12758 | EST 3:7 | Баҳори соли дувоздаҳуми ҳукмронии шоҳ Аҳашверӯш, дар пеши Ҳаман барои интихоби рӯз ва моҳи беҳтарини нобуд кардани яҳудиён қуръа (яъне пур бо забони форсии қадим) партофтанд. Қуръа ба ҳафтуми марти соли оянда афтод. |
23570 | MAT 12:12 | Қадри инсон бошад аз гӯсфанд чӣ қадар баландтар аст. Пас, дар рӯзи истироҳат некӣ кардан равост». |
23662 | MAT 13:54 | ба диёраш баргашт. Ӯ дар ибодатхонаи он ҷо таълим медоду онҳое, ки таълимоташро мешуниданд, ангушти ҳайрат газида ба якдигар мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ин қадар ҳикмат дорад-а?» «Қобилияти мӯъҷизакории Ӯ аз куҷо бошад-а? |
23690 | MAT 14:24 | Қаиқ бошад, аз соҳил хеле дур рафта буд ва аз сабаби боди сахте, ки мухолифи он мевазид, мавҷҳои кӯл қаиқро алвонҷ медоданд. |
23754 | MAT 16:13 | Исо бо шогирдонаш ба маҳаллаи назди шаҳраки Қайсарияи Филиппус рафт. Дар он ҷо Ӯ ба онҳо савол дод: «Одамон дар бораи кӣ будани Фарзанди Инсон чӣ мегӯянд?» |
23867 | MAT 20:6 | Қариби соати панҷ буд, ки вай боз ба бозор рафт ва боз якчанд марди бекористодаро дида пурсид: „Чаро шумо тамоми рӯзатонро бе кор гузаронда истодаед?“ |
23978 | MAT 22:37 | Исо ҷавоб дода гуфт: «Қонуни аввалин ва муҳимтарин чунин мебошад, ки „Худованд Худои худро бояд бо тамоми дилу ҷонамон ва бо тамоми ақлу ҳушамон дӯст бидорем“. |
24126 | MAT 26:3 | Он гоҳ дар қасри Қаёфо ном сарвари рӯҳониён сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм ҷамъ омаданд. |
24180 | MAT 26:57 | Сипас онҳое, ки Исоро дастгир карданд, Ӯро ба назди Қаёфо, сарвари рӯҳониён бурданд. Дар хонаи Қаёфо шариатдонону пирони қавм аллакай ҷамъ омада буданд. |
24195 | MAT 26:72 | Петрус боз инкор карда гуфт: «Қасам мехӯрам, ки ин одамро намешиносам». |
24200 | MAT 27:2 | Бо фармони онҳо дасту пои Исоро баста Ӯро аз ҳавлии Қаёфо бароварданд ва ба дасти Пилотус, ки ҳокими румӣ буд, супориданд. |
24244 | MAT 27:46 | Қариби соати сеюм Исо бо овози баланд дод зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Лама сабақтанӣ!», ки маънояш «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?!» аст. |
24250 | MAT 27:52 | Қабрҳо кушода шуданду ҷасадҳои бисёр одамони муқаддас аз нав зинда гаштанд. |
24491 | MRK 6:15 | Баъзеи дигарон мегуфтанд, ки ин Илёс пайғамбар аст. Қисми дигари одамон мегуфтанд, ки Ӯ яке аз пайғамбарони давраҳои қадим аст. |
24596 | MRK 8:27 | Исо бо шогирдонаш ба деҳаҳои атрофи шаҳраки Қайсарияи Филиппус сафарашро давом дод. Дар роҳ аз шогирдонаш пурсид: «Одамон дар бораи кӣ будани Ман чӣ мегӯянд?» |
25095 | LUK 3:1 | Дар замони сарвари рӯҳониён будани Ҳонон ва Қаёфо каломи Худо дар биёбон ба гӯши Яҳёи писари Закарё расид. Ин воқеа дар соли понздаҳуми ҳукмронии император Тибариюс рӯй дод. Дар он айём Понтиюс Пилотус фармонравои Яҳудия ва Ҳиродус ҳокими Ҷалил буданд. Бародари Ҳиродус Филиппус бошад, дар Итурияву вилояти Тархонитус ҳукмронӣ мекард ва Лисониюс ҳокими Абилин буд. |
25122 | LUK 3:28 | Нерӣ писари Малкӣ, Малкӣ писари Аддӣ, Аддӣ писари Қӯсом, Қӯсом писари Элмадом, Элмадом писари Эр, |
25130 | LUK 3:36 | Шолаҳ писари Қенон, Қенон писари Арфакшад, Арфакшад писари Сом, Сом писари Нӯҳ, Нӯҳ писари Ломак, |
25131 | LUK 3:37 | Ломак писари Матушолаҳ, Матушолаҳ писари Ҳанӯҳ, Ҳанӯҳ писари Ёрад, Ёрад писари Маҳалалъил, Маҳалалъил писари Қенон, |
25132 | LUK 3:38 | Қенон писари Анӯш, Анӯш писари Шет, Шет писари Одам ва Одам писари Худо буданд. |
25180 | LUK 5:4 | Дар охири суханаш Ӯ ба Шимъӯн гуфт: «Қаиқро ба мобайни кӯл бирон ва барои сайд тӯрҳоятонро ба об андозед». |
25193 | LUK 5:17 | Рӯзе Исо машғули таълим буд. Фарисиён ва шариатдононе, ки аз тамоми деҳоти Ҷалил, аз Яҳудия ва аз Ерусалим омада буданд, дар назди Ӯ нишастанд. Қудрати Худованд барои шифо додан бо Исо буд. |
25599 | LUK 13:12 | Исо инро дида, ба наздаш даъват кард ва дастонашро бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй зан! Ту аз бемориат раҳоӣ ёфтӣ». Қомати зан дарҳол рост шуда, вай Худоро ҳамду сано хонд. |
25645 | LUK 14:23 | Сипас хоҷа ба хизматгор гуфт: „Қад-қади роҳҳои васеъву танг гашта, мардумро ба омадан маҷбур кун, то ки хонаам пур шавад. |
25761 | LUK 18:4 | Қозӣ муддати дуру дароз талаби ӯро рад мекард, вале дар охир худ ба худ гуфт: „Гарчанде ман на тарсе аз Худо дораму на шарме аз мардум, |
25909 | LUK 21:14 | Қарор диҳед, то пешакӣ ташвиш накашед, ки дар ҷавоб чӣ бояд бигӯед. |
26022 | LUK 23:18 | Ҳамин вақт ҳама бо як овоз дод заданд: «Қатл кунед Ӯро! Барои мо Бараббосро озод кунед!» |
26048 | LUK 23:44 | Қариби нисфирӯзӣ буд, ки тамоми заминро торикӣ фаро гирифт ва се соат давом ёфт. |
26165 | JHN 2:1 | Рӯзи сеюм дар шаҳри Қанои Ҷалил тӯи арӯсӣ буд ва модари Исо дар он ҷо иштирок дошт. |
26175 | JHN 2:11 | Ҳамин тавр Исо дар Қанои Ҷалил нишонаи аввалини шӯҳрату ҷалоли худро зоҳир кард ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд. |
26271 | JHN 4:46 | Исо боз ба Қанои Ҷалил, ки пештар дар он ҷо обро ба шароб табдил дода буд, омад. Дар Кафарнаҳум писари як амалдори дарбор бемор буд. |
26641 | JHN 11:49 | Яке аз онҳо ба номи Қаёфо, ки дар он сол сарвари рӯҳониён буд, гуфт: «Шумо ҳеҷ чизро намефаҳмед! |
26643 | JHN 11:51 | Қаёфо ин суханонро боихтиёри худ нагуфт, балки аз сабаби ҳамон сол сарвари рӯҳониён буданаш аз ӯ ин пешгӯӣ баромаданд, ки Исо барои халқ мемирад. |
26855 | JHN 18:1 | Пас аз ин суханон Исо ҳамроҳи шогирдонаш баромада, ба канори дигари водии Қидрун гузашт. Дар он ҷо боғе буд ва Исо бо шогирдонаш ба он боғ даромад. |
26867 | JHN 18:13 | Аввал Ӯро назди Ҳонон, падарарӯси Қаёфо бурданд, ки ҳамон сол сарвари рӯҳониён буд. |
26868 | JHN 18:14 | Қаёфо ин ҳамон шахсе буд, ки ба ҳукуматдорони яҳудӣ маслиҳат дод, ки агар ба ҷои тамоми мардум як нафар бимирад, беҳтар аст. |
26878 | JHN 18:24 | Он гоҳ Ҳонон Исои дастбастаро ба назди Қаёфои сарвари рӯҳониён фиристод. |
26882 | JHN 18:28 | Пагоҳии барвақт Исоро аз назди Қаёфо ба қасри ҳокими румӣ бурданд. Онҳое, ки Ӯро оварданд, ба хотири он ки ҳаром нашаванду хӯроки иди Балогардонро хӯрда тавонанд, ба қаср надаромаданд. |
26969 | JHN 21:2 | Шимъӯни Петрус, Тумо, ки боз Дугоник номида мешуд, Натаноил, ки аз аҳли Қанои Ҷалил буд, ду писари Забдой ва ду шогирди дигари Ӯ — ҳама дар як ҷо ҷамъ омада буданд. |
30658 | 1JN 3:12 | Мисли Қобил набошем, ки зердасти Шахси Бад буда, бародари худро кушт. Аз чӣ сабаб бародарашро кушт? Чунки корҳои ӯ баду корҳои бародараш дуруст буданд. |
30751 | JUD 1:11 | Вой бар ҳоли чунин одамон, чунки бо роҳи Қоин мераванд, пул гуфта, гирифтори хатои Билъом шудаанд ва саркашӣ намуда, мисли Қӯраҳ нобуд мешаванд. |