Wildebeest analysis examples for:   tgk-tgk   ё    February 11, 2023 at 19:43    Script wb_pprint_html.py   by Ulf Hermjakob

7130  RUT 1:1  Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад.
7140  RUT 1:11  Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Духтаронам, шумо бояд баргардед. Чаро ҳамроҳи ман будан мехоҳед? Оё ман метавонам боз соҳиби писароне шавам, ки шуморо ба занӣ гиранд?
7142  RUT 1:13  оё шумо то ба воя расидани онҳо сабр мекунед? Ин хел шумо шавҳар карда наметавонед. Не, духтаронам, шумо медонед, ки ин номумкин аст. Ранҷу азобе, ки дорам, бароятон беҳад вазнин аст, чунки Худованд бар зидди ман аст».
7144  RUT 1:15  Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Бубин, Орфо ба назди қавми худ ва худоёни худ бармегардад, ту ҳам ҳамроҳи ӯ бирав».
7149  RUT 1:20  Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Худои Таоло ҳаёти маро хеле талху ғамнок кардааст, барои ҳамин маро дигар Ноомӣ (яъне форам) нагӯед, балки Мора (яъне талх) бигӯед.
7155  RUT 2:4  Пас аз муддате Бӯаз аз деҳаи Байт-Лаҳм омад ва бо коргарон салому алейк карда гуфт: «Худованд ёратон бод!» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Раҳмат, Худованд шуморо баракат диҳад!»
7165  RUT 2:14  Дар вақти хӯрокхӯрӣ Бӯаз ба Рут гуфт: «Биё, хӯрок хӯр. Нонатро ба шираи ангур тар карда хӯр». Пас Рут дар назди даравгарон нишаст ва Бӯаз ба ӯ гандумбирён дод. Рут то серӣ хӯрду боз боқӣ монд.
7181  RUT 3:7  Вақте ки Бӯаз хӯрдану нӯшиданро тамом кард, хушҳол шуд ва назди охирин хирмани ҷав рафта, хобид. Рут оҳиста ба ӯ наздик шуд ва як гӯшаи кӯрпаи ӯро бардошта, дар поёни пойи Бӯаз дароз кашид.
7182  RUT 3:8  Нисфи шаб Бӯаз ногаҳон аз хоб бедор шуд ва чун дид, ки зане дар поёни пойҳояш хобидааст, ҳайрон шуд.
7184  RUT 3:10  Бӯаз гуфт: «Духтарам, Худованд туро баракат диҳад. Ин кори неке, ки ҳоло кардӣ, аз коре, ки пештар карда будӣ, бузургтар аст. Ту метавонистӣ аз қафои ҷавонмардони бой ё камбағал равӣ, вале ин корро накардӣ.
7187  RUT 3:13  Шабона ин ҷо бимон. Фардо субҳ мефаҳмам, ки оё ӯ ҳимояи туро ба ӯҳда мегирад ё не. Агар бигирад, хуб аст, вагарна ба Худои зинда қасам, ки худам туро мегирам. Ҳоло то саҳар ин ҷо хоб кун».
7188  RUT 3:14  Пас Рут то саҳар дар поёни пойҳои Бӯаз хобид. Аммо, чашми рӯз ҳанӯз накафида, аз хоб бедор шуд. Бӯаз намехост, ки касе ба хирманҷо омадани занро бифаҳмад.
7193  RUT 4:1  Он гоҳ Бӯаз ба назди дарвозаи шаҳр рафта, он ҷо нишаст. Вақте ҳамон хешованде, ки дар борааш гуфта буд, аз он ҷо мегузашт, Бӯаз ӯро садо карда гуфт: «Эй дӯстам, биё ин ҷо бишин». Ӯ омада, он ҷо нишаст.
7199  RUT 4:7  Давраҳои пеш дар Исроил чунин расм буд, ки ҳангоми харидуфурӯш ё додугирифт барои тасдиқи ҳамон амал як кас пойафзоли худро кашида, ба каси дигар медод. Дар Исроил ин тарзи қонунӣ гардонидани ҳамон кор ҳисоб мешуд.
7203  RUT 4:11  Он гоҳ роҳбарон ва мардуме, ки дар назди дарвоза ҷамъ омада буданд, тасдиқ карданд: «Бале, мо шоҳид ҳастем. Худованд ҳамсаратро монанди занони Яъқуб — Роҳел ва Леё гардонад. Ин занон барои ӯ фарзандони зиёдро ба дунё оварданд. Дар байни Эфротиён сарват ба даст орӣ ва номат дар деҳаи Байт-Лаҳм машҳур гардад.
7205  RUT 4:13  Пас аз он Бӯаз Рутро ба занӣ гирифта, бо ӯ ҳамбистар шуд ва Худованд ӯро баракат доду Рут ҳомиладор шуда, писаре ба дунё овард.
7207  RUT 4:15  Ӯ акнун бароят зиндагии наве хоҳад бахшид ва атои айёми пириат хоҳад буд, зеро ӯро келинат, ки туро дӯст медорад ва бароят аз ҳафт писар ҳам беҳтар аст, ба дунё овардааст».
12709  EST 1:3  Соли сеюми подшоҳияш шоҳ барои ҳамаи мансабдорону дарбориён зиёфат дод. Дар он сарлашкарони сарзамини форсу модҳо, мирон ва ҳокимони вилоятҳо иштирок доштанд.
12711  EST 1:5  Пас аз тамом шудани зиёфати якум шоҳ барои ҳамаи сокинони қалъаи Шушан, чи камбағалу чи сарватманд, зиёфати дуюм дод. Он дар боғи девордори қасри шоҳ ҳафт шабонарӯз давом намуд.
12712  EST 1:6  Дар ин боғ пардаҳо аз матоъҳои пахтагини сафеду осмонранг бо бандҳои қиматбаҳои сафеду бунафшранг аз ҳалқаҳои нуқрагин гузаронида шуда, ба сутунҳои мармарин овезон буданд. Катҳои тиллоию нуқрагинро болои фарши мармарӣ, садафӣ ва аз дигар сангҳои қиматбаҳои сурху сиёҳ тайёршуда, қатор гузошта буданд.
12715  EST 1:9  Зани подшоҳ — малика Ваштӣ низ дар қасри шоҳ Аҳашверӯш барои занон зиёфат медод.
12716  EST 1:10  Дар рӯзи ҳафтуми зиёфат подшоҳ аз нӯшидани шароб андак маст шуда, ба ҳафт хизматгорони шахсияш — Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас, фармон дод,
12717  EST 1:11  ки малика Ваштиро наздаш биёранд. Занаш ҳусни зебо дошт ва шоҳ хост, ки малика тоҷ бар сар пеши меҳмонон биёяд, то зебоии ӯро ба ҳама намоиш диҳад.
12718  EST 1:12  Лекин чун хизматгорон рафта, ба малика фармони шоҳро расониданд, малика амрашро рад карду ба зиёфат наомад.
12724  EST 1:18  Худи ҳамин рӯз занони мансабдорони Форсу Модай, ки аз ин воқеа хабардор мешаванд, ба шавҳарони худ низ инро нақл мекунанд. Сипас дар оилаҳо хашму ғазаб ва беҳурматӣ зиёд хоҳад шуд.
12729  EST 2:1  Баъд аз чанд вақт, чун ғазаби шоҳ Аҳашверӯш паст шуд, ӯ Ваштиро бо кори кардааш ва фармони дар ҳаққи ӯ баровардаашро ба ёд овард.
12733  EST 2:5  Инак, дар қалъаи Шушан марди яҳудие бо номи Мордахай, ки писари Ёир буд, мезист. Ёир писари Шимъӣ буд ва Шимъӣ писари Киш, аз хонаводаи Бинёмин.
12734  EST 2:6  Аслан Киш дар шаҳри Уршалим зиндагӣ мекард. Аммо Набукаднесар — шоҳи сарзамини Бобил чандин сол пеш Уршалимро хароб карда, шоҳи Яҳудия Еконёро ба асирӣ гирифта буд. Дар он вақт Киш — бобокалони Мордахай низ, ҳамроҳи дигар асирон оварда шуд.
12736  EST 2:8  Вақте ки фармони шоҳ эълон шуду духтарони зиёдеро ба қалъаи Шушан оварда, ба дасти Ҳейга — нигаҳбони занон супориданд, Эстер ҳам дар байни онҳо буд. Вай низ дар қасри подшоҳӣ таҳти назорати Ҳейга қарор гирифт.
12739  EST 2:11  Ҳар рӯз Мордахай назди хонаи занон мегашт, то ки аз ҳолу кори Эстер хабар ёбад.
12740  EST 2:12  Пеш аз назди шоҳ Аҳашверӯш даромадан, ба ҳар духтар дувоздаҳ моҳ барои тайёрӣ дидан мӯҳлат дода мешуд; ӯ шаш моҳ бо равғанҳои хушбӯй ва шаш моҳи дигар бо атрҳову молиданиҳои гуногуни занона худро орову торо медод.
12746  EST 2:18  Он гоҳ шоҳ ба хотири Эстер барои ҳамаи мансабдорону дарбориён зиёфат доду дар ҳамаи вилоятҳо пули андозро кам карда, ба таври шоҳона тӯҳфаҳо тақсим карда дод.
12751  EST 2:23  Баъд аз тафтиши ҳодиса фаҳмиданд, ки ҳақиқатан дарбонон чунин нақша кашида будаанд. Пас онҳоро дастгир карда, ба дор овехтанду тамоми ҳодиса дар ҳузури шоҳ дар китоби ёддоштҳо навишта шуд.
12753  EST 3:2  Мувофиқи фармони шоҳ ҳамаи дарбориёне, ки дар қаср хизмат мекарданд, ба Ҳаман таъзим карда, зону мезаданд. Аммо Мордахай на таъзим мекарду на зону мезад.
12754  EST 3:3  Дарбориён аз Мордахай мепурсиданд: «Эй! Барои чӣ ту фармони шоҳро иҷро намекунӣ?»
12755  EST 3:4  Онҳо ҳар рӯз инро ба ӯ мегуфтанду лекин вай ба гапашон ҳеҷ аҳамият намедод. Мордахай гуфта буд, ки ӯ яҳудӣ аст. Аз ин рӯ, дарбориён корҳои Мордахайро ба Ҳаман расониданд, то бубинанд, ки оё Мордахай дар гапаш меистад ё не.
12758  EST 3:7  Баҳори соли дувоздаҳуми ҳукмронии шоҳ Аҳашверӯш, дар пеши Ҳаман барои интихоби рӯз ва моҳи беҳтарини нобуд кардани яҳудиён қуръа (яъне пур бо забони форсии қадим) партофтанд. Қуръа ба ҳафтуми марти соли оянда афтод.
12761  EST 3:10  Инак, шоҳ ангуштаринро, ки мӯҳри расмиаш буд, аз дасташ кашида ба Ҳаман — писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, душмани яҳудиён дода, гуфт:
12764  EST 3:13  Хабаррасонон номаҳои тайёршударо ба ҳамаи вилоятҳои шоҳ бурданд. Дар номаҳо навишта шуда буд, ки ҳамаи яҳудиён, пиру ҷавон ва занону кӯдаконро дар муддати як рӯз — ҳафтуми марти соли оянда кушта, несту нобуд гардонанд. Илова бар ин, ҳамаи дороияшонро бо зӯрӣ кашида гиранд.
12765  EST 3:14  Нақша чунин буд, ки нусхаи ин ҳуҷҷат ҳамчун қонун дар ҳар вилоят бароварда, ба ҳамаи халқҳо эълон шавад, то ки онҳо барои он рӯз тайёрӣ бинанд.
12769  EST 4:3  Ҳамзамон дар ҳар вилояте, ки амр ва фармони подшоҳ расид, ҳамин хел ғаму андӯҳи азиме байни яҳудиён буд. Онҳо гиряву нола карда, рӯза гирифтанду аксарияташон болои матои дурушт ва хокистар дароз кашиданд.
12770  EST 4:4  Вақте канизону хоҷасароёни Эстер ба ӯ аз ҳолати Мордахай хабар доданд, малика хеле хавотир гашта, ҷигархун шуд. Эстер ба Мордахай либос фиристод, то ки ба ҷойи либоси азодориаш бипӯшад, вале Мордахай онро қабул накард.
12773  EST 4:7  Мордахай дар бораи воқеаи бо вай рӯйдода ва миқдори муайяни нуқрае, ки Ҳаман барои несту нобуд кардани яҳудиён ба хазинаи шоҳ ваъда кардааст, ба ӯ нақл кард.
12774  EST 4:8  Баъд нусхаи фармони шоҳро дар бораи нобуд кардани яҳудиён, ки дар Шушан баромада буд, ба Ҳатох дод, то ба Эстер нишон диҳаду фаҳмонад. Инчунин Эстерро вазифадор кунад, ки ба назди шоҳ даромада, барои халқаш зорию тавалло намояд.
12777  EST 4:11  «Ҳамаи дарбориён ва мардуми тамоми вилоятҳо медонанд, ки ба қисми дарунии қасри подшоҳ бе даъват даромадан манъ аст. Хоҳ мард бошад, хоҳ зан, агар бе даъвати шоҳ ба наздаш дарояд, мувофиқи қонун кушта хоҳад шуд. Танҳо дар як ҳолат зинда мондан мумкин, ба шарте ки шоҳ асои тиллоияшро сӯйи шахси даъватнашуда дароз кунад. Маро бошад, шоҳ ба наздаш сӣ рӯз боз даъват накардааст».
12779  EST 4:13  Мордахай дар ҷавоби Эстер гуфт: «Фикр накун, ки дар хонаи шоҳ танҳо ту аз байни яҳудиён наҷот меёбӣ.
12780  EST 4:14  Агар ту дар ин вақт хомӯш бимонӣ, наҷот ва халосӣ барои яҳудиён аз тарафи дигар меояд. Лекин ту ва хонадони падарат нобуд мешавед. Кӣ медонад, шояд барои ҳамин вақт ту малика интихоб шуда бошӣ».
12782  EST 4:16  «Бирав, ҳамаи яҳудиёни Шушанро ҷамъ кун ва барои ман се шабонарӯз рӯза гиред. Шабу рӯз ҳеҷ чиз нахӯреду нанӯшед, ман ҳам бо канизонам рӯза мегирам. Баъд аз се рӯз, агарчи ин бар зидди қонун аст, ба назди шоҳ медароям ва агар бимирам, ба тақдирам тан медиҳам».
12787  EST 5:4  «Агар подшоҳ хоҳад, имрӯз бо Ҳаман ба зиёфате, ки ман барои шоҳ тайёр кардаам, биёянд».
12788  EST 5:5  Шоҳ ба хизматгоронаш гуфт: «Ҳаманро зуд рафта, биёред, то ки хоҳиши Эстерро иҷро намоем». Ҳамин тавр, шоҳ ва Ҳаман ба зиёфати малика Эстер рафтанд.
12791  EST 5:8  агар ба назари подшоҳ писанд ояду хоҳад, ки хоҳишамро қонеъ ва дархостамро иҷро намояд, бигзор шоҳ ва Ҳаман боз ба зиёфати дигар биёянд, ки ман барои онҳо пагоҳ тайёр мекунам. Ҳангоми он зиёфат хоҳишамро ба подшоҳ хоҳам гуфт».
12794  EST 5:11  ба онҳо аз бойигарии бузурги худ ва писарони бисёраш худнамоӣ мекард. Инчунин аз он ки чӣ қадар шоҳ ӯро бузург гардонду аз мансабдорон ва дарбориёни дигар баланд гузошт, худситоӣ менамуд.
12795  EST 5:12  «Ва на танҳо ин, — илова намуд ӯ. — Ман ягона одаме мебошам, ки малика Эстер барои шоҳро дар зиёфаташ ҳамроҳӣ намудан даъват кард. Пагоҳ вай ману шоҳро боз даъват намудааст.
12797  EST 5:14  Занаш Зареш ва ҳамаи дӯстонаш ба вай маслиҳат доданд: «Фармон бидеҳ, ки як дори бисту се метр баланд бисозанду пагоҳ саҳар аз подшоҳ хоҳиш кун, ки Мордахайро дар он овезанд. Сипас ҳамроҳи шоҳ хушу хурсандона ба зиёфат бирав». Ҳаман пешниҳодро маъқул карда, фармон дод, ки дорро тайёр кунанд.
12798  EST 6:1  Худи ҳамон шаб хоби подшоҳ парид. Бинобар ин фармон дод, ки китоби ёддоштҳоро оварда, дар наздаш хонанд.
12799  EST 6:2  Ҳангоме ки китобро мехонданд, дар он қайде ёфт шуд, ки чӣ тавр Мордахай дар бораи нақшаи куштори подшоҳ хабар дода буд (ҳамон нақшаи куштори шоҳ, ки дарбонон — Биғтон ва Тораш кашида буданд).
12801  EST 6:4  Шоҳ пурсид: «Назди дар ягон кас ҳаст?» Ҳаман бошад, ҳозиракак ба қисми берунии қаср даромада буд, то ки бо шоҳ дар бораи овехтани Мордахай дар дори тайёршуда гуфтугӯ кунад.
12803  EST 6:6  Чун Ҳаман даромад, шоҳ аз ӯ пурсид: «Барои нафаре, ки шоҳ сарбаланду ифтихорманд гардондан мехоҳад, чӣ бояд кард?» Ҳаман бошад ба худ фикр кард: «Оё ба ғайр аз ман боз касе ҳаст, ки подшоҳ мехост ифтихорманд гардонад? Албатта не».
12805  EST 6:8  ҷомаи шоҳонаи подшоҳ, ки худи шоҳ пӯшидааст, оварда шавад. Инчунин асперо бо тоҷи шоҳона бар сар, ки худи шоҳ дар он савор шудааст, биёранд.
12808  EST 6:11  Ҳамин тавр, Ҳаман ҷомаву аспро гирифт. Ҷомаро ба Мордахай пӯшониду вайро дар асп савор карда, дар маркази шаҳр гардонид. Инчунин пешопеши ӯ эълон намуда, фарёд кард: «Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!»
12811  EST 6:14  Ҳангоме ки онҳо ҳанӯз бо ӯ сӯҳбат мекарданд, хизматгорони шоҳ омада, зуд Ҳаманро ба зиёфати Эстер бурданд.
12812  EST 7:1  Ҳамин тавр, подшоҳ ва Ҳаман ба зиёфати дуюми малика Эстер рафтанд.
12818  EST 7:7  Подшоҳ оташин шуда, аз ҷояш хесту аз зиёфат баромада, ба боғи қаср рафт. Чун Ҳаман ҳис кард, ки шоҳ ӯро нобуд кардан мехоҳад, назди малика истод, то барои халосии ҷонаш ӯро илтиҷо намояд.
12820  EST 7:9  Пас Ҳарбӯно — яке аз хизматгорони шахсии шоҳ, ки он ҷо буд, гуфт: «Инак, дори бисту семетра дар ҳавлии Ҳаман тайёр аст. Вай онро барои Мордахай, ки барои шоҳ кори нек карда буд, сохтааст». Подшоҳ амр дод: «Худашро ба ҳамон дор овезед!»
12822  EST 8:1  Худи ҳамон рӯз шоҳ Аҳашверӯш молу мулк ва чизу чораи Ҳаман — душмани яҳудиёнро ба малика Эстер дод. Мордахай акнун назди подшоҳ даромад, зеро Эстер ба шоҳ гуфт, ки онҳо хешанд.
12824  EST 8:3  Малика Эстер бори дигар бо подшоҳ гап зада, худро пеши пояш партофту гиря кард. Ӯ зорию тавалло намуд, ки нақшаи бади зидди яҳудиён тайёркардаи Ҳаманро бекор намояд.
12826  EST 8:5  «Агар ин кор ба подшоҳ дуруст намояду дар назари шоҳ эътибор дошта бошам, — илтиҷо кард малика, — бигзор қонун барояд, ки ҳамаи номаҳои Ҳаман, писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, ки барои нобуд кардани яҳудиёни ҳамаи вилоятҳои подшоҳ навишта буд, бекор карда шаванд.
12828  EST 8:7  Подшоҳ ба малика Эстер ва Мордахайи яҳудӣ гуфт: «Азбаски Ҳаман ба халқи яҳудиён ҳуҷум кард, ӯро ба дор овехтанд ва дороияшро аллакай ба Эстер додам.
12829  EST 8:8  Акнун аз номи подшоҳ қонуни нав оид ба яҳудиён, чӣ тавре ки дуруст мешуморед, бинависеду онро бо ангуштарини шоҳ мӯҳр бизанед. Ҳар қонуне, ки аз номи шоҳ навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр зада шуда бошад, бекор карда намешавад».
12830  EST 8:9  Сипас бисту панҷуми июн котибони шоҳ даъват шуданд. Онҳо фармонро оид ба яҳудиён, аз рӯйи ҳамаи гуфтаҳои Мордахай бо хати ҳар як вилоят ва бо забони ҳар як халқ, ба ҳокимону мирони яксаду бисту ҳафт вилоят — аз Ҳиндустон то Эфиопия навиштанд. Фармон ба яҳудиён низ бо хату забони худашон навишта шуд.
12832  EST 8:11  Фармони шоҳ ба яҳудиён ҳуқуқ дод, ки дар ҳар шаҳр барои муҳофизати худ ҷамъ шаванд. Ҳар қувваи мусаллаҳ аз ҳар халқ ё вилоят, ки ба онҳо ҳуҷум кунад, бо занону кӯдаконашон кушта, несту нобуд карда шавад. Илова бар ин ҳамаи дороияшонро бо зӯрӣ кашида гиранд.
12834  EST 8:13  Нақша чунин буд, ки нусхаи ин ҳуҷҷат ҳамчун қонун дар ҳар вилоят бароварда, ба ҳамаи халқҳо эълон шавад, то ки ҳамон рӯз яҳудиён барои аз душманонашон қасос гирифтан тайёр бошанд.
12837  EST 8:16  Барои яҳудиён ин рӯзи пирӯзӣ, хурсандию шодмонӣ буд ва онҳоро дар ҳама ҷо эҳтиром мекарданд.
12838  EST 8:17  Ба ҳар вилояту шаҳр, ки амру фармони шоҳ расид, иду базми шодмонӣ байни яҳудиён барпо шуд. Бисёр ғайрияҳудиёни он сарзамин аз халқи Мордахай метарсиданду аз ин сабаб эълон намуданд, ки дини яҳудиро қабул карданд.