Wildebeest analysis examples for:   tgk-tgk   и    February 11, 2023 at 19:43    Script wb_pprint_html.py   by Ulf Hermjakob

7130  RUT 1:1  Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад.
7132  RUT 1:3  Аммо пас аз чанд вақт Элимелех шавҳари Ноомӣ аз олам чашм пӯшида, ӯро бо ду писараш танҳо гузошт.
7133  RUT 1:4  Писаронаш духтарони мӯобиро ба занӣ гирифтанд, ки номи яке Орфо ва дигаре Рут буд. Баъди даҳ соле, ки онҳо дар он ҷо умр ба сар бурданд,
7134  RUT 1:5  Маҳлон ва Килъон низ аз олам гузаштанд. Инак, Ноомӣ бешавҳару беписар монд.
7135  RUT 1:6  Пас аз муддате Ноомӣ шунид, ки Худованд ба халқи худ баракати ҳосили фаровон додааст. Ӯ бо занони писаронаш бархост, то ки Мӯобро тарк кунад.
7136  RUT 1:7  Ҳамроҳи ду келинаш ҷойи зисти худро гузошта, ба роҳ баромад, то ба Яҳудия баргардад.
7137  RUT 1:8  Аммо дар роҳ Ноомӣ ба онҳо гуфт: «Ба хонаҳои модаронатон баргардед. Бигзор Худованд ба ивази некиҳое, ки ба ман ва фарзандони раҳматиам кардед, ба шумо некӣ кунад.
7138  RUT 1:9  Дуо мекунам, ки ҳардуятон боз ба шавҳар бароед ва шуморо дар он хона хуш бипазиранд». Пас Ноомӣ хайрухушкунон онҳоро бӯсид. Аммо онҳо гиря карда
7139  RUT 1:10  гуфтанд: «Не, мо ҳамроҳатон назди халқи шумо меравем».
7140  RUT 1:11  Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Духтаронам, шумо бояд баргардед. Чаро ҳамроҳи ман будан мехоҳед? Оё ман метавонам боз соҳиби писароне шавам, ки шуморо ба занӣ гиранд?
7141  RUT 1:12  Духтаронам, ман барои дубора шавҳар кардан пир шудаам, барои ҳамин ба хонаҳои худ баргардед. Ҳатто агар чунин имкон бошаду ман ҳамин шаб шавҳар карда писардор шавам ҳам,
7142  RUT 1:13  оё шумо то ба воя расидани онҳо сабр мекунед? Ин хел шумо шавҳар карда наметавонед. Не, духтаронам, шумо медонед, ки ин номумкин аст. Ранҷу азобе, ки дорам, бароятон беҳад вазнин аст, чунки Худованд бар зидди ман аст».
7143  RUT 1:14  Онҳо боз бо овози баланд гиря карданд. Сипас Орфо хушдоманашро бӯсида, бо ӯ хайрухуш карда рафт, аммо Рут бо ӯ монд.
7144  RUT 1:15  Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Бубин, Орфо ба назди қавми худ ва худоёни худ бармегардад, ту ҳам ҳамроҳи ӯ бирав».
7145  RUT 1:16  Аммо Рут илтиҷо кард: «Маро маҷбур накунед, ки аз пешатон равам. Иҷозат диҳед, ҳамроҳатон истам. Ҳар ҷойе ки равед, ман ҳам меравам. Ҳар ҷойе ки зиндагӣ кунед, ман ҳам он ҷо зиндагӣ мекунам. Халқи шумо халқи ман ва Худои шумо Худои ман мешавад.
7146  RUT 1:17  Ҳар ҷое ки бимиред, ман ҳам ҳамон ҷой хоҳам мурд ва дар он ҷой маро низ гӯр хоҳанд кард. Агар чизе ғайр аз марг маро аз шумо ҷудо кунад, Худо ба балои бад гирифторам кунад».