7130 | RUT 1:1 | Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад. |
7132 | RUT 1:3 | Аммо пас аз чанд вақт Элимелех — шавҳари Ноомӣ аз олам чашм пӯшида, ӯро бо ду писараш танҳо гузошт. |
7134 | RUT 1:5 | Маҳлон ва Килъон низ аз олам гузаштанд. Инак, Ноомӣ бешавҳару беписар монд. |
7135 | RUT 1:6 | Пас аз муддате Ноомӣ шунид, ки Худованд ба халқи худ баракати ҳосили фаровон додааст. Ӯ бо занони писаронаш бархост, то ки Мӯобро тарк кунад. |
7138 | RUT 1:9 | Дуо мекунам, ки ҳардуятон боз ба шавҳар бароед ва шуморо дар он хона хуш бипазиранд». Пас Ноомӣ хайрухушкунон онҳоро бӯсид. Аммо онҳо гиря карда |
7140 | RUT 1:11 | Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Духтаронам, шумо бояд баргардед. Чаро ҳамроҳи ман будан мехоҳед? Оё ман метавонам боз соҳиби писароне шавам, ки шуморо ба занӣ гиранд? |
7141 | RUT 1:12 | Духтаронам, ман барои дубора шавҳар кардан пир шудаам, барои ҳамин ба хонаҳои худ баргардед. Ҳатто агар чунин имкон бошаду ман ҳамин шаб шавҳар карда писардор шавам ҳам, |
7143 | RUT 1:14 | Онҳо боз бо овози баланд гиря карданд. Сипас Орфо хушдоманашро бӯсида, бо ӯ хайрухуш карда рафт, аммо Рут бо ӯ монд. |
7145 | RUT 1:16 | Аммо Рут илтиҷо кард: «Маро маҷбур накунед, ки аз пешатон равам. Иҷозат диҳед, ҳамроҳатон истам. Ҳар ҷойе ки равед, ман ҳам меравам. Ҳар ҷойе ки зиндагӣ кунед, ман ҳам он ҷо зиндагӣ мекунам. Халқи шумо халқи ман ва Худои шумо Худои ман мешавад. |
7147 | RUT 1:18 | Ноомӣ чун фаҳмид, ки Рут аз гапаш намегардад, дигар чизе нагуфт. |
7153 | RUT 2:2 | Рӯзе Рут ба Ноомӣ гуфт: «Иҷозат диҳед, ба киштзорҳои гирду атроф равам, шояд ягон кас ба ман раҳм карда гузорад, ки хӯшаҳои аз паси даравгарон ба замин афтодаро чинам». Ноомӣ ҷавоб дод: «Бирав, духтарам». |
7156 | RUT 2:5 | Бӯаз аз саркори даравгарон пурсид: «Он зани ҷавон кист?» |
7158 | RUT 2:7 | Ӯ аз ман иҷозат пурсид, ки аз қафои даравгарон хӯшаҳои ба замин афтодаро чинад. Ӯ аз субҳ то ин дам машғули кор аст, танҳо як бор дар зери соябон каме истироҳат кард». |
7160 | RUT 2:9 | Ба онҳо нигоҳ кун, ҳар ҷое ки онҳо дарав кунанд, ту ҳам аз қафои онҳо рав. Ман ба мардикорони худ амр додам, ки ба ту даст нарасонанд. Агар ташна шавӣ, рафта аз кӯзаҳое, ки хизматгоронам об пур мекунанд, бинӯш». |
7162 | RUT 2:11 | Бӯаз дар ҷавоб гуфт: «Ҳар он чӣ ту баъди марги шавҳарат дар ҳаққи хушдоманат кардӣ, ба гӯшам расид. Медонам, ки падару модар ва ватани худро монда омадӣ, то дар байни халқи ношинос зиндагӣ кунӣ. |
7163 | RUT 2:12 | Худованд барои корҳои кардаат ба ту файзу баракат диҳад. Бигзор Худованд, Худои Исроил, ки назди Ӯ омадаӣ, туро дар паноҳаш нигоҳ дорад ва ба ту мукофот ато намояд». |
7170 | RUT 2:19 | Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Аз куҷо ҳамаи инро ҷамъ овардӣ? Дар кадом киштзор кор кардӣ? Худо касеро, ки ба ту ин қадар ғамхорӣ кардааст, баракат диҳад!» Рут ба хушдоманаш гуфт, ки дар киштзори Бӯаз ном марде кор кардааст. |
7171 | RUT 2:20 | Ноомӣ ба Рут гуфт: «Худованд Бӯазро баракат диҳад! Ӯ марҳамати худро аз мо ва аз мурдагон дареғ надоштааст». Ӯ боз илова кард: «Он мард яке аз хешони наздики мост, ки бояд сарпарастиамонро ба ӯҳда бигирад». |
7175 | RUT 3:1 | Боре Ноомӣ, хушдомани Рут, ба ӯ гуфт: «Духтарам, ман бояд бароят паноҳгоҳе пайдо кунам, то ки ту бароҳат бошӣ. |
7177 | RUT 3:3 | Ту худатро тоза бишӯй, каме атр бизан ва либоси беҳтаринатро пӯшида, ба хирманҷо рав. Аммо то хӯрдану нӯшиданро тамом накунад, худро ба ӯ нишон надеҳ. |
7178 | RUT 3:4 | Вақте ки хоб меравад, ҷойи хобашро фаҳм, ки дар куҷост. Он гоҳ ба назди ӯ рафта, кӯрпаи ӯро аз рӯйи пойҳояш кушода, назди пойҳояш хоб кун. Пас худи ӯ мегӯяд, ки чӣ бояд кунӣ». |
7181 | RUT 3:7 | Вақте ки Бӯаз хӯрдану нӯшиданро тамом кард, хушҳол шуд ва назди охирин хирмани ҷав рафта, хобид. Рут оҳиста ба ӯ наздик шуд ва як гӯшаи кӯрпаи ӯро бардошта, дар поёни пойи Бӯаз дароз кашид. |
7182 | RUT 3:8 | Нисфи шаб Бӯаз ногаҳон аз хоб бедор шуд ва чун дид, ки зане дар поёни пойҳояш хобидааст, ҳайрон шуд. |
7183 | RUT 3:9 | Бӯаз «Ту кистӣ?» гуфта пурсид. Рут ҷавоб дод: «Ман канизи шумо, Рут ҳастам. Шумо ки хеши наздиктарини мо ҳастед, хоҳиш мекунам, сарпарастии маро ба ӯҳда гиред». |
7184 | RUT 3:10 | Бӯаз гуфт: «Духтарам, Худованд туро баракат диҳад. Ин кори неке, ки ҳоло кардӣ, аз коре, ки пештар карда будӣ, бузургтар аст. Ту метавонистӣ аз қафои ҷавонмардони бой ё камбағал равӣ, вале ин корро накардӣ. |
7188 | RUT 3:14 | Пас Рут то саҳар дар поёни пойҳои Бӯаз хобид. Аммо, чашми рӯз ҳанӯз накафида, аз хоб бедор шуд. Бӯаз намехост, ки касе ба хирманҷо омадани занро бифаҳмад. |
7189 | RUT 3:15 | Ӯ ба Рут гуфт: «Рӯймолатро ба рӯйи замин паҳн кун». Рут ҳамин тавр кард. Бӯаз дар он тақрибан 25 кило ҷав рехт ва онро ба китфи Рут гузошт. Баъд худ ба шаҳр рафт. |
7190 | RUT 3:16 | Ҳангоме ки Рут ба назди хушдоманаш омад, Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Хуб, чӣ гап, духтарам?» Рут ҳамаи ҳодисаро гуфт, ки Бӯаз барои ӯ чӣ кор кард |
7194 | RUT 4:2 | Сипас Бӯаз даҳ нафарро аз роҳбарони шаҳр даъват намуда, аз онҳо хоҳиш кард, ки он ҷо нишинанд. Вақте онҳо ба ҷойҳои худ гузаштанд, |
7199 | RUT 4:7 | Давраҳои пеш дар Исроил чунин расм буд, ки ҳангоми харидуфурӯш ё додугирифт барои тасдиқи ҳамон амал як кас пойафзоли худро кашида, ба каси дигар медод. Дар Исроил ин тарзи қонунӣ гардонидани ҳамон кор ҳисоб мешуд. |
7200 | RUT 4:8 | Пас ҳамон хеш пойафзоли худро кашида, ба Бӯаз гуфт: «Ту онро бихар». |
7205 | RUT 4:13 | Пас аз он Бӯаз Рутро ба занӣ гирифта, бо ӯ ҳамбистар шуд ва Худованд ӯро баракат доду Рут ҳомиладор шуда, писаре ба дунё овард. |
7207 | RUT 4:15 | Ӯ акнун бароят зиндагии наве хоҳад бахшид ва атои айёми пириат хоҳад буд, зеро ӯро келинат, ки туро дӯст медорад ва бароят аз ҳафт писар ҳам беҳтар аст, ба дунё овардааст». |
7208 | RUT 4:16 | Ноомӣ он кӯдакро ба оғӯш гирифта, парасторӣ мекард. |
7209 | RUT 4:17 | Занони ҳамсоя мегуфтанд: «Ноомӣ писардор шуд» ва ба кӯдак Убид ном ниҳоданд. Убид падари ҳамон Йисой аст, ки падари Довуд буд. |
7210 | RUT 4:18 | Авлоди Форас инҳоянд: Форас падари Ҳесрӯн, |
7211 | RUT 4:19 | Ҳесрӯн падари Ром, Ром падари Аминодоб, |
7212 | RUT 4:20 | Аминодоб падари Наҳшӯн, Наҳшӯн падари Салмӯн, |
7213 | RUT 4:21 | Салмӯн падари Бӯаз, Бӯаз падари Убид, |
7214 | RUT 4:22 | Убид падари Йисой ва Йисой падари Довуд буд. |
12707 | EST 1:1 | Замони ҳукмронии шоҳ Аҳашверӯш буд, ҳамон шоҳ, ки бар яксаду бисту ҳафт вилоят, аз Ҳиндустон сар карда, то Эфиопия подшоҳӣ мекард. |
12709 | EST 1:3 | Соли сеюми подшоҳияш шоҳ барои ҳамаи мансабдорону дарбориён зиёфат дод. Дар он сарлашкарони сарзамини форсу модҳо, мирон ва ҳокимони вилоятҳо иштирок доштанд. |
12712 | EST 1:6 | Дар ин боғ пардаҳо аз матоъҳои пахтагини сафеду осмонранг бо бандҳои қиматбаҳои сафеду бунафшранг аз ҳалқаҳои нуқрагин гузаронида шуда, ба сутунҳои мармарин овезон буданд. Катҳои тиллоию нуқрагинро болои фарши мармарӣ, садафӣ ва аз дигар сангҳои қиматбаҳои сурху сиёҳ тайёршуда, қатор гузошта буданд. |
12713 | EST 1:7 | Хизматгорон шаробро дар зарфҳои тиллоие, ки яке аз дигаре фарқ дошт, меоварданд. Шароби шоҳона аз сабаби бойигарии подшоҳ фаровон буд ва |
12715 | EST 1:9 | Зани подшоҳ — малика Ваштӣ низ дар қасри шоҳ Аҳашверӯш барои занон зиёфат медод. |
12716 | EST 1:10 | Дар рӯзи ҳафтуми зиёфат подшоҳ аз нӯшидани шароб андак маст шуда, ба ҳафт хизматгорони шахсияш — Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас, фармон дод, |
12717 | EST 1:11 | ки малика Ваштиро наздаш биёранд. Занаш ҳусни зебо дошт ва шоҳ хост, ки малика тоҷ бар сар пеши меҳмонон биёяд, то зебоии ӯро ба ҳама намоиш диҳад. |
12719 | EST 1:13 | Шоҳ Аҳашверӯш аз ин рафтори малика огоҳ шуда, ба хашм омаду хеле оташин гардид. Аз рӯйи одаташ ӯ ба ситорашиносонаш — Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон муроҷиат карда, маслиҳат пурсид. Ин мансабдорони сарзамини Форсу Модай қонуну қоида ва анъанаҳоро медонистанд. Азбаски онҳо вазифаҳои баландтаринро соҳиб буданд, иҷозати назди подшоҳ даромадан доштанд. Подшоҳ аз онҳо пурсид: |
12722 | EST 1:16 | Яке аз маслиҳатгарон — Мемухон дар ҳузури шоҳ ва мансабдорон гуфт: «Малика Ваштӣ на танҳо ба подшоҳ, балки ба ҳамаи мансабдорону тамоми мардуми вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш беҳурматӣ нишон дод. |
12723 | EST 1:17 | Зеро чунин гуфтугузор мешавад, ки малика Ваштӣ фармони подшоҳро рад карда, наздаш наомад. Занон инро фаҳмида шавҳарони худро писанд намекунанд. |
12724 | EST 1:18 | Худи ҳамин рӯз занони мансабдорони Форсу Модай, ки аз ин воқеа хабардор мешаванд, ба шавҳарони худ низ инро нақл мекунанд. Сипас дар оилаҳо хашму ғазаб ва беҳурматӣ зиёд хоҳад шуд. |
12725 | EST 1:19 | Бинобар ин, агар ба подшоҳ писанд ояд, фармон бароварда шавад, ки Ваштӣ дигар ҳеҷ гоҳ ба назди подшоҳ надарояд. Бигузор подшоҳ вазифаи ӯро ба зани дигаре, ки аз вай беҳтар аст, диҳад. Ин фармон дар қонуни ивазнашавандаи Форсу Модай ҷо шавад. |
12726 | EST 1:20 | Вақте ки фармони шоҳ дар тамоми сарзамини бузургаш паҳн мешавад, боиси он мегардад, ки ҳар як зан дар ҳар хонавода, чи камбағалу чи сарватманд, шавҳари худро ҳурмат кунад». |
12727 | EST 1:21 | Маслиҳати Мемухон ба ҳама писанд омаду подшоҳ аз пайи иҷрои он шуд. |
12728 | EST 1:22 | Ӯ фармонро бо хати ҳар як вилояту забони ҳар як халқ навишта фиристод, то ҳар мард дар хонаи худ хӯҷаини оила бошаду бо забони халқаш гап занад. |
12729 | EST 2:1 | Баъд аз чанд вақт, чун ғазаби шоҳ Аҳашверӯш паст шуд, ӯ Ваштиро бо кори кардааш ва фармони дар ҳаққи ӯ баровардаашро ба ёд овард. |
12731 | EST 2:3 | Барои ин шоҳ ба тамоми вилоятҳои шоҳигариаш шахсони махсусро таъин кунад, то ки онҳо ҳамаи духтарони ҷавону соҳибҷамолро дар ҳарамсаройи қалъаи Шушан ҷамъ оваранд. Сипас онҳоро ба дасти Ҳейга — нигаҳбони занони шоҳ супорида, ба онҳо маводи ороиши занона бидиҳанд. |
12732 | EST 2:4 | Бигзор ҳамон духтаре, ки ба подшоҳ хуш меояд, ба ҷойи Ваштӣ малика шавад». Пешниҳод ба подшоҳ маъқул шуд ва ӯ ҳамон тавр амал кард. |
12733 | EST 2:5 | Инак, дар қалъаи Шушан марди яҳудие бо номи Мордахай, ки писари Ёир буд, мезист. Ёир писари Шимъӣ буд ва Шимъӣ писари Киш, аз хонаводаи Бинёмин. |
12734 | EST 2:6 | Аслан Киш дар шаҳри Уршалим зиндагӣ мекард. Аммо Набукаднесар — шоҳи сарзамини Бобил чандин сол пеш Уршалимро хароб карда, шоҳи Яҳудия Еконёро ба асирӣ гирифта буд. Дар он вақт Киш — бобокалони Мордахай низ, ҳамроҳи дигар асирон оварда шуд. |
12735 | EST 2:7 | Мордахай духтархонде дошт, ки фарзанди амакаш буд. Пас аз вафоти падару модари духтар Мордахай ӯро гирифта, калон карда буд. Ӯ Ҳадаса ном дошт, лекин номи форсияш Эстер буд. Вай қаду қомати мавзун ва чеҳраи зебо дошт. |
12736 | EST 2:8 | Вақте ки фармони шоҳ эълон шуду духтарони зиёдеро ба қалъаи Шушан оварда, ба дасти Ҳейга — нигаҳбони занон супориданд, Эстер ҳам дар байни онҳо буд. Вай низ дар қасри подшоҳӣ таҳти назорати Ҳейга қарор гирифт. |
12737 | EST 2:9 | Ситораи духтар ба Ҳейга маъқул шуду Ҳейга дарҳол ба Эстер маводи ороишию хӯроки ба ӯ хосро дод. Инчунин ҳафт канизони дарбориро ба Эстер супориду ӯро бо канизонаш ба ҷойи беҳтарини хонаи занон гузаронд. |
12741 | EST 2:13 | Сипас духтар дар навбати худ, назди шоҳ медаромад. Ҳангоми назди шоҳ рафтан ҳар чизеро, ки духтар талаб мекард, медоданд, то ки аз хонаи занон ба хонаи шоҳ барад. |
12743 | EST 2:15 | Акнун навбати ба назди шоҳ даромадан ба Эстер ҳам расид: ҳамон Эстери духтари Абиҳоили амаки Мордахай, ки Мордахай ӯро ҳамчун духтараш калон карда буд. Вай бо худ танҳо чизҳои пешниҳодкардаи Ҳейгаро гирифт. Инак, ҳама ба Эстер бо чашми нек менигаристанд. |
12746 | EST 2:18 | Он гоҳ шоҳ ба хотири Эстер барои ҳамаи мансабдорону дарбориён зиёфат доду дар ҳамаи вилоятҳо пули андозро кам карда, ба таври шоҳона тӯҳфаҳо тақсим карда дод. |
12748 | EST 2:20 | Эстер бошад, дар бораи хешовандону халқи худ, чунон ки падархондаш Мордахай ба вай амр дода буд, ба касе чизе нагуфт. Ӯ ба монанди давраи кӯдакӣ ҳамаи гуфтаҳои Мордахайро гӯш мекард. |
12752 | EST 3:1 | Пас аз чанд вақт шоҳ Аҳашверӯш ба Ҳаман — писари Ҳамдотой аз насли Аҷоҷ, вазифаи баланд дода, ӯро болои ҳамаи мансабдорон сарвазир гузошт. |
12754 | EST 3:3 | Дарбориён аз Мордахай мепурсиданд: «Эй! Барои чӣ ту фармони шоҳро иҷро намекунӣ?» |
12755 | EST 3:4 | Онҳо ҳар рӯз инро ба ӯ мегуфтанду лекин вай ба гапашон ҳеҷ аҳамият намедод. Мордахай гуфта буд, ки ӯ яҳудӣ аст. Аз ин рӯ, дарбориён корҳои Мордахайро ба Ҳаман расониданд, то бубинанд, ки оё Мордахай дар гапаш меистад ё не. |
12756 | EST 3:5 | Вақте Ҳаман дид, ки Мордахай пеши вай на таъзим мекунаду на зону мезанад, сахт ба ғазаб омад. |
12758 | EST 3:7 | Баҳори соли дувоздаҳуми ҳукмронии шоҳ Аҳашверӯш, дар пеши Ҳаман барои интихоби рӯз ва моҳи беҳтарини нобуд кардани яҳудиён қуръа (яъне пур бо забони форсии қадим) партофтанд. Қуръа ба ҳафтуми марти соли оянда афтод. |
12759 | EST 3:8 | Сипас Ҳаман ба шоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Халқе ҳаст, ки дар ҳамаи вилоятҳои сарзамини шоҳ, байни мардум пароканда шудаасту аз дигарон худро ҷудо мекунад. Урфу одаташон аз дигар халқҳо фарқ дорад ва ба қонуну қоидаи шоҳ гӯш намедиҳанд. Бинобар ин, бар манфиати шоҳ нест, ки онҳоро тоқат кунад. |