7130 | RUT 1:1 | Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад. |
7136 | RUT 1:7 | Ҳамроҳи ду келинаш ҷойи зисти худро гузошта, ба роҳ баромад, то ба Яҳудия баргардад. |
7203 | RUT 4:11 | Он гоҳ роҳбарон ва мардуме, ки дар назди дарвоза ҷамъ омада буданд, тасдиқ карданд: «Бале, мо шоҳид ҳастем. Худованд ҳамсаратро монанди занони Яъқуб — Роҳел ва Леё гардонад. Ин занон барои ӯ фарзандони зиёдро ба дунё оварданд. Дар байни Эфротиён сарват ба даст орӣ ва номат дар деҳаи Байт-Лаҳм машҳур гардад. |
7204 | RUT 4:12 | Фарзандоне, ки Худованд аз ин зани ҷавон ба ту ато мефармояд, хонадони туро мисли хонадони Форас бисозанд, ки Томор ӯро барои Яҳудо таваллуд карда буд». |
12722 | EST 1:16 | Яке аз маслиҳатгарон — Мемухон дар ҳузури шоҳ ва мансабдорон гуфт: «Малика Ваштӣ на танҳо ба подшоҳ, балки ба ҳамаи мансабдорону тамоми мардуми вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш беҳурматӣ нишон дод. |
12734 | EST 2:6 | Аслан Киш дар шаҳри Уршалим зиндагӣ мекард. Аммо Набукаднесар — шоҳи сарзамини Бобил чандин сол пеш Уршалимро хароб карда, шоҳи Яҳудия Еконёро ба асирӣ гирифта буд. Дар он вақт Киш — бобокалони Мордахай низ, ҳамроҳи дигар асирон оварда шуд. |
12840 | EST 9:2 | Яҳудиён дар шаҳрҳояшон дар ҳамаи вилоятҳои сарзамини шоҳ ҷамъ омаданд, то ба онҳое, ки маргашонро мехостанд, ҳуҷум намоянд. Азбаски тарс аз яҳудиён ҳамаи халқҳоро фаро гирифта буд, ҳеҷ кас бар зидди онҳо истодагарӣ карда натавонист. |
12853 | EST 9:15 | Яҳудиён дар Шушан низ ҳаштуми март ҷамъ шуда, дар он ҷо сесад нафарро куштанд, лекин ба чизу чора ва молу мулкашон даст нарасониданд. |
12854 | EST 9:16 | Дар ин ҳангом, яҳудиёни дигар дар вилоятҳои подшоҳ низ ҷамъ шуданд, то ки худро муҳофизат намуда, аз душманонашон халос шаванд. Яҳудиён ҳафтоду панҷ ҳазор нафар душманони худро куштанд, лекин ба чизу чора ва молу мулкашон даст нарасониданд. |
23215 | MAT 1:2 | Аз замони Иброҳим то шоҳ Довуд инҳо гузаштаанд: Иброҳим, писараш Исҳоқ, писари Исҳоқ Ёқуб, писарони Ёқуб Яҳудо ва бародаронаш, писарони Яҳудо Форасу Зораҳ (модари онҳо Томор буд), писари Форас Ҳесрӯн, писари Ҳесрӯн Ром, писари Ром Аминодоб, писари Аминодоб Наҳшӯн, писари Наҳшӯн Салмӯн, писари Салмӯн Бӯаз (модари ӯ Роҳоб буд), писари Бӯаз Убид (модари ӯ Рут буд), писари Убид Йисой ва писари Йисой шоҳ Довуд. |
23239 | MAT 2:1 | Исо дар замони ҳукмронии подшоҳ Ҳиродус, дар деҳаи Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия ба дунё омад. Баъд аз таваллуди Ӯ якчанд ситорашиносон аз сарзамини Шарқ ба шаҳри Ерусалим омада, |
23240 | MAT 2:2 | пурсиданд: «Куҷост он кӯдаки навзоде, ки Шоҳи Яҳудиён мешавад? Мо дидем, чӣ хел ситораи Ӯ аз тарафи шарқ баромад ва омадем, то ки ба Ӯ саҷда кунем». |
23243 | MAT 2:5 | Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Дар Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия, чунки дар яке аз китобҳои пайғамбарон чунин навишта шудааст: |
23244 | MAT 2:6 | „Эй Байт-Лаҳм, ки дар вилояти Яҳудия ҳастӣ, ту аз дигар шаҳрҳои бузурги Яҳудия ҳеҷ камӣ надорӣ, зеро аз байни зодаҳои ту сарваре мебарояд, ки барои халқи Исроили Ман монанди чӯпон мешавад“». |
23260 | MAT 2:22 | Лекин ӯ шунид, ки дар Яҳудия ба ҷои Ҳиродус писараш Аркилоус подшоҳӣ мекунад ва тарсид, ки ба он ҷо биравад. Баъд дар хобаш аён шуд, ки он ҷо наравад, бинобар ин онҳо роҳи вилояти Ҷалилро пеш гирифтанд. |
23262 | MAT 3:1 | Вақте расид, ки марде бо номи Яҳёи Таъмиддиҳанда ба биёбони Яҳудия рафта, мардумро насиҳат карда мегуфт: |
23264 | MAT 3:3 | Яҳё ҳамонест, ки Ишаъё пайғамбар дар борааш гуфта буд: «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!» |
23265 | MAT 3:4 | Яҳё дар тан либоси аз пашми шутур ва камарбанди чармӣ дошт, хӯрокаш бошад, малаху асали саҳроӣ буд. |
23266 | MAT 3:5 | Мардум аз шаҳри Ерусалиму аз саросари Яҳудия ва аз тамоми гирду атрофи дарёи Урдун ба назди Яҳё меомаданд. |
23267 | MAT 3:6 | Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод. |
23268 | MAT 3:7 | Инчунин бисёр одамони гурӯҳҳои динии фарисиёну саддуқиён барои таъмид ёфтан назди Яҳё омаданд. Яҳё омада истодани онҳоро дида, ба онҳо гуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед? |
23274 | MAT 3:13 | Дар ин вақт Исо аз вилояти Ҷалил назди дарёи Урдун омад, то ки аз Яҳё таъмид бигирад. |
23275 | MAT 3:14 | Лекин Яҳё Ӯро аз ин кор боздоштанӣ шуда гуфт: «Исо, ин ман бояд аз Ту таъмид бигирам, Ту бошӣ, назди ман омадӣ!» |
23276 | MAT 3:15 | Исо ба вай ҷавоб дод: «Бигузор ҳоло ин корро кунем, чунки аз рӯи хости Худо ин кори дуруст аст». Он гоҳ Яҳё розӣ шуд. |
23290 | MAT 4:12 | Дертар Яҳёро дастгир мекунанду ин хабар ба гӯши Исо мерасад ва Ӯ ба шаҳри Носираи вилояти Ҷалил меравад. |
23303 | MAT 4:25 | Бинобар ин мардуми бениҳоят бисёре аз Ҷалилу Даҳ Шаҳр, аз Ерусалиму Яҳудия ва аз сарзамини он тарафи дарёи Урдун омада, аз пайи Исо мерафтанд. |
23353 | MAT 6:2 | Яъне, вақте ки садақа медиҳед, ба монанди одамони дурӯя ба ҳама овоза накунед. Онҳо дар ибодатхонаҳо ва дар сари кӯчаҳо садақа доданашонро эълон менамоянд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. |
23462 | MAT 9:14 | Сипас, баъзе аз шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда ба Исо наздик шуда гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён одатан рӯза мегирему шогирдони Шумо не?» |
23468 | MAT 9:20 | Як зане, ки дувоздаҳ сол боз касалии хунравӣ дошт, аз дилаш гузаронда буд, ки ақаллан ба ҷомаи Исо даст расонад, шифо меёбад. Бо ҳамин ният ӯ аз қафо ба Исои роҳ рафтаистода наздик шуду ба домани ҷомааш даст расонд. |
23490 | MAT 10:4 | Шимъӯни Ватандӯст ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад. |
23530 | MAT 11:2 | Вақте ки Яҳёи Таъмиддиҳанда дар ҳабсхона менишаст, хабари корнамоии Исои Масеҳ ба гӯшаш расид. Он гоҳ ӯ чанд нафар шогирдашро назди Исо фиристод. |
23532 | MAT 11:4 | Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Он чӣ мешунаведу мебинед, рафта ба Яҳё нақл бикунед. |
23533 | MAT 11:5 | Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаваду лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдаҳо аз нав зинда мешаванд ва ба бенавоён хушхабар эълон карда мешавад. |
23535 | MAT 11:7 | Ҳангоме ки шогирдони Яҳё ба роҳ даромаданд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад? |
23538 | MAT 11:10 | Яҳё ҳамон як одам, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфта буд: „Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам, то ба омаданат роҳ тайёр кунад“. |
23539 | MAT 11:11 | Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда касе пайдо нашудааст. Аммо шахси хурдтарин дар подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст. |
23540 | MAT 11:12 | Аз рӯзе, ки Яҳё ба эълон кардани пайғоми худ шурӯъ намуд, то ба имрӯз подшоҳии Худо аз зӯроварӣ азоб кашид ва одамони боқудрат онро зӯран ба даст оварданӣ ҳастанд. |
23541 | MAT 11:13 | Дар навиштаҷоти пайғамбарон ва шариати Мӯсо то замони Яҳё пешгӯиҳо омадаанд; |
23542 | MAT 11:14 | агар шумо ба гуфтаҳои онҳо бовар кардан хоҳед, Яҳё ҳамон Илёс пайғамбар аст, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд. |
23546 | MAT 11:18 | Инак, Яҳё омада, рӯза медошт ва май наменӯшид, аммо ҳама мегуфтанд, ки ӯ дев дорад. |
23649 | MAT 13:41 | Яъне Фарзанди Инсон фариштаҳои худро мефиристад, то ки ҳамаи бадкорон ва ҳамаи васвасакоронро аз дохили подшоҳии Вай ҷудо карда гирифта |
23663 | MAT 13:55 | Магар Ӯ ҳамон Исои писари дуредгар нест, ки модараш Марям ва бародаронаш Ёқубу Юсуфу Шимъӯну Яҳудо ҳастанд? |
23668 | MAT 14:2 | Ҳиродус ба мансабдоронаш гуфт, ки дар асл ин Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, ки аз нав зинда шудааст, барои ҳамин ҳам Ӯ чунин қудрати мӯъҷизакорӣ дорад. |
23669 | MAT 14:3 | Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда Ҳиродус Ҳиродия, зани бародараш Филиппусро ба занӣ гирифта буд. Гаштаю баргашта Яҳё ба ӯ мегуфт: «Аз рӯи шариати мо ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Бинобар ин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир кунанду дасту пояшро баста, ба ҳабс андозанд. |
23671 | MAT 14:5 | Ҳиродус мехост Яҳёро ба қатл расонад, аммо аз халқ метарсид, зеро халқ Яҳёро пайғамбар меҳисобид. |
23674 | MAT 14:8 | Духтар аз рӯи маслиҳати модараш гуфт: «Бароям сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯи табақе оварда диҳед». |
23676 | MAT 14:10 | Ҷаллоди фиристодааш рафта, дар ҳабсхона сари Яҳёро аз танаш ҷудо кард |
23678 | MAT 14:12 | Баъд аз ин шогирдони Яҳё омада, ҷасади ӯро бурда гӯрониданд ва ҳодисаи рӯйдодаро рафта ба Исо нақл карданд. |
23755 | MAT 16:14 | Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ӯ Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, қисми дигари одамон мегӯяд, ки Илёс ё Ирмиё ва ё яке аз дигар пайғамбарони гузашта омадааст». |
23782 | MAT 17:13 | Он вақт шогирдон фаҳмиданд, ки Исо Илёс гуфта Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар назар дошт. |
23832 | MAT 19:1 | Исо суханонашро ба охир расонда, аз вилояти Ҷалил сӯи сарзамини Яҳудия, ки дар дигар тарафи дарёи Урдун ҷойгир буд, раҳсипор шуд. |
23920 | MAT 21:25 | Бигӯед, ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?» Онҳо байни якдигар баҳс карда гуфтанд: «Агар „Худо дода буд“ гӯем, Ӯ мепурсад, ки чаро ба Яҳё бовар накардем. |
23921 | MAT 21:26 | Аммо агар „инсон“ гӯем, халқ зидди мо мебарояд, чунки ба пайғамбар будани Яҳё эътиқод дорад». |
23927 | MAT 21:32 | Зеро Яҳёи Таъмиддиҳанда ба назди халқамон барои роҳи ростро нишон додан омад, аммо шумо ба ӯ бовар накардед, андозгирон ва фоҳишаҳо бошанд, бовар карданд. Ҳатто баъд аз дидани ҳамаи ин шумо аз фикратон нагаштед ва бовар накардед. |
23928 | MAT 21:33 | Ба масали дигаре гӯш андозед, — гуфт ӯ. Як заминдор токзор бунёд карда, гирди онро девор мегирад. Барои фишурдани ангур ҳавз мекобад ва дидбонгоҳе месозад. Баъд токзорашро ба чанд нафаре иҷора медиҳаду хонаашро монда ба кишвари дигар сафар мекунад. |
24033 | MAT 24:7 | Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад. Дар ҳар ҷо қаҳтию гуруснагӣ ба амал меояд ва заминҷунбиҳо рӯй медиҳанд. |
24042 | MAT 24:16 | «Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. |
24137 | MAT 26:14 | Яке аз шогирдони Исо, ки Яҳудои Исқарют ном дошт, назди сардорони рӯҳонӣ рафта |
24138 | MAT 26:15 | пурсид: «Агар Исоро ба шумо таслим кунам, ба ман чӣ медиҳед?» Онҳо ба Яҳудо сӣ тангаи нуқра шумурда доданд. |
24139 | MAT 26:16 | Аз ҳамон лаҳза сар карда, Яҳудо барои таслим кардани Исо фурсати қулай меҷуст. |
24148 | MAT 26:25 | Яҳудои хиёнаткор ба сухан даромада гуфт: «Мабодо ман набошам, устод?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Худат ҳамин тавр гуфтӣ». |
24170 | MAT 26:47 | Ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдаш ҳамроҳи як тӯдаи калони одамони чӯбу шамшер дар даст аз ҷониби сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм расида омад. |
24172 | MAT 26:49 | Яҳудо рост пеши Исо омада «Салом, устод» гӯён Ӯро бӯсид. |
24201 | MAT 27:3 | Вақте Яҳудои хиёнаткор дид, ки Исо ба марг маҳкум шуд, аз кори кардааш тавба кард. Ӯ он сӣ тангаи нуқраро назди сардорони рӯҳонӣ ва пирон баргардонда оварду |
24203 | MAT 27:5 | Яҳудо он сӣ тангаи нуқраро ба рӯи фарши Хонаи Худо партофту аз он ҷо баромада рафта худро овехт. |
24209 | MAT 27:11 | Акнун, ки Исо дар назди ҳокими румӣ меистод, ҳоким аз Ӯ пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Худатон ҳамин тавр мегӯед». |
24227 | MAT 27:29 | Баъд аз навдаҳои хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанду ба дасти росташ чӯб доданд. Онҳо масхаракунон «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» гуфта дар пеши Ӯ ба сари зону меистоданд. |
24235 | MAT 27:37 | Аз болои сари Исо айбномае бар Ӯ навишта шуда буд: «Ин Исо Шоҳи Яҳудиён аст». |
24288 | MRK 1:4 | Ин шахс Яҳё пайғамбар буд, ки ба биёбон омада, ба эълон кардан даромад, ки мардум барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳҳояшон даст кашанд ва таъмид бигиранд. |
24289 | MRK 1:5 | Аҳолии шаҳри Ерусалим ва мардуми тамоми сарзамини Яҳудия пеши Яҳё ба биёбон меомаданд. Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод. |
24290 | MRK 1:6 | Яҳё либосе аз пашми шутур ва камарбанди чармӣ дошт. Хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд. |
24293 | MRK 1:9 | Рӯзе Исо аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил буд, ба назди Яҳё рафт ва Яҳё Ӯро дар дарёи Урдун таъмид дод. |
24298 | MRK 1:14 | Пас аз дастгир шудани Яҳё Исо ба сарзамини Ҷалил омад, то ки хушхабари Худоро ба мардум эълон бикунад. |
24347 | MRK 2:18 | Дар он айём ҳам пайравони Яҳё ва ҳам фарисиён рӯза гирифта буданд. Баъзе касон назди Исо омада пурсиданд: «Чаро пайравони Яҳё ва пайравони фарисиён рӯза мегиранду шогирдони Шумо намегиранд?» |
24352 | MRK 2:23 | Як рӯзи истироҳат Исо ва шогирдонаш аз киштзори гандум мегузаштанд ва дар аснои роҳ шогирдон хӯшаҳои гандумро мечиданд. |
24364 | MRK 3:7 | Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш ба тарафи кӯл равона шуд, мардуми бисёре аз сарзамини Ҷалилу Яҳудия, |
24376 | MRK 3:19 | ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад. Баъд Исо ба хона рафт. |
24399 | MRK 4:7 | Як миқдори дигараш ба миёни хорҳо меафтад ва хорҳо қад кашида майсаи баромадаро пахш мекунанду намегузоранд, ки он ҳосил диҳад. |
24479 | MRK 6:3 | Магар Ӯ ҳамон дуредгар нест, ки модараш Марям, бародаронаш Ёқуб, Юшо, Яҳудо ва Шимъӯн ҳастанд ва хоҳаронаш ҳам дар байни мо зиндагӣ мекунанд?» Пас Ӯро рад карданд. |
24490 | MRK 6:14 | Шоҳ Ҳиродус аз ин корҳо бохабар шуд, чунки номи Исо дар ҳама ҷо шӯҳрат меёфт. Баъзеҳо дар бораи Исо мегуфтанд, ки ин Яҳёи Таъмиддиҳанда зинда шудааст ва барои ҳамин ҳам чунин қудрати мӯъҷизакорӣ дар ҳаёташ амал мекунад. |
24492 | MRK 6:16 | Аммо вақте Ҳиродус инро шунид, гуфт: «Ин Яҳё аст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо карда будам ва ҳоло ӯ аз нав зинда шудааст». |
24493 | MRK 6:17 | Зеро чунин ҳодиса рӯй дода буд: Ҳиродус ба занӣ Ҳиродияро, ки зани бародараш Филиппус буд, гирифт. Барои ҳамин Яҳё ба Ҳиродус мегуфт: «Хонадоршавии шумо бо Ҳиродия, ки зани бародаратон аст, раво нест». Аз ин рӯ, Ҳиродус як даста одамонро барои дастгир кардани Яҳё фиристод. Онҳо ӯро дастгир карда, баста ба ҳабс андохтанд. |
24495 | MRK 6:19 | Дар дили Ҳиродия зидди Яҳё кина пайдо шуд ва ӯ хост, ки Яҳёро бикушад, лекин ин корро карда наметавонист, |
24496 | MRK 6:20 | чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид. Вай медонист, ки Яҳё марди худотарс ва муқаддас аст, барои ҳамин ҳам ӯро эҳтиёт мекард. Гарчанде суханони Яҳё ӯро нороҳат мекарданд, ба ҳар ҳол онҳоро гӯш кардан барояш маъқул буд. |
24500 | MRK 6:24 | Духтар рафта аз модараш маслиҳат пурсид, ки чӣ талаб кунад. Ҳиродия ҷавоб дод: «Сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро талаб кун». |
24501 | MRK 6:25 | Духтар базудӣ назди шоҳ омада гуфт: «Мехоҳам, ки худи ҳозир сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯи табақе ба ман ҳадя кунед». |
24503 | MRK 6:27 | Бинобар ин шоҳ даррав ба ҷаллод фармуд, ки сари Яҳёро барояш гирифта биёрад. Ҷаллод ба ҳабсхона рафта, сари Яҳёро аз танаш ҷудо карду |
24505 | MRK 6:29 | Ҳангоме ки шогирдони Яҳё аз ин хабар ёфтанд, омада, ҷасади ӯро гирифтанду бурда гӯронданд. |
24592 | MRK 8:23 | Исо дасти он мардро гирифта аз деҳа берун бурд. Баъд оби даҳонашро ба чашмони мард молида, дастонашро бар Ӯ гузошту пурсид: «Ягон чиз мебинӣ?» |
24597 | MRK 8:28 | Онҳо ҷавоб доданд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Шумо Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастед, дигарон, ки Илёс пайғамбаред, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Шумо яке аз пайғамбарони гузашта ҳастед». |
24658 | MRK 10:1 | Исо он ҷоро монда, ба тарафи сарзамини Яҳудия ва қисми шарқии дарёи Урдун рафт. Боз мардуми зиёде дар он ҷо ҷамъ омаданд ва Ӯ низ аз рӯи одат ба таълими онҳо шурӯъ кард. |
24739 | MRK 11:30 | Ба Ман бигӯед, ки ҳуқуқи таъмиддиҳиро ба Яҳё Худо ё инсон дода буд?» |