12816 | EST 7:5 | Подшоҳ аз малика пурсид: «Кист он одам?! Куҷост он нафаре, ки ба чунин коре ҷуръат намудааст?!» |
12819 | EST 7:8 | Ӯ худро бо зорию тавалло болои кати Эстер партофта буд, ки подшоҳ аз боғи қаср баргашт. Подшоҳ дод зад: «Вай ҳатто ҷуръат мекунад, ки дар ҳузури ман ба номуси малика расад?!» Ҳамин ки подшоҳ инро гуфт, рӯйи Ҳаманро пӯшониданд. |
24191 | MAT 26:68 | мегуфтанд: «Ҳой Масеҳ, Ту пайғамбарӣ-ку! Канӣ, гӯй-чи Туро кӣ зад?!» |
24241 | MAT 27:43 | Ӯ ба Худо умед мебаст ва мегуфт, ки Писари Худо аст. Канӣ ҳоло мебинем, ки Худо Вайро наҷот додан мехоҳад ё не?!» |
24244 | MAT 27:46 | Қариби соати сеюм Исо бо овози баланд дод зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Лама сабақтанӣ!», ки маънояш «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?!» аст. |
24430 | MRK 4:38 | Аммо Исо дар қафои қаиқ сарашро ба болишт гузошта мехобид. Шогирдонаш Ӯро бедор карда гуфтанд: «Устод! Магар парво надоред, ки мо мемирем?!» |
24931 | MRK 15:36 | Сипас як нафар давида латтаеро ба сирко тар кард ва ба сари як чӯб гузошту барои нӯшидан ба Исо дароз кард ва гуфт: «Истед, бинем-чи, оё Илёс омада, Ӯро аз салиб гирифта поён мефарорад ё не?!» |
25339 | LUK 8:25 | Сипас Вай ба шогирдонаш гуфт: «Имонатон куҷост?!» Шогирдон бо тарсу ҳарос ва тааҷҷуб ба якдигар мегуфтанд: «Ин кист, ки ҳатто ба боду об фармон медиҳад ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?» |
25603 | LUK 13:16 | Ҳол он ки ин зан аз авлоди Иброҳим аст ва шайтон ӯро ҳаждаҳ сол боз дар бандҳои худ нигоҳ медошт! Пас, наход мумкин набошад, ки ӯ дар рӯзи истироҳат аз ин бандҳо озод шавад?!» |
26184 | JHN 2:20 | «Ин Хонаи Худо дар давоми чилу шаш сол сохта шуда буд. Ту бошӣ, онро дар муддати се рӯз аз нав барпо кардан мехоҳӣ?!» — гуфтанд онҳо. |
26378 | JHN 6:52 | Пас аз ин дар байни мардум баҳси пуршиддат авҷ гирифт: «Ин шахс чӣ тавр бадани худро барои хӯрдани мо дода метавонад?!» |
26507 | JHN 8:57 | «Ту ҳанӯз панҷоҳсола нашудаӣ ва наход Иброҳимро дида бошӣ?!» — гуфтанд одамон. |
26705 | JHN 13:6 | Ӯ ба назди Шимъӯни Петрус омад ва Шимъӯни Петрус гуфт: «Худованд, магар Ту пойҳои маро шустанӣ ҳастӣ?!» |