ёқубу Юҳанно сахт қаҳрашон омад. |
24789 | MRK 13:3 | Вақте Исо дар болои теппаи Зайтун, рӯ ба рӯи Хонаи Худо менишаст, Петрус, Ёқуб, Юҳанно ва Андриёс дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: |
24856 | MRK 14:33 | Ӯ бо худ Петрус, Ёқуб ва Юҳанноро бурд. Ғаму аламаш сахт шиддат меёфт ва |
24935 | MRK 15:40 | Чанд зан ҳам он ҷо буданд, ки аз дур ин ҳодисаҳоро медиданд. Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Салӯмит ва Марям, ки модари Ёқуби хурдсол ва Юшо буд, низ ҳузур доштанд. |
24938 | MRK 15:43 | Юсуф ном шахс аз шаҳри Аромот, ки аъзои обрӯманди шӯро буд ва омадани подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид, боҷуръат ба назди Пилотус рафт ва ҷасади Исоро талаб кард. |
24940 | MRK 15:45 | Вақте он сардори лашкар тасдиқ кард, Пилотус ҷасади Исоро ба Юсуф супорид. |
24941 | MRK 15:46 | Юсуф суфи сафед харид ва ҷасадро аз салиб поён фароварда, кафанпеч карду ба даруни қабре, ки дар ғоре канда шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, онро маҳкам кард. |
24942 | MRK 15:47 | Марями Маҷдалия ва Марям, модари Юшо диданд, ки ҷасад ба куҷо гузошта шуд. |
24989 | LUK 1:27 | Ӯ ба назди Марям ном духтаре омад. Марям номзади Юсуф, як марде аз авлоди шоҳ Довуд буд. |
25046 | LUK 2:4 | Юсуф низ аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил воқеъ гаштааст, ба сарзамини Яҳудия сафар кард. Азбаски ӯ аз авлоди шоҳ Довуд буд, бояд номаш дар шаҳри Байт-Лаҳм, ки ҷои таваллуди Довуд аст, ба қайд гирифта мешуд. |
25058 | LUK 2:16 | Пас бошитоб рафта, Маряму Юсуф ва он кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд. |
25064 | LUK 2:22 | Ҳамин ки вақти покшавии онҳо фаро расид, Юсуфу Марям мувофиқи шариати Мӯсо кӯдакро ба Ерусалим оварданд, то ки ба Худованд пешкаш намоянд. |
25081 | LUK 2:39 | Баъд аз он ки Юсуф ва Марям ҳамаи корҳоро аз рӯи шариати Худованд иҷро карданд, ба шаҳри худ, ки Носираи Ҷалил аст, баргаштанд. |
25117 | LUK 3:23 | Вақте ки Исо ба хизмати худ шурӯъ намуд, тақрибан сисола буд ва ҳама гумон мекарданд, ки Ӯ писари Юсуф аст. Юсуф бошад, писари Элӣ, |
25118 | LUK 3:24 | Элӣ писари Маттот, Маттот писари Левӣ, Левӣ писари Малкӣ, Малкӣ писари Яннай, Яннай писари Юсуф, |
25119 | LUK 3:25 | Юсуф писари Матитё, Матитё писари Омӯс, Омӯс писари Наҳум, Наҳум писари Ҳеслӣ, Ҳеслӣ писари Наҷҷой, |
25120 | LUK 3:26 | Наҷҷой писари Маҳат, Маҳат писари Матитё, Матитё писари Шимъӣ, Шимъӣ писари Юсуф, Юсуф писари Юдо, |
25121 | LUK 3:27 | Юдо писари Юҳонон, Юҳонон писари Ресо, Ресо писари Зарубобил, Зарубобил писари Шаалтиил, Шаалтиил писари Нерӣ, |
25123 | LUK 3:29 | Эр писари Юсе, Юсе писари Элизер, Элизер писари Юрим, Юрим писари Маттот, Маттот писари Левӣ, |
25124 | LUK 3:30 | Левӣ писари Шимъӯн, Шимъӯн писари Яҳудо, Яҳудо писари Юсуф, Юсуф писари Юном, Юном писари Элёқим, |
25154 | LUK 4:22 | Ҳама Исоро таъриф мекарданд ва аз суханони файзбахши Ӯ дар тааҷҷуб монда, мегуфтанд: «Магар Ӯ писари Юсуф нест?» |
25186 | LUK 5:10 | Ёқубу Юҳанно низ, ки писарони Забдой ва шарикони Шимъӯн буданд, ҳайрон шуданд. Вале Исо ба Шимъӯн гуфт: «Натарс, баъд аз ин одамонро монанди моҳӣ ҷамъ хоҳӣ кард». |
25229 | LUK 6:14 | Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус номид ва бародари Шимъӯн Андриёс, Ёқуб ва Юҳанно, Филиппус ва Барталмо, |
25317 | LUK 8:3 | Дигаре Юҳона буд, ки шавҳараш Кузо ном дошту дар дарбори Ҳиродус вазифаи назоратчиро иҷро мекард. Ҳамчунин Сусан ва бисёр дигарон, ки бо пулу молашон онҳоро дастгирӣ мекарданд. |
25365 | LUK 8:51 | Вақте ки Исо ба назди хонаи Ёир омада расид, ба ғайр аз Петрус, Юҳанно, Ёқуб ва падару модари он духтар ба каси дигаре иҷозат надод, ки бо Ӯ ба хона дарояд. |
25398 | LUK 9:28 | Аз ин гуфтугӯ тақрибан ҳашт рӯз гузашт. Исо Петрус, Юҳанно ва Ёқубро бо худ гирифта, барои дуогӯӣ ба болои кӯҳе баромад. |
25419 | LUK 9:49 | Он вақт Юҳанно гуфт: «Хоҷа, мардеро дидем, ки аз номи Шумо девҳоро берун мекард, аммо чун ӯ бо мо нест, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем». |
25424 | LUK 9:54 | Шогирдонаш Ёқуб ва Юҳанно инро дида гуфтанд: «Худовандо! Биёед, мегӯем, ки аз осмон оташе борида онҳоро нобуд созад?» |
25425 | LUK 9:55 | Вале Исо ба Ёқубу Юҳанно рӯ оварда, онҳоро сарзаниш кард ва ҳама ба деҳаи дигаре равон шуданд. |
25503 | LUK 11:29 | Мардуми зиёде дар гирди Исо ҷамъ меомаданд ва Ӯ сухан оғоз намуда гуфт: «Чӣ бад аст насли ҳозира, ки нишонаеро талаб мекунад, вале ғайр аз нишонаи Юнуси пайғамбар ба онҳо нишонаи дигаре дода намешавад. |
25504 | LUK 11:30 | Зеро, ҳамон тавре ки Юнус бар мардуми шаҳри Нинве нишонае буд, Фарзанди Инсон низ бар ин насл нишонае хоҳад шуд. |
25506 | LUK 11:32 | Дар рӯзи ҷазо бошад, шаҳрвандони Нинве бархеста, насли шуморо айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки каси бузургтар аз Юнус дар ин ҷост! |
25941 | LUK 22:8 | Исо Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Бираведу бароямон дастархони иди Балогардонро тайёр кунед». |
26054 | LUK 23:50 | Як марди бо номи Юсуф аз шаҳри Аромоти яҳуднишин буд, ки фаро расидани подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид. Ӯ шахси хубу накӯкор буд ва гарчанд аъзои шӯро бошад ҳам, бо кору қарори баровардаи шӯро розӣ набуд. |
26056 | LUK 23:52 | Юсуф ба назди Пилотус омада, хоҳиш кард, ки ҷасади Исоро ба ӯ диҳанд. |
26059 | LUK 23:55 | Занҳое, ки бо Исо аз Ҷалил омада буданд, аз ақиби Юсуф рафта, ҳам қабр ва ҳам тарзи гӯронда шудани ҷасади Исоро диданд. |
26070 | LUK 24:10 | Дар ин бора ба вакилон Марями Маҷдалия, Юҳона, Марям, ки модари Ёқуб буд ва занҳои дигар низ нақл карданд. |
26155 | JHN 1:42 | Андриёс Шимъӯни Петрусро ба назди Исо овард. Исо бо диққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юҳанно ҳастӣ. Аммо аз ин баъд Кифо номида мешавӣ» (Калимаи Петрус бо юнонӣ ва Кифо бо арамеӣ — маънои ҳардуяш ҳам «санг» аст). |
26158 | JHN 1:45 | Филиппус, дар навбати худ, Натаноилро ёфта, ба ӯ гуфт: «Мо он касеро ёфтем, ки дар борааш Мӯсо дар шариат ва пайғамбарон дар гуфтаҳои худ навишта буданд! Ин Исои писари Юсуф, аз аҳли Носира аст». |
26230 | JHN 4:5 | Инак, Исо ба Суҳор ном шаҳри Сомария омада расид, ки он дар наздикии заминест, ки Ёқуб ба писари худ Юсуф дода буд. |
26368 | JHN 6:42 | Онҳо гуфтанд: «Магар ин ҳамон Исои писари Юсуф нест, ки ҳам падар ва ҳам модари Ӯро мешиносем? Акнун Ӯ чӣ тавр „Ман аз осмон фаромадаам“ гуфта метавонад?» |
26932 | JHN 19:38 | Баъд аз он Юсуфи аромотӣ, ки аз тарси роҳбарони яҳудӣ шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус иҷозат хост, ки ҷасади Исоро гирад. Пилотус иҷозат дод ва ӯ омада, ҷасади Исоро гирифт. |
26982 | JHN 21:15 | Баъд аз хӯрдани хӯрок Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, оё ту Маро аз онҳо бештар дӯст медорӣ?» «Оре, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», — ҷавоб дод Петрус. «Барраҳои Маро чарон», — гуфт Исо. |
26983 | JHN 21:16 | Бори дуюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», — ҷавоб дод Петрус. «Гӯсфандони Маро саробонӣ кун», — гуфт Исо. |
26984 | JHN 21:17 | Бори сеюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки Исо бори сеюм аз ӯ мепурсад, ки Ӯро дӯст медорад ё не. «Худованд, ба Ту ҳама чиз маълум аст, — гуфт ӯ ба Исо. — Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам». Исо ба ӯ гуфт: «Гӯсфандони Маро чарон. |