7155 | RUT 2:4 | Пас аз муддате Бӯаз аз деҳаи Байт-Лаҳм омад ва бо коргарон салому алейк карда гуфт: «Худованд ёратон бод!» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Раҳмат, Худованд шуморо баракат диҳад!» |
7170 | RUT 2:19 | Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Аз куҷо ҳамаи инро ҷамъ овардӣ? Дар кадом киштзор кор кардӣ? Худо касеро, ки ба ту ин қадар ғамхорӣ кардааст, баракат диҳад!» Рут ба хушдоманаш гуфт, ки дар киштзори Бӯаз ном марде кор кардааст. |
12808 | EST 6:11 | Ҳамин тавр, Ҳаман ҷомаву аспро гирифт. Ҷомаро ба Мордахай пӯшониду вайро дар асп савор карда, дар маркази шаҳр гардонид. Инчунин пешопеши ӯ эълон намуда, фарёд кард: «Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!» |
12810 | EST 6:13 | Дар хона воқеаи бо вай рӯйдодаро ба занаш — Зареш ва дӯстонаш нақл кард. Сипас занаш бо он дӯстони хирадмандаш ба ӯ гуфтанд: «Азбаски Мордахай, ки бар вай дигар қудрат надорӣ, яҳудӣ аст, бар зидди ӯ истодагарӣ карда наметавонӣ. Ту, бешубҳа, шикаст хоҳӣ хӯрд!» |
12817 | EST 7:6 | Эстер хитоб кард: «Душмани ашаддӣ ҳамин Ҳамани бадкор аст!» Инро шунида, Ҳаман назди подшоҳ ва малика ба даҳшат афтод. |
12820 | EST 7:9 | Пас Ҳарбӯно — яке аз хизматгорони шахсии шоҳ, ки он ҷо буд, гуфт: «Инак, дори бисту семетра дар ҳавлии Ҳаман тайёр аст. Вай онро барои Мордахай, ки барои шоҳ кори нек карда буд, сохтааст». Подшоҳ амр дод: «Худашро ба ҳамон дор овезед!» |
23264 | MAT 3:3 | Яҳё ҳамонест, ки Ишаъё пайғамбар дар борааш гуфта буд: «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!» |
23275 | MAT 3:14 | Лекин Яҳё Ӯро аз ин кор боздоштанӣ шуда гуфт: «Исо, ин ман бояд аз Ту таъмид бигирам, Ту бошӣ, назди ман омадӣ!» |
23295 | MAT 4:17 | Аз ҳамин вақт Исо ба эълон кардани чунин пайғоми худ оғоз намуд: «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон даст кашед, чунки подшоҳии Худо наздик аст!» |
23417 | MAT 8:3 | Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз касалии махав пок гашт. |
23439 | MAT 8:25 | Шогирдон омада, Исоро бедор карданд ва гуфтанд: «Хоҷа! Наҷот деҳ! Ҳалок мешавем!» |
23440 | MAT 8:26 | Исо ҷавоб дод: «Чӣ ин қадар метарсед? Ҳой, сустимонон!» Баъд бархеста шамолу мавҷҳоро таъна зад, дарҳол дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд. |
23454 | MAT 9:6 | Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад, — сипас ба шал нигариста гуфт, — Бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав!» |
23475 | MAT 9:27 | Исо он ҷойро монда, ба роҳ даромада буд, ки ду марди нобино аз дунболи Ӯ равон шуда фарёд мезаданд: «Эй Насли Довуд! Ба мо раҳм кунед!» |
23476 | MAT 9:28 | Вақте ки Исо ба хона даромад, он ду нобино ҳам ба наздаш омаданд. Исо аз онҳо пурсид: «Боварӣ доред, ки Ман шуморо шифо дода метавонам?» «Бале, Хоҷа!» — ҷавоб доданд онҳо. |
23481 | MAT 9:33 | Лекин, вақте ки Исо аз он мард девро берун кард, мард ба гап даромад ва мардум бо изҳори ҳайрат хитоб мекарданд: «Ҳаргиз чунин ҳодисаро дар Исроил надида будем!» |
23552 | MAT 11:24 | Лекин ҳаминро бидонед, ки дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Садӯм аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд!» |
23617 | MAT 13:9 | Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!» |
23673 | MAT 14:7 | ӯ қасам ёд карда ба духтар ваъда дод: «Ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам!» |
23682 | MAT 14:16 | «Ба ҳеҷ ҷо рафтанашон лозим нест, — ҷавоб дод Вай. — Шумо ба онҳо хӯрок диҳед!» |
23692 | MAT 14:26 | Шогирдон Исои дар рӯи об роҳ рафтаистодаро дида, «Ин арвоҳ! Арвоҳ!» гӯён аз тарсу ваҳм дод заданд. |
23696 | MAT 14:30 | Сахт вазидани шамолро дида тарсид ва қариб ғарқ шуда буд ки, фарёд зад: «Хоҷа, маро наҷот деҳ!» |
23704 | MAT 15:2 | «Чаро шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро вайрон мекунанд? Онҳо бетаҳорат сари дастархон мешинанд!» |
23725 | MAT 15:23 | Аммо аз Исо садое ҳам набаромад. Шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда, хоҳиш карда гуфтанд: «Ин зан доду войкунон аз дунболи мо омада истодааст. Ба вай гӯед, ки биравад!» |
23726 | MAT 15:24 | Исо ҷавоб дод: «Ман фақат ба назди гӯсфандони гумроҳшуда — халқи Исроил фиристода шудаам!» |
23727 | MAT 15:25 | Дар ин мобайн зан ба Ӯ расида омаду ба пеши пойҳояш худро партофта зориву илтиҷо кард: «Хоҷаам, ба ман ёрӣ диҳед!» |
23752 | MAT 16:11 | Чӣ тавр шумо намефаҳмед, ки Ман нонро дар назар надорам? Балки гуфтанӣ ҳастам, ки худро аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт кунед!» |
23763 | MAT 16:22 | Петрус бошад, Исоро як сӯ бурда сарзаниш карда гуфт: «Худо нишон надиҳад! Эй Худованд, он чи гуфтӣ, бигзор ба сарат наояд!» |
23764 | MAT 16:23 | Лекин Вай ба Петрус рӯй оварда гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Ту ба Ман халал расонда истодаӣ, чунки ту фикри Худоро надорӣ, балки фикри инсонӣ мекунӣ!» |
23786 | MAT 17:17 | Исо ҷавоб дод: «Эй насли беимонону гумроҳон! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Канӣ, рафта бачаро ба наздам биёред!» |
23891 | MAT 20:30 | Воқеан ду нобиное дар канори роҳ менишастанд. Онҳо гузашта истодани Исоро шунида, зуд фарёд заданд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!» |
23892 | MAT 20:31 | Мардум бошанд, онҳоро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шаванд. Аммо онҳо боз баландтар дод зада мегуфтанд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!» |
23904 | MAT 21:9 | Мардум аз пешу қафои Исо роҳравон бо овози баланд дод мезаданд: «Шаъну шараф ба Насли Довуд! Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд! Шаъну шараф ба Худо дар осмон!» |
23910 | MAT 21:15 | Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бо дидани мӯъҷизаҳои аҷоиби Исо ва аз шунидани доди кӯдакон, ки дар Хонаи Худо «Шаъну шараф ба Насли Довуд!» мегуфтанд, ба ғазаб омаданд. |
23969 | MAT 22:28 | Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз ҳафт бародарон мешавад? Охир ҳамаи онҳо ӯро ба занӣ гирифта буданд!» |
24023 | MAT 23:36 | Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ин насл барои ҳамаи ин кушторҳо ҷазо мебинад!» |
24132 | MAT 26:9 | Охир ин атрро ба нархи қимат фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд!» |
24147 | MAT 26:24 | Бо Фарзанди Инсон он чӣ дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, рӯй медиҳад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Фарзанди Инсон хиёнат мекунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ҳаргиз ба дунё наояд!» |
24173 | MAT 26:50 | Исо ба вай гуфт: «Ҷӯра, мақсадатро иҷро намо!» Он гоҳ он одамон Исоро дастгир карда дасту пояшро бастанд. |
24187 | MAT 26:64 | Исо дар ҷавоб ба вай гуфт: «Худатон ҳамин тавр гуфтед. Аммо ҳаминро ба ҳамаи шумо мегӯям, ки минбаъд шумо Фарзанди Инсонро аз дасти рости Худои Пурқудрат нишаста ва дар болои абрҳои осмон омада истода хоҳед дид!» |
24220 | MAT 27:22 | «Пас, бо Исое, ки Таъиншудаи Худо меноманд, чӣ кор кунам?» — боз аз онҳо пурсид Пилотус. «Ӯро мехкӯб кунед!» — бо як овоз ҷавоб доданд ҳамаи онҳо. |
24221 | MAT 27:23 | Лекин Пилотус савол дода гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?» Мардум бошанд, бо буду шуди овозашон дод мезаданд: «Бигзор Ӯ ба салиб мехкӯб карда шавад!» |
24222 | MAT 27:24 | Пилотус дид, ки дигар ҳеҷ чорае надорад, дар акси ҳол шӯриш сар шуданаш мумкин буд, дар пеши назари тамоми мардум об гирифта дастонашро шуста гуфт: «Ба хунрезии ин одам ман ҷавобгар нестам! Шумо худатон қарор кунед!» |
24223 | MAT 27:25 | Тамоми мардум ҷавоб доданд: «Ба марги Ӯ мо ва фарзандонамон ҷавобгар ҳастем!» |
24227 | MAT 27:29 | Баъд аз навдаҳои хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанду ба дасти росташ чӯб доданд. Онҳо масхаракунон «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» гуфта дар пеши Ӯ ба сари зону меистоданд. |
24308 | MRK 1:24 | «Эй Исои Носирӣ, Ту ба мо чӣ кор дорӣ?! Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!» |
24325 | MRK 1:41 | Дили Исо ба ҳоли мард сӯхт ва дасташро ба вай расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам! Пок шав!» |
24334 | MRK 2:5 | Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Додар, гуноҳҳоят бахшида шуданд!» |
24341 | MRK 2:12 | Он мард аз ҷояш хеста, фавран ҷойгаҳашро ҷамъ карду дар пеши назари мардуми дарҳайратмонда равона шуд. Ҳама Худоро ситоиш карда, ба якдигар мегуфтанд: «То ҳол монанди ин чизе надида будем!» |
24362 | MRK 3:5 | Исо бо ғазаб ба онҳо нигоҳ карду аз якравиашон ғамгин гашт ва ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун!» Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд. |
24368 | MRK 3:11 | Рӯҳҳои нопок баробари дидани Ӯ худро дар наздаш ба замин мепартофтанд ва фарёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ!» |
24401 | MRK 4:9 | Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!» |
24431 | MRK 4:39 | Ӯ бархест ва бодро таъна зада, ба кӯл фармон дод: «Хомӯш шав! Ором бош!» Ҳамон лаҳза бод аз вазидан бозмонд ва дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд. |
24433 | MRK 4:41 | Вале онҳо, дар ҳолате ки тарсу ҳарос тамоми вуҷудашонро фаро гирифта буд, ба якдигар мегуфтанд: «Ин кӣ аст, ки ҳатто бод ва кӯл ба Ӯ итоат мекунанд!» |
24440 | MRK 5:7 | Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо тамоми овозаш фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!» |
24467 | MRK 5:34 | Исо ба ӯ гуфт: «Эй зан, туро имонат шифо дод! Рав ва дар амон бошу саломат гард!» |
24474 | MRK 5:41 | Исо дасти беморро гирифта гуфт: «Талита қуми!», ки маънояш «Эй духтар, бархез!» аст. |
24566 | MRK 7:34 | Баъд ба осмон нигариста оҳе кашиду гуфт: «Ифатаҳ!», ки маънояш «Кушода шав!» мебошад. |
24589 | MRK 8:20 | Гуфт: «Вақте ки бо ҳафт нон чор ҳазор нафарро сер кардам, чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Гуфтанд: «Ҳафт сабад!» |
24632 | MRK 9:25 | Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омада ҷамъ мешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок амр кард: «Эй рӯҳи кариву гунгӣ! Ба ту мегӯям, аз ин бача берун баро ва дигар ба ӯ надаро!» |
24704 | MRK 10:47 | Чун Бартимай шунид, ки Исои Носирӣ аз он роҳ мегузарад, фарёд зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кунед!» |
24705 | MRK 10:48 | Бисёриҳо ӯро сарзаниш карда гуфтанд, ки хомӯш шавад. Вале ӯ овозашро боз ҳам баландтар карда фарёд мезад: «Эй Насли Довуд, ба ман раҳм кунед!» |
24719 | MRK 11:10 | Муборак бошад подшоҳии аҷдоди мо Довуд, ки наздик омада истодааст! Шаъну шараф ба Худо дар осмон!» |
24730 | MRK 11:21 | Петрус ҳодисаи рӯзи гузаштаро ба ёд оварда гуфт: «Устод, нигоҳ кунед! Дарахти анҷир, ки онро лаънат кардед, хушк шудааст!» |
24765 | MRK 12:23 | Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!» |
24787 | MRK 13:1 | Вақте Исо аз Хонаи Худо мебаромад, яке аз шогирдонаш гуфт: «Устод, бинед, ин биноҳои Хонаи Худо чӣ қадар боҳашамат ҳастанд! Чӣ сангҳои бузурге доранд!» |
24823 | MRK 13:37 | Он чӣ ба шумо мегӯям ба ҳама дахл дорад: ҳушёр бошед!» |
24889 | MRK 14:66 | Петрус ҳоло ҳам дар ҳавлӣ назди гулхан нишаста, худро гарм мекард. Ҳамин вақт яке аз канизакони сарвари рӯҳониён ӯро дид ва ба ӯ бо диққат нигоҳ карда гуфт: «Ту ҳам ҳамроҳи Исои Носирӣ будӣ!» |
24892 | MRK 14:69 | Канизак Петрусро бори дигар дид ва ба ҳозирбудагон гуфт: «Ин мард ҳам яке аз шарикони Исо аст!» |
24893 | MRK 14:70 | Петрус инро боз инкор кард. Дертар ҳозирбудагон ба Петрус гуфтанд: «Аниқ ту шарики онҳоӣ, чунки ҷалилӣ ҳастӣ!» |
24908 | MRK 15:13 | Онҳо фарёд заданд: «Ба салиб мехкӯб кунед!» |
24909 | MRK 15:14 | Пилотус гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?» Лекин онҳо боз баландтар фарёд заданд: «Ӯро мехкӯб кунед!» |
24913 | MRK 15:18 | Ба Ӯ таъзим карда фарёд мезаданд: «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» |
24927 | MRK 15:32 | Бигузор Таъиншудаи Худо, ки Шоҳи Яҳудиён аст, акнун аз салиб поён фарояд, то мо инро дида, имон оварем!» Ҳатто онҳое, ки ҳамроҳаш мехкӯб шуда буданд, Ӯро таҳқир мекарданд. |
24934 | MRK 15:39 | Вақте сардори лашкари румии дар рӯ ба рӯи салибистода дид, ки Исо чӣ тавр фарёд зада ҷон дод, гуфт: «Дар ҳақиқат ин мард Писари Худо буд!» |
25056 | LUK 2:14 | «Бигзор номи Худо дар осмонҳо шӯҳрату ҷалол ёбад ва дар байни онҳое, ки дар рӯи замин писандидаи Ӯ ҳастанд, сулҳу осоиштагӣ бошад!» |
25116 | LUK 3:22 | Рӯҳи Муқаддас дар шакли кабӯтаре фаромада, дар болои Ӯ қарор гирифт ва садое аз осмон баромад, ки мегуфт: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам!» |
25166 | LUK 4:34 | «Моро ба ҳоламон гузор! Ту ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!» |
25173 | LUK 4:41 | Ҳамчунон девҳо «Ту писари Худо ҳастӣ!» гуфта, фарёдзанон аз бисёр касон берун мебаромаданд, чунки онҳо медонистанд, ки Ӯ Таъиншудаи Худо аст. Аммо Ӯ ба онҳо иҷозати гап заданро намедод. |
25189 | LUK 5:13 | Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва касалии махав нест шуд. |
25314 | LUK 7:50 | Вале Исо ба зан гуфт: «Туро имонат наҷот додааст. Рав ва дар амон бош!» |
25322 | LUK 8:8 | Аммо қисми донаҳое, ки ба замини хуби ҳосилхез меафтанд, сабзида, сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳанд». Инро гуфту хитоб кард: «Ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!» |
25338 | LUK 8:24 | Шогирдон пеши Исо омада, бо суханони «Устод! Устод! Ҳалок мешавем!» Ӯро бедор карданд. Ӯ аз хоб хеста, боду мавҷҳои пурталотумро таъна зад, баъд тӯфон хомӯш шуда, ҳама ҷоро оромӣ фаро гирифт. |
25368 | LUK 8:54 | Аммо Исо дасти духтарро гирифта гуфт: «Эй духтарак, бархез!» |
25411 | LUK 9:41 | Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимонону гумроҳон! То кай бо шумо бошам ва то кай шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр!» |
25501 | LUK 11:27 | Ҳангоме ки Исо ин суханонро мегуфт, зане аз миёни мардум хитоб кард: «Хушбахт аст он зане, ки Шуморо таваллуд карда шир додааст!» |
25637 | LUK 14:15 | Инро шунида яке аз меҳмонон ба Исо гуфт: «Хушбахт аст он касе, ки дар подшоҳии Худо хӯрок бихӯрад!» |
25657 | LUK 14:35 | Он вақт намак барои ҳеҷ чиз ба кор намеояд: на барои замин ва на барои пору. Онро бароварда мепартоянд. Ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!» |
25733 | LUK 17:13 | дод мезаданд: «Эй Исо, хоҷа, ба мо раҳм кунед!» |
25838 | LUK 19:38 | мегуфтанд: «Баракат ёбад шоҳе, ки аз номи Худованд меояд! Сулҳ дар осмон ва шӯҳрату ҷалол ба Худо дар осмон!» |
25839 | LUK 19:39 | Баъзе фарисиён аз байни мардум ба Исо гуфтанд: «Эй устод, шогирдонатро ором кун!» |
25846 | LUK 19:46 | Вай ба онҳо гуфт: «Дар навиштаҷот гуфтаҳои Худо омадаанд, ки „Хонаи Ман ҷои дуогӯӣ мешавад“. Шумо бошед, онро ба паноҳгоҳи дуздон табдил додаед!» |
25864 | LUK 20:16 | Вай баргашта, он иҷоракоронро мекушаду токзорро ба дигарон медиҳад». Онҳое, ки Исоро мешуниданд, гуфтанд: «Худо нигоҳ дорад!» |
25881 | LUK 20:33 | Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!» |
25887 | LUK 20:39 | Он гоҳ баъзе аз шариатдонон гуфтанд: «Хуб гуфтӣ, устод!» |
25955 | LUK 22:22 | Бале, Фарзанди Инсон бо роҳе меравад, ки барояш муайян шудааст, вале вой бар ҳоли касе, ки ба Ӯ хиёнат мекунад!» |
25966 | LUK 22:33 | Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба ҳабс ва ҳам ба мурдан биравам!» |
25971 | LUK 22:38 | Онҳо гуфтанд: «Худовандо! Ана дар ин ҷо ду шамшер ҳаст». Вай ҷавоб дод: «Кифоя аст!» |
25975 | LUK 22:42 | «Эй Падар! Илтимос мекунам, ин косаи азобро аз Ман дур кун. Вале бигзор на хости Ман, балки хости Ту ба амал ояд!» |
25984 | LUK 22:51 | «Бас кунед, бас!» — гуфт Исо ва ба гӯши ғулом даст расонда, ӯро шифо дод. |