25261 | LUK 6:46 | Чаро ба Ман „Худовандо! Худовандо!“ мегӯед, вале гуфтаҳоямро иҷро намекунед? |
25595 | LUK 13:8 | Вале боғбон ҷавоб дод: „Хоҷа! Як соли дигар ҳам онро набуред. Ман гирдашро побел карда, ба замин пору меандозам. |
25612 | LUK 13:25 | Вақте ки соҳибхона хеста дарро маҳкам мекунад, шумо дар берун мемонед ва дарро кӯфта мегӯед: „Хоҷа! Дарро ба рӯи мо бикушо!“ Вале ӯ ба шумо чунин ҷавоб медиҳад: „Ман намедонам шумо аз куҷо ҳастед!“ |
25644 | LUK 14:22 | Хизматгор гуфт: „Хоҷаам! Фармонатонро иҷро намудам, вале боз ҳам ҷойҳои холӣ ҳастанд“. |
25678 | LUK 15:21 | Писар ба вай гуфт: „Падарҷон! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо бошам“. |
25768 | LUK 18:11 | Фарисӣ рост истода, дар дилаш чунин дуо мегуфт: „Худоё! Туро шукр мегӯям, ки мисли одамони дигар қаллобу золим нестам, алоқаи беникоҳ намекунам ва ҳам монанди ин андозгир нестам. |
25770 | LUK 18:13 | Вале андозгир дуртар истода, ҳатто ҷуръат намекард, ки сарашро боло карда, ба осмон нигарад. Вай танҳо бар сандуқи синааш мушт зада мегуфт: „Худоё! Ба мани гунаҳкор раҳм кун!“ |