12740 | EST 2:12 | Пеш аз назди шоҳ Аҳашверӯш даромадан, ба ҳар духтар дувоздаҳ моҳ барои тайёрӣ дидан мӯҳлат дода мешуд; ӯ шаш моҳ бо равғанҳои хушбӯй ва шаш моҳи дигар бо атрҳову молиданиҳои гуногуни занона худро орову торо медод. |
23541 | MAT 11:13 | Дар навиштаҷоти пайғамбарон ва шариати Мӯсо то замони Яҳё пешгӯиҳо омадаанд; |
23622 | MAT 13:14 | Ишаъё пайғамбар пешгӯӣ карда гуфта буд: „Ин одамон ҳарчанд гӯш кунанд ҳам, намефаҳманд; ҳарчанд нигоҳ кунанд ҳам, намебинанд, чунки ин одамон кундфаҳм шудаанд, гӯшҳояшон мадори шунидан надоранд ва чашмонашонро онҳо пӯшидаанд. Агар ин тавр намекарданд, чашмонашон дида, гӯшҳояшон шунида ва ақлашон дарк карда метавонист. Он гоҳ онҳо сӯи Ман — Худо рӯй меоварданд, то ки Ман онҳоро шифо диҳам“. Ин пешгӯӣ ҳақиқатан дар ҳаёти онҳо амалӣ мегардад. |
23643 | MAT 13:35 | Пайғамбаре чунин гуфта буд: «Ман ба онҳо бо масалҳо сухан меронам; Ман ба онҳо чизҳои аз аввали офариниш пинҳонбударо нақл мекунам». Барои амалӣ гаштани ин суханон Исо бо масалҳо гап мезад. |
23645 | MAT 13:37 | Вай дар ҷавоб гуфт: «Шахсе, ки донаҳои киштбобро мекорад, Фарзанди Инсон аст; |
23646 | MAT 13:38 | киштзор ин ҷаҳон аст; донаҳои гандум одамони аз они подшоҳии Худо ҳастанд; алафи бегона бошад, одамони аз они Шахси Бад ҳастанд; |
23656 | MAT 13:48 | Вақте ки тӯрҳо пур аз моҳӣ мешаванд, моҳигирон онҳоро ба соҳил мекашанду нишаста моҳиҳоро ба нағзу бад ҷудо мекунанд; нағзашро ба сабадҳо меандозанду бадашро мепартоянд. |
24007 | MAT 23:20 | Инак, касе ки ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, вай ҳам ба қурбонгоҳ ва ҳам ба ҳар қурбоние, ки болои он аст, қасам мехӯрад; |
24101 | MAT 25:24 | Он хизматгоре, ки ҳазор танга гирифта буд, низ ба пеш баромада мегӯяд: „Хоҷаам, ман медонистам, ки шумо одами сахтгир ҳастед; аз он ҷое, ки накоштаед, ҳосил ҷамъ мекунеду аз он ҷое, ки дон напошидаед, ғалла мегиред. |
24278 | MAT 28:14 | Агар ин хабар то ба гӯши ҳоким рафта расад, ғам нахӯред; мо ба ӯ гапамонро маъқул мекунонем». |
24361 | MRK 3:4 | Сипас ба тарафи онҳо нигоҳ карда гуфт: «Ба фикри шумо дар рӯзи истироҳат чӣ равост: некӣ ё бадӣ кардан; наҷот додани ҷон ё нобуд кардани он?» Аммо онҳо хомӯш буданд. |
24684 | MRK 10:27 | Исо ба шогирдонаш нигоҳ карда гуфт: «Ба инсон ин корро кардан ғайриимкон аст, вале на ба Худо; бо Худо аз ӯҳдаи ҳар кор баромадан мумкин аст». |
24959 | MRK 16:17 | Дар ҳаёти касоне, ки имон меоваранд, чунин аломатҳо пайдо мешаванд: онҳо бо номи Ман девҳоро меронанд ва бо забонҳои нав сухан мегӯянд; |
24960 | MRK 16:18 | онҳо морҳоро бо даст мегиранд ва агар заҳр хӯранд, зараре намебинанд; даст бар беморон мегузоранд ва онҳо шифо меёбанд». |
24992 | LUK 1:30 | Фаришта бошад, ба ӯ гуфт: «Натарс, Марям, зеро Худо бар ту назар кардааст; |
25014 | LUK 1:52 | Ҳокимонро аз тахтҳояшон ба зер афканд, вале одамони хоксорро сарбаланд кард; |
25015 | LUK 1:53 | гуруснагонро аз нозу неъматҳояш сер намуда, сарватмандонро аз пешаш бо дасти холӣ фиристод; |
25308 | LUK 7:44 | Баъд ба он зан рӯ оварда, ба Шимъӯн гуфт: «Ин занро мебинӣ? Ман дар хонаи ту меҳмон шудам, вале барои пойҳоям об наовардӣ; ин зан бошад, пойҳои Маро бо ашкҳояш шуст ва бо мӯйҳояш тоза кард. |
25309 | LUK 7:45 | Ту Маро ҳатто набӯсидӣ; ин зан бошад, аз вақти омаданам то ҳол бӯсидани пойҳоямро бас намекунад. |
25310 | LUK 7:46 | Ту ба сарам ҳатто равғани оддиро намолидӣ; вай бошад, равғани қиматбаҳои хушбӯйро ба пойҳоям молид. |
25450 | LUK 10:18 | Ӯ ба онҳо гуфт: «Ман дидам, ки шайтон барқвор аз осмон ба поён афтод; |
25476 | LUK 11:2 | Исо ба онҳо гуфт: «Вақте ки дуо мекунед, чунин бигӯед: Эй Падар! Шаъну шараф бод ба номи муқаддаси Ту. Бигзор подшоҳии Ту биёяд; |
25483 | LUK 11:9 | Бинобар ин Ман ҳам ба шумо мегӯям: талаб кунед ва ба шумо дода мешавад; биҷӯед ва пайдо мекунед; дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад. |
25484 | LUK 11:10 | Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад; ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад; ва ҳар касе, ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад. |
25680 | LUK 15:23 | Гӯсолаи боникардаро биёреду сар бибуред; мехӯрему хурсандӣ мекунем! |
26566 | JHN 10:16 | Ман гӯсфандони дигаре ҳам дорам, ки аз ин оғил нестанд; Ман бояд онҳоро низ биёрам. Онҳо ба овози Ман гӯш мекунанд ва он гоҳ як рама бо як чӯпон хоҳад шуд! |
26717 | JHN 13:18 | Ман на дар бораи ҳамаи шумо мегӯям; Ман касони интихобкардаамро медонам. Вале, бигзор, суханон аз навиштаҷот ба амал оянд: „Касе ки нони Маро мехӯрд, бар зидди Ман даст бардошт“. |
26804 | JHN 16:9 | гуноҳ дар ин аст, ки онҳо ба Ман имон намеоваранд; |
26805 | JHN 16:10 | ростӣ дар ин аст, ки Ман ба пеши Падарам меравам ва шумо дигар Маро намебинед; |
26845 | JHN 17:17 | Тавассути ростӣ онҳоро барои худ ҷудо кун; каломи Ту ростӣ аст. |
26917 | JHN 19:23 | Баъд аз он ки сарбозон Исоро мехкӯб карданд, либоси Ӯро гирифта, аз рӯи шумораи сарбозон ба чор қисм тақсим карданд. Куртаи Ӯро ҳам гирифтанд; ин курта аз матои яклухт бофта шуда буд ва ҷои пайваст надошт. |
29648 | 1TH 2:11 | Худатон медонед, ки мо бо ҳар яки шумо мисли падар бо фарзандонаш муомила мекардем; |
29662 | 1TH 3:5 | Аз ин сабаб, вақте ки тоқатам тоқ шуд, ба назди шумо Тимотиюсро фиристодам, то дар бораи имонатон бифаҳмад; мабодо иблиси васвасакор шуморо аз роҳ занад ва тамоми меҳнатамон барбод равад. |
29695 | 1TH 5:7 | Чунки онҳое, ки хобанд, шабона хоб мераванд; онҳое, ки бадмастанд, шабона шароб менӯшанд. |
29702 | 1TH 5:14 | Эй, бародарон, аз шумо илтиҷо мекунем, ки танбалонро насиҳат кунед; ба тарсончакон қувват бахшед; сустимонҳоро дастгирӣ кунед; нисбат ба ҳама сабру тоқат дошта бошед. |
29707 | 1TH 5:19 | Ба кори Рӯҳи Пок халал нарасонед; |