12709 | EST 1:3 | Соли сеюми подшоҳияш шоҳ барои ҳамаи мансабдорону дарбориён зиёфат дод. Дар он сарлашкарони сарзамини форсу модҳо, мирон ва ҳокимони вилоятҳо иштирок доштанд. |
12711 | EST 1:5 | Пас аз тамом шудани зиёфати якум шоҳ барои ҳамаи сокинони қалъаи Шушан, чи камбағалу чи сарватманд, зиёфати дуюм дод. Он дар боғи девордори қасри шоҳ ҳафт шабонарӯз давом намуд. |
12712 | EST 1:6 | Дар ин боғ пардаҳо аз матоъҳои пахтагини сафеду осмонранг бо бандҳои қиматбаҳои сафеду бунафшранг аз ҳалқаҳои нуқрагин гузаронида шуда, ба сутунҳои мармарин овезон буданд. Катҳои тиллоию нуқрагинро болои фарши мармарӣ, садафӣ ва аз дигар сангҳои қиматбаҳои сурху сиёҳ тайёршуда, қатор гузошта буданд. |
12737 | EST 2:9 | Ситораи духтар ба Ҳейга маъқул шуду Ҳейга дарҳол ба Эстер маводи ороишию хӯроки ба ӯ хосро дод. Инчунин ҳафт канизони дарбориро ба Эстер супориду ӯро бо канизонаш ба ҷойи беҳтарини хонаи занон гузаронд. |
12742 | EST 2:14 | Духтар бегоҳӣ ба назди шоҳ мерафту саҳарӣ ба хонаи занҳои дигар баргашта, таҳти назорати Шаашғоз, ки нигаҳбони занони дигар буд, меистод. Вай ба назди шоҳ дуюмбора намеомад, магар ин ки ба шоҳ хуш ояду ӯро бо номаш даъват кунад. |
12747 | EST 2:19 | Вақте ки бори дуюм духтаронро ҷамъ карданд, Мордахай дар дарбори шоҳ хизмат менамуд. |
12760 | EST 3:9 | Агар ба шоҳ писанд афтад, бигузор фармоне барорад, ки ин халқ пурра нобуд шавад. Ман бошам, ба дасти хизматгорони шоҳ сию панҷ ҳазор кило нуқра медиҳам, то ки ба хазинаи шоҳ гузоранд». |
12774 | EST 4:8 | Баъд нусхаи фармони шоҳро дар бораи нобуд кардани яҳудиён, ки дар Шушан баромада буд, ба Ҳатох дод, то ба Эстер нишон диҳаду фаҳмонад. Инчунин Эстерро вазифадор кунад, ки ба назди шоҳ даромада, барои халқаш зорию тавалло намояд. |
12784 | EST 5:1 | Дар рӯзи сеюми рӯзадорӣ малика Эстер либосҳои шоҳонаашро пӯшид. Ӯ ба қисми дарунии қаср, ки дар рӯ ба рӯйи толори подшоҳ буд, даромада, истод. Подшоҳ дар толори шоҳона бар тахти шоҳӣ менишаст ва тахти ӯ дар рӯ ба рӯйи даромадгоҳ буд. |
12812 | EST 7:1 | Ҳамин тавр, подшоҳ ва Ҳаман ба зиёфати дуюми малика Эстер рафтанд. |
12819 | EST 7:8 | Ӯ худро бо зорию тавалло болои кати Эстер партофта буд, ки подшоҳ аз боғи қаср баргашт. Подшоҳ дод зад: «Вай ҳатто ҷуръат мекунад, ки дар ҳузури ман ба номуси малика расад?!» Ҳамин ки подшоҳ инро гуфт, рӯйи Ҳаманро пӯшониданд. |
12824 | EST 8:3 | Малика Эстер бори дигар бо подшоҳ гап зада, худро пеши пояш партофту гиря кард. Ӯ зорию тавалло намуд, ки нақшаи бади зидди яҳудиён тайёркардаи Ҳаманро бекор намояд. |
12830 | EST 8:9 | Сипас бисту панҷуми июн котибони шоҳ даъват шуданд. Онҳо фармонро оид ба яҳудиён, аз рӯйи ҳамаи гуфтаҳои Мордахай бо хати ҳар як вилоят ва бо забони ҳар як халқ, ба ҳокимону мирони яксаду бисту ҳафт вилоят — аз Ҳиндустон то Эфиопия навиштанд. Фармон ба яҳудиён низ бо хату забони худашон навишта шуд. |
12836 | EST 8:15 | Мордахай бо либоси шоҳонаи кабуду сафед дар тан, тоҷи калони бо тилло орододашуда ва болопӯши бунафшранги қиматбаҳо аз назди шоҳ баромад. Дар Шушан садои шодию хурсандии сокинон баланд шуд. |
12837 | EST 8:16 | Барои яҳудиён ин рӯзи пирӯзӣ, хурсандию шодмонӣ буд ва онҳоро дар ҳама ҷо эҳтиром мекарданд. |
12867 | EST 9:29 | Пас аз он Эстер — духтари Абиҳоил ҳамроҳи Мордахайи яҳудӣ бо тамоми қудрат мактуби дигарро навиштанд, то ки мактуби дуюмро дар бораи Пурим тасдиқ намоянд. |
12869 | EST 9:31 | Ин мактубҳо рӯзҳои Пуримро тасдиқ карданд, то ки дар рӯзи муайяншуда ҷашн гирифта шаванд, чунон ки Мордахай ва малика Эстер барояшон таъин карда буданд. Одамон қарор доданд, ки ин идро ҳамчун идҳои дигари рӯзаю нолаашон, ки барои худ ва наслҳояшон таъин карда буданд, ҷашн гиранд. |
23356 | MAT 6:5 | Вақте ки дуо мекунед ба одамони дурӯя монанд нашавед! Онҳо дар ибодатхонаю чорраҳаҳо истода дуо хонданро дӯст медоранд, то ки ҳама онҳоро бинанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. |
23419 | MAT 8:5 | Сипас Исо ба деҳаи Кафарнаҳум ворид шуд, ки ба наздаш як сардори лашкаре омад ва ба зорию илтиҷо даромада |
23490 | MAT 10:4 | Шимъӯни Ватандӯст ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад. |
23557 | MAT 11:29 | Чунончи барзагов барои андохтани юғ гардан мефурорад, шумо низ ба юғи Ман сар фуроред ва аз Ман таълим бигиред, чунки Ман нармдилу хоксор ҳастам, он гоҳ ҷони шумо оромӣ меёбад. |
23558 | MAT 11:30 | Зеро таҳти юғи Ман будан осон аст ва боре, ки Ман медиҳам, сабук аст». |
23669 | MAT 14:3 | Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда Ҳиродус Ҳиродия, зани бародараш Филиппусро ба занӣ гирифта буд. Гаштаю баргашта Яҳё ба ӯ мегуфт: «Аз рӯи шариати мо ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Бинобар ин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир кунанду дасту пояшро баста, ба ҳабс андозанд. |
23732 | MAT 15:30 | Ба назди Вай тӯда-тӯда одамон омада, бо худ одамони лангу маъюб, кӯру гунг ва боз дигар хел касалонро оварда пеши пойҳояш мегузоштанд ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо медод. |
23733 | MAT 15:31 | Дар пеши назари ҳама гунгҳо гап задаву лангҳо роҳ рафтаву кӯрон дида метавонистагӣ шуданд, маъюбон сиҳат гаштанд. Инро дида ҳама ҳайрон монданд ва Худои Исроилро ситоиш карданд. |
23745 | MAT 16:4 | Фақат насли ба Худо бевафою бадон нишона меҷӯяд! Худо ба ин насл ҳеҷ нишонаи дигаре ба ғайр аз он ки бо Юнус пайғамбар рӯй додааст, намедиҳад». Инро гуфта Ӯ аз наздашон рафт. |
23773 | MAT 17:4 | Петрус ба сухан даромада ба Исо гуфт: «Худовандо, чӣ хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Агар хоҳӣ ман дар ин ҷо се хайма месозам, яке барои Ту, дигаре барои Мӯсо ва сеюм барои Илёс». |
23792 | MAT 17:23 | ва онҳо Ӯро мекушанд, лекин дар рӯзи сеюм Ӯ аз нав зинда мегардад». Шогирдон аз шунидани ин суханон сахт ғамгин гаштанд. |
23804 | MAT 18:8 | Агар даст ё поят туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бе як даст ё пой буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду дасту пой дошта бошию ба оташи абадии дӯзах биафтӣ. |
23805 | MAT 18:9 | Инчунин, агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро бароят беҳтар аст, ки як чашм дошта бошию соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду чашм дошта бошиву ба оташи дӯзах партофта шавӣ». |
23818 | MAT 18:22 | «Не, — ҷавоб дод Ӯ. — Ҳафт маротиба нею ҳафтод карат ҳафт маротиба бубахш. |
23822 | MAT 18:26 | Он хизматгор худро пеши пойҳои шоҳ партофта зорию тавалло карда гуфт: „Тақсирам, илтимос, ба ман мӯҳлат диҳед ва ман тамоми қарзамро бармегардонам“. |
23880 | MAT 20:19 | ба дасти беимонон месупоранд. Беимонон бошанд, Ӯро масхараву қамчинкорӣ карда, оқибат ба салиб мехкӯб менамоянд. Лекин Вай дар рӯзи сеюм аз нав зинда мешавад». |
23924 | MAT 21:29 | Писараш бошад, „намеравам“ мегӯяд. Баъд падараш рафта, аз писари дуюмаш хоҳиш мекунад. Писари дуюмаш „хуб шудааст“ гуфта ҷавоб медиҳад. Лекин баъдтар писари калонӣ аз фикраш гашта ба токзор меравад. Писари дуюмаш бошад, намеравад». |
23930 | MAT 21:35 | Аммо иҷоракорон хизматгорони ӯро дастгир карда, якеашро мезананд, дигареро мекушанд ва сеюмро сангсор мекунанд. |
23957 | MAT 22:16 | Пас, онҳо чанд нафар аз шогирдонашон ва аъзоёни ҳизби ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд. Фиристодашудагон гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Шумо ростқавл ҳастед ва ба мавқею дараҷаи одамон эътибор надода, бе хушомадгӯӣ роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. |
23966 | MAT 22:25 | Инак, бо мо ҳафт бародар буданд ва калониаш зан гирифт, аммо фарзанд надида аз олам чашм пӯшид. Он гоҳ бародари дуюм бевазанро ба никоҳаш даровард. |
23967 | MAT 22:26 | Баъд бо бародари дуюм, сеюм ва то ҳафтум бо ҳамаашон айнан ҳамон ҳодиса рӯй дод. |
23980 | MAT 22:39 | Дуюмаш ҳам монанди он: „Ҳар шахсеро, ки наздики мост, бояд мисли худ дӯст бидорем“. |
24033 | MAT 24:7 | Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад. Дар ҳар ҷо қаҳтию гуруснагӣ ба амал меояд ва заминҷунбиҳо рӯй медиҳанд. |
24092 | MAT 25:15 | Инчунин, ба ҳар хизматгор мувофиқи қобилияташ тангаҳои тилло медиҳад: ба якеаш панҷ ҳазор, ба дуюмаш ду ҳазор ва ба сеюмаш ҳазор танга. Баъд роҳи сафарро пеш мегирад. |
24137 | MAT 26:14 | Яке аз шогирдони Исо, ки Яҳудои Исқарют ном дошт, назди сардорони рӯҳонӣ рафта |
24167 | MAT 26:44 | Бори сеюм Вай онҳоро монда рафту айнан мисли пештара дуо кард. |
24244 | MAT 27:46 | Қариби соати сеюм Исо бо овози баланд дод зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Лама сабақтанӣ!», ки маънояш «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?!» аст. |
24252 | MAT 27:54 | Вақте сардори лашкар ва ҳамроҳонаш, ки Исоро назорат мекарданд, заминҷунбию дигар ҳодисаҳоро диданд, сахт тарсида гуфтанд, ки Исо дар ҳақиқат Писари Худо будааст. |
24261 | MAT 27:63 | ба ӯ гуфтанд: «Тақсир, ба хотири мо омад, ки он фиребгар ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданаш гуфта буд, ки дар рӯзи сеюм баъд аз маргаш аз нав зинда мешавад. |
24262 | MAT 27:64 | Бинобар ин фармон диҳед, ки қабри Ӯро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, мабодо шогирдонаш омада ҷасадашро дузданду ба халқ овоза паҳн кунанд, ки Ӯ аз байни мурдагон зинда шудааст. Он гоҳ ин дурӯғ аз дурӯғи аввал дида бадтар мешавад». |
24376 | MRK 3:19 | ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад. Баъд Исо ба хона рафт. |
24443 | MRK 5:10 | Вай аз Исо зорию тавалло кард, ки онҳоро аз он маҳалла берун накунад. |
24558 | MRK 7:26 | Вай зани юнонӣ, зодаи Финиқияи Сурия буд. Ӯ илтимос кард, ки Исо девро аз духтараш берун кунад. |
24650 | MRK 9:43 | Агар дастат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бе як даст буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду даст дошта бошию ба оташи дӯзах афтӣ. |
24652 | MRK 9:45 | Агар поят туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бе як по буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду по дошта бошию ба дӯзах партофта шавӣ. |
24654 | MRK 9:47 | Агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро бароят беҳтар аст, ки як чашм дошта бошию ба подшоҳии Худо дароӣ, аз он ки ду чашм дошта бошиву ба дӯзах партофта шавӣ, |
24756 | MRK 12:14 | Онҳо омада гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Шумо ростқавл ҳастед ва хушомадгӯи мардум нестед, чунки ба мавқею дараҷаи онҳо эътибор намедиҳед, балки роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. Ҳоло бигӯед, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не? |
24763 | MRK 12:21 | Баъд бародари дуюм ҳамсари ӯро ба занӣ гирифта, ӯ ҳам бефарзанд мурд. Бо бародари сеюм ҳам ҳамин тавр рӯй дод. |
24773 | MRK 12:31 | Дуюмаш чунин мебошад: „Ҳар шахсеро, ки наздики шумост, мисли худ дӯст бидоред“. Ҳеҷ фармоише аз ҳардуи ин бузургтаре нест». |
24781 | MRK 12:39 | Онҳо дӯст медоранд, ки дар ҷойҳои беҳтарини ибодатхонаҳо бишинанд ва дар тӯю зиёфатҳо бологузар бошанд. |
24783 | MRK 12:41 | Баъд Исо рӯ ба рӯи сандуқи хайрия нишаста, ба сандуқ пул андохтани мардумро тамошо мекард. Баъзеҳо, ки бою бадавлат буданд, пули зиёде хайр мекарданд. |
24794 | MRK 13:8 | Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад. Дар бисёр ҷойҳо заминҷунбӣ рӯй дода, қаҳтию гуруснагӣ меояд. Ҳамаи ин монанди саршавии дарди зоидан аст. |
24833 | MRK 14:10 | Он гоҳ яке аз дувоздаҳ шогирдони Исо, ки номаш Яҳудои Исқарют буд, ба назди сардорони рӯҳонӣ рафт, то Исоро ба онҳо таслим кунад. |
24864 | MRK 14:41 | Вай бори сеюм баргашта, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта дам мегиред? Бас, акнун соати он расидааст, ки Фарзанди Инсон ба дасти гунаҳкорон таслим карда мешавад. |
24895 | MRK 14:72 | Худи ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм ҷеғ зад ва Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор ҷеғ занад, ту се бор Маро инкор мекунӣ». Он гоҳ Петрус худро дошта натавониста ба гиря даромад. |
25041 | LUK 1:79 | то бар касоне, ки дар торикию сояи марг мешинанд, равшанӣ кунад ва қадамҳои моро ба роҳи сулҳу осоиштагӣ ҳидоят намояд». |
25044 | LUK 2:2 | Ин аввалин саршуморӣ буд, ки дар замони ҳукмронии Кириниюс дар Сурия гузаронида мешуд. |
25095 | LUK 3:1 | Дар замони сарвари рӯҳониён будани Ҳонон ва Қаёфо каломи Худо дар биёбон ба гӯши Яҳёи писари Закарё расид. Ин воқеа дар соли понздаҳуми ҳукмронии император Тибариюс рӯй дод. Дар он айём Понтиюс Пилотус фармонравои Яҳудия ва Ҳиродус ҳокими Ҷалил буданд. Бародари Ҳиродус Филиппус бошад, дар Итурияву вилояти Тархонитус ҳукмронӣ мекард ва Лисониюс ҳокими Абилин буд. |
25231 | LUK 6:16 | Яҳудои писари Ёқуб ва Яҳудои Исқарют, ки оқибат хиёнаткор мешавад. |
25253 | LUK 6:38 | Бидиҳед ва ба шумо низ дода мешавад: ба андозаи хуби ҷунбонидаю фишурдашуда ва лабрезшуда ба доманатон меандозанд, зеро бо кадом санги тарозу баркашед, бо ҳамон санг ба шумо баркашида мешавад». |
25400 | LUK 9:30 | ва инак ду мард, Мӯсою Илёс дар шӯҳрату ҷалол зоҳир гардиданд. Онҳо бо Исо гуфтугӯ карда нақл мекарданд, ки Ӯ дар Ерусалим бояд аз ин дунё равад ва бо ҳамин мақсадашро анҷом медиҳад. |
25403 | LUK 9:33 | Вақте ки он ду нафар аз пеши Исо рафтанӣ шуданд, Петрус гуфт: «Эй Устод! Чӣ хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Биёед, ҳоло се хайма месозем: яке — барои Шумо, дигаре — барои Мӯсо ва сеюм — барои Илёс». Вай худаш намедонист, ки чӣ мегӯяд. |
25513 | LUK 11:39 | Вале Худованд ба он фарисӣ гуфт: «Ҳамин шумо, фарисиён, беруни косаву табақи худро мешӯед, аммо дарунатон пур аз хасисию бадӣ аст. |
25611 | LUK 13:24 | «Саъю кӯшиш кунед, то аз дари танг дароед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисёр касон кӯшиш хоҳанд кард, ки аз он дар дароянд, вале ин ба онҳо муяссар нахоҳад шуд. |
25619 | LUK 13:32 | Исо ба онҳо гуфт: «Рафта, ба он рӯбоҳ бигӯед, ки Ман имрӯзу пагоҳ девҳоро берун карда, мардумро шифо медиҳам ва рӯзи сеюм корамро тамом мекунам. |
25635 | LUK 14:13 | Беҳтараш вақти зиёфат оростан камбағалону маъюбон ва шалҳову нобиноёнро даъват намо. |
25643 | LUK 14:21 | Хизматгор баргашта ин хабарро ба хоҷааш расонд. Он гоҳ хоҷа дар ғазаб шуда, ба хизматгораш фармон дод: „Зудтар ба кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳр рафта, камбағалон, маъюбон, шалҳо ва нобиноёнро ба ин ҷо биёр“. |
25720 | LUK 16:31 | Иброҳим ҷавоб дод: „Модоме ки онҳо ба суханони Мӯсою пайғамбарон гӯш намедиҳанд, ба ҳеҷ кас, ҳатто ба мурдае, ки зинда шудааст, низ бовар нахоҳанд кард“». |
25764 | LUK 18:7 | Наход Худо интихобкардагони худро, ки шабу рӯз ба даргоҳаш зорию тавалло мекунанд, муҳофизат накунад? Магар Ӯ дер мекунад? |
25790 | LUK 18:33 | ва қамчинкорӣ намуда ба қатл мерасонанд, вале Ӯ дар рӯзи сеюм аз нав зинда хоҳад шуд». |
25818 | LUK 19:18 | Дуюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, як тангаи тиллои шумо панҷ танга фоида овард“. |
25820 | LUK 19:20 | Сеюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, ана ин ҳамон тангаи тиллои шумо. Ман онро ба рӯймолчае печонда, нигоҳ доштам, |
25860 | LUK 20:12 | Ӯ боз хизматгори сеюмашро фиристод. Вайро низ маҷрӯҳ намуда, берун партофтанд. |
25878 | LUK 20:30 | Бародари дуюм, сеюм ва ҳамин тавр ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ мегирифтанд, вале ҳеҷ яке аз онҳо фарзанде ба дунё наоварда мурданд. |
25894 | LUK 20:46 | «Аз шариатдонон эҳтиёт шавед. Чун либосҳои қимат пӯшида мегарданд ва ба онҳо маъқул аст, ки мардум дар бозорҳо ба онҳо салом диҳанд. Онҳо дӯст медоранд, ки дар ҷойҳои беҳтарини ибодатхонаҳо бишинанд ва дар тӯю зиёфатҳо бологузар бошанд. |
25936 | LUK 22:3 | Ҳамон вақт ба дили Яҳудои Исқарют, ки яке аз он дувоздаҳ шогирд буд, шайтон даромад. |
26026 | LUK 23:22 | Пилотус бори сеюм ҳам ба онҳо гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст? Ман дар Ӯ ҳеҷ айберо намебинам, ки сазовори марг бошад. Ман Ӯро қамчинкорӣ карда ҷавоб медиҳам». |
26044 | LUK 23:40 | Вале дуюмин ӯро сарзаниш карда гуфт: «Магар аз Худо наметарсӣ? Охир, мо ҳам ба марг маҳкум шудаем. |
26067 | LUK 24:7 | Ӯ гуфта буд, ки Фарзанди Инсон бояд ба дасти гунаҳкорон супорида шавад ва онҳо бояд Ӯро ба салиб мехкӯб кунанд, вале дар рӯзи сеюм Ӯ бояд зинда гардад». |
26075 | LUK 24:15 | Ҳангоми гуфтугӯю муҳокимаашон худи Исо ба онҳо наздик шуда, ҳамроҳашон равона шуд. |
26078 | LUK 24:18 | ва якеашон, ки Клеюпос ном дошт, ба саволи Исо бо савол ҷавоб дод: «Магар Шумо ягона мусофире дар Ерусалим ҳастед, ки аз воқеаи ҳамин рӯзҳо дар ин ҷо рӯйдода хабар надоред?» |
26106 | LUK 24:46 | Баъд ба онҳо гуфт: «Мувофиқи гуфтаҳои навиштаҷот Таъиншудаи Худо бояд азоб кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон зинда шавад. |
26155 | JHN 1:42 | Андриёс Шимъӯни Петрусро ба назди Исо овард. Исо бо диққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юҳанно ҳастӣ. Аммо аз ин баъд Кифо номида мешавӣ» (Калимаи Петрус бо юнонӣ ва Кифо бо арамеӣ — маънои ҳардуяш ҳам «санг» аст). |
26165 | JHN 2:1 | Рӯзи сеюм дар шаҳри Қанои Ҷалил тӯи арӯсӣ буд ва модари Исо дар он ҷо иштирок дошт. |
26279 | JHN 4:54 | Ин мӯъҷизаи дуюме буд, ки Исо баъди аз Яҳудия ба Ҷалил баргаштанаш нишон дода буд. |
26284 | JHN 5:5 | Дар он ҷо инчунин марде мехобид, ки сию ҳашт сол боз гирифтори беморӣ буд. |