7130 | RUT 1:1 | Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад. |
7132 | RUT 1:3 | Аммо пас аз чанд вақт Элимелех — шавҳари Ноомӣ аз олам чашм пӯшида, ӯро бо ду писараш танҳо гузошт. |
7133 | RUT 1:4 | Писаронаш духтарони мӯобиро ба занӣ гирифтанд, ки номи яке Орфо ва дигаре Рут буд. Баъди даҳ соле, ки онҳо дар он ҷо умр ба сар бурданд, |
7134 | RUT 1:5 | Маҳлон ва Килъон низ аз олам гузаштанд. Инак, Ноомӣ бешавҳару беписар монд. |
7135 | RUT 1:6 | Пас аз муддате Ноомӣ шунид, ки Худованд ба халқи худ баракати ҳосили фаровон додааст. Ӯ бо занони писаронаш бархост, то ки Мӯобро тарк кунад. |
7137 | RUT 1:8 | Аммо дар роҳ Ноомӣ ба онҳо гуфт: «Ба хонаҳои модаронатон баргардед. Бигзор Худованд ба ивази некиҳое, ки ба ман ва фарзандони раҳматиам кардед, ба шумо некӣ кунад. |
7138 | RUT 1:9 | Дуо мекунам, ки ҳардуятон боз ба шавҳар бароед ва шуморо дар он хона хуш бипазиранд». Пас Ноомӣ хайрухушкунон онҳоро бӯсид. Аммо онҳо гиря карда |
7139 | RUT 1:10 | гуфтанд: «Не, мо ҳамроҳатон назди халқи шумо меравем». |
7140 | RUT 1:11 | Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Духтаронам, шумо бояд баргардед. Чаро ҳамроҳи ман будан мехоҳед? Оё ман метавонам боз соҳиби писароне шавам, ки шуморо ба занӣ гиранд? |
7141 | RUT 1:12 | Духтаронам, ман барои дубора шавҳар кардан пир шудаам, барои ҳамин ба хонаҳои худ баргардед. Ҳатто агар чунин имкон бошаду ман ҳамин шаб шавҳар карда писардор шавам ҳам, |
7142 | RUT 1:13 | оё шумо то ба воя расидани онҳо сабр мекунед? Ин хел шумо шавҳар карда наметавонед. Не, духтаронам, шумо медонед, ки ин номумкин аст. Ранҷу азобе, ки дорам, бароятон беҳад вазнин аст, чунки Худованд бар зидди ман аст». |
7143 | RUT 1:14 | Онҳо боз бо овози баланд гиря карданд. Сипас Орфо хушдоманашро бӯсида, бо ӯ хайрухуш карда рафт, аммо Рут бо ӯ монд. |
7144 | RUT 1:15 | Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Бубин, Орфо ба назди қавми худ ва худоёни худ бармегардад, ту ҳам ҳамроҳи ӯ бирав». |
7145 | RUT 1:16 | Аммо Рут илтиҷо кард: «Маро маҷбур накунед, ки аз пешатон равам. Иҷозат диҳед, ҳамроҳатон истам. Ҳар ҷойе ки равед, ман ҳам меравам. Ҳар ҷойе ки зиндагӣ кунед, ман ҳам он ҷо зиндагӣ мекунам. Халқи шумо халқи ман ва Худои шумо Худои ман мешавад. |
7146 | RUT 1:17 | Ҳар ҷое ки бимиред, ман ҳам ҳамон ҷой хоҳам мурд ва дар он ҷой маро низ гӯр хоҳанд кард. Агар чизе ғайр аз марг маро аз шумо ҷудо кунад, Худо ба балои бад гирифторам кунад». |
7148 | RUT 1:19 | Ҳамин тавр, онҳо роҳи худро давом доданд ва ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд. Ҳангоме онҳо ба шаҳр даромаданд, мардум аз дидани онҳо ба ҳаяҷон омаданду занон чунин мегуфтанд: «Наход ин Ноомӣ бошад?» |
7149 | RUT 1:20 | Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Худои Таоло ҳаёти маро хеле талху ғамнок кардааст, барои ҳамин маро дигар Ноомӣ (яъне форам) нагӯед, балки Мора (яъне талх) бигӯед. |
7150 | RUT 1:21 | Вақте ки аз ин ҷо баромада рафтам, ҳама чиз доштам, аммо Худованд маро бо дасти холӣ баргардонд. Чаро маро Ноомӣ мегӯед, ҳол он ки Худованд маро ба чунин мусибат гирифтор кардааст ва Худои Таоло маро бадбахт намудааст?» |
7151 | RUT 1:22 | Инак, Ноомӣ ҳамроҳи келинаш Рут аз сарзамини Мӯоб баргашт. Ҳангоме ки онҳо ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд, мавсими дарави ҷав нав сар шуда буд. |
7152 | RUT 2:1 | Ноомӣ хешованде дошт, ки номаш Бӯаз буд. Бӯаз марди сарватманду баобрӯ аз қабилаи шавҳараш Элимелех буд. |
7153 | RUT 2:2 | Рӯзе Рут ба Ноомӣ гуфт: «Иҷозат диҳед, ба киштзорҳои гирду атроф равам, шояд ягон кас ба ман раҳм карда гузорад, ки хӯшаҳои аз паси даравгарон ба замин афтодаро чинам». Ноомӣ ҷавоб дод: «Бирав, духтарам». |
7154 | RUT 2:3 | Пас Рут ба киштзоре рафта, аз қафои даравгарон хӯшаҳои афтодаро мечид. Бо амри тасодуф он киштзор ба Бӯаз, ки аз қабилаи Элимелех буд, тааллуқ доштааст. |
7155 | RUT 2:4 | Пас аз муддате Бӯаз аз деҳаи Байт-Лаҳм омад ва бо коргарон салому алейк карда гуфт: «Худованд ёратон бод!» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Раҳмат, Худованд шуморо баракат диҳад!» |
7156 | RUT 2:5 | Бӯаз аз саркори даравгарон пурсид: «Он зани ҷавон кист?» |
7157 | RUT 2:6 | Саркор ҷавоб дод: «Ин зани ҷавон ҳамон мӯобӣ аст, ки ҳамроҳи Ноомӣ аз кишвари Мӯоб омадааст. |
7158 | RUT 2:7 | Ӯ аз ман иҷозат пурсид, ки аз қафои даравгарон хӯшаҳои ба замин афтодаро чинад. Ӯ аз субҳ то ин дам машғули кор аст, танҳо як бор дар зери соябон каме истироҳат кард». |
7159 | RUT 2:8 | Он гоҳ Бӯаз ба Рут гуфт: «Духтарам, гӯш кун, барои хӯшачинӣ ба майдонҳои дигар нарав, балки дар ҳамин ҷо бо занон истода, кор кун. |
7160 | RUT 2:9 | Ба онҳо нигоҳ кун, ҳар ҷое ки онҳо дарав кунанд, ту ҳам аз қафои онҳо рав. Ман ба мардикорони худ амр додам, ки ба ту даст нарасонанд. Агар ташна шавӣ, рафта аз кӯзаҳое, ки хизматгоронам об пур мекунанд, бинӯш». |
7162 | RUT 2:11 | Бӯаз дар ҷавоб гуфт: «Ҳар он чӣ ту баъди марги шавҳарат дар ҳаққи хушдоманат кардӣ, ба гӯшам расид. Медонам, ки падару модар ва ватани худро монда омадӣ, то дар байни халқи ношинос зиндагӣ кунӣ. |
7163 | RUT 2:12 | Худованд барои корҳои кардаат ба ту файзу баракат диҳад. Бигзор Худованд, Худои Исроил, ки назди Ӯ омадаӣ, туро дар паноҳаш нигоҳ дорад ва ба ту мукофот ато намояд». |
7164 | RUT 2:13 | Рут дар ҷавоб гуфт: «Эй хоҷаи меҳрубон, маро аз марҳамати худ дар оянда ҳам маҳрум накунед. Шумо ба ман, ки ҳатто канизатон нестам, суханони нек гуфта, тасаллӣ додед». |
7165 | RUT 2:14 | Дар вақти хӯрокхӯрӣ Бӯаз ба Рут гуфт: «Биё, хӯрок хӯр. Нонатро ба шираи ангур тар карда хӯр». Пас Рут дар назди даравгарон нишаст ва Бӯаз ба ӯ гандумбирён дод. Рут то серӣ хӯрду боз боқӣ монд. |
7166 | RUT 2:15 | Чун Рут бархоста, ба хӯшачинӣ сар кард, Бӯаз ба даравгарони худ амр дода гуфт: «Агар ӯ байни хӯшаҳои баста хӯша чинад ҳам, ба ӯ чизе нагӯед ва кордор нашавед. Баръакс, каме аз хӯшаҳои басташуда низ ба рӯйи замин бирезед, то ӯ бичинад». |
7168 | RUT 2:17 | Рут то бегоҳ дар он киштзор хӯша чид. Вақте хӯшаҳоро бикӯфт, тақрибан дувоздаҳ кило ҷави тоза ба даст овард. |
7169 | RUT 2:18 | Рут онро бо худ ба шаҳр овард ва хушдоманаш дид, ки чӣ қадар ҷав ҷамъ кардааст. Ӯ боқимондаи хӯроки худро низ ба Ноомӣ дод. |
7170 | RUT 2:19 | Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Аз куҷо ҳамаи инро ҷамъ овардӣ? Дар кадом киштзор кор кардӣ? Худо касеро, ки ба ту ин қадар ғамхорӣ кардааст, баракат диҳад!» Рут ба хушдоманаш гуфт, ки дар киштзори Бӯаз ном марде кор кардааст. |
7171 | RUT 2:20 | Ноомӣ ба Рут гуфт: «Худованд Бӯазро баракат диҳад! Ӯ марҳамати худро аз мо ва аз мурдагон дареғ надоштааст». Ӯ боз илова кард: «Он мард яке аз хешони наздики мост, ки бояд сарпарастиамонро ба ӯҳда бигирад». |
7172 | RUT 2:21 | Пас аз он Рут гуфт: «Ӯ ҳатто ба ман гуфт, ки бо коргаронаш то тамом шудани мавсими дарав дар киштзори ӯ хӯша чинам». |
7173 | RUT 2:22 | Ноомӣ ба Рут гуфт: «Бале, духтарам, ҳамроҳи занон дар киштзори Бӯаз кор кунӣ, беҳтар аст. Агар ба ҷойи дигар равӣ, мумкин коргарон ба ту даст расонанд». |
7174 | RUT 2:23 | Бо ҳамин, Рут то охири мавсими дарави гандуму ҷав бо канизони Бӯаз ҷамъоварии ғалларо давом медод ва бо хушдоманаш зиндагӣ мекард. |