7130 | RUT 1:1 | Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад. |
7136 | RUT 1:7 | Ҳамроҳи ду келинаш ҷойи зисти худро гузошта, ба роҳ баромад, то ба Яҳудия баргардад. |
7138 | RUT 1:9 | Дуо мекунам, ки ҳардуятон боз ба шавҳар бароед ва шуморо дар он хона хуш бипазиранд». Пас Ноомӣ хайрухушкунон онҳоро бӯсид. Аммо онҳо гиря карда |
7143 | RUT 1:14 | Онҳо боз бо овози баланд гиря карданд. Сипас Орфо хушдоманашро бӯсида, бо ӯ хайрухуш карда рафт, аммо Рут бо ӯ монд. |
7145 | RUT 1:16 | Аммо Рут илтиҷо кард: «Маро маҷбур накунед, ки аз пешатон равам. Иҷозат диҳед, ҳамроҳатон истам. Ҳар ҷойе ки равед, ман ҳам меравам. Ҳар ҷойе ки зиндагӣ кунед, ман ҳам он ҷо зиндагӣ мекунам. Халқи шумо халқи ман ва Худои шумо Худои ман мешавад. |
7146 | RUT 1:17 | Ҳар ҷое ки бимиред, ман ҳам ҳамон ҷой хоҳам мурд ва дар он ҷой маро низ гӯр хоҳанд кард. Агар чизе ғайр аз марг маро аз шумо ҷудо кунад, Худо ба балои бад гирифторам кунад». |
7148 | RUT 1:19 | Ҳамин тавр, онҳо роҳи худро давом доданд ва ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд. Ҳангоме онҳо ба шаҳр даромаданд, мардум аз дидани онҳо ба ҳаяҷон омаданду занон чунин мегуфтанд: «Наход ин Ноомӣ бошад?» |
7151 | RUT 1:22 | Инак, Ноомӣ ҳамроҳи келинаш Рут аз сарзамини Мӯоб баргашт. Ҳангоме ки онҳо ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд, мавсими дарави ҷав нав сар шуда буд. |
7155 | RUT 2:4 | Пас аз муддате Бӯаз аз деҳаи Байт-Лаҳм омад ва бо коргарон салому алейк карда гуфт: «Худованд ёратон бод!» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Раҳмат, Худованд шуморо баракат диҳад!» |
7159 | RUT 2:8 | Он гоҳ Бӯаз ба Рут гуфт: «Духтарам, гӯш кун, барои хӯшачинӣ ба майдонҳои дигар нарав, балки дар ҳамин ҷо бо занон истода, кор кун. |
7162 | RUT 2:11 | Бӯаз дар ҷавоб гуфт: «Ҳар он чӣ ту баъди марги шавҳарат дар ҳаққи хушдоманат кардӣ, ба гӯшам расид. Медонам, ки падару модар ва ватани худро монда омадӣ, то дар байни халқи ношинос зиндагӣ кунӣ. |
7163 | RUT 2:12 | Худованд барои корҳои кардаат ба ту файзу баракат диҳад. Бигзор Худованд, Худои Исроил, ки назди Ӯ омадаӣ, туро дар паноҳаш нигоҳ дорад ва ба ту мукофот ато намояд». |
7164 | RUT 2:13 | Рут дар ҷавоб гуфт: «Эй хоҷаи меҳрубон, маро аз марҳамати худ дар оянда ҳам маҳрум накунед. Шумо ба ман, ки ҳатто канизатон нестам, суханони нек гуфта, тасаллӣ додед». |
7166 | RUT 2:15 | Чун Рут бархоста, ба хӯшачинӣ сар кард, Бӯаз ба даравгарони худ амр дода гуфт: «Агар ӯ байни хӯшаҳои баста хӯша чинад ҳам, ба ӯ чизе нагӯед ва кордор нашавед. Баръакс, каме аз хӯшаҳои басташуда низ ба рӯйи замин бирезед, то ӯ бичинад». |
7173 | RUT 2:22 | Ноомӣ ба Рут гуфт: «Бале, духтарам, ҳамроҳи занон дар киштзори Бӯаз кор кунӣ, беҳтар аст. Агар ба ҷойи дигар равӣ, мумкин коргарон ба ту даст расонанд». |
7175 | RUT 3:1 | Боре Ноомӣ, хушдомани Рут, ба ӯ гуфт: «Духтарам, ман бояд бароят паноҳгоҳе пайдо кунам, то ки ту бароҳат бошӣ. |
7177 | RUT 3:3 | Ту худатро тоза бишӯй, каме атр бизан ва либоси беҳтаринатро пӯшида, ба хирманҷо рав. Аммо то хӯрдану нӯшиданро тамом накунад, худро ба ӯ нишон надеҳ. |
7178 | RUT 3:4 | Вақте ки хоб меравад, ҷойи хобашро фаҳм, ки дар куҷост. Он гоҳ ба назди ӯ рафта, кӯрпаи ӯро аз рӯйи пойҳояш кушода, назди пойҳояш хоб кун. Пас худи ӯ мегӯяд, ки чӣ бояд кунӣ». |
7181 | RUT 3:7 | Вақте ки Бӯаз хӯрдану нӯшиданро тамом кард, хушҳол шуд ва назди охирин хирмани ҷав рафта, хобид. Рут оҳиста ба ӯ наздик шуд ва як гӯшаи кӯрпаи ӯро бардошта, дар поёни пойи Бӯаз дароз кашид. |
7182 | RUT 3:8 | Нисфи шаб Бӯаз ногаҳон аз хоб бедор шуд ва чун дид, ки зане дар поёни пойҳояш хобидааст, ҳайрон шуд. |
7184 | RUT 3:10 | Бӯаз гуфт: «Духтарам, Худованд туро баракат диҳад. Ин кори неке, ки ҳоло кардӣ, аз коре, ки пештар карда будӣ, бузургтар аст. Ту метавонистӣ аз қафои ҷавонмардони бой ё камбағал равӣ, вале ин корро накардӣ. |
7188 | RUT 3:14 | Пас Рут то саҳар дар поёни пойҳои Бӯаз хобид. Аммо, чашми рӯз ҳанӯз накафида, аз хоб бедор шуд. Бӯаз намехост, ки касе ба хирманҷо омадани занро бифаҳмад. |
7189 | RUT 3:15 | Ӯ ба Рут гуфт: «Рӯймолатро ба рӯйи замин паҳн кун». Рут ҳамин тавр кард. Бӯаз дар он тақрибан 25 кило ҷав рехт ва онро ба китфи Рут гузошт. Баъд худ ба шаҳр рафт. |
7193 | RUT 4:1 | Он гоҳ Бӯаз ба назди дарвозаи шаҳр рафта, он ҷо нишаст. Вақте ҳамон хешованде, ки дар борааш гуфта буд, аз он ҷо мегузашт, Бӯаз ӯро садо карда гуфт: «Эй дӯстам, биё ин ҷо бишин». Ӯ омада, он ҷо нишаст. |
7194 | RUT 4:2 | Сипас Бӯаз даҳ нафарро аз роҳбарони шаҳр даъват намуда, аз онҳо хоҳиш кард, ки он ҷо нишинанд. Вақте онҳо ба ҷойҳои худ гузаштанд, |
7196 | RUT 4:4 | Фикр кардам, ки ман бояд ин хабарро дар ҳузури ин ҷо нишастагон ва дар ҳузури роҳбарони халқи ман ба ту расонам, то он заминро бихарӣ. Агар харидан нахоҳӣ, ба ман бигӯй, то ки ман донам, чун ҳаққи хариди он заминро аввал ту дорӣ, баъд аз ту ман метавонам онро бихарам». Он шахс гуфт: «Ман онро мехарам». |
7197 | RUT 4:5 | Он гоҳ Бӯаз гуфт: «Хуб, ҳангоми харидани замини Ноомӣ ту бояд Рути мӯобиро, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, ба занӣ бигирӣ. Ба ин восита вақте кӯдакдор шуда, соҳиби меросхӯр мегардед, мероси шавҳараш аз байн намеравад». |
7199 | RUT 4:7 | Давраҳои пеш дар Исроил чунин расм буд, ки ҳангоми харидуфурӯш ё додугирифт барои тасдиқи ҳамон амал як кас пойафзоли худро кашида, ба каси дигар медод. Дар Исроил ин тарзи қонунӣ гардонидани ҳамон кор ҳисоб мешуд. |
7200 | RUT 4:8 | Пас ҳамон хеш пойафзоли худро кашида, ба Бӯаз гуфт: «Ту онро бихар». |
7201 | RUT 4:9 | Он гоҳ Бӯаз ба роҳбарон ва ба ҳозирин рӯй овард: «Шумо акнун шоҳид ҳастед, ки ман заминҳоеро, ки аз они Элимелех, Килъон ва Маҳлон аст, аз Ноомӣ мехарам. |
7202 | RUT 4:10 | Инчунин Рути мӯобиро, ки зани Маҳлон буд, ба занӣ мегирам, то ки замини он шахс барои аҳли оилаи ӯ боқӣ бимонад ва номаш дар хонадону зодгоҳаш аз байн наравад. Шумо имрӯз шоҳид ҳастед». |
7203 | RUT 4:11 | Он гоҳ роҳбарон ва мардуме, ки дар назди дарвоза ҷамъ омада буданд, тасдиқ карданд: «Бале, мо шоҳид ҳастем. Худованд ҳамсаратро монанди занони Яъқуб — Роҳел ва Леё гардонад. Ин занон барои ӯ фарзандони зиёдро ба дунё оварданд. Дар байни Эфротиён сарват ба даст орӣ ва номат дар деҳаи Байт-Лаҳм машҳур гардад. |
7207 | RUT 4:15 | Ӯ акнун бароят зиндагии наве хоҳад бахшид ва атои айёми пириат хоҳад буд, зеро ӯро келинат, ки туро дӯст медорад ва бароят аз ҳафт писар ҳам беҳтар аст, ба дунё овардааст». |
7209 | RUT 4:17 | Занони ҳамсоя мегуфтанд: «Ноомӣ писардор шуд» ва ба кӯдак Убид ном ниҳоданд. Убид падари ҳамон Йисой аст, ки падари Довуд буд. |
7214 | RUT 4:22 | Убид падари Йисой ва Йисой падари Довуд буд. |
12712 | EST 1:6 | Дар ин боғ пардаҳо аз матоъҳои пахтагини сафеду осмонранг бо бандҳои қиматбаҳои сафеду бунафшранг аз ҳалқаҳои нуқрагин гузаронида шуда, ба сутунҳои мармарин овезон буданд. Катҳои тиллоию нуқрагинро болои фарши мармарӣ, садафӣ ва аз дигар сангҳои қиматбаҳои сурху сиёҳ тайёршуда, қатор гузошта буданд. |
12713 | EST 1:7 | Хизматгорон шаробро дар зарфҳои тиллоие, ки яке аз дигаре фарқ дошт, меоварданд. Шароби шоҳона аз сабаби бойигарии подшоҳ фаровон буд ва |
12719 | EST 1:13 | Шоҳ Аҳашверӯш аз ин рафтори малика огоҳ шуда, ба хашм омаду хеле оташин гардид. Аз рӯйи одаташ ӯ ба ситорашиносонаш — Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон муроҷиат карда, маслиҳат пурсид. Ин мансабдорони сарзамини Форсу Модай қонуну қоида ва анъанаҳоро медонистанд. Азбаски онҳо вазифаҳои баландтаринро соҳиб буданд, иҷозати назди подшоҳ даромадан доштанд. Подшоҳ аз онҳо пурсид: |
12721 | EST 1:15 | «Малика Ваштӣ ба фармони шоҳ, ки хизматгорон ба вай расониданд, итоат накард. Мувофиқи қонун ҷазои ӯ чист?» |
12724 | EST 1:18 | Худи ҳамин рӯз занони мансабдорони Форсу Модай, ки аз ин воқеа хабардор мешаванд, ба шавҳарони худ низ инро нақл мекунанд. Сипас дар оилаҳо хашму ғазаб ва беҳурматӣ зиёд хоҳад шуд. |
12725 | EST 1:19 | Бинобар ин, агар ба подшоҳ писанд ояд, фармон бароварда шавад, ки Ваштӣ дигар ҳеҷ гоҳ ба назди подшоҳ надарояд. Бигузор подшоҳ вазифаи ӯро ба зани дигаре, ки аз вай беҳтар аст, диҳад. Ин фармон дар қонуни ивазнашавандаи Форсу Модай ҷо шавад. |
12727 | EST 1:21 | Маслиҳати Мемухон ба ҳама писанд омаду подшоҳ аз пайи иҷрои он шуд. |
12731 | EST 2:3 | Барои ин шоҳ ба тамоми вилоятҳои шоҳигариаш шахсони махсусро таъин кунад, то ки онҳо ҳамаи духтарони ҷавону соҳибҷамолро дар ҳарамсаройи қалъаи Шушан ҷамъ оваранд. Сипас онҳоро ба дасти Ҳейга — нигаҳбони занони шоҳ супорида, ба онҳо маводи ороиши занона бидиҳанд. |
12732 | EST 2:4 | Бигзор ҳамон духтаре, ки ба подшоҳ хуш меояд, ба ҷойи Ваштӣ малика шавад». Пешниҳод ба подшоҳ маъқул шуд ва ӯ ҳамон тавр амал кард. |
12733 | EST 2:5 | Инак, дар қалъаи Шушан марди яҳудие бо номи Мордахай, ки писари Ёир буд, мезист. Ёир писари Шимъӣ буд ва Шимъӣ писари Киш, аз хонаводаи Бинёмин. |
12734 | EST 2:6 | Аслан Киш дар шаҳри Уршалим зиндагӣ мекард. Аммо Набукаднесар — шоҳи сарзамини Бобил чандин сол пеш Уршалимро хароб карда, шоҳи Яҳудия Еконёро ба асирӣ гирифта буд. Дар он вақт Киш — бобокалони Мордахай низ, ҳамроҳи дигар асирон оварда шуд. |
12735 | EST 2:7 | Мордахай духтархонде дошт, ки фарзанди амакаш буд. Пас аз вафоти падару модари духтар Мордахай ӯро гирифта, калон карда буд. Ӯ Ҳадаса ном дошт, лекин номи форсияш Эстер буд. Вай қаду қомати мавзун ва чеҳраи зебо дошт. |
12736 | EST 2:8 | Вақте ки фармони шоҳ эълон шуду духтарони зиёдеро ба қалъаи Шушан оварда, ба дасти Ҳейга — нигаҳбони занон супориданд, Эстер ҳам дар байни онҳо буд. Вай низ дар қасри подшоҳӣ таҳти назорати Ҳейга қарор гирифт. |
12737 | EST 2:9 | Ситораи духтар ба Ҳейга маъқул шуду Ҳейга дарҳол ба Эстер маводи ороишию хӯроки ба ӯ хосро дод. Инчунин ҳафт канизони дарбориро ба Эстер супориду ӯро бо канизонаш ба ҷойи беҳтарини хонаи занон гузаронд. |
12738 | EST 2:10 | Мувофиқи амри Мордахай Эстер ба касе дар бораи аз миллати яҳудӣ буданаш ва оилаи худ ҳарф намезад. |
12739 | EST 2:11 | Ҳар рӯз Мордахай назди хонаи занон мегашт, то ки аз ҳолу кори Эстер хабар ёбад. |
12740 | EST 2:12 | Пеш аз назди шоҳ Аҳашверӯш даромадан, ба ҳар духтар дувоздаҳ моҳ барои тайёрӣ дидан мӯҳлат дода мешуд; ӯ шаш моҳ бо равғанҳои хушбӯй ва шаш моҳи дигар бо атрҳову молиданиҳои гуногуни занона худро орову торо медод. |
12742 | EST 2:14 | Духтар бегоҳӣ ба назди шоҳ мерафту саҳарӣ ба хонаи занҳои дигар баргашта, таҳти назорати Шаашғоз, ки нигаҳбони занони дигар буд, меистод. Вай ба назди шоҳ дуюмбора намеомад, магар ин ки ба шоҳ хуш ояду ӯро бо номаш даъват кунад. |
12743 | EST 2:15 | Акнун навбати ба назди шоҳ даромадан ба Эстер ҳам расид: ҳамон Эстери духтари Абиҳоили амаки Мордахай, ки Мордахай ӯро ҳамчун духтараш калон карда буд. Вай бо худ танҳо чизҳои пешниҳодкардаи Ҳейгаро гирифт. Инак, ҳама ба Эстер бо чашми нек менигаристанд. |
12745 | EST 2:17 | вай Эстерро бештар аз ҳамаи занон дӯст дошт ва нисбат ба духтарони дигар ситорааш ба дили шоҳ бештар рост омад. Шоҳ ба сари Эстер тоҷи шоҳигарӣ гузошта, ӯро ба ҷойи Ваштӣ малика эълон намуд. |
12747 | EST 2:19 | Вақте ки бори дуюм духтаронро ҷамъ карданд, Мордахай дар дарбори шоҳ хизмат менамуд. |
12748 | EST 2:20 | Эстер бошад, дар бораи хешовандону халқи худ, чунон ки падархондаш Мордахай ба вай амр дода буд, ба касе чизе нагуфт. Ӯ ба монанди давраи кӯдакӣ ҳамаи гуфтаҳои Мордахайро гӯш мекард. |
12749 | EST 2:21 | Рӯзе, ҳангоме ки Мордахай дар дарбор хизмат мекард, ду дарбон — Биғтон ва Тораш ба қаҳр омада, мехостанд шоҳро кушанд. |
12750 | EST 2:22 | Мордахай аз ин хабардор шуда, ба малика Эстер расонид ва ӯ ба шоҳ аз номи Мордахай ҳодисаро нақл кард. |
12752 | EST 3:1 | Пас аз чанд вақт шоҳ Аҳашверӯш ба Ҳаман — писари Ҳамдотой аз насли Аҷоҷ, вазифаи баланд дода, ӯро болои ҳамаи мансабдорон сарвазир гузошт. |
12753 | EST 3:2 | Мувофиқи фармони шоҳ ҳамаи дарбориёне, ки дар қаср хизмат мекарданд, ба Ҳаман таъзим карда, зону мезаданд. Аммо Мордахай на таъзим мекарду на зону мезад. |
12754 | EST 3:3 | Дарбориён аз Мордахай мепурсиданд: «Эй! Барои чӣ ту фармони шоҳро иҷро намекунӣ?» |
12755 | EST 3:4 | Онҳо ҳар рӯз инро ба ӯ мегуфтанду лекин вай ба гапашон ҳеҷ аҳамият намедод. Мордахай гуфта буд, ки ӯ яҳудӣ аст. Аз ин рӯ, дарбориён корҳои Мордахайро ба Ҳаман расониданд, то бубинанд, ки оё Мордахай дар гапаш меистад ё не. |
12756 | EST 3:5 | Вақте Ҳаман дид, ки Мордахай пеши вай на таъзим мекунаду на зону мезанад, сахт ба ғазаб омад. |
12757 | EST 3:6 | Лекин куштани танҳо Мордахайро барои худ басанда нашуморид. Ба Ҳаман гуфта буданд, ки Мордахай аз кадом халқ аст. Барои ҳамин Ҳаман нақшаи нобуд кардани тамоми халқи яҳудӣ, яъне халқи Мордахайро кашид, ки дар саросари шоҳигарии Аҳашверӯш зиндагӣ мекарданд. |
12759 | EST 3:8 | Сипас Ҳаман ба шоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Халқе ҳаст, ки дар ҳамаи вилоятҳои сарзамини шоҳ, байни мардум пароканда шудаасту аз дигарон худро ҷудо мекунад. Урфу одаташон аз дигар халқҳо фарқ дорад ва ба қонуну қоидаи шоҳ гӯш намедиҳанд. Бинобар ин, бар манфиати шоҳ нест, ки онҳоро тоқат кунад. |
12763 | EST 3:12 | Сипас ҳабдаҳуми апрел котибони шоҳро ҷамъ карданд. Онҳо фармонро аз рӯйи ҳамаи гуфтаҳои Ҳаман бо хати ҳар як вилоят ва бо забони ҳар як халқ, ба ҳокимони вилоятҳои подшоҳ, ҳокимони ноҳияҳо ва ба мирони халқҳо навиштанд. Фармонро аз номи шоҳ Аҳашверӯш навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр заданд. |
12764 | EST 3:13 | Хабаррасонон номаҳои тайёршударо ба ҳамаи вилоятҳои шоҳ бурданд. Дар номаҳо навишта шуда буд, ки ҳамаи яҳудиён, пиру ҷавон ва занону кӯдаконро дар муддати як рӯз — ҳафтуми марти соли оянда кушта, несту нобуд гардонанд. Илова бар ин, ҳамаи дороияшонро бо зӯрӣ кашида гиранд. |
12765 | EST 3:14 | Нақша чунин буд, ки нусхаи ин ҳуҷҷат ҳамчун қонун дар ҳар вилоят бароварда, ба ҳамаи халқҳо эълон шавад, то ки онҳо барои он рӯз тайёрӣ бинанд. |
12766 | EST 3:15 | Хабаррасонон бо фармони шоҳ зуд равона шуданду ҳамзамон онро дар қалъаи Шушан эълон карданд. Подшоҳ бо Ҳаман нишаста, шароб менӯшиданд, лекин сокинони шаҳри Шушан ҳайрону саргардон шуданд. |
12767 | EST 4:1 | Мордахай аз ин ҳодиса хабардор шуда, мотам гирифт. Либосашро даронида, ҷомаи азодорӣ пӯшиду хокистар ба сараш пошид ва дар шаҳр гашта, гиряву фиғони баланд бардошт. |
12769 | EST 4:3 | Ҳамзамон дар ҳар вилояте, ки амр ва фармони подшоҳ расид, ҳамин хел ғаму андӯҳи азиме байни яҳудиён буд. Онҳо гиряву нола карда, рӯза гирифтанду аксарияташон болои матои дурушт ва хокистар дароз кашиданд. |
12770 | EST 4:4 | Вақте канизону хоҷасароёни Эстер ба ӯ аз ҳолати Мордахай хабар доданд, малика хеле хавотир гашта, ҷигархун шуд. Эстер ба Мордахай либос фиристод, то ки ба ҷойи либоси азодориаш бипӯшад, вале Мордахай онро қабул накард. |