Wildebeest analysis examples for:   tgk-tgk   Ӯ    February 11, 2023 at 19:43    Script wb_pprint_html.py   by Ulf Hermjakob

7135  RUT 1:6  Пас аз муддате Ноомӣ шунид, ки Худованд ба халқи худ баракати ҳосили фаровон додааст. Ӯ бо занони писаронаш бархост, то ки Мӯобро тарк кунад.
7158  RUT 2:7  Ӯ аз ман иҷозат пурсид, ки аз қафои даравгарон хӯшаҳои ба замин афтодаро чинад. Ӯ аз субҳ то ин дам машғули кор аст, танҳо як бор дар зери соябон каме истироҳат кард».
7163  RUT 2:12  Худованд барои корҳои кардаат ба ту файзу баракат диҳад. Бигзор Худованд, Худои Исроил, ки назди Ӯ омадаӣ, туро дар паноҳаш нигоҳ дорад ва ба ту мукофот ато намояд».
7169  RUT 2:18  Рут онро бо худ ба шаҳр овард ва хушдоманаш дид, ки чӣ қадар ҷав ҷамъ кардааст. Ӯ боқимондаи хӯроки худро низ ба Ноомӣ дод.
7171  RUT 2:20  Ноомӣ ба Рут гуфт: «Худованд Бӯазро баракат диҳад! Ӯ марҳамати худро аз мо ва аз мурдагон дареғ надоштааст». Ӯ боз илова кард: «Он мард яке аз хешони наздики мост, ки бояд сарпарастиамонро ба ӯҳда бигирад».
7172  RUT 2:21  Пас аз он Рут гуфт: «Ӯ ҳатто ба ман гуфт, ки бо коргаронаш то тамом шудани мавсими дарав дар киштзори ӯ хӯша чинам».
7176  RUT 3:2  Ҳамон Бӯаз, ки ту ҳамроҳи хизматгоронаш кор кардӣ, хеши мост. Акнун гӯш кун. Ӯ имшаб дар хирмангоҳ ҷав бод мекунад.
7189  RUT 3:15  Ӯ ба Рут гуфт: «Рӯймолатро ба рӯйи замин паҳн кун». Рут ҳамин тавр кард. Бӯаз дар он тақрибан 25 кило ҷав рехт ва онро ба китфи Рут гузошт. Баъд худ ба шаҳр рафт.
7191  RUT 3:17  ва илова намуд: «Бӯаз ба ман гуфт, ки набояд бо дастони холӣ ба назди ту баргардам. Ӯ ҳамаи ин ҷавро ба ман дод».
7193  RUT 4:1  Он гоҳ Бӯаз ба назди дарвозаи шаҳр рафта, он ҷо нишаст. Вақте ҳамон хешованде, ки дар борааш гуфта буд, аз он ҷо мегузашт, Бӯаз ӯро садо карда гуфт: «Эй дӯстам, биё ин ҷо бишин». Ӯ омада, он ҷо нишаст.
7206  RUT 4:14  Занони шаҳр ба Ноомӣ мегуфтанд: «Худоро шукр, ки Ӯ туро бе меросхӯре, ки нигаҳбонат мешавад, нагузошт! Бигзор номи ин кӯдак дар Исроил машҳур гардад!
7207  RUT 4:15  Ӯ акнун бароят зиндагии наве хоҳад бахшид ва атои айёми пириат хоҳад буд, зеро ӯро келинат, ки туро дӯст медорад ва бароят аз ҳафт писар ҳам беҳтар аст, ба дунё овардааст».
12710  EST 1:4  Ӯ сарвати фаровони шоҳигарии худ ва шукӯҳу шаҳомати бузургиашро муддати дуру дароз, дар давоми шаш моҳ, ба меҳмононаш намоиш медод.
12728  EST 1:22  Ӯ фармонро бо хати ҳар як вилояту забони ҳар як халқ навишта фиристод, то ҳар мард дар хонаи худ хӯҷаини оила бошаду бо забони халқаш гап занад.
12735  EST 2:7  Мордахай духтархонде дошт, ки фарзанди амакаш буд. Пас аз вафоти падару модари духтар Мордахай ӯро гирифта, калон карда буд. Ӯ Ҳадаса ном дошт, лекин номи форсияш Эстер буд. Вай қаду қомати мавзун ва чеҳраи зебо дошт.
12748  EST 2:20  Эстер бошад, дар бораи хешовандону халқи худ, чунон ки падархондаш Мордахай ба вай амр дода буд, ба касе чизе нагуфт. Ӯ ба монанди давраи кӯдакӣ ҳамаи гуфтаҳои Мордахайро гӯш мекард.
12768  EST 4:2  Ӯ фақат то назди дарвозаи подшоҳ омад, зеро азодор ҳуқуқ надошт ба қаср дарояд.
12784  EST 5:1  Дар рӯзи сеюми рӯзадорӣ малика Эстер либосҳои шоҳонаашро пӯшид. Ӯ ба қисми дарунии қаср, ки дар рӯ ба рӯйи толори подшоҳ буд, даромада, истод. Подшоҳ дар толори шоҳона бар тахти шоҳӣ менишаст ва тахти ӯ дар рӯ ба рӯйи даромадгоҳ буд.
12819  EST 7:8  Ӯ худро бо зорию тавалло болои кати Эстер партофта буд, ки подшоҳ аз боғи қаср баргашт. Подшоҳ дод зад: «Вай ҳатто ҷуръат мекунад, ки дар ҳузури ман ба номуси малика расад?!» Ҳамин ки подшоҳ инро гуфт, рӯйи Ҳаманро пӯшониданд.
12824  EST 8:3  Малика Эстер бори дигар бо подшоҳ гап зада, худро пеши пояш партофту гиря кард. Ӯ зорию тавалло намуд, ки нақшаи бади зидди яҳудиён тайёркардаи Ҳаманро бекор намояд.
23234  MAT 1:21  Ӯ Писаре таваллуд хоҳад кард ва ту ба Ӯ бояд Исо ном гузорӣ, чунки Ӯ халқи худро аз дасти гуноҳҳояшон наҷот хоҳад дод».
23236  MAT 1:23  «Духтаре ҳомиладор мешавад ва Писаре таваллуд мекунад, ки ба Ӯ Имонуил (Маънои ин ном „Худо бо мо“ аст) ном медиҳанд».
23238  MAT 1:25  Аммо то вақти таваллуд шудани Писар бо Марям ҳамхоб нашуд. Ҳангоме ки Писар таваллуд шуд, Юсуф Ӯро Исо номид.
23239  MAT 2:1  Исо дар замони ҳукмронии подшоҳ Ҳиродус, дар деҳаи Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия ба дунё омад. Баъд аз таваллуди Ӯ якчанд ситорашиносон аз сарзамини Шарқ ба шаҳри Ерусалим омада,
23240  MAT 2:2  пурсиданд: «Куҷост он кӯдаки навзоде, ки Шоҳи Яҳудиён мешавад? Мо дидем, чӣ хел ситораи Ӯ аз тарафи шарқ баромад ва омадем, то ки ба Ӯ саҷда кунем».
23246  MAT 2:8  Баъд онҳоро ба Байт-Лаҳм равона карда гуфт: «Биравед ва дар бораи он кӯдак бодиққат пурсуҷӯ кунед. Ҳамин ки Ӯро ёфтед, маро низ огоҳ созед, то ки ман ҳам рафта ба Ӯ саҷда кунам».
23249  MAT 2:11  Ситорашиносон ба хона даромаданд ва кӯдакро ҳамроҳи модараш Марям дидан замон таъзим намуда, ба кӯдак саҷда карданд. Онҳо тӯҳфаҳои арзандаро, ки аз тилло, атри қиматбаҳо ва ширеши хушбӯй барои дудкарданӣ иборат буданд, аз сандуқҳояшон гирифта ба Ӯ ҳадя намуданд.
23258  MAT 2:20  ва гуфт: «Эй Юсуф! Бархез, кӯдак ва модари Вайро гирифта, ба сарзамини Исроил баргард, зеро касоне, ки Ӯро куштанӣ буданд, мурданд».
23261  MAT 2:23  Пайғамбарон аллакай дар бораи Масеҳ пешгӯӣ карда гуфта буданд, ки «Ӯро Носирӣ хоҳанд номид». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо Юсуф бо оилааш дар шаҳри Носира сокин шуд.
23272  MAT 3:11  Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, ҳамчун шаҳодати он ки шумо тавба кардаед, аммо касе, ки баъд аз ман меояд, шуморо бо Рӯҳи Муқаддас ва бо оташ таъмид хоҳад дод. Ӯ аз ман басо тавонотар аст. Ман ҳатто лоиқи он нестам, ки ба кафши Вай патак шавам.
23273  MAT 3:12  Дар дасти Ӯ бел барои бод кардани гандум тайёр аст. Ӯ хирманашро тоза карда, гандуми худро ба анбор ҷамъ хоҳад кард, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».
23275  MAT 3:14  Лекин Яҳё Ӯро аз ин кор боздоштанӣ шуда гуфт: «Исо, ин ман бояд аз Ту таъмид бигирам, Ту бошӣ, назди ман омадӣ!»
23277  MAT 3:16  Ҳамин ки Исо таъмид ёфта, аз об баромад, дарҳол осмон кушода шуд ва Ӯ Рӯҳи Худоро дид, ки мисли кабӯтар ба поён фаромада дар болои Ӯ қарор гирифт.
23278  MAT 3:17  Сипас аз осмон нидое омад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хеле хушнудам».
23279  MAT 4:1  Баъд аз ин воқеа Рӯҳи Муқаддас Исоро ба биёбон бурд, то ки иблис Ӯро биозмояд.
23281  MAT 4:3  Он гоҳ иблиси васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд».
23284  MAT 4:6  ва ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо поён парто. Охир дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худо ба фариштагони худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод ва онҳо Туро бар болои дастонашон хоҳанд бардошт, то ки поят ба санге назанад“».
23286  MAT 4:8  Баъд аз ин иблис Исоро ба болои кӯҳи хеле баланд бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро бо тамоми шукӯҳашон ба Ӯ нишон дода
23288  MAT 4:10  Исо ба ӯ гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки мо бояд Худованд Худои худро бипарастем ва фақат ба Ӯ хизмат кунем».
23290  MAT 4:12  Дертар Яҳёро дастгир мекунанду ин хабар ба гӯши Исо мерасад ва Ӯ ба шаҳри Носираи вилояти Ҷалил меравад.
23298  MAT 4:20  Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, Ӯро пайравӣ карданд.
23300  MAT 4:22  ва дарҳол онҳо қаиқ ва падарашонро монда, Ӯро пайравӣ карданд.
23302  MAT 4:24  Аз ин сабаб овозаи Ӯ дар тамоми сарзамини Сурия низ паҳн мешуд ва мардум ба наздаш ҳамаи дардмандонро, ки ҳар гуна беморӣ доштанд, меоварданд. Дар байни онҳо девонагон, беморони эпилепсия ва шалҳо низ буданд ва Исо онҳоро шифо бахшид.
23304  MAT 5:1  Исо ин тӯдаи одамонро дида, ба болои теппае баромад ва дар ҳамон ҷо нишаст. Ҳангоме ки шогирдонаш дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд,
23305  MAT 5:2  Ӯ ба таълим додан оғоз кард:
23338  MAT 5:35  на бо замин, чунки пойҳои Ӯ дар он ҷо қарор доранд, на бо шаҳри Ерусалим, чунки ин шаҳри Худо-Шоҳи бузург аст.
23348  MAT 5:45  то нишон диҳед, ки фарзандони Падари осмониатон ҳастед. Чунки Ӯ ба офтоб амр медиҳад, ки ҳам ба бадкорон ва ҳам ба накӯкорон равшанӣ кунад, инчунин боронро ҳам ба бадкорон ва ҳам ба накӯкорон мефиристад.
23384  MAT 6:33  Шумо дар навбати аввал ҷӯяндаи подшоҳии Худо ва иҷрошавии хости Ӯ бошед ва Ӯ ҳамаи ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад.
23414  MAT 7:29  зеро Ӯ на ба монанди шариатдонон, балки чун шахси боқудрат онҳоро таълим медод.
23415  MAT 8:1  Вақте ки Исо аз болои теппа поён фаромад, одамон тӯда-тӯда ҳамроҳи Ӯ рафтанд.
23416  MAT 8:2  Дар ин мобайн як марди махаве назди Исо омаду ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Хоҷа, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ».
23420  MAT 8:6  гуфт: «Хоҷаам, хизматгорам аз ҳаракат монда, дар хона рӯи ҷойгаҳ хобидааст. Ӯ дар оташи дард сӯхта истодааст».
23429  MAT 8:15  Исо ба дасти вай даст расонд, ки табаш паст шуд ва зан аз ҷояш хеста, бо меҳмондорӣ кардани Ӯ машғул шуд.
23431  MAT 8:17  Ишаъё пайғамбар пештар гуфта буд: «Ӯ ҳамаи касалиҳоямонро аз мо гирифт ва ҳамаи бемориҳоямонро ба дӯши худ бардошт». Барои ба амал омадани ин суханон ҳамаи ин ҳодисаҳо рӯй доданд.
23437  MAT 8:23  Он гоҳ шогирдон Исоро пайравӣ карда, якҷоя бо Ӯ ба қаиқ савор шуданд.
23441  MAT 8:27  Онҳо бошанд, ҳайрон монда мегуфтанд: «Ин чӣ хел одам аст, ки ҳатто шамолу мавҷҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»
23448  MAT 8:34  Инак, тамоми аҳли деҳа барои бо Исо вохӯрдан аз деҳа берун омаданд. Вақте Ӯро диданд, зориву тавалло карданд, ки аз сарзаминашон биравад.
23457  MAT 9:9  Вақте ки Исо аз он ҷо ба роҳ даромад, мардеро бо номи Матто дид, ки дар корхонаи андозҷамъкунӣ менишаст. Исо ба вай гуфт: «Биё, пайрави Ман шав». Матто бархесту аз паси Ӯ равона шуд.
23466  MAT 9:18  Ҳанӯз Исо суханонашро давом медод, ки марде аз ҷумлаи сардорон ба наздаш омад ва ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Ҳозиракак духтарам мурд, аммо агар биёеду ба вай даст гузоред, вай зинда мешавад».
23475  MAT 9:27  Исо он ҷойро монда, ба роҳ даромада буд, ки ду марди нобино аз дунболи Ӯ равон шуда фарёд мезаданд: «Эй Насли Довуд! Ба мо раҳм кунед!»
23479  MAT 9:31  Онҳо аз он ҷо баромада рафтанду, баръакс, дар тамоми он сарзамин дар бораи Ӯ овоза паҳн карданд.
23491  MAT 10:5  Исо ба ин дувоздаҳ нафар вазифа дода, ба иҷро намудани он фиристод. Ӯ ин тавр гуфт: «Ба назди халқҳои ғайрияҳудӣ наравед ва ба шаҳрҳои сомариён надароед,
23562  MAT 12:4  Ӯ ба хонае, ки ҳузури Худоро дошт, даромада нони ба Худо тақдимшударо гирифту хӯрд. Ҳол он ки аз рӯи шариат ӯ ва ҳамроҳонаш ба ин ҳақ надоштанд, чунки фақат ба рӯҳониён хӯрдани он нон мумкин буд.
23573  MAT 12:15  Исо аз нақшаи фарисиён огоҳ шуда, аз он маҳалла баромада рафт. Одамони зиёд низ аз паяш рафтанд ва Ӯ ҳамаи беморонро шифо дода,
23574  MAT 12:16  ба онҳо фармон дод, ки дар бораи Ӯ овоза паҳн накунанд.
23576  MAT 12:18  «Ана он хизматгорам, ки Ман интихоб кардам. Ӯ роҳати ҷонам аст ва Ман Ӯро азиз медонам. Ман Рӯҳамро бар Ӯ мефиристам ва Ӯ ба ҳамаи халқҳо адолатамро эълон мекунад.
23577  MAT 12:19  Ӯ бо ҳеҷ кас муноқиша намекунад ё доду вой намебардорад, ё ҳеҷ кас дар кӯчаҳо бо овози баланд сухан гуфтани Ӯро намешунавад.
23578  MAT 12:20  Ӯ касеро, ки мисли қамиши хамшуда аст, намешиканаду касеро, ки мисли пилтаи нимсӯхтаи чароғ аст, хомӯш намекунад, то даме ки пойдор намудани адолат ба Ӯ муяссар мегардад.
23579  MAT 12:21  Ва ҳамаи халқҳои рӯи замин умеди наҷотро дар Ӯ мебинанд».
23581  MAT 12:23  Тамоми мардум аз ин ҳодиса ба ҳайрат афтода мегуфтанд: «Шояд Ӯ ҳамон Насли Довуд бошад, ки мо интизораш ҳастем?»
23582  MAT 12:24  Лекин фарисиён инро шунида чунин мегуфтанд: «Ӯ бо қудрати Баал-Забул, сардори девҳо девҳоро берун мекунад».
23610  MAT 13:2  Аммо дар гирдаш чунон одамони зиёд ҷамъ омаданд, ки Ӯ халқро дар соҳил монда, худаш ба қаиқе савор шуд.
23619  MAT 13:11  Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Худо ба шумо имконияти фаҳмидани сирру асрори подшоҳии худро додааст, аммо аз онҳо ин чизҳо пинҳон ҳастанд.
23632  MAT 13:24  Ӯ боз дигар масалро нақл карда гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: шахсе ба заминаш донаҳои киштбобро мекорад.
23636  MAT 13:28  Ӯ ба онҳо ҷавоб дода мегӯяд: „Ин кори душман аст“. Хизматгорон боз мепурсанд: „Мехоҳед, ки мо рафта онҳоро канда партоем?“
23644  MAT 13:36  Вақте ки Исо мардумро монда, ба хона рафт, шогирдонаш ба наздаш омада хоҳиш карданд, ки Ӯ масали дар бораи алафи бегона нақлкардаашро ба онҳо маънидод кунад.
23660  MAT 13:52  Ӯ давом дода гуфт: «Пас, ҳар шариатдоне, ки дар бораи подшоҳии Худо таълим ёфтааст, монанди соҳиби хона аст, ки аз анбори худ чизҳои нав ва кӯҳнаро берун мебарорад».
23662  MAT 13:54  ба диёраш баргашт. Ӯ дар ибодатхонаи он ҷо таълим медоду онҳое, ки таълимоташро мешуниданд, ангушти ҳайрат газида ба якдигар мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ин қадар ҳикмат дорад-а?» «Қобилияти мӯъҷизакории Ӯ аз куҷо бошад-а?
23663  MAT 13:55  Магар Ӯ ҳамон Исои писари дуредгар нест, ки модараш Марям ва бародаронаш Ёқубу Юсуфу Шимъӯну Яҳудо ҳастанд?
23664  MAT 13:56  Магар ҳамаи хоҳаронаш дар шаҳри мо зиндагӣ намекунанд? Пас, аз куҷо Ӯ ин ҳикмату ин қудратро дорад?»
23665  MAT 13:57  Инак, онҳо дар ҳаққи Исо шакку шубҳа карданд. Ӯ бошад, ба онҳо гуфт: «Пайғамбар дар диёри худ ва дар байни хонадони худ қадр надорад, вале дар ҳама ҷои дигар ӯро бо эҳтиром қабул мекунанд».
23666  MAT 13:58  Ва аз сабаби он ки онҳо ба Исо боварӣ надоштанд, Ӯ дар он ҷо кам мӯъҷиза кард.
23668  MAT 14:2  Ҳиродус ба мансабдоронаш гуфт, ки дар асл ин Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, ки аз нав зинда шудааст, барои ҳамин ҳам Ӯ чунин қудрати мӯъҷизакорӣ дорад.
23679  MAT 14:13  Ин ҳодисаро шунида, Исо ба қаиқ савор шуду худаш танҳо ба ҷои хилвате рафт. Мардум аз ин огоҳ шуданду аз шаҳрҳои худ баромада пиёда аз пайи Ӯ рафтанд.
23685  MAT 14:19  Ӯ ба мардум гуфт, ки рӯи сабза нишинанд. Баъд он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ки ба мардум тақсим карда диҳанд.
23688  MAT 14:22  Сипас Исо ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шаванду пешопеши Ӯ ба дигар тарафи кӯл раҳсипор шаванд, то худаш ҳам баъд аз мардумро ҷавоб доданаш назди онҳо биравад.
23689  MAT 14:23  Вақте ки Вай мардумро ҷавоб дод, барои дар танҳоӣ дуо кардан ба теппае баромад. Баъд аз нишасти офтоб ҳам Ӯ яккаву танҳо дар он ҷо буд.
23693  MAT 14:27  Аммо Ӯ зуд ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед».
23695  MAT 14:29  «Биё», — амр дод Ӯ. Инак, Петрус аз қаиқ баромада дар рӯи об қадам занон ба Исо наздик мешуд.
23699  MAT 14:33  Он гоҳ онҳое, ки дар қаиқ нишаста буданд, ба Исо саҷда карда хитоб намуданд, ки Ӯ дар ҳақиқат Писари Худо аст.
23701  MAT 14:35  Мардуми он ҷо Исоро шинохтанд ва ба гирду атрофи он сарзамин одамонро фиристоданд, то ки беморонро назди Ӯ гирифта биёранд.
23705  MAT 15:3  Ӯ ҷавоб дод: «Худи шумо-чӣ? Чаро барои иҷро кардани урфу одатҳои худ шуда, фармудаҳои Худоро вайрон мекунед?
23714  MAT 15:12  Он гоҳ шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда гуфтанд: «Медонед, фарисиён аз суханони Шумо ранҷиданд».
23718  MAT 15:16  Ӯ ба онҳо мегӯяд: «Наход то ҳол нафаҳмида бошед?
23725  MAT 15:23  Аммо аз Исо садое ҳам набаромад. Шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда, хоҳиш карда гуфтанд: «Ин зан доду войкунон аз дунболи мо омада истодааст. Ба вай гӯед, ки биравад!»
23727  MAT 15:25  Дар ин мобайн зан ба Ӯ расида омаду ба пеши пойҳояш худро партофта зориву илтиҷо кард: «Хоҷаам, ба ман ёрӣ диҳед!»
23732  MAT 15:30  Ба назди Вай тӯда-тӯда одамон омада, бо худ одамони лангу маъюб, кӯру гунг ва боз дигар хел касалонро оварда пеши пойҳояш мегузоштанд ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо медод.