7130 | RUT 1:1 | Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад. |
7148 | RUT 1:19 | Ҳамин тавр, онҳо роҳи худро давом доданд ва ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд. Ҳангоме онҳо ба шаҳр даромаданд, мардум аз дидани онҳо ба ҳаяҷон омаданду занон чунин мегуфтанд: «Наход ин Ноомӣ бошад?» |
7151 | RUT 1:22 | Инак, Ноомӣ ҳамроҳи келинаш Рут аз сарзамини Мӯоб баргашт. Ҳангоме ки онҳо ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд, мавсими дарави ҷав нав сар шуда буд. |
7155 | RUT 2:4 | Пас аз муддате Бӯаз аз деҳаи Байт-Лаҳм омад ва бо коргарон салому алейк карда гуфт: «Худованд ёратон бод!» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Раҳмат, Худованд шуморо баракат диҳад!» |
7203 | RUT 4:11 | Он гоҳ роҳбарон ва мардуме, ки дар назди дарвоза ҷамъ омада буданд, тасдиқ карданд: «Бале, мо шоҳид ҳастем. Худованд ҳамсаратро монанди занони Яъқуб — Роҳел ва Леё гардонад. Ин занон барои ӯ фарзандони зиёдро ба дунё оварданд. Дар байни Эфротиён сарват ба даст орӣ ва номат дар деҳаи Байт-Лаҳм машҳур гардад. |
23239 | MAT 2:1 | Исо дар замони ҳукмронии подшоҳ Ҳиродус, дар деҳаи Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия ба дунё омад. Баъд аз таваллуди Ӯ якчанд ситорашиносон аз сарзамини Шарқ ба шаҳри Ерусалим омада, |
23243 | MAT 2:5 | Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Дар Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия, чунки дар яке аз китобҳои пайғамбарон чунин навишта шудааст: |
23246 | MAT 2:8 | Баъд онҳоро ба Байт-Лаҳм равона карда гуфт: «Биравед ва дар бораи он кӯдак бодиққат пурсуҷӯ кунед. Ҳамин ки Ӯро ёфтед, маро низ огоҳ созед, то ки ман ҳам рафта ба Ӯ саҷда кунам». |
23254 | MAT 2:16 | Вақте Ҳиродус фаҳмид, ки ситорашиносон ӯро фиреб доданд, сахт хашмгин шуд ва фармон дод, ки дар Байт-Лаҳм ва атрофи он ҳамаи писарбачаҳои синни дусола ва аз дусола поёнро кушанд. Чунки аз ситорашиносон вақти пайдошавии ситораро дониста буд. |
23338 | MAT 5:35 | на бо замин, чунки пойҳои Ӯ дар он ҷо қарор доранд, на бо шаҳри Ерусалим, чунки ин шаҳри Худо-Шоҳи бузург аст. |
23415 | MAT 8:1 | Вақте ки Исо аз болои теппа поён фаромад, одамон тӯда-тӯда ҳамроҳи Ӯ рафтанд. |
23446 | MAT 8:32 | Исо ба онҳо «Дароед» гуфт ва онҳо аз он одамон берун баромада, ба галаи хукон даромаданд. Фавран тамоми гала давон-давон худро аз ҷарии назди соҳил ба кӯл партофта, дар об ғарқ шуд. |
23571 | MAT 12:13 | Баъд ба марди дасташ хушкшуда гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз кард, ки он мисли дасти дигараш сиппа-сиҳат шуд. |
23585 | MAT 12:27 | Аз гуфти шумо Ман девҳоро бо қудрати Баал-Забул берун мекунам, пас пайравони худатон-чӣ? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Ана, амали онҳо исбот мекунад, ки шумо нодуруст фикр мекунед. |
23612 | MAT 13:4 | Вақте ки дона мепошад, як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва паррандаҳо омада, онҳоро аз замин чида пок-покиза мехӯранд. |
23691 | MAT 14:25 | Ҳанӯз чашми рӯз накафида, Исо рӯ-рӯи об қадамзанон ба тарафи шогирдонаш равона шуд. |
23694 | MAT 14:28 | Он гоҳ Петрус овоз бароварда гуфт: «Хоҷа, агар дар ҳақиқат ин Ту бошӣ, ба ман амр намо, ки рӯ-рӯи об назди Ту биёям». |
23731 | MAT 15:29 | Исо он ҷойро тарк карду қад-қади кӯли Ҷалил рафта ба теппае баромада нишаст. |
23732 | MAT 15:30 | Ба назди Вай тӯда-тӯда одамон омада, бо худ одамони лангу маъюб, кӯру гунг ва боз дигар хел касалонро оварда пеши пойҳояш мегузоштанд ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо медод. |
23771 | MAT 17:2 | Баъд дар пеши назари шогирдон намуди зоҳирии Ӯ дигаргун шуд. Чеҳрааш монанди офтоб дурахшид, либосаш ҳам мисли равшании нур сап-сафед шуд. |
23784 | MAT 17:15 | гуфт: «Хоҷа, ба писарам раҳм бикун! Вай касалии эпилепсия дорад ва бениҳоят азоб мекашад. Аз ин рӯ, ӯ худро зуд-зуд ба оташ ё ба об мепартояд. |
23833 | MAT 19:2 | Аз паси Ӯ тӯда-тӯдаи одамон низ рафтанд ва дар он ҷо Ӯ онҳоро шифо бахшид. |
23896 | MAT 21:1 | Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Ерусалим наздик шуда истода, ба деҳаи Байт-Фоҷии назди теппаи Зайтун расида омаданд. Пас, Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода, |
23912 | MAT 21:17 | Бо ин суханон Исо онҳоро тарк карду аз шаҳр берун шуда, ба деҳаи Байт-Ҳинӣ рафт ва шабро дар он ҷо гузаронд. |
23939 | MAT 21:44 | Ҳар касе, ки ба болои он санг меғалтад, шикаста майда-майда мешавад, вале агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад». |
24191 | MAT 26:68 | мегуфтанд: «Ҳой Масеҳ, Ту пайғамбарӣ-ку! Канӣ, гӯй-чи Туро кӣ зад?!» |
24198 | MAT 26:75 | ва суханони Исо ба хотири Петрус омаданд. Ӯ гуфта буд, ки ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, вай се бор шинохтани Исоро инкор мекунад. Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард. |
24226 | MAT 27:28 | Онҳо Ӯро бараҳна карда ба танаш ҷомаи суп-сурхро пӯшонданд. |
24268 | MAT 28:4 | Посбонон аз тарси ӯ дарақ-дарақ ларзида мурда барин ба рӯи замин дароз кашиданд. |
24393 | MRK 4:1 | Бори дигар Исо дар канори кӯл ба мардум таълим медод ва тӯда-тӯдаи одамон дар гирдаш ҷамъ омаданд. Бинобар ин Ӯ маҷбур шуд, ки ба қаиқ нишаста, аз кӯл ба мардуме, ки дар соҳил буд, сухан гӯяд. |
24396 | MRK 4:4 | Вақте ки дона мепошад, як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва паррандаҳо омада, онро аз замин чида пок-покиза мехӯранд. |
24437 | MRK 5:4 | Борҳо дасту пояшро бо занҷирҳо баста ва завлона карда буданд, вале ӯ завлонаҳоро шикаста, занҷирҳоро пора-пора мекард. Касе барои ром кардани вай қувват надошт. |
24439 | MRK 5:6 | Вақте ки ӯ Исоро аз дур дид, давон-давон ба наздаш омада саҷда кард. |
24483 | MRK 6:7 | Вай дувоздаҳ вакилашро ба пешаш даъват кард ва ба онҳо қудрати ба рӯҳҳои нопок амр карданро дода, ҷуфт-ҷуфт ба ҳар тараф фиристод. |
24515 | MRK 6:39 | Он гоҳ Исо фармуд, ки шогирдонаш мардумро гурӯҳ-гурӯҳ рӯи сабза шинонанд. |
24521 | MRK 6:45 | Баъд аз он Исо зуд ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеш ба сӯи Байт-Сайдо раҳсипор шаванд, то худаш мардумро ҷавоб диҳад. |
24524 | MRK 6:48 | Вақте Исо дид, ки шогирдонаш бо азоб зидди боди мухолиф шино мекунанд, субҳидам рӯ-рӯи об қадамзанон ба тарафи онҳо равона шуд. Вай аз назди онҳо гузашта рафтанӣ буд, |
24570 | MRK 8:1 | Дар яке аз ҳамин рӯзҳо боз тӯда-тӯдаи одамон ба назди Исо ҷамъ омаданд ва чизи хӯрдание надоштанд. Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: |
24591 | MRK 8:22 | Вақте ки онҳо ба Байт-Сайдо расиданд, чанд нафаре марди кӯреро ба назди Исо оварда, хоҳиш карданд, ки ба вай даст расонда шифо диҳад. |
24622 | MRK 9:15 | Ҳамин ки мардум Исоро диданд, хеле ҳайрон шуда, давон-давон ба истиқболаш рафтанд. |
24710 | MRK 11:1 | Баъд Исо ва шогирдонаш ба наздикии Ерусалим, ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаи теппаи Зайтун ҷойгир шудаанд, рафта расиданд. Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода, |
24720 | MRK 11:11 | Ҳамин тавр, Исо ба Ерусалим омада, ба Хонаи Худо рафт ва ҳама чизро аз назар гузаронд. Азбаски бевақт шуда буд, бо дувоздаҳ шогирди худ ба Байт-Ҳинӣ равона шуд. |
24721 | MRK 11:12 | Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз Байт-Ҳинӣ мерафтанд, Исо гурусна монд. |
24963 | LUK 1:1 | Теофилуси мӯҳтарам! Бисёр касон ботартиб навиштани воқеаҳоеро сар карданд, ки дар байни мо ба амал омада буданд. Онҳо аз рӯи нақлҳое тартиб медиҳанд, ки шоҳидону хизматчиёни аввалини Хушхабар ба мо расондаанд. Аз ин рӯ, ман ҳам ин воқеаҳоро аз аввал бодиққат тадқиқ карда, дуруст донистам, ки онҳоро як-як ба шумо бинависам, |
25048 | LUK 2:6 | Ҳангоме ки онҳо дар Байт-Лаҳм буданд, вақти таваллуди кӯдак фаро расид. |
25055 | LUK 2:13 | Ногаҳон бо он фаришта дар осмон ҳазор-ҳазор фариштаҳои дигар пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд: |
25057 | LUK 2:15 | Баъд фариштагон аз назди онҳо дур шуда, дар осмон нопадид гаштанд ва чӯпонҳо ба якдигар мегуфтанд: «Биёед, ба Байт-Лаҳм биравем ва он ҳодисаҳои рӯйдодаро, ки Худованд ба мо гуфт, бубинем». |
25209 | LUK 5:33 | Ба Исо гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳё зуд-зуд рӯза мегиранду дуо мехонанд, шогирдони фарисиён низ чунин мекунанд, вале шогирдони Шумо мехӯранд ва менӯшанд?» |
25319 | LUK 8:5 | «Рӯзе як деҳқон барои киштани донаҳои худ мебарояд. Вақте ки дона мепошад, миқдоре аз онҳо ба пайраҳа афтода поймол мешавад ва паррандаҳо омада, онҳоро аз замин чида пок-покиза мехӯранд. |
25343 | LUK 8:29 | Ӯ инро гуфт, чунки Исо аллакай ба рӯҳи нопок фармон дода буд, ки аз он мард берун барояд. Дар гузашта дев чандин бор ба он мард ҳамла меовард ва ҳарчанд девонаро асир намуда, бо занҷиру бандҳо мебастанд, мард онҳоро пора-пора мекард ва дев ӯро ба биёбон мебурд. |
25347 | LUK 8:33 | Девҳо аз он мард берун шуда, ба даруни хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ давон-давон худро ба кӯл партофта, ғарқ шуд. |
25380 | LUK 9:10 | Вақте ки вакилон баргаштанд, тамоми корҳои иҷрокардаашонро ба Исо баён намуданд. Ӯ онҳоро бо худ гирифта ба шаҳри Байт-Сайдо равона шуд, то ки бо шогирдонаш танҳо ба танҳо бимонад. |
25384 | LUK 9:14 | Дар он ҷо тақрибан панҷ ҳазор мард буд ва Исо ба шогирдонаш гуфт: «Онҳоро панҷоҳнафарӣ гурӯҳ-гурӯҳ шинонед». |
25399 | LUK 9:29 | Вақте ки Ӯ ба дуогӯӣ машғул буд, чеҳрааш тағйир ёфта, либосаш сап-сафеди дурахшон шуд |
25409 | LUK 9:39 | Гоҳ-гоҳ ба вай рӯҳе ҳамла мекунад ва ӯ якбора дод зада, беихтиёрона печутоб мехӯраду аз даҳонаш кафк мебарояд. Он рӯҳ ӯро бисёр азоб дода, ба зӯрӣ аз ӯ даст мекашад. |
25433 | LUK 10:1 | Баъд аз ин Худованд боз ҳафтод нафари дигарро интихоб намуда, онҳоро ҷуфт-ҷуфт пешопеши худ ба ҳар шаҳру деҳоте, ки рафтанӣ буд, фиристод. |
25492 | LUK 11:18 | Инак, агар шайтон дар худ ба ду қисм ҷудо шавад, магар давлаташ устувор монда метавонад? Шумо мегӯед, ки Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекунам. |
25493 | LUK 11:19 | Агар Ман девҳоро бо қудрати Баал-Забул берун мекарда бошам, пас, пайравони худатон-чи? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Бигзор онҳо шуморо ҳукм кунанд. |
25529 | LUK 12:1 | Дар ин миён ҳазор-ҳазор одамон ҷамъ омада, якдигарро тела медоданд ва Исо аввал ба шогирдони худ муроҷиат карда гуфт: «Худро аз хамиртуруши фарисиён, ки дурӯягӣ аст, эҳтиёт кунед. |
25694 | LUK 16:5 | Вай қарздорони хоҷаашро як-як ҷеғ зад ва якумашро пурсид: „Ту аз хоҷаам чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“ |
25731 | LUK 17:11 | Исо ба сӯи Ерусалим равона шуд. Вай қад-қади сарҳаде, ки байни Сомарияву Ҷалил буд, роҳ мерафт. |
25829 | LUK 19:29 | Вақте ки онҳо ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаи теппаи Зайтун воқеъ гаштаанд, наздик шуданд, Исо ду шогирдашро фиристоданӣ шуда, |
25866 | LUK 20:18 | Ҳар кӣ ба болои он санг ғалтад, шикаста майда-майда мешавад ва агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад». |
25995 | LUK 22:62 | Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард. |
25997 | LUK 22:64 | Чашмонашро баста, аз Ӯ мепурсиданд: «Ҳой пайғамбар! Канӣ, гӯй-чи Туро кӣ зад?» |
26003 | LUK 22:70 | Ҳозирбудагон гуфтанд: «Пас, Ту-чи писари Худо ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Ҳастам, аз рӯи гуфти худатон». |
26110 | LUK 24:50 | Исо шогирдонро берун аз шаҳр бароварда, ҳамроҳашон то худи Байт-Ҳинӣ рафт ва дастонашро боло бардошта, онҳоро баракат дод. |
26157 | JHN 1:44 | Филиппус ҳам монанди Андриёс ва Петрус яке аз сокинони Байт-Сайдо буд. |
26281 | JHN 5:2 | Дар Ерусалим дар наздикии Дарвозаи Гӯсфандон ҳавзе буд, ки ба забони ибронӣ Байт-Ҳасдо номида мешуд. Он панҷ айвон дошту |
26345 | JHN 6:19 | Вақте онҳо ба масофаи панҷ-шаш километр қаиқро ронда рафтанд, Исоро диданд, ки дар рӯи об қадамзанон ба қаиқ наздик мешавад. Онҳо тарсиданд. |
26353 | JHN 6:27 | На барои хӯроки нестшаванда, балки барои хӯроке, ки то ҳаёти абадӣ мемонад, меҳнат кунед. Ин хӯрокро Фарзанди Инсон ба шумо медиҳад, чунки Худо-Падар ба иҷрои ин кор ба Ӯ розигиашро додааст». |
26369 | JHN 6:43 | «Байни худ ғур-ғур накунед!» — дар ҷавоб гуфт ба онҳо Исо. |
26387 | JHN 6:61 | Исо медонист, ки шогирдонаш аз суханонаш ғур-ғур карда истодаанд ва ба онҳо гуфт: «Магар ин шуморо аз роҳ мезанад? |
26429 | JHN 7:32 | Фарисиён дар байни мардум пичир-пичиркунон дар бораи Исо гуфтани чунин чизҳоро шуниданд. Баъд онҳо ва сардорони рӯҳонӣ барои дастгир кардани Исо посбонони Хонаи Худоро фиристоданд. |
26449 | JHN 7:52 | Онҳо ҷавоб доданд: «Ту худат-ку аз Ҷалил нестӣ? Навиштаҷотро биомӯз ва мебинӣ, ки аз Ҷалил пайғамбар баромада наметавонад». [ |
26549 | JHN 9:40 | Баъзе фарисиёне, ки назди Ӯ истода буданд, ин суханонро шунида ба Ӯ гуфтанд: «Шумо моро-ку кӯр намешуморед?» |
26610 | JHN 11:18 | Деҳаи Байт-Ҳинӣ аз Ерусалим дур набуд, тақрибан дар масофаи се километр роҳ буд, |
26650 | JHN 12:1 | Шаш рӯз пеш аз сар шудани иди Балогардон Исо ба Байт-Ҳинӣ ба хонаи ҳамон Лаъзор, ки зинда карда буд, омад. |
26658 | JHN 12:9 | Дар айни ҳол бисёре аз аҳолии Яҳудия дар Байт-Ҳинӣ будани Исоро дониста, ба он ҷо рафтанд. Вале онҳо на фақат ба хотири Исо, балки барои дидани Лаъзор ҳам, ки Исо ӯро зинда карда буд, ба он ҷо рафта буданд. |
26667 | JHN 12:18 | Аз сабаби шунидани ин мӯъҷиза тӯда-тӯда одамон ба пешвози Ӯ баромаданд. |
26670 | JHN 12:21 | Онҳо ба назди Филиппус, ки аз аҳли Байт-Сайдои Ҷалил буд, омада гуфтанд: «Хоҷа, мо мехоҳем, ки Исоро бинем». |
29628 | 1TH 1:1 | Мо Павлус, Силӯс ва Тимотиюс ба ҷамоати имондорони шаҳри Таслӯникӣ, ки аз они Худо-Падар ва Худованд Исои Масеҳ аст, салом мерасонем. Файзу осоиштагӣ бар шумо бод! |
29630 | 1TH 1:3 | Инчунин дар назди Худо-Падари мо имон ва муҳаббату умеди шуморо ба ёд меорем. Яъне корҳои шуморо, ки бо имон содир кардед, меҳнатеро, ки бо муҳаббат мекунед, умедеро, ки ба Худованд Исои Масеҳ доред ва онро нигоҳ медоред. |
29670 | 1TH 3:13 | Ҳамин тавр, Ӯ дили шуморо боқувват гардонад, то ҳамон рӯзе, ки Худованд Исо бо пайравонаш меояд, дар пеши Худо-Падарамон беайб ва пок бошед. |
30715 | 2JN 1:3 | Бигзор файзу раҳмат ва сулҳу осоиштагӣ аз ҷониби Худо-Падар ва Исои Масеҳ, Писари Падар бо мо, ки ростиро медонем ва якдигарро дӯст медорем, бошад. |
30754 | JUD 1:14 | Ҳамчунин, Ҳанӯҳ, ки насли ҳафтуми Одам буд, дар бораи онҳо пешгӯйӣ намуда гуфтааст: «Бингар, Худованд бо ҳазор-ҳазор муқаддасони Худ меояд. |