12800 | EST 6:3 | «Ба Мордахай барои ин кораш чӣ мукофот дода шуд?» — пурсид шоҳ. «Ҳеҷ чиз», — ҷавоб доданд хизматгоронаш. |
12802 | EST 6:5 | Хизматгорон дар ҷавоб ба шоҳ гуфтанд: «Ана, Ҳаман омадааст». «Бигзор дарояд», — фармон дод шоҳ. |
23421 | MAT 8:7 | «Ман рафта ӯро сиҳат мекунам», — гуфт Исо. |
23477 | MAT 9:29 | Он гоҳ Исо ба чашмонашон даст расонда гуфт: «Аз рӯи имонатон ҳамин тавр шавад», |
23684 | MAT 14:18 | «Онҳоро ба Ман оварда диҳед», — гуфт Исо. |
23794 | MAT 17:25 | «Албатта месупорад», — ҷавоб дод Петрус. Баъд Петрус ба хона даромад ва ҳанӯз ӯ даҳон накушода, Исо ба вай гуфт: «Шимъӯн, бигӯй, ба фикрат подшоҳон андозу хироҷро аз кӣ меситонанд? Аз шаҳрвандони худӣ ё бегона?» |
23795 | MAT 17:26 | «Аз бегона», — ҷавоб гардонд Петрус. «Пас, шаҳрвандони худӣ аз ин вазифа озоданд. |
23882 | MAT 20:21 | Исо пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ?» «Мехоҳам, амр кунӣ, ки ҳангоми подшоҳӣ карданат писарони ман аз дасти чапу рости Ту бишинанд», — ҷавоб дод зан. |
23926 | MAT 21:31 | Исо аз сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм пурсид: «Инак, кадоме аз писарон хости падарашро иҷро кард?» «Писари калониаш», — ҷавоб доданд онҳо. Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки одамони радди маърака, яъне андозгирон ва фоҳишаҳо пеш аз шумо ба подшоҳии Худо дохил шуда истодаанд. |
23983 | MAT 22:42 | «Шумо дар бораи Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо чӣ ақида доред? Ба фикратон Вай аз насли кист?» «Аз насли шоҳ Довуд», — ҷавоб доданд онҳо. |
24189 | MAT 26:66 | Пас чӣ ҳукм мебароред?» «Ҷазояш марг», — ҷавоб доданд дигарон. |
25469 | LUK 10:37 | «Он касе, ки ба ӯ раҳм кард», — ҷавоб дод шариатдон. «Пас, бирав ва монанди ӯ рафтор кун», — гуфт Исо. |
25856 | LUK 20:8 | «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корро мекунам», — гуфт Исо. |
25993 | LUK 22:60 | «Гӯш кун, ман намедонам, ту дар чӣ хусус гап мезанӣ», — гуфт Петрус. Вақте ки инро мегуфт, хурӯс ҷеғ зад. |
26172 | JHN 2:8 | «Акнун аз он гирифта, ба роҳбари тӯй баред», — гуфт ба онҳо Исо. Онҳо бурданд. |
26242 | JHN 4:17 | «Ман шавҳар надорам», — ҷавоб дод зан. Исо ба ӯ гуфт: «Рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ. |
26251 | JHN 4:26 | «Он кас Манам, ки бо ту сӯҳбат мекунам», — ҷавоб дод Исо. |
26290 | JHN 5:11 | «Касе, ки маро шифо дод, ба ман „Ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард“ гуфт», — ҷавоб дод ӯ. |
26336 | JHN 6:10 | «Ба мардум гӯед, ки бишинанд», — гуфт Исо. Дар он ҷо сабзазор буд. Шумораи ҳамаи нишастагон қариб панҷ ҳазор мард буд. |
26409 | JHN 7:12 | Дар байни мардум низ дар хусуси Ӯ баҳси зиёде ба миён омад. «Вай одами хуб аст», — мегуфтанд баъзеҳо, дигарон эътироз карда «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад» мегуфтанд. |
26461 | JHN 8:11 | «Ҳеҷ кас, хоҷа», — гуфт он зан. «Ман ҳам туро айбдор намекунам, — гуфт Исо. — Рав ва дигар гуноҳ накун». ] |
26518 | JHN 9:9 | «Бале, ин ҳамон шахс аст», — мегуфтанд баъзеҳо. Дигарон мегуфтанд: «Не, ӯ фақат монанд аст». Он мард бошад, мегуфт, ки ман ҳамон одам ҳастам. |
26526 | JHN 9:17 | Онҳо боз аз кӯр пурсиданд: «Ту дар бораи Вай чӣ гуфта метавонӣ? Охир Вай чашмони туро бино кард-ку». «Ӯ пайғамбар аст», — ҷавоб дод он мард. |
26615 | JHN 11:23 | «Бародарат гашта зинда мешавад», — гуфт ба ӯ Исо. |
26616 | JHN 11:24 | «Медонам, ки дар рӯзи қиёмат, ҳангоми зинда шудани мурдагон вай ҳам зинда мешавад», — ҷавоб дод Марто. |
26859 | JHN 18:5 | Онҳо ҷавоб доданд: «Исои Носириро». «Ин Манам», — ҷавоб дод Исо. Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, низ ҳамроҳи онҳо буд. |
26861 | JHN 18:7 | Исо боз аз онҳо пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?» «Исои Носириро», — гуфтанд онҳо. |
26871 | JHN 18:17 | Зани дарвозабон ба Петрус гуфт: «Оё ту аз шогирдони он кас нестӣ?» «Не, нестам», — ҷавоб дод Петрус. |
26885 | JHN 18:31 | «Худатон Ӯро гирифта аз рӯи қонунатон ҳукм кунед», — гуфт ба онҳо Пилотус. «Ба мо раво нест, ки касеро ба қатл расонем», — ҷавоб доданд роҳбарони яҳудӣ. |
26911 | JHN 19:17 | Онҳо Исоро бурданд ва Ӯ то «Ҷои косахонаи сар», ки ба забони ибронӣ «Ҷолҷото» ном дошт, салиби худро бардошта, рафт. |
26916 | JHN 19:22 | «Ҳар чӣ навиштаам, навиштам», — ҷавоб дод Пилотус. |
26970 | JHN 21:3 | Шимъӯни Петрус ба онҳо гуфт: «Ман рафта, моҳӣ сайд мекунам». «Мо ҳам ҳамроҳи ту меравем», — гуфтанд дигарон. Онҳо рафта ба қаиқ савор шуданд, аммо он шаб чизе сайд накарданд. |
26982 | JHN 21:15 | Баъд аз хӯрдани хӯрок Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, оё ту Маро аз онҳо бештар дӯст медорӣ?» «Оре, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», — ҷавоб дод Петрус. «Барраҳои Маро чарон», — гуфт Исо. |
26983 | JHN 21:16 | Бори дуюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», — ҷавоб дод Петрус. «Гӯсфандони Маро саробонӣ кун», — гуфт Исо. |
30346 | JAS 1:13 | Аммо, вақте ба васваса меафтед, нагӯед, ки «Худо маро месанҷад», чунки Худо худ ба васваса намеафтад ва дигаронро низ ба васваса намеандозад. |
30368 | JAS 2:8 | Пас, агар шумо аз рӯйи шариати Шоҳи мо рафтор намоед, ки он дар навиштаҷот омадааст: «Ҳар шахсеро, ки наздики мост, бояд мисли худ дӯст бидорем», он гоҳ кори хуб мекунед. |
30376 | JAS 2:16 | яке аз шумо ба вай гӯед, ки «Сиҳату саломат гарду ҳеҷ гуруснагию хунукиро аз сар нагузарон», аммо ба мӯҳтоҷии моддиаш ҳеҷ кӯмак накунед, пас аз суханони шумо чӣ фоида аст? |