Wildebeest analysis examples for:   tgk-tgk   Ҳ    February 11, 2023 at 19:43    Script wb_pprint_html.py   by Ulf Hermjakob

7130  RUT 1:1  Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад.
7136  RUT 1:7  Ҳамроҳи ду келинаш ҷойи зисти худро гузошта, ба роҳ баромад, то ба Яҳудия баргардад.
7141  RUT 1:12  Духтаронам, ман барои дубора шавҳар кардан пир шудаам, барои ҳамин ба хонаҳои худ баргардед. Ҳатто агар чунин имкон бошаду ман ҳамин шаб шавҳар карда писардор шавам ҳам,
7145  RUT 1:16  Аммо Рут илтиҷо кард: «Маро маҷбур накунед, ки аз пешатон равам. Иҷозат диҳед, ҳамроҳатон истам. Ҳар ҷойе ки равед, ман ҳам меравам. Ҳар ҷойе ки зиндагӣ кунед, ман ҳам он ҷо зиндагӣ мекунам. Халқи шумо халқи ман ва Худои шумо Худои ман мешавад.
7146  RUT 1:17  Ҳар ҷое ки бимиред, ман ҳам ҳамон ҷой хоҳам мурд ва дар он ҷой маро низ гӯр хоҳанд кард. Агар чизе ғайр аз марг маро аз шумо ҷудо кунад, Худо ба балои бад гирифторам кунад».
7148  RUT 1:19  Ҳамин тавр, онҳо роҳи худро давом доданд ва ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд. Ҳангоме онҳо ба шаҳр даромаданд, мардум аз дидани онҳо ба ҳаяҷон омаданду занон чунин мегуфтанд: «Наход ин Ноомӣ бошад?»
7151  RUT 1:22  Инак, Ноомӣ ҳамроҳи келинаш Рут аз сарзамини Мӯоб баргашт. Ҳангоме ки онҳо ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд, мавсими дарави ҷав нав сар шуда буд.
7162  RUT 2:11  Бӯаз дар ҷавоб гуфт: «Ҳар он чӣ ту баъди марги шавҳарат дар ҳаққи хушдоманат кардӣ, ба гӯшам расид. Медонам, ки падару модар ва ватани худро монда омадӣ, то дар байни халқи ношинос зиндагӣ кунӣ.
7176  RUT 3:2  Ҳамон Бӯаз, ки ту ҳамроҳи хизматгоронаш кор кардӣ, хеши мост. Акнун гӯш кун. Ӯ имшаб дар хирмангоҳ ҷав бод мекунад.
7179  RUT 3:5  Рут дар ҷавоб гуфт: «Ҳамаи гуфтаҳоятро иҷро мекунам».
7187  RUT 3:13  Шабона ин ҷо бимон. Фардо субҳ мефаҳмам, ки оё ӯ ҳимояи туро ба ӯҳда мегирад ё не. Агар бигирад, хуб аст, вагарна ба Худои зинда қасам, ки худам туро мегирам. Ҳоло то саҳар ин ҷо хоб кун».
7190  RUT 3:16  Ҳангоме ки Рут ба назди хушдоманаш омад, Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Хуб, чӣ гап, духтарам?» Рут ҳамаи ҳодисаро гуфт, ки Бӯаз барои ӯ чӣ кор кард
7192  RUT 3:18  Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Ҳоло сабр кун, духтарам, ки натиҷаи ин кор чӣ мешавад, зеро ин шахс то ин масъаларо имрӯз ҳал накунад, ором намешавад».
7195  RUT 4:3  Бӯаз ба хешаш муроҷиат намуд: «Ҳоло Ноомӣ аз сарзамини Мӯоб баргаштааст ва мехоҳад заминеро, ки аз они хеши мо — Элимелех аст, фурӯшад.
7210  RUT 4:18  Авлоди Форас инҳоянд: Форас падари Ҳесрӯн,
7211  RUT 4:19  Ҳесрӯн падари Ром, Ром падари Аминодоб,
12707  EST 1:1  Замони ҳукмронии шоҳ Аҳашверӯш буд, ҳамон шоҳ, ки бар яксаду бисту ҳафт вилоят, аз Ҳиндустон сар карда, то Эфиопия подшоҳӣ мекард.
12716  EST 1:10  Дар рӯзи ҳафтуми зиёфат подшоҳ аз нӯшидани шароб андак маст шуда, ба ҳафт хизматгорони шахсияш — Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас, фармон дод,
12731  EST 2:3  Барои ин шоҳ ба тамоми вилоятҳои шоҳигариаш шахсони махсусро таъин кунад, то ки онҳо ҳамаи духтарони ҷавону соҳибҷамолро дар ҳарамсаройи қалъаи Шушан ҷамъ оваранд. Сипас онҳоро ба дасти Ҳейга нигаҳбони занони шоҳ супорида, ба онҳо маводи ороиши занона бидиҳанд.
12735  EST 2:7  Мордахай духтархонде дошт, ки фарзанди амакаш буд. Пас аз вафоти падару модари духтар Мордахай ӯро гирифта, калон карда буд. Ӯ Ҳадаса ном дошт, лекин номи форсияш Эстер буд. Вай қаду қомати мавзун ва чеҳраи зебо дошт.
12736  EST 2:8  Вақте ки фармони шоҳ эълон шуду духтарони зиёдеро ба қалъаи Шушан оварда, ба дасти Ҳейга нигаҳбони занон супориданд, Эстер ҳам дар байни онҳо буд. Вай низ дар қасри подшоҳӣ таҳти назорати Ҳейга қарор гирифт.
12737  EST 2:9  Ситораи духтар ба Ҳейга маъқул шуду Ҳейга дарҳол ба Эстер маводи ороишию хӯроки ба ӯ хосро дод. Инчунин ҳафт канизони дарбориро ба Эстер супориду ӯро бо канизонаш ба ҷойи беҳтарини хонаи занон гузаронд.
12739  EST 2:11  Ҳар рӯз Мордахай назди хонаи занон мегашт, то ки аз ҳолу кори Эстер хабар ёбад.
12741  EST 2:13  Сипас духтар дар навбати худ, назди шоҳ медаромад. Ҳангоми назди шоҳ рафтан ҳар чизеро, ки духтар талаб мекард, медоданд, то ки аз хонаи занон ба хонаи шоҳ барад.
12743  EST 2:15  Акнун навбати ба назди шоҳ даромадан ба Эстер ҳам расид: ҳамон Эстери духтари Абиҳоили амаки Мордахай, ки Мордахай ӯро ҳамчун духтараш калон карда буд. Вай бо худ танҳо чизҳои пешниҳодкардаи Ҳейгаро гирифт. Инак, ҳама ба Эстер бо чашми нек менигаристанд.
12752  EST 3:1  Пас аз чанд вақт шоҳ Аҳашверӯш ба Ҳаман — писари Ҳамдотой аз насли Аҷоҷ, вазифаи баланд дода, ӯро болои ҳамаи мансабдорон сарвазир гузошт.
12753  EST 3:2  Мувофиқи фармони шоҳ ҳамаи дарбориёне, ки дар қаср хизмат мекарданд, ба Ҳаман таъзим карда, зону мезаданд. Аммо Мордахай на таъзим мекарду на зону мезад.
12755  EST 3:4  Онҳо ҳар рӯз инро ба ӯ мегуфтанду лекин вай ба гапашон ҳеҷ аҳамият намедод. Мордахай гуфта буд, ки ӯ яҳудӣ аст. Аз ин рӯ, дарбориён корҳои Мордахайро ба Ҳаман расониданд, то бубинанд, ки оё Мордахай дар гапаш меистад ё не.
12756  EST 3:5  Вақте Ҳаман дид, ки Мордахай пеши вай на таъзим мекунаду на зону мезанад, сахт ба ғазаб омад.
12757  EST 3:6  Лекин куштани танҳо Мордахайро барои худ басанда нашуморид. Ба Ҳаман гуфта буданд, ки Мордахай аз кадом халқ аст. Барои ҳамин Ҳаман нақшаи нобуд кардани тамоми халқи яҳудӣ, яъне халқи Мордахайро кашид, ки дар саросари шоҳигарии Аҳашверӯш зиндагӣ мекарданд.
12758  EST 3:7  Баҳори соли дувоздаҳуми ҳукмронии шоҳ Аҳашверӯш, дар пеши Ҳаман барои интихоби рӯз ва моҳи беҳтарини нобуд кардани яҳудиён қуръа (яъне пур бо забони форсии қадим) партофтанд. Қуръа ба ҳафтуми марти соли оянда афтод.
12759  EST 3:8  Сипас Ҳаман ба шоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Халқе ҳаст, ки дар ҳамаи вилоятҳои сарзамини шоҳ, байни мардум пароканда шудаасту аз дигарон худро ҷудо мекунад. Урфу одаташон аз дигар халқҳо фарқ дорад ва ба қонуну қоидаи шоҳ гӯш намедиҳанд. Бинобар ин, бар манфиати шоҳ нест, ки онҳоро тоқат кунад.
12761  EST 3:10  Инак, шоҳ ангуштаринро, ки мӯҳри расмиаш буд, аз дасташ кашида ба Ҳаман — писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, душмани яҳудиён дода, гуфт:
12763  EST 3:12  Сипас ҳабдаҳуми апрел котибони шоҳро ҷамъ карданд. Онҳо фармонро аз рӯйи ҳамаи гуфтаҳои Ҳаман бо хати ҳар як вилоят ва бо забони ҳар як халқ, ба ҳокимони вилоятҳои подшоҳ, ҳокимони ноҳияҳо ва ба мирони халқҳо навиштанд. Фармонро аз номи шоҳ Аҳашверӯш навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр заданд.
12766  EST 3:15  Хабаррасонон бо фармони шоҳ зуд равона шуданду ҳамзамон онро дар қалъаи Шушан эълон карданд. Подшоҳ бо Ҳаман нишаста, шароб менӯшиданд, лекин сокинони шаҳри Шушан ҳайрону саргардон шуданд.
12769  EST 4:3  Ҳамзамон дар ҳар вилояте, ки амр ва фармони подшоҳ расид, ҳамин хел ғаму андӯҳи азиме байни яҳудиён буд. Онҳо гиряву нола карда, рӯза гирифтанду аксарияташон болои матои дурушт ва хокистар дароз кашиданд.
12771  EST 4:5  Он гоҳ Эстер Ҳатох — хоҷасароеро, ки шоҳ барои хизматаш дода буд, ҷеғ зада, ба назди Мордахай фиристод, то фаҳмад, ки ҳамаи ин чӣ маъно дорад ва барои чист.
12772  EST 4:6  Ҳатох ба майдони шаҳр, ки назди дарвозаи қаср воқеъ буд, ба пеши Мордахай рафт.
12773  EST 4:7  Мордахай дар бораи воқеаи бо вай рӯйдода ва миқдори муайяни нуқрае, ки Ҳаман барои несту нобуд кардани яҳудиён ба хазинаи шоҳ ваъда кардааст, ба ӯ нақл кард.
12774  EST 4:8  Баъд нусхаи фармони шоҳро дар бораи нобуд кардани яҳудиён, ки дар Шушан баромада буд, ба Ҳатох дод, то ба Эстер нишон диҳаду фаҳмонад. Инчунин Эстерро вазифадор кунад, ки ба назди шоҳ даромада, барои халқаш зорию тавалло намояд.
12775  EST 4:9  Пас Ҳатох омада, суханони Мордахайро ба Эстер нақл кард.
12776  EST 4:10  Эстер Ҳатохро боз назди Мордахай фиристод, то бигӯяд:
12777  EST 4:11  «Ҳамаи дарбориён ва мардуми тамоми вилоятҳо медонанд, ки ба қисми дарунии қасри подшоҳ бе даъват даромадан манъ аст. Хоҳ мард бошад, хоҳ зан, агар бе даъвати шоҳ ба наздаш дарояд, мувофиқи қонун кушта хоҳад шуд. Танҳо дар як ҳолат зинда мондан мумкин, ба шарте ки шоҳ асои тиллоияшро сӯйи шахси даъватнашуда дароз кунад. Маро бошад, шоҳ ба наздаш сӣ рӯз боз даъват накардааст».
12786  EST 5:3  «Чӣ шуд, малика Эстер? Чӣ ҳодиса рӯй дод? Хоҳиши ту чист? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам».
12787  EST 5:4  «Агар подшоҳ хоҳад, имрӯз бо Ҳаман ба зиёфате, ки ман барои шоҳ тайёр кардаам, биёянд».
12788  EST 5:5  Шоҳ ба хизматгоронаш гуфт: «Ҳаманро зуд рафта, биёред, то ки хоҳиши Эстерро иҷро намоем». Ҳамин тавр, шоҳ ва Ҳаман ба зиёфати малика Эстер рафтанд.
12789  EST 5:6  Вақте ки онҳо май менӯшиданд, шоҳ аз Эстер боз як бори дигар пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам».
12791  EST 5:8  агар ба назари подшоҳ писанд ояду хоҳад, ки хоҳишамро қонеъ ва дархостамро иҷро намояд, бигзор шоҳ ва Ҳаман боз ба зиёфати дигар биёянд, ки ман барои онҳо пагоҳ тайёр мекунам. Ҳангоми он зиёфат хоҳишамро ба подшоҳ хоҳам гуфт».
12792  EST 5:9  Ҳамон рӯз Ҳаман хушҳолу хурсанд шуда, баромада рафт. Ҳангоми баромадан Мордахайро дар дарбор дида, пай бурд, ки ӯ ба ҳурмати вай аз ҷояш намехезад. Ҳаман аз муносибати Мордахай сахт ба ғазаб омад.
12797  EST 5:14  Занаш Зареш ва ҳамаи дӯстонаш ба вай маслиҳат доданд: «Фармон бидеҳ, ки як дори бисту се метр баланд бисозанду пагоҳ саҳар аз подшоҳ хоҳиш кун, ки Мордахайро дар он овезанд. Сипас ҳамроҳи шоҳ хушу хурсандона ба зиёфат бирав». Ҳаман пешниҳодро маъқул карда, фармон дод, ки дорро тайёр кунанд.
12799  EST 6:2  Ҳангоме ки китобро мехонданд, дар он қайде ёфт шуд, ки чӣ тавр Мордахай дар бораи нақшаи куштори подшоҳ хабар дода буд (ҳамон нақшаи куштори шоҳ, ки дарбонон — Биғтон ва Тораш кашида буданд).
12800  EST 6:3  «Ба Мордахай барои ин кораш чӣ мукофот дода шуд?» — пурсид шоҳ. «Ҳеҷ чиз», — ҷавоб доданд хизматгоронаш.
12801  EST 6:4  Шоҳ пурсид: «Назди дар ягон кас ҳаст?» Ҳаман бошад, ҳозиракак ба қисми берунии қаср даромада буд, то ки бо шоҳ дар бораи овехтани Мордахай дар дори тайёршуда гуфтугӯ кунад.
12802  EST 6:5  Хизматгорон дар ҷавоб ба шоҳ гуфтанд: «Ана, Ҳаман омадааст». «Бигзор дарояд», — фармон дод шоҳ.
12803  EST 6:6  Чун Ҳаман даромад, шоҳ аз ӯ пурсид: «Барои нафаре, ки шоҳ сарбаланду ифтихорманд гардондан мехоҳад, чӣ бояд кард?» Ҳаман бошад ба худ фикр кард: «Оё ба ғайр аз ман боз касе ҳаст, ки подшоҳ мехост ифтихорманд гардонад? Албатта не».
12807  EST 6:10  «Худи ҳозир рафта, ҷомаву аспро бигир ва чунон ки гуфтӣ, ҳамон тавр барои Мордахайи яҳудӣ, ки дар дарбор хизмат мекунад, бикун, — амр кард подшоҳ. Ҳеҷ чизро аз гуфтаҳоят фаромӯш накун».
12808  EST 6:11  Ҳамин тавр, Ҳаман ҷомаву аспро гирифт. Ҷомаро ба Мордахай пӯшониду вайро дар асп савор карда, дар маркази шаҳр гардонид. Инчунин пешопеши ӯ эълон намуда, фарёд кард: «Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!»
12809  EST 6:12  Баъд аз ин Мордахай ба дарбори подшоҳ баргашт. Ҳаман бошад рӯяшро аз шарм пӯшида, зуд ба хона шитофт.
12811  EST 6:14  Ҳангоме ки онҳо ҳанӯз бо ӯ сӯҳбат мекарданд, хизматгорони шоҳ омада, зуд Ҳаманро ба зиёфати Эстер бурданд.
12812  EST 7:1  Ҳамин тавр, подшоҳ ва Ҳаман ба зиёфати дуюми малика Эстер рафтанд.
12813  EST 7:2  Ҳангоме ки онҳо май менӯшиданд, подшоҳ бори дигар аз малика пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Бигӯй, чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту дода мешавад».
12817  EST 7:6  Эстер хитоб кард: «Душмани ашаддӣ ҳамин Ҳамани бадкор аст!» Инро шунида, Ҳаман назди подшоҳ ва малика ба даҳшат афтод.
12818  EST 7:7  Подшоҳ оташин шуда, аз ҷояш хесту аз зиёфат баромада, ба боғи қаср рафт. Чун Ҳаман ҳис кард, ки шоҳ ӯро нобуд кардан мехоҳад, назди малика истод, то барои халосии ҷонаш ӯро илтиҷо намояд.
12819  EST 7:8  Ӯ худро бо зорию тавалло болои кати Эстер партофта буд, ки подшоҳ аз боғи қаср баргашт. Подшоҳ дод зад: «Вай ҳатто ҷуръат мекунад, ки дар ҳузури ман ба номуси малика расад?!» Ҳамин ки подшоҳ инро гуфт, рӯйи Ҳаманро пӯшониданд.
12820  EST 7:9  Пас Ҳарбӯно — яке аз хизматгорони шахсии шоҳ, ки он ҷо буд, гуфт: «Инак, дори бисту семетра дар ҳавлии Ҳаман тайёр аст. Вай онро барои Мордахай, ки барои шоҳ кори нек карда буд, сохтааст». Подшоҳ амр дод: «Худашро ба ҳамон дор овезед!»
12821  EST 7:10  Ҳамин тавр, Ҳаманро дар доре, ки ӯ барои Мордахай сохта буд, овехтанд. Сипас ғазаби подшоҳ паст шуд.
12822  EST 8:1  Худи ҳамон рӯз шоҳ Аҳашверӯш молу мулк ва чизу чораи Ҳаман — душмани яҳудиёнро ба малика Эстер дод. Мордахай акнун назди подшоҳ даромад, зеро Эстер ба шоҳ гуфт, ки онҳо хешанд.
12823  EST 8:2  Баъдан подшоҳ ангуштаринашро, ки аз Ҳаман гирифта шуда буд, аз дасташ кашида, ба дасти Мордахай супорид. Эстер бошад Мордахайро бар дороии Ҳаман ҷавобгар намуд.
12824  EST 8:3  Малика Эстер бори дигар бо подшоҳ гап зада, худро пеши пояш партофту гиря кард. Ӯ зорию тавалло намуд, ки нақшаи бади зидди яҳудиён тайёркардаи Ҳаманро бекор намояд.
12826  EST 8:5  «Агар ин кор ба подшоҳ дуруст намояду дар назари шоҳ эътибор дошта бошам, — илтиҷо кард малика, — бигзор қонун барояд, ки ҳамаи номаҳои Ҳаман, писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, ки барои нобуд кардани яҳудиёни ҳамаи вилоятҳои подшоҳ навишта буд, бекор карда шаванд.
12828  EST 8:7  Подшоҳ ба малика Эстер ва Мордахайи яҳудӣ гуфт: «Азбаски Ҳаман ба халқи яҳудиён ҳуҷум кард, ӯро ба дор овехтанд ва дороияшро аллакай ба Эстер додам.
12829  EST 8:8  Акнун аз номи подшоҳ қонуни нав оид ба яҳудиён, чӣ тавре ки дуруст мешуморед, бинависеду онро бо ангуштарини шоҳ мӯҳр бизанед. Ҳар қонуне, ки аз номи шоҳ навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр зада шуда бошад, бекор карда намешавад».
12830  EST 8:9  Сипас бисту панҷуми июн котибони шоҳ даъват шуданд. Онҳо фармонро оид ба яҳудиён, аз рӯйи ҳамаи гуфтаҳои Мордахай бо хати ҳар як вилоят ва бо забони ҳар як халқ, ба ҳокимону мирони яксаду бисту ҳафт вилоят — аз Ҳиндустон то Эфиопия навиштанд. Фармон ба яҳудиён низ бо хату забони худашон навишта шуд.
12832  EST 8:11  Фармони шоҳ ба яҳудиён ҳуқуқ дод, ки дар ҳар шаҳр барои муҳофизати худ ҷамъ шаванд. Ҳар қувваи мусаллаҳ аз ҳар халқ ё вилоят, ки ба онҳо ҳуҷум кунад, бо занону кӯдаконашон кушта, несту нобуд карда шавад. Илова бар ин ҳамаи дороияшонро бо зӯрӣ кашида гиранд.
12839  EST 9:1  Ҳафтуми март фармони шоҳ бояд иҷро мешуд. Ҳамон рӯз душманони яҳудиён умед доштанд, ки бар яҳудиён ғолиб меоянд, лекин баръакси ҳодиса рӯй дод. Дар асл яҳудиён бар душманонашон ғолиб баромаданд.
12843  EST 9:5  Ҳамин тавр, яҳудиён, ҳар чи ки хостанд, бо душманони худ карданд. Бо шамшер ҳамаи онҳоро зада куштанд ва несту нобуд намуданд.
12848  EST 9:10  Инҳо даҳ писарони Ҳаман ибни Ҳамдотой, душмани яҳудиён буданд. Вале ба чизу чора ва молу мулкашон даст нарасониданд.
12850  EST 9:12  Баъд шоҳ ба Эстер гуфт: «Дар худи қалъаи Шушан яҳудиён панҷсад нафар ва даҳ писари Ҳаманро куштанд. Дар дигар вилоятҳо чӣ кор карда бошанд? Акнун бигӯ, дархости ту чист? Он иҷро хоҳад шуд. Хоҳишат чист? Ба ту дода хоҳад шуд».
12851  EST 9:13  «Агар ба шоҳ писанд афтад, — ҷавоб дод Эстер, — бигзор ба яҳудиён дар Шушан иҷозат дода шавад, ки пагоҳ низ аз рӯйи қонуни имрӯза амал намоянд. Илова бар ин, мурдаҳои даҳ писари Ҳаман ба дор овехта шаванд».
12852  EST 9:14  Ҳамин тавр, шоҳ амр дод, ки ин фармон иҷро шавад. Онро дар Шушан эълон намуданду мурдаҳои даҳ писари Ҳаман ба дор овехта шуданд.