23244 | MAT 2:6 | „Эй Байт-Лаҳм, ки дар вилояти Яҳудия ҳастӣ, ту аз дигар шаҳрҳои бузурги Яҳудия ҳеҷ камӣ надорӣ, зеро аз байни зодаҳои ту сарваре мебарояд, ки барои халқи Исроили Ман монанди чӯпон мешавад“». |
23281 | MAT 4:3 | Он гоҳ иблиси васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд». |
23284 | MAT 4:6 | ва ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо поён парто. Охир дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худо ба фариштагони худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод ва онҳо Туро бар болои дастонашон хоҳанд бардошт, то ки поят ба санге назанад“». |
23511 | MAT 10:25 | Барои шогирд басанда аст, ки монанди устодаш шавад ва барои хизматгор кофист, ки монанди хоҷааш шавад. Агар сардори хонадонро Баал-Забул, сардори девҳо номида бошанд, пас аъзоёни хонадонро чӣ қадар бадтар меноманд. |
23549 | MAT 11:21 | «Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои худобехабари Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида мӯйканон нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд. |
23560 | MAT 12:2 | Инро дида баъзе аз фарисиён назди Исо омада гуфтанд: «Инро бинед-а, шогирдони Шумо кореро карда истодаанд, ки дар рӯзи истироҳат кардани он раво нест». |
23582 | MAT 12:24 | Лекин фарисиён инро шунида чунин мегуфтанд: «Ӯ бо қудрати Баал-Забул, сардори девҳо девҳоро берун мекунад». |
24129 | MAT 26:6 | Исо он вақт дар деҳаи Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯн ном марде, ки пештар махав буд, меҳмон шуд. |
24379 | MRK 3:22 | Гурӯҳе аз шариатдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Ӯ дар худ Баал-Забул, сардори девҳоро дорад ва бо қудрати вай девҳоро берун мекунад». |
24710 | MRK 11:1 | Баъд Исо ва шогирдонаш ба наздикии Ерусалим, ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаи теппаи Зайтун ҷойгир шудаанд, рафта расиданд. Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода, |
24826 | MRK 14:3 | Исо дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯн ном махав меҳмон шуда буд. Дар вақти таомхӯрӣ зане омад ва як кӯзачаи сангини гаронбаҳоро пур аз атри қиматбаҳо оварда, онро шикасту ба сари Исо рехт. |
24931 | MRK 15:36 | Сипас як нафар давида латтаеро ба сирко тар кард ва ба сари як чӯб гузошту барои нӯшидан ба Исо дароз кард ва гуфт: «Истед, бинем-чи, оё Илёс омада, Ӯро аз салиб гирифта поён мефарорад ё не?!» |
25046 | LUK 2:4 | Юсуф низ аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил воқеъ гаштааст, ба сарзамини Яҳудия сафар кард. Азбаски ӯ аз авлоди шоҳ Довуд буд, бояд номаш дар шаҳри Байт-Лаҳм, ки ҷои таваллуди Довуд аст, ба қайд гирифта мешуд. |
25135 | LUK 4:3 | Иблис ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, ба ин санг фармон деҳ, ки нон шавад». |
25141 | LUK 4:9 | Баъд иблис Ӯро ба Ерусалим бурд ва ба нуқтаи баландтарини Хонаи Худо гузошта гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо ба поён парто. |
25445 | LUK 10:13 | Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида, мӯйканон нишаста нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд. |
25489 | LUK 11:15 | Баъзеи одамон чунин мегуфтанд: «Исо девҳоро бо қудрати Баал-Забул, сардори девҳо берун мекунад». |
25829 | LUK 19:29 | Вақте ки онҳо ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаи теппаи Зайтун воқеъ гаштаанд, наздик шуданд, Исо ду шогирдашро фиристоданӣ шуда, |
26141 | JHN 1:28 | Ҳамаи ин воқеа дар Байт-Ҳинӣ, дар соҳили дигари дарёи Урдун ба амал омад, ки Яҳё дар он ҷо мардумро таъмид медод. |
26439 | JHN 7:42 | Охир, дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо бояд аз авлоди шоҳ Довуд, дар деҳаи Байт-Лаҳм, ки Довуд зиндагӣ мекард, пайдо шавад». |
26593 | JHN 11:1 | Марде, ки Лаъзор ном дошт, бемор шуд. Ӯ аз Байт-Ҳинӣ, аз деҳае буд, ки дар он Марям бо хоҳараш Марто зиндагӣ мекард. |