23538 | MAT 11:10 | Яҳё ҳамон як одам, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфта буд: „Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам, то ба омаданат роҳ тайёр кунад“. |
23602 | MAT 12:44 | Ниҳоят худ ба худ мегӯяд: „Э, ба хонаи пештараам бармегардам“, — ва баргашта мебинад, ки ин хона холӣ ва ба тартиб овардаву рӯбучиншуда аст. |
23635 | MAT 13:27 | Хизматгорон назди соҳиби киштзор омада мегӯянд: „Хоҷа, шумо дар киштзоратон донаҳои гандумро кошта будеду ин алафи бегона аз куҷо пайдо шуд?“ |
23636 | MAT 13:28 | Ӯ ба онҳо ҷавоб дода мегӯяд: „Ин кори душман аст“. Хизматгорон боз мепурсанд: „Мехоҳед, ки мо рафта онҳоро канда партоем?“ |
23637 | MAT 13:29 | „Не, — мегӯяд соҳиби киштзор, — чунки алафи бегонаро канданӣ шуда мабодо боз баъзе гандумро ҳам канда напартоед. |
23822 | MAT 18:26 | Он хизматгор худро пеши пойҳои шоҳ партофта зорию тавалло карда гуфт: „Тақсирам, илтимос, ба ман мӯҳлат диҳед ва ман тамоми қарзамро бармегардонам“. |
23825 | MAT 18:29 | Ҳамхизматаш худро ба рӯи замин партофта, ба зориву тавалло кардан даромад: „Илтимос, мӯҳлат деҳ ва ман албатта қарзамро бармегардонам“. |
23868 | MAT 20:7 | Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: „Чунки ҳеҷ кас моро киро накард“. „Хайр, набошад, ба токзори ман рафта кор кунед“, — таклиф кард соҳиби токзор. |
23873 | MAT 20:12 | „Онҳое, ки охирин киро шуда буданд, фақат як соат кор карданд. Мо бошем, дар офтоби сӯзон рӯзи дароз арақи ҷабин рехта кор кардему шумо ба онҳо баробари мо музд додед!“ |
23874 | MAT 20:13 | Лекин соҳиби токзор ба яке аз онҳо ҷавоб дода гуфт: „Ҳой, ҷӯра! Ман ҳаққатро нахӯрдаам. Магар худат розӣ нашудӣ, ки ба як рӯзи кориат як динор диҳам? |
23900 | MAT 21:5 | «Ба сокинони шаҳри Ерусалим бигӯед: „Ана, Шоҳи шумо ба наздатон омада истодааст. Шоҳи хоксор, ки харсавор, болои бачаи модахаре омада истодааст“». |
23923 | MAT 21:28 | Исо суханашро давом дода гуфт: «Дар бораи ин ҳикоя чӣ фикр доред? Марде ду писар доштааст. Рӯзе вай пеши писари калониаш омада мегӯяд: „Писарам, имрӯз ба токзор рафта кор кун“. |
24041 | MAT 24:15 | Шумо дар ҷои муқаддас ҳамон „ифлосиҳоеро, ки Хонаи Худоро ҳаром мекунанд“ ва Дониёл пайғамбар дар бораашон пешгӯӣ карда буд, мебинед». (Бигзор хонанда бифаҳмад, ки ин чӣ маъно дорад). |
24049 | MAT 24:23 | Пас, агар касе ба шумо гӯяд, ки „Бинед, ана Таъиншудаи Худо дар ин ҷост!“ ё „Ӯ ана дар он ҷост!“, бовар накунед. |
24052 | MAT 24:26 | Агар одамон ба шумо гӯянд, ки „Бинед, Масеҳ дар биёбон аст!“, ба он ҷо наравед. Ё агар гӯянд, ки „Бинед, Вай дар ҷои пинҳонӣ аст!“, бовар накунед. |
24086 | MAT 25:9 | „Не, — ҷавоб медиҳанд дурандешон, — ин равған ба ҳамаамон намерасад. Беҳтараш рафта, аз дӯкон харида биёед“. |
24088 | MAT 25:11 | Дертар он панҷтои боқимонда ҳам расида меоянд ва дод мезананд: „Хоҷа, эй хоҷа! Дарҳоро бароямон кушоед!“ |
24097 | MAT 25:20 | Хизматгоре, ки панҷ ҳазор танга гирифта буд, омада ба хоҷааш тангаҳоро бо панҷ ҳазор фоидааш супорида мегӯяд: „Хоҷаам, шумо ба ман панҷ ҳазор тангаи тилло дода будед. Ана дар ин ҷо боз панҷ ҳазор фоидае, ки ба даст овардам“. |
24098 | MAT 25:21 | „Офарин, хизматгори неку вафодорам, — таъриф мекунад ӯро хоҷааш. — Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодориатро нишон додӣ, пас ба ту вазифаи калонро боварӣ мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!“ |
24099 | MAT 25:22 | Инчунин хизматгоре, ки ду ҳазор танга гирифта буд, даромада мегӯяд: „Хоҷаам, шумо ба ман ду ҳазор тангаи тилло дода будед. Ана дар ин ҷо боз ду ҳазор фоидае, ки ба даст овардам“. |
24100 | MAT 25:23 | „Офарин, хизматгори неку вафодорам, — таъриф мекунад ӯро хоҷааш. — Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодориатро нишон додӣ, пас ба ту вазифаи калонро боварӣ мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!“ |
24101 | MAT 25:24 | Он хизматгоре, ки ҳазор танга гирифта буд, низ ба пеш баромада мегӯяд: „Хоҷаам, ман медонистам, ки шумо одами сахтгир ҳастед; аз он ҷое, ки накоштаед, ҳосил ҷамъ мекунеду аз он ҷое, ки дон напошидаед, ғалла мегиред. |
24114 | MAT 25:37 | Накӯкорон бошанд, аз Ӯ мепурсанд: „Худованд, кай мо Туро гуруснаву ташна дида будем, ки бароят хӯроку нӯшокӣ дода бошем? |
24121 | MAT 25:44 | Он гоҳ онҳо ҳам мепурсанд: „Худованд, мо кай Туро гуруснаву ташна, бегонаву бараҳна ё бемору дар ҳабсхона дида будем, ки хизмат накарда бошем?“ |
24338 | MRK 2:9 | Кадомаш осонтар аст: ба шал гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё ки „бархез, ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард?“ |
24807 | MRK 13:21 | Агар ҳамон вақт касе ба шумо гӯяд, ки „Ана, Таъиншудаи Худо дар ин ҷост“ ва ё „Нигоҳ кунед, Ӯ дар он ҷост“, ба суханонаш бовар накунед. |
25291 | LUK 7:27 | Яҳё ҳамон як одамест, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфта буд: „Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам, то ба омаданат роҳ тайёр кунад“. |
25498 | LUK 11:24 | Фарз кардем, рӯҳи нопок аз шахсе берун карда мешавад. Баъд ин рӯҳ бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро наёфта, ба худ мегӯяд: „Э, ба хонаи пештараам бармегардам“, — |
25632 | LUK 14:10 | Баръакс, вақте ки туро даъват мекунанд, омада дар ҷои поён бишин, то соҳибхона омада, ба ту бигӯяд: „Дӯстам, болотар бишин“. Он гоҳ иззату эҳтиромат дар пеши назари ҳамаи онҳое, ки дар гирди дастархон нишастаанд, ба ҷо оварда мешавад. |
25639 | LUK 14:17 | Чун вақти хӯрдани хӯрок расид, хизматгорашро фиристод, то ба даъватшудагон бигӯяд: „Биёед, аллакай ҳама чиз тайёр аст“. |
25688 | LUK 15:31 | Аммо падар ба ӯ гуфт: „Писарам, ту ҳамеша бо ман ҳастӣ ва ҳар чизе, ки ман дорам, аз они туст. |
25716 | LUK 16:27 | Марди сарватманд гуфт: „Пас, эй аҷдод, аз шумо илтимос мекунам, ки Лаъзорро ба хонаи падари ман фиристед. |
25719 | LUK 16:30 | Аммо мард гуфт: „Не, аҷдодам Иброҳим! Танҳо агар яке аз мурдагон назди онҳо биёяд, тавба хоҳанд кард“. |
25816 | LUK 19:16 | Аввалинаш омада, гуфт: „Хоҷаам, як тангаи тиллои шумо даҳ танга фоида овард“. |
25817 | LUK 19:17 | Подшоҳ ба вай гуфт: „Офарин, хизматгори некам. Азбаски дар иҷрои вазифаи андаке вафодориатро нишон додӣ, туро ба даҳ шаҳр ҳоким таъин мекунам“. |
25818 | LUK 19:18 | Дуюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, як тангаи тиллои шумо панҷ танга фоида овард“. |
25820 | LUK 19:20 | Сеюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, ана ин ҳамон тангаи тиллои шумо. Ман онро ба рӯймолчае печонда, нигоҳ доштам, |
25825 | LUK 19:25 | Онҳо гуфтанд: „Хоҷаам, охир вай аллакай даҳ тангаи тилло дорад!“ |
26676 | JHN 12:27 | Ҷонам ҳоло дар азоб аст ва намедонам чӣ гӯям? Бигӯям, ки „Падар, Маро аз ин соат халос кун!“, вале Ман маҳз барои ҳамин соат омадаам! |