23389 | MAT 7:4 | Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон гуфта метавонед, ки „Иҷозат деҳ хасро аз чашмат берун кунам“, ҳол он ки дар чашми худатон чӯб доред? |
23602 | MAT 12:44 | Ниҳоят худ ба худ мегӯяд: „Э, ба хонаи пештараам бармегардам“, — ва баргашта мебинад, ки ин хона холӣ ва ба тартиб овардаву рӯбучиншуда аст. |
23868 | MAT 20:7 | Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: „Чунки ҳеҷ кас моро киро накард“. „Хайр, набошад, ба токзори ман рафта кор кунед“, — таклиф кард соҳиби токзор. |
24807 | MRK 13:21 | Агар ҳамон вақт касе ба шумо гӯяд, ки „Ана, Таъиншудаи Худо дар ин ҷост“ ва ё „Нигоҳ кунед, Ӯ дар он ҷост“, ба суханонаш бовар накунед. |
25257 | LUK 6:42 | Чӣ тавр метавонед ба бародаратон бигӯед: „Эй бародар, иҷозат деҳ хасро аз чашмат барорам“, вақте ки чӯбро дар чашми худ намебинед? Эй дурӯяҳо! Аввал чӯбро аз чашми худатон дур кунед, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред. |
25498 | LUK 11:24 | Фарз кардем, рӯҳи нопок аз шахсе берун карда мешавад. Баъд ин рӯҳ бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро наёфта, ба худ мегӯяд: „Э, ба хонаи пештараам бармегардам“, — |